“Фасли торик дар таърихи Покистон” – воқеаҳои имрӯзи кишварро ҳукуматдоронаш чунин ёд мекунанд. Дар пайи боздошти собиқ нахуствазир ва бесарусомониҳои оммавии баъдӣ вазъи бе ин ҳам ноороми Покистон боз ҳам муташанниҷ гардид. Мо кӯшидем, бифаҳмем, ки дар паси рӯҳияи инқилобии шаҳрвандони Покистон чӣ қарор дорад ва он ба Осиёи Марказӣ то чӣ ҳад таъсир расонида метавонад?
Дар натиҷаи бесарусомониҳои рӯзи 10-уми май дар Покистон дастикам 8 нафар қурбонӣ ва 290 нафари дигар захмӣ шуданд.
Чӣ мегузарад?
Ҳанӯз 9-уми апрели соли гузашта сарвазири Покистон Имрон Хон, бо аксарияти овозҳои вакилони порлумон раъйи нобоварӣ гирифта, аз вазифа барканор ва Девони вазирони Покистон пароканда карда шуд. Мухолифони ин кишвар аз ибтидо Хонро ба надоштани қобилияти барқароркунии иқтисодиёти кишвар ва аз зери назорат баромадани таваррум айбдор карда, нисбати ӯ изҳори нобоварӣ карданд. Рӯзи дигар даҳҳо ҳазор ҷонибдори собиқ нахуствазир ва Ҳизби таҳрики инсоф (Ҷунбиш барои адолат), ки ӯ раҳбарӣ мекард, ба эътирозҳои оммавӣ даст заданд.
Баъдан ӯ бо чанд иттиҳом, аз қабили терроризм, беэҳтиромӣ ба додгоҳ, осигӣ, ҳамла ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ муттаҳам шуда, моҳи октябри соли 2022 бо сабаби нодуруст пур кардани ҳисоботи даромад аз ҳуқуқи иштирок дар интихобот ва ишғоли мансабҳои давлатӣ барои панҷ сол аз озодӣ маҳрум карда шуд.
Имрон Хон, собиқ нахуствазири Покистон: “Дар тӯли 40 соли охир ҳукумати Покистон асосан ба ҳама чизе ки аз берун талаб мекарданд, итоат мекард”.
Дар аввали моҳи майи соли 2023 собиқ нахуствазири Покистон Имрон Хон бо гумони фасод боздошт шуд. Ӯро ба фурӯши тӯҳфаҳои сарварони хориҷӣ, ки гӯё аз ин ҳисоб беш аз 600 ҳазор доллар ба даст овардааст, муттаҳам карданд. Пас аз боздошти Хон намояндагони Ҳизби таҳрики инсоф аз тарафдорони худ даъват карданд, ки ба эътироз бароянд. Вале ин эътироз ба бесарусомониҳо табдил ёфт: эътирозгарон пойгоҳҳои ҳарбӣ ва гузаргоҳҳоро вайрон карданд, хонаҳо ва мошинҳои кормандони давлатиро оташ заданд. Дар ҷавоб пулис аз гази ашковар истифода бурд ва ба ҳабси дастаҷамъӣ шуруъ кард. Зиёда аз ин, барои пахши эътирозҳо аз қувваи артиш низ истифода шуд. Пас аз як рӯз Додгоҳи олии Покистон боздошти собиқ нахуствазирро ғайриқонунӣ эълон кард ва Имрон Хон ба ивази гарав озод карда шуд.
“Қувваҳои мусаллаҳи Покистон дар кишвар соҳиби нуфузи устувор мебошанд. Вале бо назардошти он, ки ҳангоми бесарусомониҳо як қатор иншооти низомӣ осеб диданд (ин ҳодисаи дорои аҳамияти хоса маҳсуб меёбад) имрӯз изҳорот садо медиҳад, ки эҳтимол як қатор сиёсатмадорони мухолиф, аз ҷумла худи Имрон Хон ба Додгоҳи ҳарбӣ кашида шавад”, – мегӯяд Фаридун Усмонов, коршиноси масоили Осиёи Марказӣ ва сармуҳаррири маҷаллаи “Иқтисодчӣ”. – Ҳукумати Покистон ва ҷонибдорони нахуствазири ин кишвар Шаҳбоз Шариф имкон пайдо карданд, Ҳизби таҳрики инсофро, ки ҷонибдорони зиёд дорад ва яке аз нерӯҳои пешсафи мухолифи давлат ба шумор меравад, банданд”.
Дар кишваре, ки аз замони таъсисаш тақрибан ҳамеша бо Ҳинд ҷанг дошт, қувваҳои ҳарбӣ як унсури асосии на танҳо амният, балки сиёсат низ ба ҳисоб мераванд. Аксар вақт, ки ҳизбҳои сиёсии Покистон бо мубоҳисаҳои сиёсӣ роҳи ояндаи кишварро муайян карда наметавонистанд артиш дахолат карда, кадом ҳизби сиёсӣ кишварро бояд раҳбарӣ кунад, муайян менамуд. Ҳанӯз дар хотир дорем, дар гузашта собиқ сарфармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳ, генерали мустаъфӣ Парвиз Мушарраф, раисиҷумҳури Покистон, маҳз дар натиҷаи он, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ натавонист дар мавриди тақдири ояндаи кишвар тасмим бигирад ва низомиён онро ба дасти худ гирифтанд, сари қудрат омад.
Оё нерӯҳои беруна гунаҳкоранд?
Вақте Имрон Хон аз мақоми нахуствазирӣ барканор шуд, вай гуфт, ки дар ин кор ИМА даст дорад ва ҳукумати Амрикоро ба дахолат ба корҳои дохилии кишвараш муттаҳам кард. Ба гуфти Имрон Хон, Иёлоти Муттаҳида ба Покистон таҳдид кардааст, ки дар сурати барканор накардани ӯ аз сари қудрат кишварро паёмадҳои нохуш интизоранд.
Имрон Хон ба унвони нахуствазири Покистон аз пайвастан ба фишор болои Русия дар масъалаи Украина ва ҳимоят аз таҳримҳои Ғарб худдорӣ кард.
- Оё ин иттиҳомот мантиқ доранд? Бале, бахусус бо назардошти он, ки Ғарб дар ташкили инқилобҳои ранга таҷрибаи бой дорад.
Тавре Имрон Хон дар бораи худ гуфта буд, ӯро “ба осонӣ ҳамчун лӯхтаки Ғарб истифода бурдан мумкин нест”, зеро вай кӯшиш мекард, ки сиёсати сохибихтиёриро пеш гирад. Дар баробари ин, ӯ дар байни аҳолии Покистон маҳбубияти беандоза дошт. Вай бо Эрон равобити қавии стратегӣ барқарор карда, Фаластинро дастгирӣ мекард. Имрон Хон аз ҷойгир кардани пойгоҳҳои низомии Амрико дар Покистон даст кашид.
Ба ғайр аз ин, собиқ нахуствазири Покистон барои Ғарб ҳамчун як сиёсатмадоре шинохта мешуд, ки бо Чин муносибатҳои дӯстона ва хеле наздик дошт: ӯ бо Чин чанд созишнома дар бораи ҳамкориҳои наздики иқтисодӣ имзо кард ва Покистонро ба лоиҳаи чинии “Як камарбанд, як роҳ” ҳамроҳ намуд.
Имрон Хон ҳамчунин, сохтмони лӯлаи гази “Маҷрои Покистон”-ро ба нақша гирифта буд. Ин лоиҳа ба Русия имкон медод, то ба Ҳиндустон роҳ пайдо кунад. Он ҳамчунин, барои коҳиши қимати нерӯи барқ ба аҳолии Покистон кӯмак менамуд. 24-уми феврали соли 2022 (пас аз эълони оғози амалиёти низомии махсус) Имрон Хон барои баррасии лоиҳаи “Маҷрои Покистон” ба Маскав сафар кард. Ва ин охирин сафаре буд, ки Имрон Хон ба як чеҳраи номатлуб барои Ғарб табдил ёбад.
Коршинос Фаридун Усмонов мегӯяд: “Қувваҳои мусаллаҳи Покистон ба таври анъанавӣ бо Ғарб, ки таъминкунандаи асосии аслиҳаи артиши Покистон аст, равобити хеле наздик доранд”. Тӯли солҳои зиёд, ки дар миёни Ҳиндустон ва Покистон тақобул давом дошт, Покистонро бо яроқу аслиҳа таъмин менамуданд ва ба шарофати ин Покистон тавонист, ки ба муқобили Ҳиндустон маъракаи хеле фаъолонаи ҳарбиро пеш бигирад. Илова бар ин, ёдовар мешавам, ки маҳз дар қаламрави Покистон нерӯҳои вижаи Амрико амалиёт оид ба нест кардани Усома бин Ладинро анҷом дода буданд ва Ҳизби “таҳрики инсоф” ба чунин амалҳо дар қаламрави ин кишвар мухолифат менамуд.
Фаридун Усмонов, коршиноси масоили Осиёи Марказӣ: “Ҳар бесуботие, ки дар Покистон ба вуҷуд меояд, ба Афғонистон таъсири манфӣ мерасонад ва паёмадҳои онро кишварҳои Осиёи Марказӣ низ эҳсос хоҳанд кард.”
Таъсир ба Осиёи Марказӣ
Покистон дар масоили иқтисодӣ, логистикӣ ва низомӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ пайванди хеле амиқ дорад ва аз ин рӯ, маълум аст, ки ин кишвар барои минтақа як объекти муҳим дониста мешавад.
“Покистон дар масъалаи таъмини амният дар минтақа нақши муҳим мебозад ва субот дар кишварҳои ҳамсоя, аз қабили Ҳиндустон, Афғонистон ва албатта, кишварҳои Осиёи Миёна аз то чӣ андоза мӯътадил будани вазъ дар дохили Покистон вобастагӣ доранд. Барои минтақаи мо омили муҳимми амниятӣ вазъ дар Афғонистон аст, ки ба он бештар вазъи Покистон ва то чӣ андоза дастгирӣ ёфтани гурӯҳҳои террористӣ дар ин кишвар таъсир мерасонад.
– Ман фикр намекунам, ки он чӣ имрӯз дар Покистон ба амал меояд, ба оқибатҳои ҷиддии инқилобӣ ва ё нооромии вазъ дар мамлакат сабаб мегардад. Бо вуҷуди ин, Покистон таърихи беш аз 75-солаи давлати соҳибистиқлолӣ дорад ва дар тӯли ин солҳо иқтидори басо ҷиддии низомиро ташаккул додааст. Қувваҳои мусаллаҳи кишвар хеле пурқувват буда ва вазъро дар кишвар назорат мекунанд. Аз ин рӯ, гарчанде чунин ҷунбишҳои дохилӣ барои кишвар мушкилот эҷод мекунанд, вале Покистон қобили бартараф намудани мушкилиҳоро дорад.
Зимнан, агар бевосита дар бораи Тоҷикистон сухан гӯем, Покистон барои мо низ аз лиҳози амалигардонии лоиҳаи минтақавии нерӯи барқи CASA-1000, ки фурӯши нерӯи барқро аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Покистон пешбинӣ мекунад, аҳамияти бузург дорад. Ин лоиҳа фаъолона амал мекунад ва ба марҳилаи анҷомёбӣ наздик аст. Аз ин рӯ, барои мо хеле муҳим аст, ки дар Покистон ҳукумате мавҷуд бошад, то тавонад як қисми лоиҳаро дар кишвари худ анҷом дода, ба татбиқи он шурӯъ кунад. Боз ҳам боварӣ дорам, ки дар ҳоли ҳозир воқеаҳои бо Имрон Хон вобаста ба лоиҳаҳои иқтисодие, ки дар минтақа татбиқ мешаванд, таъсир расонида наметавонанд” – мегӯяд коршинос Фаридун Усмонов.
Ҳамкориҳои ҳарбӣ
Бо вуҷуди он, ки ба андешаи коршиносон, ҳодисаҳои Покистон набояд ба минтақа таъсири ҷиддӣ расонанд, кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд ин ҳодисаҳоро таҳлил карда, аз иштибоҳҳои ҳамсояи худ ибрат гиранд
Ғарб кӯшиш мекунад, ки дар Осиёи Марказӣ низ ба ҳамин равиш ҳаракат кунад. Кӯшиши дувумро барои ҳузури низомии худ дар минтақа пеш гирифтааст, зеро дар тӯли 20 соли охир Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тадриҷан онро тарк кард: соли 2005 қатъ гардидани фаъолияти пойгоҳи низомии Амрико дар Ӯзбекистон, соли 2016 баста шудани дафтари НАТО дар Тошканд, соли 2013 Пойгоҳи майдони ҳавоии Манас дар Қирғизистон.
Дар охири моҳи августи соли 2022 ИМА дар Тоҷикистон бо иштироки нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Муғулистон ва Покистон машқҳои низомӣ анҷом дод.
Иёлоти Муттаҳида наметавонад далели аз даст додани ҳузури низомии худ дар минтақаро, ки дар арсаи ҷаҳонӣ торафт хусусияти стратегӣ пайдо карда истодааст, қабул кунад. Аз ин рӯ, бори дувум кӯшиш дорад ба Осиёи Марказӣ ворид шавад. Сараввал Амрико механизмҳоеро, ки дар назари аввал “безараранд”, аз ҷумла таҳкими ниҳодҳои демократӣ, густариши сармояи инсонӣ, ҳалли муаммоҳои экологӣ ва ғайра пеш гирифт. Фаъолияти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Осиёи Марказӣ хотима намеёбанд, зеро ҳадафи он ҷудо кардани минтақа аз Русия мебошад.
Ва ин, гӯё як лаҳзаи муносиб гардад, зеро бо сабаби ҷанг дар Украина, Русия бояд таваҷҷуҳро ба иттифоқчиёнаш суст мекард. (“Фурӯпошӣ”-и иқтисодиёти Русия, ки Ғарб пешбинӣ карда буд, ба умури кишварҳои Осиёи Марказӣ низ бояд таъсир мерасонд ва азбаски қувваҳои ҳарбии Русия ба амалиёти низомии махсус ҷалб карда шудаанд, пас таъмини амният дар минтақа аз ҷониби Русия бояд суст мешуд).
Чӣ тавре ки мегӯянд, тир хато рафт. Муносибатҳои Русия ва Тоҷикистон ҳам дар заминаи иқтисодӣ ва ҳам дар масоили амниятӣ густариш меёбанд. Ҳама ӯҳдадориҳои дар доираи СААД зикршуда иҷро мешаванд: Тоҷикистон мунтазам дар машқҳои муштарак оид ба рафъи таҳдидҳои ҳамлаи гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ширкат мекунад. Масалан, аз 3-юм то 7-уми апрел, кормандони низомии Русия ва Тоҷикистон масъалаҳои марбут ба гузаронидани амалиётҳои низомии муштарак дар ҳудуди тамрингоҳи “Ҳарб-майдон”-и Тоҷикистонро баррасӣ карданд.
Пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон, ки кафили амнияти на танҳо Тоҷикистон, балки тамоми минтақа аст, ӯҳдадориҳои худро пурра иҷро мекунад. Илова бар ин, Русия ба Тоҷикистон дар омода кардани кадрҳои низомӣ кӯмак мерасонад: имсол низомиёни Русия барои 1000 нафар мутахассисони хурди нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон машқҳои ҳарбӣ мегузаронанд.
Ва ҳангоме ки бо баҳонаи мубориза бо терроризм талош мекунанд, то ҳузури низомии худро дар минтақа мустаҳкам кунанд, бояд ёдовар шуд, таҳдид аз ҷониби Афғонистон ба шарофати худи Амрико хусусияти ҷиддӣ пайдо кардааст. Дар тӯли 20 соли ҳузур дар Афғонистон ин кишварро ба як лабораторияи ҷаҳонии маводи мухаддир табдил доданд: истеҳсоли афюн дар он ҷо беш аз 40 маротиба афзудааст.
Матлубаи Қ.