Таърихи зиндагии инсонӣ гувоҳи он аст, ки дар ҳамаи давру замон қишри пешрави ҷомеа – равшанфикрону зиёиён барои сохтани давлат ва ҷомеаи адолатпарвар, озодихоҳ, инсонгаро, мардумсолор ва ҳувиятсоз бо неруҳои муҳофизакор, истибдодӣ ва ақибмонда шадидан мубориза бурда, дар ин роҳи муқаддас ва ифтихорманд ҷонбозиҳо кардаанд. Албатта, масири муборизот дар ҳавзаҳои сиёсию мадании башарӣ якранг ва муштарак нест ва тарзу шеваи ибтикороти сиёсӣ, фарҳангӣ, фикрӣ ва иҷтимоии равшангарон тайи таърихи инсонӣ, бо назардошти шароиту вазъ мутафовит аст.

Тамаддуни ғарбӣ дар заминаи давлатсозии дунявӣ ва сохтмони ҳукумати фарҳангӣ ҳанӯз аз садаи ҳаждаҳум ибтикороти ҷиддӣ рӯйи даст гирифт ва сохтани давлатсозии миллӣ ва, муҳимтар аз ҳама, дунявиятгаройӣ дар низоми сиёсӣ дар фарҳанги урупоӣ ҷойгоҳи вижа дорад. Раванди дунявият дар Урупо аз асри ҳаждаҳ шурӯъ шуда, барои ба вуҷуд овардани муҳит ва фазои солими эҷодӣ дар заминаи шинохти инсон тибқи илмҳои дунявӣ донишмандони муқтадир Дидро, Руссо, Волтер, Монтескиё ва дигарон саъю талоши фаровон намуданд. Ниҳодҳои равшанфикри ғарбӣ дар симои маорифпарварони франсавӣ рисолати худро бар мабнои хиради пешрав анҷом дода, дар бедории иҷтимоӣ ва фикрии ҷомеа саҳми асосӣ гирифтанд. Онҳо аслҳою арзишҳои муҳтараме мисли ҳувият, шарофат, наҷобат ва асолати инсониятро дар маърази таваҷҷуҳи мардумӣ қарор доданд ва дар ин росто, бо мутаассибини давр, ки аз кудрати азими сиёсӣ ва динӣ бархӯрдор буданд, бо силоҳи ақлу мантиқ ва маърифату хирад сахт мубориза карданд. Мубориза бо ин тоифа, ки он замон дар институт ё ниҳоди муътабари калисо ва низоми сиёсии католитсизм мунсаҷим шуда, нуфузи зиёд дар байни элитаи сиёсӣ доштанд, саҳлу осон набуд. Калисоиюн ва меҳробиён, ки дар паноҳи давлат ва калисо аз имтиёзоти фаровоне бархӯрдор буданд, ҳаргиз намехостанд, мардум ба таҷаддуд ва навгаройӣ бипардозанд ва ин шеваи кору фаъолиятро, чи дар қаламрави нуфузи диёнати исломӣ ва чи дар сарзаминҳои урупоӣ аҳли калисо ва тақво, ба ҳеч ваҷҳ, қабул надоштанд.

Мусалламан, навандешӣ, таҷаддудписандӣ, рӯшангарӣ ва дигарандешӣ дар асрҳои миёна таҳти мафҳумоти «бидъатгарӣ» (дар байни мутаассибини исломӣ) ва «еретик» (дар байни аҳли калисои католик) сахт накӯҳиш шуда, соҳибони андешаҳои наву дунявӣ мавриди таъқибу фишор ва қатлу куштор қарор мегирифтанд. Таърих аз ин қабил куштору даҳшате, ки шариатмадорону пайравонашон дар имтидоди қарнҳои мутааддид сари аҳли ба истилоҳ бидъат ва дигарандеш оварда буданд, мисолҳои зиёд рӯйи даст дорад, аммо ин ҷо фурсати таъйиди ин масъала нест. Дар шароити имрӯзӣ хатару фаҷоеъе, ки рӯйи мардуми мамолики шарқӣ сарозер шудааст, қабл аз ҳама, ба нашнохтани мақоми дунявият, ташхиси нодурусти он ва бар мабнои ҷаҳлу залолат напазируфтани ин низоми сиёсию иҷтимоии муътадил ва дар айни замон хирадмаоб дар арсаи вуҷуд марбут аст. Ин аст ки шинохт ва ташхиси дурусту илмии ин навъи давлат, ҳукумат ва низоми сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ имкон медиҳад, ки мардум ё ҳадди ақал қисмати зиёди табақоти иҷтимоӣ ба арзишҳои илмӣ ва мантиқӣ такя намуда, дар сохтмони давлат ва ҷомеаи дунявӣ саҳм бигиранд ва наслҳои оянда дар партави арзишу идеалҳои миллию башарӣ дар руҳияи инсонсолорӣ, андешапарварӣ, ҳувиятсозӣ, донишписандӣ ва нексириштӣ тарбия ёбанд.

Мо, ҳадди ақал таҷрибаи зиёда аз ҳазорсолаи давлат, сиёсат, ҳукумат ва идеологияи диниро дорем ва таърих гувоҳ аст, ки ин гуна давлату сиёсат, ки боиси нуфузи саросарии мазҳабу диёнат дар умури иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангию маънавии ҷомеа гардидааст, ниёзҳои мардумро на танҳо бароварда насохта, балки мушкил андар мушкил эҷод кардааст. Дар аксар маворид, аз тариқи матбуоти даврӣ шоҳиди қаламфарсоии иддаи таҳсилдида ва аксаран, обрӯманде мегардем, ки аз даврони сиёсати динӣ-мазҳабии асримиёнагӣ бо ифтихор ёду ҳимоят мекунанд, мисол мезананд, хурофоти сиёсӣ, динӣ-мазҳабӣ ва иҷтимоии гузаштаро ба сифати таҷрибаҳои бузург муаррифӣ месозанд ва билохира хатарноктарин мабодии динӣ-мазҳабиро таблиғу ташвиқ менамоянд, ки ин кор ё аз надонистани матлаб ва ё аз дидаю дониста, амдан ташвиқу тарғиб намудани сиёсату идеологияи бебунёди аҷнабӣ сурат мегирад. Нуктаи дигар ин аст, ки солмандони ҳамин тоифае, ки имрӯз аз ифтихороти динии гузашта босароҳат ёд мекунанд, дар замони шӯравӣ мулҳид ва атеисти сурх буданд ва дар шароити истиқлолияти давлатӣ, ки тамоюли динӣ-мазҳабии иҷтимоъ афзун гардид, аз назари мафкуравӣ тағйири ҳол намуда, дар либоси мазҳаб ва тақво бадар омаданд. Фаразан, агар давлати Шӯравӣ ё ба он монанд сиёсате рӯйи кор биёяд, ин тоифа ҳатман худро ба оҳангу навои он ҷур месозанд ва боз чун атеист ба саҳнаи сиёсат ва хидмати идеологияи мулҳидӣ-дунявӣ камари ҳиммат мебанданд. Айнан ҳамин вазъро ба мушоҳида гирифта, Хайём гуфта буд:

Як даст ба Мусҳафему як даст ба ҷом,

Гаҳ марди ҳалолему гаҳе марди ҳаром.

Моем дар ин гудбади фирӯзарухом,

На кофири мутлақ, на мусулмони тамом.

Бад-ин манзур равонковии муосир инсонро, бо назардошти фазо, муҳит ва шароити сиёсию идеологӣ дар ниқобҳои гуногун тасвир мекунад, яъне инсони муосир симои аслӣ надорад, ӯ дар ниқоби диндор, шариатпеша, сиёсатмадор, меҳрубон, муҳаббатсоз, самимӣ, дилсӯз, ғамшарик, ҳолдон, хоксор ва амсоли инҳо рӯйи саҳнаи зиндагӣ меояд ва монанди актёр дар саҳнаи зиндагӣ нақш меофарад. Ба ҳар сурат, имрӯз дин ва мазҳаб дар Шарқи мусулмонӣ дар шакли ифротӣ бо суръати кайҳонӣ рушду тавсеа ёфта, мушкилоти бе ин ҳам печидаю мураккаби ҷомеаҳоро печидатар сохта истодааст. Ин мушкилот бар асари бетафовутӣ бар давлатсозии миллӣ дар асоси принсип ва мабонии дунявӣ, мувоҷеҳи ҷомеаҳои ақибмондаи шарқӣ гардид ва дар ин радиф рӯз аз рӯз вазъи сиёсию иҷтимоии мамолики исломии Сурия ва Ироқ буҳронитар шуда истодааст.

Дунёмадорӣ ё ба истилоҳ секуляризм (аз калимаи лотинии saecularis ба маънои дунявӣ, инҷаҳонӣ) дар чанд маъно истифода мешавад: аввалан, ба маънои бадалшавии моликияти ибодатгоҳҳою масоҷиди динӣ ба дунявӣ, сониян, мусодираи амволи муассисоти динӣ ва интиқоли он ба ҳукумати дунявӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ва солисан, аз фаъолиятҳои ҷамъиятӣ ва зеҳнӣ озод намудани таъсири дин. Ба сухани дигар, секуляризм ё дунявият чизеро аз таъсири калисо баровардан ва ба муассисоти шаҳрвандӣ супурдан ва дар маънои маҷозӣ, аз таъсири калисо раҳо карданро ифода мекунад. Он дар муқобили клерикализм (аз вожаи лотинии klericalism ба маънои калисоӣ истифода шуда, ҷараёни сиёсии иртиҷоиро дар назар дорад, ки ҳадафаш дар ҳаёти сиёсӣ ва фарҳангӣ афзудани таъсири дин мебошад, қарор дорад. Аз ин ҷост, ки сохти демократӣ ва дунявӣ динро ҳамчун унсури давлатсозӣ намепазирад ва нуфузи онро дар умури сиёсӣ ва давлатдорӣ коҳиш медиҳад, чун аз таҷриботи қаблӣ дар имтидоди асрҳои тӯлонӣ хуб медонад, ки дину мазҳаб дар қолаби калисо ва сардамдоронаш: поп, кардинал, архиепископ, епископ, кашиш, роҳиб ва ғайраву ғайруҳу чӣ корҳои зишту шанеъеро анҷом дода, зулму истибдодро ба унвони меъёри сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ густариш дода буд. Аксари мардуми мамолики ғарбӣ аз низоми сиёсии дунявӣ пайравӣ карда, тайи солҳои тӯлонӣ дар ин сохтори сиёсӣ-дунявият умр ба сар бурдаанд ва ҷомеаи урупоӣ дунявиятро ба унвони беҳтарин сохт ва намунаи зиндагӣ пазируфтаанд.

Маълум аст, ки давлати мо ҳам, мутобиқи санади олии қонунгузорӣ -Конститутсия дар пайи сохтани давлати дунявӣ гом бардошта, ҳамзамон тавассути самтҳои сиёсӣ, маърифатӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ аз ин тариқа васеъ истифода бурда истодааст. Барои сохтани давлати миллӣ бар мабнои низоми сиёсии дунявӣ мо замина, таҷриба ва собиқаи тӯлонии таърихӣ дорем. Ҳанӯз дар қадимтарин бовару эътиқодоти форсӣ-тоҷикӣ, ки дар қолаби афсонаю асотири миллӣ-мардумӣ бофта ва пардохта шудаанд, сохтмони давлат ва ҷомеаи дунявӣ таҷассум ёфтаанд.

Фарҳанги сиёсии миллӣ рӯйи аслу арзишҳои ахлоқию фалсафӣ устувор аст. Он ҳамеша бар се арзиши ахлоқӣ: меҳр, дод ва ростӣ қоим будааст. Дар тафсири фалсафӣ ва сиёсӣ, меҳр ҳамбастагии иҷтимоӣ, ростӣ шукуфоии гавҳари фардист, ки танҳо дар озодӣ мумкин мешавад. Ин аст, ки ростию озодӣ ҳамеша ҳамоҳангу вобастаи ҳаманд. Пайвастагии озодӣ ва ростӣ буд, ки ҷавонмардони мо озода ва аҳли мадоро бо ҳама мафкура ва ақоид буданд. Дар фазои зӯроварию истибдод наметавон рост буд ва гавҳари ҳеҷ кас шукуфо намешавад. Бо такя бар ин, танҳо дар озодӣ ҷаҳон назм пайдо мекунад. Дод бошад, бунёди ободии дунё ва оромиши иҷтимоӣ аст.

Дар қолаби асотири форсӣ-тоҷикӣ, ки дар баробари тавзеҳи андешаи фалсафӣ, тафаккури сиёсии миллиро низ тавҷеҳ мекунанд, мусобиқа (на рақобат!) сари табақоти гуногуни иҷтимоӣ барои доштани се гавҳари инсонӣ (меҳр, ростӣ ва дод) сурат мегирифт, на барои сари қудрат омадан. Дод падидаи ахлоқӣ ва сиёсиест, ки дар андешаи устуравии миллӣ ҳар кӣ хоҳад, бад-он даст меёбад ва саодати иҷтимоиро таъмин месозад. Доду деҳиш арзише нест, ки танҳо махсуси як гурӯҳи баргузидаи иҷтимоӣ бошад, балки ба мардумӣ мутааллиқ буда, ҳар кас, бидуни нуфузи табақавӣ ва дараҷоти иҷтимоию сиёсӣ ва фикрию иқтисодӣ метавонад ба он мутамоил бошад ва тавассути касб кардани он боиси рифоҳ ва амнияти иҷтимоии инсонҳо гардад. Ин аст, ки Ҳаким Фирдавсӣ ба он асл ва арзиш махсус таъкид варзидааст:

Фаридуни фаррух фаришта набуд,

Ба мушку ба анбар сиришта набуд.

Зи доду деҳиш ёфт ин некуйӣ,

Ту доду деҳиш кун, Фаридун туӣ.

Ҷамшед ба сифати шаҳриёри дунявӣ дар майдони таърихи сиёсӣ ва фарҳангии мо ҷилва кардааст. Ҳикмати сиёсии ҷамшедӣ, ки бар пояи меҳр, дод ва хирад бунёд ёфта буд, ҷудоии динро аз давлат ҳукми зарурат талаққӣ намудааст. Ҷамшед тибқи ҳунару истеъдод ба мардум мансабу вазифаҳоро тақсимбандӣ намуд. Ҳикмати табақотии ӯ бар ин маънӣ устувор буд, ки бояд ҳар каси сазовору боистеъдод ба мансаб расад ва ҳукумат, бо назардошти замон ва шароит бояд тағйир пазирад ва таҷдид шавад. Рӯҳониён ва динсолорон барои ибодат ба кӯҳ фиристода мешаванд, то бар умури сиёсӣ ва давлатӣ дахолат накунанд:

Гуруҳе, ки котузиён хониаш,

Ба расми парастандагон дониаш.

Ҷудо кардашон аз миёни гуруҳ,

Парастандаро ҷойгаҳ кард куҳ.

Бад-он то парастиш бувад корашон,

Навон пешравшан ҷаҳондорашон.

Дар устурасозӣ (мифологизатсия)-и идеология ва фарҳанги сиёсии Ҷамшедӣ, пешиниёни мо инсонро дар користони хирад бо мушкилоти гуногун ва фаҷоеъи рӯзафзуни рӯзгор даргир сохта, бо ҳунари офаринандагӣ, меҳрофарӣ ва ҳувиятсозӣ наҷот додани насли инсониро аз бадию палидӣ ва сахтию мусибат ба намоиш гузоштаанд. Дар ин росто, меъёри ҳукумат дар ҷаҳон хиради офаринанда ва биҳиштсоз аст. Нақши аслии хирад сохтани биҳишт дар ин ҷаҳон аст. Вазифа ва рисолати хирадмандон дар ширкати фаъол варзидан дар умури сиёсӣ ва фикрӣ барои расидан ба ҳадафи ниҳойӣ – сохтани биҳишт дар рӯйи замин зоҳир мегардад. Ва агар нақш ва зарфияти хирад дар сохтмони давлатсозӣ ва дунявиятталабӣ заиф шуд, ҷаҳолати иҷтимоӣ ҳамчун рӯйкарди даҳшатбор механизмҳои рушди ҷомеаро хароб сохта, боиси ташаннуҷи вазъ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт мегардад. Ба таъбири дигар, рӯзе, ки хирад аз сохтани биҳишт дар рӯйи замин боздошта шавад, ба қавли ҷомеашиноси олмонӣ Макс Вебер, «ба фикри сохтану густурдани адёне меафтад, ки инсонро бояд аз гетӣ наҷот бидиҳад» ва ин ҷост, ки таҳдиди хатар дар самти идеология ва сиёсати миллӣ вусъат пайдо мекунад.

Дар асотири куҳани миллӣ масъалаи давлатсозӣ ва нақши мардум дар сохтмони давлати мардумӣ хотирнишон шуда, бад-ин тариқ низоми сиёсии ҷаҳони инсонӣ, ки дар асоси меҳр, хирад, ростӣ, дод ва озодӣ бунёд ёфтааст, матраҳ гардидааст. Дар он ҳар дине, ҳар миллате, ҳар роҳбаре, ки ба мардуми ҷаҳон меҳр меварзад ва мардуми ҷаҳон ин меҳрварзиро бо таҷриботи мустақими худ дармеёбанд, ӯро бармегузинанд ва ҳар гоҳ, ки даст аз меҳр баркашад, тӯмори баргузидагиаш барчида мешавад. Ин аст, ки шиоргунаҳои манзуми ахлоқӣ-фалсафии «Агар меҳр бо меҳр пайванд шуд, Ҳама тухмаи мо хирадманд шуд», «Агар меҳр бо меҳр бонӣ будӣ, Ҳама базмгоҳи каёнӣ будӣ» аз боварҳои қадимаи форсӣ-тоҷикӣ маншаъ гирифта, дар низоми эътиқодоти сиёсӣ ҷойгоҳи вижа касб кардаанд. Бовару асотири пешин тазаккур медиҳанд, ки чун давлат ва ҳукумат роҳи дунявии пешрафтро интихоб мекунад, дар партави дунявият (secularization) аз тобеияти дину идеологияи хирадситез наҷот меёбад.

Мардуме, ки дар пайи сохтани давлати демократӣ ва дунявӣ гом мебардорад, аслан ба хирад, дар мадди аввал арҷ мегузорад ва онро меъёри асосӣ медонад. Вақте ки дар атрофи мафҳум ва вожаи демократия суҳбат мекунем, нахуст бояд ба ташхиси дурусти мақула ё категория даст ёбем. Дар ин замина, бояд афзуд, ки «демос» маънои мардуми муфаккир ва маърифатнокро ифода намуда, дар муқобили «этнос», ки ба маънои умумии мардумӣ далолат мекунад, қарор дорад. Дар маҷмӯъ, демократия ҳокимияти мардуми бомаърифат ва муфаккир аст, ки бо андешаи созанда, биниши воқеӣ, дониши мантиқӣ ва дар ниҳоят, бо мафкураи солим давлат месозад ва ба давлатмардон бо фаъолиятҳои мунтазаму густурдаи худ дар ҷараёни давлатсозӣ ва ҳукуматоройӣ кумак мекунад.

Масъалаи дигаре, ки дар низоми дунявият матраҳ аст, масъалаи муносибат ва робитаи ҳукумат бо виҷдони озод аст. Бо ибтикор ва ташаббуси бевоситаи давлати дунявӣ ҳар қадар дар ҷомеа майдони густариши дониш ва хиради инсонӣ тавсеа ёбад ва роҳҳои тадовуми он ҳамвортар гардад, ҳамон қадар раванди озодии виҷдону ақида таҳкиму тақвият мепазирад. Ҳадафи ниҳойӣ ва стратегӣ дар низоми давлатсозии дунявӣ, ки дар қолаби асотири бостонии миллӣ рехта шудааст, «на ба ҷиҳоди идеологию динӣ рафтан, балки барои ҳаққи ҳар инсоне ба зиндагӣ дар гетӣ пайкор кардан» мебошад ва ин аслу нуктаи атф (меҳрварзӣ) дар низомҳои сиёсии минбаъда авлавият ва таҳаққуқ пайдо кардааст. Аз ин ҳадафи роҳбурдӣ(стратегӣ) дар шароити феълӣ метавон механизмҳои корбурдӣ ё ба истилоҳ тактикӣ ҷустуҷӯю пайдо кард ва саранҷом дар сиёсати фарҳангӣ роҳандозӣ намуд.

Вожаи дунявӣ ҳамчун мафҳуми фалсафӣ ва сиёсӣ, қабл аз ҳама, маънои эътимод ва эътиқод доштан ба ин дунё аст. Дар зеҳни дунявиён, ин дунё арсаи зиндагӣ ва фаъолиятҳои инсон, новобаста аз тааллуқоти ақидатӣ, идеологӣ ва динӣ-мазҳабӣ мебошад. Низоми сиёсии давлати дунявӣ бар баробарӣ ва тавозуни инсонҳо дар фаъолиятҳои иҷтимоӣ, фикрӣ, иқтисодӣ ва дар маҷмӯъ, моддию маънавӣ асос ёфта, дастгоҳи олии роҳбарикунандаи он аз шахсоне таркиб меёбад, ки ба ин дунё бовар доранд. Вале ин маънои онро надорад, ки дунёмадорон, беҳудуд ба ҳама чиз имтиёз доранд. Онҳо дар асоси қонунмандӣ ва меъёру принсипҳои инсонӣ, барои пайравони тамоми адёну мазоҳиб, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ақидаву мафкура ба таври баробар, бидуни бартарият ва афзалият додан ба касе, шароити ибодӣ, фароғату истироҳат ва шуғлу мутолиот таҳия мекунанд ва ба ин васила муҳиту фазои солими ҳамкорӣ ва ҳамзистиро дар байни созмону ҳаракатҳои иҷтимоӣ, ақаллиятҳои миллӣ-этникӣ, динӣ-мазҳабӣ, сиёсӣ ва амсоли инҳо ба вуҷуд меоранд.

Бояд таъкид кард, ки дар давлати дунявӣ барои роҳбарият ва мудирият имтиёз, асосан бар дунявиён дода мешавад, чаро ки онҳо ба ин дунё бовар доранд ва дар партави ин бовари илмӣ ва бунёдӣ масири рушду таҳаввули давлат ва ҷомеаро барномарезӣ мекунанд. Албатта, давлатҳое ҳастанд, ки сохтори давлатдории дунявиро пазируфтаанд, аммо истибдодӣ, ифротӣ ва радикалианд. Ин ҷо айбу нуқси дунявият нест, муқассир дар ин самт роҳбарону масъулини давлату ҳукуматанд, ки меъёри инсониро дар низоми сиёсӣ, ки асли фаҳмиши масъала маҳсуб меёбад, ба хотири тадовуми қудрат сарфи назар кардаанд ва бо худхоҳию худкомагӣ дунявиятро зери суол бурдаанд. Агар жарфтар ба ин масъала таваҷҷух кунем, дармеёбем, ки биниши аксари давлатмардони сохторҳои сиёсии дунявии минтақавӣ дар доираи дин ва фаротар аз он, тасаввуф ва ирфон (миститсизм) чарх мезанад ва ин бинишҳои тангу маҳдуд оқибат дар оинаи дурӯягӣ, таваҳҳум, таассуб, бедодгарӣ, бегонагӣ ва дар маҷмӯъ, хурофотпарастӣ рӯ зада, танишу печидагиҳои иҷтимоиро ба вуҷуд меоваранд. Ҷомеа, аслан ба қишри фарҳангӣ такя мекунад. Агар қишрҳои фарҳангӣ-маърифатӣ заиф ва камзарфият ва дар банди хурофот бошанд, иҷтимоъ ногузир ба ҳалқаи рӯҳониёни мутаассиб меафтад ва аз ҳадиси онҳо тариқаи ҳидояту иршод меҷӯяд. Онҳо, ки маълуманд ба куҷо ҳидояту иршод мекунанд.

Ростӣ, вазъи таваҷҷуҳи ҷомеаи тоҷикӣ ба дунявият чандон хуб нест, балки нигароникунанда ба назар мерасад. Дар саргаҳи давлатсозии миллӣ бар мабнои муҳтавиёти дунявӣ мушкилоти зиёди иҷтимоӣ, фикрӣ, идеологӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва ахлоқӣ дунболагири мост. Аз ҳама муҳим, камбуди бинишмандӣ ва фақри фикрӣ, набудани ҷаҳонбинии илмӣ бар асари бемасъулиятӣ, саҳлангорӣ, бепарвоӣ ба сарнавишти наслҳои имрӯзӣ ва баъдӣ, нотавонии фикрӣ ва эҷодӣ, хиёнат ба илму хирад ва ақлу виҷдон сол ба сол дар тору пуд ва рагу пайванди қишрҳои фарҳангию маърифатии ҷомеаи тоҷикӣ реша давонда, ҷомеаро дар баробари ҷаҳолат ва таассуби шадид сироятпазир карда истодааст. Дар ин замина, наандешадани тадбирҳои судманд хатароти ҷиддие (бунёдгаройӣ, ифротгаройӣ ва тундгаройии динӣ)-ро дар пай дорад.

Ба назари муҳаққиқон ва андешамандон, дар манотиқи ақибмондаи шарқӣ то тафаккури зиндаи фалсафӣ ва офаринандагии адабӣ (шеър ва наср) ва ҳунарӣ (мусиқӣ, наққошӣ, филмофарӣ) ниёзи зиндагӣ ба «маъно»-ро дарнаёваранд ва пиёда накунанд, наметавон ҳукуматро аз дин ҷудо сохт. Дар Урупо ин корро адабиёт, ҳунар ва тафаккури зиндаи фалсафӣ адо кард ва ҷудоии дин аз ҳукумат дар он ҷо паёмади ҳамин ҷунбиш буд. Дар кишварҳое, ки тафаккури зиндаи фалсафӣ ҳанӯз вуҷуд надорад, танҳо бо вомгирӣ ва истифодаи тафаккури фалсафии ғарбӣ зиндагӣ мекунанд. Вақте ки сиёсатмадорон ва донишмандони улуми табиӣ аз уҳдаи маъно бахшидан ба зиндагӣ намебароянд, дар натиҷа, диндорон бо шариати хушку холии худ ин рисолатро дар ҳазорон соли дигар иҷро нахоҳанд кард. Адабиёт, фалсафа, ҳунар бояд дар роҳи маънӣ бахшидан ба зиндагӣ пеш раванд, то сиёсатмадор дар самти ҷудо кардани дин аз давлат ва натиҷатан, гироиши ҷомеа ба дунявият комёбӣ ба даст орад.

Маълум аст, ки давлатсозии миллӣ, ба вижа дар доираи арзишу идеалҳои миллию дунявӣ кори осон нест, аммо сарфи назар намудани дунявият ва мабодии он, ки ҳамагӣ инсонсозу мардумсолоранд, корро дар ин самт мушкил месозад. Таърих ба мо таҷриботи давлатсозии миллиро дар симои империяҳои қудратманди Ҳахоманишӣ, Сосонӣ, Тоҳирӣ, Саффорӣ, Сомонӣ, Ғурӣ, Шӯравӣ (дар мисоли Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон) манзур намуда, дар баробари ин, заволу шикасти ононро, ба сабаби хиёнат, нодонӣ, ҷаҳолат, таассуб, хурофот, маишати бебандубор, худнамойӣ, бемасъулиятӣ ва саҳлангории сиёсиюну давлатмадорони вақт рӯйи авроқи китобаш сабт кардааст. Бинобар ин, авроқи китоби таърихи миллӣ, ҳамчунин таърихи Шарқу Ғарбро бо чашми ибрат ва ақлу хирад мебояд ҷиддӣ мутолиа ва дар заминаи он марзу ҳудуди дунявиятро таъйин, таҳким, тақвият ва ҳимоят кард.

Нозим НУРЗОДА,

пажуҳишгар

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь