Истиқлол яке аз усулҳои асосии фарҳанги умумии башар ва ба ибораи дигар, истиқлол яке аз манбаҳои асосии сиёсат, ҳуқуқ, адёни ҷомеаи инсонӣ аст. Ин ҷониб дар баҳсҳои ҳуқуқи башар панҷ аслро ба унвони манбаи истиқлол мавриди баррасӣ ва таҳқиқ қарор медиҳанд: 1) асли ҳаёти шоиста; 2) асли каромати инсонӣ; 3) асли таълим ва тарбия; 4) аҳли истиқлоли масъулона; 5) асли тадбир. Иловатан, истиқлолро гоҳ ба истиқлоли ҳуқуқӣ ва истиқлоли фалсафӣ тақсим кардаанд ва гоҳо истиқлолро баробари адолат ва озодӣ донистаанд ва робитаи байни ақл ва истиқлолро ақлоният медонанд, ки имрӯз маънои тавоноии таҳлилӣ ва мантиқӣ будани фикр аст.
Истиқлол аз ҳама ғараз берун аст, фақат бо як меъёр арзёбӣ мегардад, истиқлол танҳо ба хотири истиқлол маҳдуд мешавад ва дар натиҷаи ин маҳдудият, меъёри «умумӣ»-и он, яъне манфиати умумӣ ба ногузирии амнияти истиқлол оварда мерасонад.
Арзёбии истиқлол зимни бунёдҳои моддӣ ва маънавӣ созгор аст. Созгории аввалини истиқлол адолат аст, ки ин созгорӣ мардумро ба давлат ё низоми сиёсӣ мувофиқ месозад. Дар пояи ин созгорӣ, ҳеҷ кас дар ин вазъияти хоси иҷтимоӣ наметавонад ба фоида ё зиёни худ ноил гардад. Ин вазъият бояд лағв шавад, зеро мардумро дар муваффақияте қарор медиҳад, ки аз шароити иҷтимоӣ ба фоидаи худашон баҳрабардорӣ намоянд. Барои ноил шудан ба ин мақсад бояд мардум дар пояи истиқлол қарор дошта бошанд. Пояи истиқлол муваффақияти арзӣ аст, ки бо «беназирӣ»-и худ мардумро ба интихоби усули адолат даъват менамояд.
Ҳар инсон дар пояи истиқлол ҳақи баробар дорад ва нисбат ба низоми ҷомеа вазифадор аст, зеро аз истиқлол баҳра мегирад. Адолат сабаби он аст, ки анвоҳи маънӣ аз қонун, ки озодиҳои асосиро таъриф мекунад, бо таври баробар ба ҳар инсон шомил аст. Аммо, нобаробариҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ боиси ҳар гуна танзим мегарданд, аз ҷумла бештарин зарар ба нафъи маҳрумтарин қишрҳои ҷомеа аст. Сониян, мавриди асли истиқлол дар ду ҳолат вуҷуд дорад: а) истиқлол бояд дар байни тамоми қишри ҷомеа ҳамбастагӣ дошта бошад; б) нобаробарии фурсатҳо бояд бо сабаби афзоиши фаросатҳо коҳиш дода шавад, яъне, байни истиқлол ва иқтисод иртиботи мустақим вуҷуд дорад. Омили иқтисодӣ фақат арзиши истиқлолро таъриф мекунад, на худи истиқлолро. Тафовути байни истиқлол ва арзишҳои истиқлол он аст, ки ин назария бунёди мустаҳакам дорад ва хоси омилҳои иқтисодӣ аст.
Истиқлол ба унвони маҷмӯае аст, ки бо хусусиятҳояш арзиш дорад ва чун ҳақиқат пазируфта мешавад, барои миллат-давлат арзишманд аст, зеро истиқлол озодии сиёсӣ аст, ки дар доираи қудрат ва адолат мардум муттаҳид карда мешаванд: «Дар ҳифзи арзишҳои истиқлол тавоноии давлат муҳим аст. Тавоноии давлат имкон медиҳад, ки ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон ҳифз карда шавад ва арзишҳои истиқлол дифоъ гардад». (Раҳмонов Э. Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат. Ҷилди шашум.- Душанбе: «Ирфон», 2006.- С. 125).
Тафовути байни истиқлол ва арзишҳои истиқлол дар он аст, ки истиқлол тавассути низоми комили сиёсӣ ва арзишҳои истиқлол тариқи истеъдодҳои мардумӣ арзёбӣ мегардад. Маҳз истеъдодҳои мардум дар пешбурди арзишҳои истиқлол, дар чорчӯби низоми сиёсӣ ва амният омили пешбаранда аст. Маҳз дар сояи низоми сиёсӣ ва амният мардум фурсат меёбад, бо истеъдодҳои хеш арзишҳои истиқлолро сайқал диҳад. Амният чун омили асосии низоми сиёсӣ, бо унвони ҳомӣ ва пуштибони истиқлол аст.
Ҳадафи олии ҳаёти инсон такомули ҷон аст, истиқлол бошад, дар ин такопӯи такомул асоситарин васила барои васли ин ҳадаф аст. Маънои истиқлол – ин на маънои ҷон, балки тавоноии он аз ин ҳадаф аст. Маънои истиқлол, маънои ҳаёти миллату давлат ва каромати он аст.
Истиқлол худ ба худ лаззатбахш аст, зеро эҳсоси он як будани раҳоӣ аз ҷараёни иродаи дигар ва эҳсоси тавоноии интихоби ҳадаф аст. Эҳсоси ҳаёти мустақилона ва раҳоӣ ёфтан аз иродаи дигар лазизтарин ҳолати равонии инсонро ба вуҷуд меоварад. Аз ин ҷо аст, ки гуфтаанд, «берун аз эҳсоси истиқлол, ҳаёт ноқис аст», дар сурате, ки ихтиёр танҳо дар ҷустуҷӯи ҳаёти табиӣ аст ва ё инсон дар ин ҷустуҷӯ – дар анҷоми коре – тадбире, дар иродаи дигар аст, на ихтиёр ва на шоистагӣ дорад. Инсоне, ки метавонад кори шоистаро анҷом диҳад, ирода, тасмим ва иқдоме аст дар маърази арзишҳои воло қарор дорад, аммо агар касе ба арзишҳои истиқлол коре анҷом диҳад, бо як имтиёзи табиии худ онро анҷом медиҳад. Аз ин рӯ, истиқлол адамтарин воситаи шукуфоӣ ва равонии инсон аст. Ниҳоят, амри истиқлол марҳилаи болотарин аст, ки барои шукуфо сохтани мағзи равонии инсон муносибтар ва наздиктар аст. Ин шарт дар баҳрабардорӣ аз истиқлол бо таври ҷиддӣ муроот мешавад, яъне истиқлол бо маънои озодии табиии омили пешрафти миллат-давлат аст. Такомули миллат-давлат эҳсоси лаззатбахши истиқлол аст, ки дар вуҷуди инсон шоистагии ҳаётро мепарварад. Истиқлол (миллигароии ҳаёт) шомили сар супурдани инсон ба миллат-давлати хеш аст. Истиқлоли миллӣ танҳо манбаи ҳуввият ва вафодорӣ аст. Дар фалсафаи истиқлол миллат-давлат сарчашмаи асосӣ аст, ки рӯҳ ва вафодориро дар байни миллат эҷод мекунад. Истиқлол, яъне миллигароии ҳаёт бо унвони нерӯи таърихӣ мардумро аз ҳуввияти маҳаллӣ дар ҷиҳати ҳуввияти миллат-давлат завқ медиҳад. Истиқлол ҳуввият ва вафодории инсонро муттамарказ месозад ва ҳуввият мардумро ҷойгузини онҳо мекунад. Лафзи истиқлол он маъноро дорад, ки инсон толиби миллат-давлат аст.
Аз лиҳози фалсафӣ истилоҳи истиқлол бо таври васеъ ба ин маъно аст, ки инсон худро нисбат ба миллат-давлати хеш ҳамгавҳар ва вафодор медонад. Таърифи «миллат-давлат» аз воҳиди сиёсие аст, ки маҳз аз истиқлол баҳраманд аст. Миллигароии ҳаёт манзур аз посдории арзишҳо ва ормонҳои қавмӣ аст.
Истиқлол дар ҳеҷ марҳила набояд истиқлоли дигарон, ки аз он лаззат мебаранд ва дар шукуфоии равонии онҳо ҳидоят мекунад, бошад, зеро ҳар миллат-давлат бояд бо тафаккур дар бораи истиқлол ва имтиёзҳои он, дар амали худ кӯшиш ба харҷ диҳад, то истиқлолро ба марҳилаи олитар боло бурда, онро ба дараҷаи волоии ихтиёр расонад. Ихтиёре, ки инсон ба истиқлол маъқул аст ва он истиқлоли маъқул дар ҳаёти маъқул бино карда шавад. Истиқлол агар дар андозаи назораи мардум ҳарчи бештар қазоват дошта бошад, истиқлол ҳарчи бештар воқеияти бешумори ҳадафҳо ва силсилаҳоро инъикос мекунад ва инсон иродаи худро ба ин ҳадаф ва силсилаҳо, дар ҳаёти иҷтимоӣ мепайвандад. Истиқлол чун қайди «шоиста» ва «боҳамкории хайр»-и мардум чун ихтиёр назораи арзишҳои он аст. Ин ду қайди «шоиста» ва «ҳамфикрӣ» истиқлолро дар ихтиёр тасдиқ мекунад, зеро истиқлол ҳеҷ коре ба он надорад ва он чӣ ки истиқлолона анҷом мегирад, истиқлол аст.
Худшиносӣ баҳри худсозӣ дар шинохти истиқлоли миллӣ, ки ҳавсалаву эҳтиётро тақозо дорад, дар тариқи муқоиса, дар рӯйдодҳои имрӯзи кишвари мо арзёбӣ мегардад. Шаклгирӣ ва нигориши истиқлоли мо шинохти мо, ҳастишиносӣ аст. Истиқлоли мо имрӯз аз ҳастишиносӣ ба роҳшиносӣ аст, ки ин марҳила чун муқаддамот барои эъмори сарнавишт дар ихтиёри мо аст. Маҳз дар роҳшиносӣ собит мешавад, ки барои шинохти истиқлол ғояҳои тайиншудаи истиқлол муҳиманд. Истиқлол – ин падидае аст, ки дар роҳи такомули худ ниёзҳо дорад. Мисли он ки ҳеҷ мавҷуде нест, ки ниёз надошта бошад. Мо имрӯз, дар шоҳроҳи истиқлол ниёз ба шинохт дорем ва ҳоло мебинем, ки ин ниёзи мо чӣ гуна таъмин мешавад. Маъмулан, барои касби шинохти худ манбаи шинохт лозим аст, мисли он ки бе чашм чизҳои диданиро наметавон дид ва бе гӯш шуниданиҳоро наметавон шунид. Ин ҷост, ки манбаи истиқлол аз шинохт ихтиёр дорад, ки ибтидотарин ниёзи мо аст.
Роҳпаймоии мо дар шоҳроҳи истиқлол таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шинохт баҳри худшиносӣ барои худсозӣ аст, ки густариш меёбад, аз ҳеҷ назар маҳдуд нест, марзҳо дорад, ки шинохти моро маҳдуд намекунад. (Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҳомии Конститутсия ва қонунҳо.- Душанбе, 2010.- С. 114-121). Аз назари замону макон, аз амиқии андешаҳо маҳдудият надорад. Хитобҳои эҳсосӣ, ҳадафи сиёсидошта ва вобаста ба вазъи иқтисодӣ пайвандбударо аз назари арзишҳои миллӣ арзёбӣ мекунад. Андешаҳои мо имрӯз ҳам хитобу китоб аст, ки мо онҳоро солҳои фаровон ҳифз намудем. Мисли он ки гардиши хуршед ва сайёраҳо ба замин куҳна нест, ҳеҷ назарияпардозиҳои «сархӯрдагон» чи қадаре суръату шиддат надошта бошад, наметавонад андешае, ки аз фикри солим тароватнадошта бошад, мавриди қабул нест ва вижагиҳои нопазири он хатонопазиру таъсирпазир аст.
Истиқлол дар ҳадди олӣ аз ҳақи ҳаёт ва ҳақи каромат, аз иноёти миллат-давлат аст, ки ба бошандагонаш ҳидоят кардааст. Аз ин лиҳоз, ҳақи ҳаёт доштан – ин каромати истиқлол аст. Тасвири зиндагӣ чунин аст, ки миллат-давлат бояд муътақид бошад, ки сокинонаш матлуби ҳамин зиндагӣ бошанд. Ҳатто агар касе бихоҳад, ки берун аз эътиқод ба истиқлол зиндагӣ кунад, боз бо ҳамин эътиқод пуштибонӣ дорад, ки ин пештоб истиқлол аст. Аз ин ҷиҳат миллат-давлат наметавонад зарурат ва шоистагии худро берун аз ин андоза, тариқи «чунин бояд» ва ё «чунин шояд» бипазирад, маҷбур аст, барои зарурат ва шоистагиаш ба сокинонаш созгор бошад. Ин ҳақиқат барои тамомии миллат-давлат яқиние аст, ки наметавонад аз ин авзо берун бошад. Ин воқеият шомили қонуне аст, ки иртиботи он дар ҳамбастагии миллат-давлат пазируфта мешавад. Он ки манбаи асли қонун дар чисти миллат-давлат назар ва вуҷуд дорад, рушди истиқлол ва тақвияти он низ дар авзои давлат ва сокинонаш аст. Аммо, дар бораи кайфият бардоштан аз истиқлол ҳолати маорифи миллиро бояд ба назар гирифт, зеро шинохти ин ҳақиқат дар илму дониш аст.
Авзои маънавии инсон, ки таҷдид ва таҳаввули эътиқод ва маълумот дар бораи истиқлол аст, дар танҳоӣ маъное надорад, маҳз дар ҳамбастагӣ омили бисёр муҳими пешрафт дар бораи шинохти истиқлол аст. Ба вуҷуд омадани садҳо ҳазор ҷилд китоб дар бораи истиқлол наметавонад ҳамбастагиро бо истиқлол тақвият диҳад, агар маорифи миллӣ, дар партави забону адабиёт ва таърих маҳдуд бошад. Бинобар ин, маълумот дар бораи истиқлол, инчунин бо маънавиёти инсон бо таври доимӣ таъмин карда мешавад.
Мо, имрӯз аз истиқлоли ватан сухан мегӯем, нисбат ба он ҳассосият меварзем ва онро айни ҳастии худ мешуморем, зеро ки мо бо истиқлол пайванди маҳкам дорем, ки миёнаш нобастанӣ аст, ки набудани яке вуҷуди дигарро фориғ аз маънӣ мекунад.
Истиқлол аз муҳимтарин ҳассосиятҳо ва парастишҳо аст. Истиқлол пайваста «хеш»-ро ба мо нишон медиҳад, ҳарчанд, пеш аз ин ҳуввияти мо – дастовардҳо дошт ва натиҷаашро фарорӯи худ медидем. Дар айёме, ки ҷудо аз онҳо будем, парастишҳои дигар қарор доштанд, истиқлол моро ба парастишҳои нав ва тоза олуда аз идеология рӯ ба рӯ сохт. Мо беш аз сӣ сол аст, ки ба парастишҳои ифтихори миллӣ, ватану ватандорӣ даргир ҳастем. Дар ин айём ранг ва ранги парастиши истиқлоли мо бештар гардид ва моро фарорӯи «хеш» пайванд кард. Инсони дигар, инсони фарорӯи «хеш» бузург шуд. Дар ин сурат, ин инсон аз худ бештару беҳтар аз натиҷаи «хеш» ва «истиқлол» савол медиҳад. Бо ин мисол, инсон «худ», «хеш» ва «истиқлол»-ро даруни як сиккаи воҳид мансуб медонад. Аммо саволи истиқлоли мо на танҳо нишона аз гузаштаи мо аст, балки аз таъсир ва таъсироти ҳамон «хештан» аст, ки мо пай дар пай аз пайи он ҳастем ва таърифу тадбири мавҷуди худро дар ин марҳилаи таҷлил мушаххас менамоем, то ки ҳуввияти худ ва ҳуввияти «хештан»-ро ҳифз намоем.
Парастиши истиқлол тамиз ва таамул аст, зеро оҳанги истиқлол гунапазир аст. Баъзе гуруҳҳои ифротӣ истиқлолро дар ойинаи дигар мебинанд, онро бо фарҳанги бегона нақл мекунанд ва ҳамаи дастовардҳои истиқлолро бо «жарфи нав» бозгӯӣ ва бознигарӣ менамоянд. Ҷавоб ин аст, ки истиқлол худбунёдӣ ва худнамоии миллат-давлат аст ва беҳтарин тамиз ва таамул оҳанги истиқлолро мешунавад, зеро фарҳанги истиқлол бо фарҳанги тамаддуни мо вуҷуди бунёдӣ дорад. Фарёдҳои нотамоми онҳо бо шакли «то он ҷо, ки мо ҳастем, худро ҳифз мекунем» фарёде аст, ки фасл дар фасл фазл надорад, нақди он аз «ҷаҳон»-и дигар аст. Ҳанӯз Декарт ҷумлаи машҳур ва маъруфи худ – «шак мекунам, пас ҳастам»-ро иброз дошт ва дастури хеш – «мо нестем»-ро бунёд кард. Яъне, ӯ андешаҳои пешгузаштагони худро ба маънои «онҳо набуданд ва агар буданд, ғалат гуфтанд», имрӯз хоси одати банди гуруҳҳои ифротгаро аст.
Ифротгароӣ ҳеҷ паҳлуи маърифатӣ ва ҳуввиятӣ надорад, инсони бемуруввате аст, ки нигоҳи ӯ барои баҳрамандӣ ва баҳраҷӯии пеш аз пеш ҳис карда мешавад. Онҳо хоҳони онанд, ки барои зиндагии ин ҷаҳон барномарезӣ кунанд ва аз ин ҷаҳон баҳра баранд ва ин «ният» онҳоро завқ дода, тафсири ҷаҳонро мутобиқи хостаҳо ва ниёзҳо тағйир диҳанд. Ифротгароӣ он аст, ки ин падидаи шум ҳама ҷо ва ҳама вақт дар ҷустуҷӯи ҳадафҳои худ ҳастанд; андешаҳои дигар, рӯйгардониҳои дигар, бознигариҳои дигар ва оқибат арзишҳои дигар доранд. Ин ҷустуҷӯи онҳо барои ёфтани дигар хостаҳо ва нохостаҳо аст, ки бад-ин ҷиҳат фарёдҳои базурӣ ва фарёдҳои касбӣ доранд. Худро нишон медиҳанд ва бо ин тартиб, бо мардум иртибот меҷӯянд.
Ифротгароӣ маънои «иртибот бо хоҷагон» аст, зуҳуроти нотамом аст, зеро ҷустуҷӯи ӯ ва гуфтугӯи ӯ бо фарёдҳои нотамом аст, ақл нақди он нест, зеро моҳият ва ҳуввяти он берун аз ақл аст.
Гуфтем, истиқлол вуҷуди миллат-давлат аст, моя ва пояи он бастагии тамом аст, иртиботу гуфтугӯ ва ҷустуҷӯи он ҳамон «хештан» ва оини зиндагии имрӯз аст, яъне истиқлол бо таъбири дигар ёфтани «хеш» ва нақди он дар ҳаёти имрӯз аст. Истиқлол маҳз бо маърифат ва ҳуввият рангу бӯи дигари худ тароват дорад.
Истиқлол вуҷуди хилқат аст ва дар пояи муросову адолат қарор дорад. Истиқлол тақвият мехоҳад, зеро дар ҳолату сурат ҷавҳари одамият аст ва мавриди ҳар инсони ватанхоҳ қарор дорад: «Истиқлол – ин ишқ ба зиндагии шарафмандона ва талоши ҳамаҷониба дар роҳи беҳрӯзии мардум ва кӯшиш дар роҳи таъмини амният, дар зери сояи қонун аст, зеро истиқлол дар зери сояи қонун таваҷҷуҳи зарфтар ва таърифи густурдатар дорад». (Раҳмонов Э. Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат. Ҷилди шашум.- Душанбе: «Ирфон», 2006.- С. 164).
Пеш аз ислом донишмандони тоҷик дар заминаи «ҷабр ва ихтиёр» инсони мухторро таҳмили муфассал доданд. Онҳо изҳор доштанд, ки ҳангоме, ки инсон дар анҷоми коре мухтор набошад, иҷбор вуҷуд дорад ва овардаанд, ки инсон хайру салоҳи худро медонад. Ин донишмандон ҳамчунин ба муқобили масъалаи «хабар» ихтиёрро дар робита бо хилқат мешумориданд ва мегуфтанд, ки инсон мутлақан «мухтор» офарида шудааст ва инсон дар анҷоми кори дилхоҳи худ набошад ҳам ҳукумат шомили ҳаёти солим намегардад ва ҳам «рӯзи ҳисоб» мафҳуми худро аз даст медиҳад, бинобар ин «ихтиёр» дар ҳар ҳолат ҳудуде аст, ки истиқлолро дар ниҳоди худ нуҳуфта аст.
Мо, тоҷикон дар тӯли таърихи пурифтихор дар фароху нишебии худ борҳо байни зулм дасту по задем, ба ин сурат, ки ҳар гоҳ хостем аз қайди банди зулм раҳоӣ ёбем ва дар хизмати бегонагон будем, сӯи ихтиёр рӯ меовардем, ба манзили мақсуд расидан меҷустем, дурамон карданд ва нагузоштанд, ки насими истиқлолро эҳсос кунем ва фориғ аз ҳар гуна қаҳру хушунат дорои тафаккури солим шавем. Даврае фаро расид, ки соҳиби истиқлол шавем, яъне дорои тафаккури сиёсӣ гардем. Албатта, ин адами тафаккури сиёсӣ собиқаи тӯлонӣ дорад, мо асоратро таҳмил кардем ва таъми истиқлолро чашидем. Фаҳмидем, ки истиқлол ширин аст ва маззаи онро чашем, лаззати наврӯзи мо тавсия мегардад, ки онро бо тавсияи истиқлоли худ ҷаҳонӣ намудем.
Мо аз қайди бандҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ раҳо шудем, нафаси пайванд ва мустақил дар кишвари худ ёфтем, ки он ҳадде намоёнгар аст, ки истиқлол ном дорад. Яъне, дар фалсафаи ҷамъи истиқлол бояд гуфт, ки истиқлол он аст, ки мардум имкон ва фурсати баробар дар истифода аз адолати иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва дигар арзишҳои куллиро ба даст меоваранд ва дар ин замина қонун марбути ҳимояи ҳоли мардум мешавад. Дар ин маврид истиқлол ба шахсият ва ҳайсияти инсон таъбир мегардад, аз зиндагии инсон дарак медиҳад ва дурустии зиндагӣ аст. Инсон дар мартабаи ҳассосияти истиқлол дилпазир аст, зеро дар ӯ эҳсоси миллат-давлат доман мезанад, бо каммияту фазилат ва ғайрати фарзона ба истиқлол менигарад.
Каримҷон ҚОДИРОВ,
профессор