Ба роҳбари Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ
Ба Раиси Суди Олии Ҷумхурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Шермуҳаммад Шоҳиён
Ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Раҳмон Юсуф Аҳмадзод
Ба Вазири ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Раҳимзода Рамазон Ҳамро
Аз тариқи саҳифаи ҳафтаномаи “Фараж” бо мактуби кушод ба унвонии Шумо муроҷиат карданам дар он ифода меёбад, ки аз беаҳамиятӣ ва бемасъулиятии кормандони мақомоти судӣ, Хадамоти иҷро ва кормандони милитсия ба дод омадаам. Аз муроҷиату даву този зиёд хаста шудам ва ба хулоса омадам, ки бе назорату дахолати қонунии Шумо барқарор кардани адолати судиву иҷтимоӣ бароям ғайриимкон аст. Ҳамаи кӯшишу чораҳои қонунан андешидаам бенатиҷа, санади бараъло ғайриқонунии судӣ аз ҷониби судҳои болоӣ бетағйир боқӣ монда истодааст.
Мухтасар роҷеъ ба моҷарои судӣ
Бо ҳалномаи суди шаҳри Хуҷанд аз 23 июли соли 2020 аризаи даъвогии Худойберганов Зайниддин Сайридинович бо ҷавобгарии Набиева Нигина Наимҷоновна ва шахси манфиатдор – мақомоти васоят ва парастории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо талабот оид ба гирифтани кӯдак аз шахси дигар ва муқаррар намудани ҷои зисти кӯдак Худойберганова Сафияхон Зайниддиновна ҳамроҳи падараш қонеъ карда шуда, аризаи даъвогӣ муқобили Дӯстматова Дилором Қосимҷоновна дар намояндагии шахси ваколатдорам модарам – Набиева Нигина Наимҷоновна бо ҷавобгарии Худойберганов Зайниддин Сайриддинович дар бораи бартараф кардани монеъгӣ рад карда шуд.
Бо қарори коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавии суди вилояти Суғд аз 15 октября соли 2020 ҳалномаи суди марҳилаи якум бетағйир ва шикояти кассатсионӣ, мутаассифона, беқаноат мононида шуд.
Аз мазмуни ҳалномаи суди шаҳри Хуҷанд аз 23 июли соли 2020 бармеояд, ки суди марҳилаи якум дар қисми хулосавии ҳалномаи худ баҳсро бо чунин тарз қонеъ кардааст:
«Аризаи даъвогии Худойберганов Зайниддин Сайриддинович бо ҷавобгарии Набиева Нигина Наимҷоновна ва шахси манфиатдор мақомоти васоят ва парастории МИҲД – и шаҳри Хуҷанд бо талабот оид ба гирифтани кӯдак аз шахси дигар ва муқаррар намудани ҷои зисти кӯдак Худойберганова Сафияхон Зайниддинова ҳамроҳи падараш қонеъ карда шавад».
«Кӯдак Худойберганова Сафияхон Зайниддинова соли таваллудаш 20.07.2015 аз нигоҳубин ва тарбияи шахси дигар – бибиаш Набиева Нигина Наимҷоновна гирифта шуда, ба тарбия ва нигоҳубини падараш Худойберганов Зайниддин Сайриддинович дода шавад».
«Ҷои истиқоматии доимии кӯдак Худойберганова Сафияхон Зайниддиновна дар суроғаи зисти падараш Худойберганов Зайниддин Сайриддинович, воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷамоати деҳоти Ёва, кӯчаи А.Ҷомӣ, хонаи №3 муқаррар карда шавад».
Аз ин қисми хулосавии ҳалномаи судӣ бармеояд, ки суди марҳилаи якум талаботи даъвогар Худойберганов З-ро дар бораи аз нигоҳубини шахси дигар – бибии кӯдак Набиева Нигина гирифтани кӯдак Худойберганова С.З қонеъ кардааст. Яъне, суд дар доираи талаботи пешниҳодкардаи даъвогар бо риояи талаботи моддаи 198-и Кодекси мурофиавӣ-граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон талаботи даъвогиро қонеъ кардааст. Вале дар аризаи даъвогӣ даъвогар талабот дар бораи аз нигоҳубин ва тарбияи модари кӯдак Дӯстматова Дилором гирифтани кӯдак Худойберганова Сафияхонро масъалагузорӣ накардааст.
Баъди қабули ҳалномаи судӣ модари кӯдак Дӯстматова Д. аз муҳоҷирати меҳнатӣ ба Ватан баргашта, фарзандаш Худойберганова Сафияхонро мисли пешина ба нигоҳубин ва таъминоти худ гирифт.
Баъди қувваи қонунӣ гирифтани ҳалномаи судии марҳилаи якум аз чониби даъвогар Худойберганов З.С. ба суд ариза оид ба тавзеҳи ҳалномаи судӣ бинобар мавҷуд будани норавшаниҳо пешниҳод карда шуд. Ба аризаи охирон бо таъиноти суди шаҳри Хуҷанд аз 3 июли соли 2021 тавзеҳ дода шуд.
Даъвогар дар аризааш тавзеҳи ҳалномаи судиро чунин талаб кардааст, ки оё Дӯстматова Д.Қ. дар парванда ҳамчун ҷавобгар мегузарад ё не?
Суди шаҳри Хуҷанд ба аризаи охирон бо таъинот аз 3 июли соли 2021 тавзеҳ додааст, ки Дӯстматова Д.Қ. бо парванда ҳамчун тараф, яъне «ҷавобгар» мегузарад.
Пас аз қабул гаштани ин таъиноти маҷлиси судӣ аз 3 июли соли 2021 иҷроиши ҳалномаи судӣ тағйир дода шуд, зеро иҷрочиёни Хадамоти иҷро аз модари кӯдак Дӯстматова Д.Қ гирифтани кӯдакро талаб карда истодаанд. Ҳол он ки бо ҳалномаи судӣ ё таъиноти судӣ дар бобати аз модари кӯдак Дӯстматова Д. гирифтани кӯдак Худойберганова Сафияхон Зайниддиновна ва ба тарбияву таъминоти падараш Худойберганов З. додани кӯдак тавзеҳ дода нашудааст.
Ҳамин тариқ, ҳолати мазкур, яъне талаботи иҷрочиёни Хадамоти иҷро бар хилофи қисми хулосавии ҳалномаи судӣ гашта истодааст. Илова бар он, ба мазмуни аризаи даъвогии даъвогар Худойберганов З.С нигарем, даъвогар низ дар аризаи даъво ва аризаи иловагиаш танҳо масъалаи аз шахси дигар, яъне аз бибиаш Набиева Нигина гирифтани кӯдакро масъалагузорӣ намуда, аз модари кӯдак Дӯстматова Дилором гирифтани кӯдакро аз суд талаб накардааст. Бо ин асос, суди марҳилаи якум бо ҳалномаи худ дар доираи талабот пешниҳодкардаи даъвогар даъворо ҳал кардааст.
Аммо баъди гирифтани тавзеҳ ба ҳалномаи судӣ иҷроиши санади судӣ ба таври дигар сурат гирифт, яъне иҷрочиёни Хадамоти иҷро аз модари кӯдак Дӯстматова Д. гирифтани кӯдакро талаб карда истодаанд. Хол он ки бо тавзеҳи ҳалномаи судӣ низ масъала аз модари кӯдак Дӯстматова Д. гирифтани кӯдак тавзеҳ дода нашудааст. Дар тавзеҳи ҳалномаи судӣ танҳо дарҷ карда шудааст, ки Дӯстматова Д. бо парванда ҳамчун ҷавобгар мегузарад. Гарчанде Дӯстматова Д. бо парванда аз рӯи аризаи даъвогии иловагӣ (тибқи талаботи моддаи 43-и КМГ) ҳамчун ҷавобгар нишон шуда дода бошад ҳам, аммо дар аризаҳои даъвогӣ талабот дар бораи аз тарбия ва таъминоти модараш Дӯстматова Д. гирифтани кӯдак масъалагузорӣ карда нашудааст. Ҳамин тариқ, гарчанде дар парванда Дӯстматова Д. ҳамчун ҷавобгар гузашта бошад ҳам, аммо ҳуқуқи аз модар гирифтани кӯдакро суд ҳал накардааст.
Айни ҳол кормандони Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, кормандони Хадамоти иҷро дар шаҳри Хуҷанд бо асосҳои бо санади судӣ ҳал нагашта, ба модари шавҳарам, ки дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷамоати деҳоти Ғозиён, кӯчаи Ориф Неъмат, хонаи №34 зиндагӣ мекунанд ва ба парванда ҳамчун тараф намегузаранд, рафта бо ҳар тарзу воситаҳо ӯро дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидани писарашон, яъне шавҳарам Дӯстматов Толибҷон таҳдидҳо карда, бо ин асос оромии хушдоманам ва оромии оилаи маро халалдор карда истодаанд.
Ман борҳо таъкид карда истодаам, ки шавҳарам (никоҳи дуюм) Дӯстматов Толибҷон ба ин баҳс ягон алоқамандӣ надоранд, зеро ман кӯдакам Сафияхонро бо худ ба Федератсияи Русия овардаам. Бо чунин тарз кормандони Хадамоти иҷро ва милитсия хушдоманамро тарсонида истодаанд. Ин ҳолат ба он оварда расонида истодааст, ки нисбат ба ману шавҳарам хушдоманам норозигӣ баён карда истодаанд. Ҳамаи ин хараҷу мараҷ сабаби ноором гаштани оилаи солим шуда истодааст.
Агар ба мазмуни ҳалномаи судӣ аҳамият диҳем, суд дар қисми асосноккунии ҳалномаи худ асос карда истодааст, ки ҳуқуқи падар нисбат ба бибии кӯдак болотар буда, бо ин асос бинобар дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштани Дӯстматова Д. кӯдакро аз шахси дигар, яъне бибиаш гирифта, ба падараш дода шавад. Айни ҳол кӯдак дар тарбияи бибиаш набуда, ӯ дар тарбия ва таъминоти доимии модараш, яъне ман қарор дорад.
Маъмулан ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани мардум ин пеш аз ҳама беҳтар кардани шароити зиндагӣ мебошад ва мақсади ба муҳоҷират рафтани ман низ барои идомаи зиндагии кӯдак ва фароҳам овардани шароити хубу шоиста барояш мебошад.
Баъди ба миён омадани ин ҳолат ман ба Ватан баргашта, кӯдакамро бо худ ба Федератсияи Русия овардам. Ҳамин тариқ, собиқ шавҳарам бо ҳар роҳу воситаву шиносбозӣ оромии хонаводаам ва аҳли оилаи хушдоманамро халалдор карда истодааст. Ин ҳама ҳолатҳо ба ноором гаштани муносибатҳои оилавӣ оварда истодааст ва кормандони Хадамоти иҷрову мақомоти милитсия ба назди хушдоманам, ки бо парванда умуман муносибат надоранд, рафта аз ӯ иҷро кардани ҳалномаи ғайриқонунии судиро талаб карда истодаанд. Ҳол он ки кӯдак дар таъминоти ман буда, берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем.
Айни ҳол фарзандам ба нигоҳубини модар сахт эҳтиёҷ дорад ва ман ҳамчун модар бояд дар бари ӯ бошам, зеро фарзандам нисбат ба ман – модараш меҳру муҳаббату дилбастагии беандоза дорад, аммо бо ҳалномаи ғайриқонунии судӣ фарзандам аз ҳуқуқхои худ, яъне бо модар будан қасдан маҳрум карда шудааст.
Ман имконият дорам, ки фарзандам бо ман зиндагонӣ кунад, зеро талаботҳои шароити хона, нигоҳубин ва тарбия кардани ӯ аз тарафи ман ва он чи барои зиндагони кардани кӯдак зарурият доранд, фароҳам овардаам.
Бо ин асосҳо аз ҳамаи Шумо умед аз он дорам, ки бо мақсади барқарор кардани адолати судӣ ва пойдории оилаам ба доди ман мерасед ва барои ҳалли баҳси мазкур мусоидат менамоед.
Бо эхтиром: Набиева Нигина Наимҷоновна, сокини шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Тамбӯрӣ №73, шахси ваколатдори Дӯстматова Дилором Қосимҷоновна.