Миллате, ки соҳиби савод ва хиради фитрист, дар гардиш ва табаддулоти ҷаҳон саҳми босазо мегузорад ва пойдору ҷовидон мемонад. Эҷоду ободкорӣ аз фаъолтарин инсонҳо ёдгор боқӣ мемонад. Инсони накӯ аввал манфиаташ ба миллати худ ва баъдан ба ҷаҳон муассир аст. Ҳамеша инсони соҳибақл миллату ватани худро азизу муътарбар медорад. Аввалдараҷа ба ҳар фард марзу буми кишвараш бояд муқаддас бошад.
Ҳар қавму нажод ва миллате орзу ва таманное дар худ дорад, ки соҳиби сарзамин бошад ё ҳеч не порчае аз заминро дар ихтиёр дошта бошад. Миллати фарҳангофару хирадгустари тоҷик, шукрона, ки дар гузаштаву имрӯз соҳиби марзу бум буду ҳаст. Ва ҷаҳониён ин миллати покнажоду нексириштро эътироф кардаанду қоил шудаанд, ки миллати воҳид ва ҳиссагузор дар пешрафти фарҳанги башарият буда.
Гарчанде аз такутози ғосибон, ки сарзамини ин миллати соҳибқаламро ғасб карда, гӯё худро соҳиби ин сарзамин медонистанд, аммо миллати тоҷик бо қалам, бо дониш, бо хиради азалии худ бар муқобили ҳамаи яғмогариҳои ғосибони бодиянишин истодагарӣ намуда, худро аз чанги он ваҳшиёни бехирад ҳифз доштааст.
Таърих, ин довари ҳақбину ҳақгӯ дар сафҳаҳои хеш дарҷ карда, ки миллати тоҷик ба ҳеч хоки бегона ба нияти тассаруф лашкар накашидааст. Ва агар рафта бошад ҳам, бо китобу фарҳанг рафта, на бо шамшеру найзаву харобкорӣ. Аз ин лиҳоз, миллати тоҷик дар фузунии ганҷинаи илму дониши башарият саҳми боризи хешро гузоштааст. Фарзандони хирадманди тоҷик дар интелектуали мардуми сайёра нақши муассир гузоштаанд. Барои далели ин гуфторамон бас аст, ки нахустин муаллими башар-Зардуштро ёдовар шавем. Мавсуф баҳри пешрафти ҳама гуна риштаҳои фаъолияти инсон нақши назаррас дорад ва хидматҳои арзанда кардааст, зеро Зардушт оид ба ҳаёти моддиву маънавии инсоният рисолаву китобҳои судманд оварда, дар пешрафти зиндагии эшон таъсири амиқ гузоштааст. Мо аз азал шинохтаем, ки ақлро бо хираду ҷисмро бо тамрин тарбият бояд кард. Далели ин гуфтор мисли офтоб дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ рӯшан ба чашм мерасад. Имрӯз он гуна намояндаҳо дар мо ҳастанд, ки он пешина тавоноии моро муаррифӣ мекунанд. Месазад номи ин фарзонагонро ин ҷо зикр кард: Темур Зулфиқор, Бозор Собир, Акбари Турсон, Дилшод Назаров ва дигар амсол аз инҳо. Шароит ва муҳити созгор муҳайёст, ки шумораи инҳо афзунтар шавад ва барои пойдории ватану миллат замина гардад.
Имрӯз моро зарур аст, ки бетаъхир аз осору корнамоиҳои фарзандони фарзонаи миллати худ ба тамом бархурдор бошем ва баҳри пешрафту такмили дониши худ мавриди омӯзиш қарор диҳем. Барои тақвияти гуфтаҳои боло андарзе аз бузургонамонро ба хидмати шумо, хонандагони арҷманд, мегузорем:
Мард он, ки ба корзори ҳастӣ
Беханҷару бесипар барояд.
Беханҷару бесипар, валекин
Бо ҷавҳари сад ҳунар барояд.
Ба ин минвол, сабақ аз гузашта гирифта, ёдовар мешавем, ки миллати соҳибфарҳангу китобдор ҳамеша соҳибистиқлол будааст. Аз ин рӯ, миллати тоҷик аз қадим то ба имрӯз истиқлол дошт; ба он маъно истиқлол дошт, ки андешаи озод, афкори пухта, хиради ҷаҳонгир дар худ дошт ва ҳамеша ҳама кору пайкорашро бо онҳо оғозу анҷом медод. Гарчанде лаҷоми ҳукмравоиро булфузулони замон дар ихтиёр доштанд, аммо зимоми ақливу пешбарандаи ҷомеа дар дасти ин миллати донишвар буд. Барои ба мақсадҳои олӣ даст ёфтан тоҷикон ҳамеша такя ба қалам ва андешаи солим мекарданд, ки он то ба имрӯз тоҷикоронро аз ҳар табаддулоти ғаразноку ҳалоковари аҷнабиён дар амн доштааст. Таҷрибаи таърихӣ тоҷиконро сабақ омӯзондааст, ки хоки кишварро мисли гавҳараки чашм азиз дониста, ҳифз намоянд. Чунки миллати тоҷик дар тӯли таърих аз дасти кӯчиёни биёбонӣ ранҷу кулфати зиёд дидааст, вале матиниродагияш шоистаи таҳсин аст, ки ба ҳамаи он зӯровариҳову хунрезиҳо побарҷо истода, ҳар порчаи замини кишварашро ҳифз намуда, бар муборизаҳои ғасби хоки меҳан ва диниву мазҳабиву нажодӣ бар муқобили эшон истодгарӣ кардааст.
Ҳар фарди ватандӯсту миллатпараст бояд номуси ватандориро дар худ дошта бошад ва баробари ин ба дигарон талқин кунад. Танҳо ин гуна ашхосро метавон гуфт, ки соҳибватан аст. Ба андешаи мо, хонандаи азиз, танҳо бо ба забон овардани вожаи Ватан инсонро ватандор ё соҳибвантан гуфтан нашояд, зеро дар забон васф кардани ватан дигару дар амал дигар аст. Тоҷикон васфи Ватанро бештар дар амал нишон додаанду медиҳанд; дар ин гуфта ҳеч тардиде набояд кард, зеро шаҳрҳову ободкориҳои гузаштаи ин миллат ба тамоми ҷаҳон шуҳратёр гардида ва дар мадди назари аҳли башар қарор гирифтааст. Ҳатто бо даъвату ҷалби ватандорони хориҷа ба кишварҳои эшон рафта, қасрҳову биноҳо сохтаву бино карданд, ки ин худ баёнгари пешрафти ақлу заковати миллати тоҷик аст. Ва дар ҷаҳони муосир, яъне имрӯза ҳам ин миллатро ба ҳамон фазилату заковати азалияш мешиносанд ва нисбаташ эҳтироми хос доранд. Имрӯз миллати тоҷик бо ҳама он таҷовузкориҳое, ки аз дасти душманону бадхоҳонаш кашида буд, аз по науфтодаву таслим нагардида, ватани худро соҳиб гардидааст.
Ҳоло мо дар рӯёрӯи ҷашни 30-солагии Истиқлоли кишварамон қарор дорем, яъне 30 сол қабл мо расман истиқлоли давлати худро эълон карда будем ва аксарияти кишварҳои ҷаҳон истиқбол карда, пазируфта буданду моро чун кишвари мустақил расман шинохтанд. Хонандаи закӣ, худ воқиф ҳастӣ, ки баъди эъломияи истиқлол дар кишварамон кашмакашҳои дохилӣ сар зад. Сабабу омилҳои нофаҳмиҳо дар кишвар, бешакку шубҳа, дасти бегонагон ва чанд тан аз ҷоҳталабону мансабхоҳон будааст, чун ки дар он айёми бесару сомонӣ касе аз берун ва дар дохил мехост ба умдатарин кору пайкори давлати расман истиқлол ёфта, дахолат кунад. Чи гунае, ки дар боло зикр карда гузаштем, ин миллат дар масири таърих бо ғосибону ватангадоён ҳамеша дар мубориза буд, имрӯз боз ҳамон дарюзаҷуён ва душманони гузашта, хостанд моро аз истиқлоли расмӣ бенасиб кунанд, вале ин нияти нопокашон ҷомаи амал напӯшид. Мардуми шарафманду баномуси тоҷик бори дигар собит кард, ки соҳиби ақлу дониши фарогир аст ва ба ҳамдастагӣ теша бар решаи бадхоҳони миллат зад.
Дар ҳар давру замон миллат баҳри худ фарзандони оқилу бохирадро тавлид мекунад ва ба юмни он фарзандони фарзонаи худ аз марҳилае ба марҳилаи дигари таърихӣ мегузарад. Шумораи фарзонафарзандони миллати тоҷик кам нест, беҳисоб аст ва дар ин давраи таърихӣ, ки ҳассостарину тақдирсоз буд, бояд миллат он фарзанди кордону оқили худро бетаваққуф ба саҳна меовард, то аз ҳалокат наҷот ёбад. Он замон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қисмату миллат ба сари ин халқи ҷафокашида ато кард; баробари ба сари Ҳукумат омадан зимоми давлатдориро ба куллӣ ба даст гирифта, роҳи имрӯзу ояндаи миллатро бо дигар фарзандони ватандӯстдори миллат муайян намуд. Имрӯз мо ба туфайли фарзонагони миллат соҳиби ватан ва марзу буми аҷдодӣ ҳастем. Дар пеши мо ҳоло бисёр масъалаҳои мубраму ҳалталаб истодаанд, ки моро водор мекунад баҳри пиёда карданашон шабу рӯз заҳмат кашем ва биомӯзем ва ба наслҳои оянда чизи арзандае мерос гузорем.
Дар 30 соли соҳибистиқлолӣ мо ба комёбиҳои зиёде ноил гардидем, аммо дар қиёс бо вақти гузашта муваффақиятҳоямон кам аст, зеро мо ҳоло ҳам идеалогияи миллиамонро ба пуррагӣ ба роҳ намондаем, агарчи дар ҳар баромади худ Пешвои миллат таъкид мекунанд, ки аз гузаштаву осори ғании бузургони миллати худ биомӯзед ва дар ҳамин росто шумо метавонед ояндаи худро бисозед ва дар ин айёми ҷаҳонишавӣ аз ҳар гуна хатарҳои ҷаҳони муосир миллати худро ҳифз мекунед. Имрӯзҳо мушоҳида мекунем, ки ҳоло ҳам мардум, бахусус насли ҷавон, аз гузаштаву таърихи миллати худ ба таври бояду шояд огоҳӣ надорад. Ин сабаб шуда, ки ба ҳар фарҳангу оини бегона кӯр-кӯрона тақлид мекунанд ва ин амалҳои ба фарҳангу суннати мо бегона ба ояндаи дурнамои миллату давлат хатари ҷиддӣ дорад. Масъулини ниҳодҳо бояд чунин тақлидҳову амалҳои номатлубро, ки аз ҷониби ҷавонон ба назар мерасад, ҳарчи зудтар пешгирӣ кунанд ва баробари масъулин ҳар фарди кишвар низ худро бетараф нагирифта, рисолати бар дӯшаш бударо иҷро намояд, дар ин маврид миллату истиқлоли моро ҳеч хатаре таҳдид нахоҳад кард ва то ҷовидон безавол хоҳем монд! Барои мақсадҳои давлату идеалоги миллӣ ҳар фардро зарур аст, ки масъулятдор бошад ва баҳри пиёда кардани нақшаҳои дурнамо ҳар соатро ба манфиат истифода барад; аз ҳодисаву тамоилҳои ҷаҳони имрӯза бетараф набояд бошем ва ба мадди назари таҳлил кашида, ба умқаш назар афканда, хулоса ва роҳи пешгирифтани онҳоро муайян кунем, чунонки шоири бузурги миллат Лоиқ таъкид мекунад:
Дар рӯи ҷаҳонему надонем ҷаҳон чист,
Фарзанди замонему надонем замон чист.
Аз ин лиҳоз, масъулиятҳои бар дӯшамонбуда моро водор мекунад, ки барои пойдории истиқлол масъалаҳои актуалиро баррасӣ намоем ва баробари ин, ба хатарҳову проблемаҳои ҷаҳони муосир, ки имрӯз мардуми сайёраро нигарон кардааст, бетарафӣ зоҳир накунем ва ба муқобилаш муборизаҳо бибарем, то заррае ба рафъ гардидани проблемаҳои ҷаҳон нақши муассир гузорем. Барои истиқлоли худ моро ҳоло проблемаи актуалӣ ин аст, ки идеалогияи миллиро ба тамоми табақаҳои аҳолии кишвар ташфиқу тарғиб кунем ва моҳияти онро бо тамоми ҷузъиёташ ба мардум бифаҳмонем, то гузаштаву ояндаи худро дуруст бишносанд; беш аз пеш мо бояд насли ҷавонро ба омӯхтани осори бузургон раҳнамоӣ кунем. Бояд эшон бидонанд, ки «Авасто»-и Зардушт, «Шоҳнома»-и безаволи ҳаким Фирдавсӣ, «Осор-ул-боқия»-и ҳаким Абурайҳони Берунӣ, «Тоҷикон» -и Б. Ғафуров, «Тоҷикон дар оинаи таърих» -и Э. Раҳмон ва амсоли ин даҳҳо шоҳасару панду андарзҳои гузаштагон чи арзишу моҳият дар худ доранд, эшон бидонанд, ки аҷдодашон чи мероси гаронбаҳое гузоштаанд; ҷаҳониён имрӯз аз осори бузургони миллати мо сабақ меомӯзанду дастури корияшон кардаанд. Истиқлол ба мо имконият додааст, ки ба осори донишварони худ фарогирифта бошем, аммо аз чи сабаб бошад, ки мо ин имкониятро сарфи назар карда, рӯ овардаем ба фарҳангу суннати бегона? Шояд ин тамоил омилҳояш надонистани асли худу фарҳанги худ бошад ва сабабҳои дигар низ ҳаст, ки бигзор ба худи хонанда вогузорем то ӯ ҳам пайгирӣ кунад; бо вуҷуди ҳама ин норасоиҳо, истиқлол ба мо ҳоло ҳам имкониятҳо додаст, ки ба худшиносиву ҷавҳари мақсуди роҳи ояндаи худ дастёб гардем.
Ватанро гиромӣ дорем ва нагузорем, ки пойи бегонае ба хокаш дарояд, ҳифзи ватан ин қарзи фарзандии ҳар яки мост, беаҳмиятӣ нисбати ватан набояд зоҳир кард, ҳар шахси баномус ин гуфтаҳоро бо уҳдадории хос қабул намуда, баҳри иҷрояш камари ҳиммат хоҳад барбасд.
Мо назди ватан як умр мадюнем, бо вуҷуди он ки хидматҳо баҳраш карда бошем. Таърихро варақ бизанем ҳазорҳо фарзандони мо барои дифои ватан ҷони худро нисор кардаанд, аммо худро чун ҳамешагӣ пеши ватан қарздор донистаанд. Дар рӯи замин касе нест, ки худро мадюни ватан наҳисобида бошад, аз ин рӯ, бо камоли майл баҳри баланд бардоштани ҷаҳони хираду созандагии миллату ватан талош варзем. Шарафу шуҳрати пешинаву имрӯзаи миллати худро ҳифз намуда, ватанро аз ин бештар ободтару зеботар бигардонем.
Бо ҳазору як таманно ва ихлосмандии самимӣ ба ҳар як сокини кишвар 30- солгарди Истиқлоли кишврро муборакбод мегӯем. Ҷашни истиқлолат муборак кишвари азиз! Поянда бош!
Зоҳири САЙФУЛЛО