Аввали моҳи августи соли ҷорӣ дар шаҳри Остонаи Қазоқистон мулоқоти VI-уми машваратии роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар он шахсони воломақоми минтақа ҷамъ омада, масъалаҳои муҳимми стратегиро баррасӣ карданд.
Рӯзномаи ҷаласа на танҳо масъалаҳои бахши иқтисодиёту энергетика, балки масъалаҳои амният ва истифодаи оқилонаи захираҳои обиро низ дар бар гирифт. Мулоқот дар пасманзари тағйироти ҷиддӣ дар манзараи геополитикии минтақа сурат гирифта, натоиҷи он барои ҳамкориҳои ояндаи кишварҳои Осиёи Марказӣ махсусан муҳим мебошад.
Мулоқоти VI-и машваратии раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ чорабинии беназире аст, зеро дар он на танҳо чолишҳои ҷорӣ, балки стратегияҳои дарозмуддати рушди минтақа низ баррасӣ карда шуданд.
Мулоқоти раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ
Дар аввали моҳи август дар Остона дар доираи вохӯрии VI-уми машваратии раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ президентони Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон мулоқот карданд. Рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои муҳимми соҳаи иқтисодиёт, энергетика, амният ва захираҳои обиро дар бар гирифта, ин мулоқот як қадами муҳим дар роҳи ҳамгироии Осиёи Марказӣ ҳамчун як бозингари ягона дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Дар ҳошияи чорабинӣ як қатор санадҳои муҳим, аз ҷумла Консепсияи ҳамкориҳои минтақавӣ то соли 2040, Харитаи роҳ оид ба ҳамкории саноатӣ барои солҳои 2025-2027 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкориҳои минтақавӣ ба имзо расид.
Яке аз мавзуъҳои асосии мулоқот ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика буд. Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ зарурати рушди минбаъдаи инфрасохтори энергетикӣ, аз ҷумла лоиҳаҳои гидроэнергетикиро, ки дар таъмини амнияти энергетикии минтақа нақши калидӣ доранд, қайд карданд.
Боз як масъалаи муҳим — ҳамоҳангсозии кӯшишҳо дар соҳаи мудофиа ва амният буд. Ҳарчанд ғояи таъсиси иттиҳоди дифоъӣ қаблан муҳокима шуда буд, коршиносон ба далели тафовут дар дарки таҳдидҳо байни кишварҳои минтақа ба қобилиятнокии он изҳори шубҳа намуданд. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки имрӯз амнияти минтақаро танҳо иттиҳодияҳои ба мисли СААД, ИДМ ва СҲШ таъмин карда метавонанд.
Раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ омодагии худро барои ҳамкории наздиктар ба нафъи тамоми минтақа, бахусус дар партави чолишҳои глобалӣ, аз қабили тағйирёбии иқлим ва бесуботии иқтисодӣ нишон медиҳанд.
Дар мулоқот дубора масъалаи истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ба миён гузошта шуд, зеро ин масъала дар пасманзари сохтмони канали Қӯштеппаи Афғонистон, ки ба тавозуни об дар Осиёи Марказӣ таъсири ҷиддӣ хоҳад расонд, махсусан муҳим гардидааст.
Бояд гуфт, ки ҳалли ин гуна масъалаҳои мураккаб бо иштироки мутахассисон ва технологияҳои Русия дар самти коркарди эҳтиёткоронаи захираҳои обӣ осонтар хоҳад буд. Дар сурати ба миён омадани баҳсҳои обӣ, Русия метавонад ҳамчун ҳакам байни тарафҳо баромад кунад, чуноне ки дар вақти муноқишаи байни Тоҷикистону Қирғизистон баромад карда буд.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар нишаст дар шаҳри Остона ташаккул додани мавқеи ягонаро дар мавриди ояндаи минтақа, таҳияи шаклҳои нави ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва ҳамкории мутақобилаи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқро пешниҳод кард. Кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон азми худро барои амиқтар кардани ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ ва таҳкими мавқеъҳои худ дар арсаи байналмилалӣ иброз доштанд. Бояд қайд кард, ки барои ҳамкории минбаъдаи муваффақ на танҳо ҳамоҳангсозии кӯшишҳо дар дохили минтақа, балки ҷалби шарикони асосии беруна, ба мисли Русия, зарур аст, зеро иштироки онҳо дар татбиқи лоиҳаҳои зиёд барои рушди устувори минтақа зарур аст.
Қобили зикр аст, ки забони кории мулоқоти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ забони русӣ буд ва ин аз нақши муҳимми Русия дар рушди минтақаи мо гувоҳӣ медиҳад, зеро кишварҳои Осиёи Марказӣ тӯли чандин аср паҳлӯ ба паҳлӯ рушд карда, фазои ягонаи фарҳангӣ, забонӣ ва иқтисодиро ба вуҷуд меоранд.
Русия ҳамчун як қисми минтақаи мо
Иттиҳодҳо, аз қабили ИДМ, СААД ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба кишварҳои минтақа дар ҳалли муштараки мушкилоти умумӣ, инчунин, рушд ва таҳкими мавқеи худ дар арсаи байналмилалӣ кумак мерасонанд.
Ба андешаи сиёсатшинос, профессори кафедраи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ниёз Мирзоев, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди ҳамкориҳо бо кишварҳои ҳамсоя ва ҳамчунин, бо Русия, ки наздиктарин шарики стратегии тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад, хеле муҳим аст. Ӯ мегӯяд: “Кишварҳои минтақаи мо ва Русия аъзои як иттиҳодияҳои сиёсиву иқтисодӣ, аз ҷумла ИДМ, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, СААД мебошанд, ки ин созмонҳо барои рушди босуръати кишварҳо заруранд. Хурсандиовар аст, ки кишварҳои мо дар арсаи байналмилалӣ аз рӯи бештари масъалаҳо мавқеи ягона доранд. Зеро дар шароити имрӯза ҳамчун ҷабҳаи ягона баромад кардан ниҳоят зарур аст.
Барои ман ҳама гуна мулоқотҳои ҳамгироӣ як чизи мусбат аст, зеро моро робитаҳои фарҳангӣ ва таърихӣ муттаҳид мекунанд. Ба назарам, дар марҳилаи кунунӣ иштирок ва муаррифии Русия дар чунин чорабиниҳо бисёр муҳим ва зарур мебошад.
Соли гузашта гардиши мол байни Тоҷикистону Русия 2,5 дарсад афзоиш ёфта, ба 1,8 миллиард доллар расид, ки тақрибан ду баробар аз нишондиҳандаҳои умумии савдои хориҷии Тоҷикистон бо Чин ва Қазоқистон зиёд аст.
Ман бо хушнудӣ аз рушди муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон пайгирӣ мекунам, махсусан дар ҳоле, ки раисиҷумҳури ин кишвар чанде пеш ба пойтахти мо омада буд. Дар солҳои душвори ҷанги гражданӣ Қазоқистон ба Тоҷикистон бисёр кумак карда буд. Агар хато накунам, дар он солҳо беш аз 300 ҳазор гурезаҳои тоҷик дар Қазоқистон сарпаноҳ ёфтанд, ин яке аз кишварҳоест, ки ба мисли Русия дар барқарорсозии Тоҷикистон дар солҳои 90-ум саҳми бузург гузоштааст.
Қазоқистон сарпарасти якчанд лоиҳаҳои иқтисодӣ дар Тоҷикистон мебошад. Тоҷикистон низ дар навбати худ, ҳамчун узви СААД, дар қатъ кардани нооромиҳо дар Қазоқистон ҳангоми “ҳодисаҳои январ” саҳм гузоштааст. Ин ҷо боз бармегардем ба он, ки чунин иттиҳодияҳо, махсусан дар ҳамсоягии Афғонистон, хеле муҳиманд. Мавқеи Қазоқистон, аз ҷумла дар масъалаи об, инчунин, масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ имкон медиҳад, ки дар муносибатҳои байни кишварҳои мо саҳифаи нав боз кунем. Тоҷикистон метавонад аз таҷрибаи Қазоқистон дар татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ истифода барад ва ин ҳамкорӣ барои ҳар ду ҷониб судманд хоҳад буд.
Сиёсатшинос, профессори кафедраи робитаҳои байналмилалии ДМТ Ниёз Мирзоев мегӯяд: “Вохӯрии VI-уми машваратии раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ як рӯйдоди муҳим ва мусбат мебошад. Чунин чорабиниҳо на танҳо робитаҳои минтақавиро таҳким мебахшанд, балки муносибатҳои моро бо Русия мукаммал гардонида, ба ягон иттифоқе, ки Федератсияи Русия дар он нақши калидӣ мебозад, мухолифат намекунанд”.
Аммо набояд фаромӯш кард, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ давлатҳои Осиёи Марказӣ чанд иттиҳодияҳои худро таъсис доданд, аммо аз байни онҳо маҳз ИДМ ва СААД, ки Русия як ҷузъи муҳимми он ба шумор меравад, муассир ва фаъол мебошанд”.
22-уми августи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон баргузор гардид, ки дар натиҷаи он 16 санади ҳамкорӣ ба имзо расид. Сарфи назар аз он, ки Федератсияи Русия шарики асосии иқтисодии ҳарду кишвар маҳсуб меёбад, ҳарду давлат барои афзоиш додани ҳаҷми гардиши мол то ба 2 миллиард доллари ИМА дар як сол изҳори омодагӣ карданд.
Тавре дар боло зикр гардид, ҳамкорӣ бо Русия барои тезонидани ҳалли бисёр масъалаҳои мубрами рӯз имкон медиҳад. Масалан, айни ҳол масъалаи таъмини амнияти энергетикӣ тавассути интиқоли пайвастаи нафту газ аз Русия ҳалли худро ёфта истодааст. Федератсияи Русия ҳамчунин, барои сарпараст шудан ба бузургтарин лоиҳаи Тоҷикистон – Нерӯгоҳи барқи обии Роғун изҳори омодагӣ кард. Пас аз ба анҷом расидани сохтмони ин нерӯгоҳ кишвари мо метавонад ба бузургтарин содиркунандаи нерӯи барқ дар минтақа табдил ёфта, иқтидори мавҷударо ду баробар афзоиш диҳад, ки ин ба зиндагии ҳар як шаҳрванд ва дар маҷмуъ ба вазъи иқтисодии кишвар таъсири мусбат мерасонад.
Матлубаи Қ.