Дар ҷараёни дидори Эмомалӣ Раҳмон, Раисҷумҳури Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Эрон, ду кишвар 17 санади ҷадиди ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва гардишгарӣ имзо карданд. Сафари ду рӯзаи Раисҷумҳури Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Эрон рӯзи якшанбе, 29 май оғоз шуд. Субҳи рӯзи душанбе маросими истиқбол аз Эмомалӣ Раҳмон дар Кохи Саъдободи Теҳрон баргузор гардид. Сипас, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамтои эрониаш дидор кард ва ҳамчунин бо ҳузури ду раисҷумҳур ҳайатҳои расмии ду кишвар бо ҳам мулоқот карданд.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи душанбе бо Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳури исломии Эрон дидор кард. Иброҳими Раисӣ, раисҷумҳури Эрон ҳам дар ин дидор ҳузур дошт. Оқои Хоманаӣ дар ин мулоқот Тоҷикистонро “ҳамчун хешованд ва бародар” хонд ва гуфт, ки равобити ду кишвар дар як соли гузашта афзоиш ёфта, аммо ҳанӯз “бо нуқтаи матлуб фосила дорад”.

Ба гузориши манобеъи хабарии Эрон, Эмомалӣ Раҳмон дар ин дидор нигарониҳои амниятӣ, ба вижа дар бораи Афғонистон ва густариши терроризмро аз мавзӯъоти муҳими миёни ду кишвар унвон карда ва гуфта: “Мо хостори сулҳ ва оромиш ва ҳукумате бо ҳузури ҳамаи қавмиятҳо дар Афғонистон ҳастем ва умедворем бо афзоиши ҳамкориҳои амниятии Эрон ва Тоҷикистон, метавон бар нигарониҳо ғалаба кард”.

Эмомалӣ Раҳмон баъд аз фосилаи тақрибан 9-сола аз Эрон боздид кард. Дар ду давраи раёсатҷумҳурии Ҳасани Рӯҳонӣ дар Эрон, равобити ду кишвари ҳамзабон ва ҳамфарҳанг ба гунаи бесобиқа тира буд.

Бо таваҷҷӯҳ ба таҳаввулоти минтақаӣ аҳамияти замонии ин сафари Раисҷумҳури Тоҷикистон ба Эрон чӣ метавонад бошад?

Ин дидор ғайримунтазира набуд, зеро дар маҳофили расонаӣ ва дипломатӣ аз чанд ҳафта бад-ин сӯ мавзӯъи сафари Раисҷумҳури Тоҷикистон ба Эрон матраҳ буд. Бо вуҷуди ин, аз назари замонӣ ин дидори Эмомалӣ Раҳмон аз Эрон чанд паёме метавонад дошта бошад.

Аввал ин ки ҳам Эрон ва ҳам Тоҷикистон аз шарикони стратегӣ ва муттаҳиди Русия дар минтақа ҳастанд. Русия наздики 100 рӯз мешавад, ки машғули ҷанг бо Украина аст.  Ҳарчанд Русия як пойгоҳи бузурги низомӣ дар Тоҷикистон дорад, аммо зоҳиран аз бурузи нооромиҳои эҳтимолӣ дар Осиёи Миёна, як минтақаи таҳти нуфузаш нигарон мебошад. Ва шояд ба ин далел, фикр мекунад, ки беҳтар аст Эрон ва Тоҷикистон дар марҳалаи кунунӣ равобити хубтаре дошта бошанд.

Иттифоқан, гардиши тоза дар равобити сарди Тоҷикистон ва Эрон баъд аз сафари моҳи сентябри соли 2021-и Иброҳими Раисӣ ба Тоҷикистон сурат гирифт. Он вақт Раиси ҷумҳурии Эрон дар ҳамоиши сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар шаҳри Душанбе ҳузур пайдо кард ва дар он нишаст Эрон ба узвияти комили ин созмон пазируфта шуд. Бисёре аз коршиносон Созмони ҳамкориҳои Шонгҳойро як созмони таҳти нуфузи Русия ва Чин медонанд.

Аҳамияти дигари замонии сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Эрон ихтилофоти марзии Тоҷикистон бо ҳамсояаш Қирғизистон аст, ки як сол пеш боиси даргирии хунин дар манотиқи марзии ду кишвар шуда буд. Дар пайи ин даргирӣ Қирғизистон аз Туркия паҳподҳои “Байрақдор”-и сохти Туркия харидорӣ ва бо истифода аз онҳо дар наздикии марзи Тоҷикистон чанд размоиши низомӣ баргузор кард. Ду ҳафта пеш, дар ҷараёни дидори Муҳаммад Боқирӣ, раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон аз Тоҷикистон як хатти тавлиди паҳподҳои эронии Абобил-2 дар шаҳри Душанбе роҳандозӣ шуд, ки як навъ посухи Тоҷикистону Эрон ба Қирғизистону Туркия метавонад бошад.

Аҳамияти дигари замонии дидори Эмомалӣ Раҳмон аз Эрон ба таҳаввулоти ахири Афғонистон ва ба қудрат бозгаштани Толибон дар ин кишвар марбут аст, ки дар ҳар ду кишвар бар нигарониҳои амниятии бештар доман задааст. Ба ин далел, аҳамияти хоси равобити Эрон бо Тоҷикистонро дар иртибот бо ҳамсояи муштаракашон – Афғонистон ва Толибон бояд дар назар гирифт.

Эрон ва Тоҷикистон дар даврони ҳукумати қаблии Толибон дар Афғонистон дар солҳои 1996-2001 бо ин гурӯҳ мухолифат доштанд ва аз Эътилофи Шимол ба раҳбарии зиндаёд Аҳмадшоҳи Масъуд ҳимоят мекарданд. Аммо баъд аз бозгашти дубораи Толибон ба қудрат дар Афғонистон дар 15 августи соли 2021, мавзеъгирии Эрон ва Тоҷикистон дар қиболи ҳукумати Толибон мутафовит буд. Эрон дар оғози ин таҳаввул шояд ба далели зудтар берун рафтани амрикоиҳо аз Афғонистон, аз бозгашти ҳукумати Толибон хушҳол буд. Ба ин далел, чанд ҳайати Толибонро дар Теҳрон пазируфт ва сафораташро дар Кобул фаъол кард.

Тоҷикистон баръакси Эрон аз нахустин рӯзҳои бозгашти Толибон ба қудрат бо ин гурӯҳ робитаи хуб надорад ва ҳамвора хостори ташкили як ҳукумати фарогири миллӣ дар Афғонистон аст. Ҳоло омиле, ки бештар боиси нигарониҳои амниятии ду кишвар шуда, густариши терроризм ва ифротгароӣ дар Афғонистон метавонад бошад. Эрон аз идомаи қатлу куштори ҳазораҳо нафар дар Афғонистон, ки аз аҳли ташайъю (пайравони мазҳаби шиъа) ҳастанд  ва аз ҳузури панҷ миллион муҳоҷири афғонистонӣ дар хоки ин кишвар нороҳат аст. Мақомоти эронӣ бозгашти ин муҳоҷирон ба Афғонистонро яке аз роҳҳои кӯмак ба эҷоди субот дар ин кишвари ҳамсояаш медонад.

Тоҷикистонро ҳузури гурӯҳҳои террористие монанди «Ҷамоъати Ансоруллоҳ», Ҳаракати исломии Узбекистон, «Шохаи Хуросон»-и гурӯҳи Давлати Исломӣ ё Доиш ва даҳҳо гурӯҳи тундрави дигар дар Афғонистон нигарон кардааст. Дар сурати ҳамлаи ҷангҷӯёни ин гурӯҳҳои террористӣ ба хоки ҳамсояҳои шимолии Афғонистон, Тоҷикистон шояд рӯйи кӯмакҳои дифоъӣ ва низомии муттаҳидонаш мисли Эрон ҳисоб кунад.

Ҳоло Эрону Тоҷикистон, дар қиболи ояндаи кишвари ҳамсояашон Афғонистон ва ҳукумати Толибон мавзеъи тақрибан яксон доранд. Онҳо бар ин назаранд, ки амният, сулҳ ва субот дар Афғонистон барои ҳамаи кишварҳои минтақа зарурӣ ва лозим аст. Ва ҳам ин ки бояд ҳамаи кишварҳои минтақа иқдомоти боздорандаи муштарак барои ҷилавгирӣ аз шаклгирии марказҳои ноамнӣ ва бесуботӣ дар Афғонистонро рӯйи даст бигиранд. Ин ду ҳамсояи Афғонистон бовар доранд,ки ташкили як ҳукумати фарогири миллӣ дар Афғонистон ҳадди ақал бахше аз мушкилоти мардуми ин кишварро метавонад аз миён бубарад.

Суҳроби ЗИЁ, рӯзноманигор

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь