Ба таваҷҷуҳи прокурори  шаҳри Панҷакент Азимзода Сарвар Бозор

Ба аксҳо нигаред;

Ин кадом бозори Афғонистон нест, балки маъруф ба “говбозор” дар маркази деҳаи Рукнободи шаҳри Панҷакент, аст.

Ворӯе, ки замоне “Бухорои хурд” меномиданд ва аксар фарзандонаш хатмкардаи мадрасаҳои Бухоро буданд, ба амри тақдир ба Рукнобод кӯчидааст, аммо акнун бӯйе аз Бухоро надорад.

Ворӯе, ки як фарзандаш бо ному насаби Шамс Шамсов ҳамдеҳагонашро бо погони ин ё он ҳамкурсаш, аз робитаҳои шахсиаш бо ин ё он нафар аз мақомот метарсонаду террори маънавӣ мекунад ва дар панҷаи тарс нигоҳ медорад.

“Говбозор”-и Шамсов дар шоҳроҳи Панҷакент – Душанбе воқеъ аст ва ҳар чоршанбе масъулини ноҳия ин ифлосиро мебинанду бо кадом сабабе чашм мепӯшанд.

Онҳо аз кӣ метарсанд? Аз чӣ метарсанд, мӯҳтарам раиси ноҳия? Ё Ҳукумате, ки шумо роҳбар ҳастед, воқеан бо сабабе муттаҳам аз Шамси “шохдор” аст?

Чаро бо вуҷуди бо дидани ин ифлосӣ, ба оддитарин қоидаҳои зидди сӯхтор ҷавобгӯ набудан, ба талаботи санитарӣ посухгӯ набудан, ба фарҳанги ин ҷомеа мувофиқ набудан аз тарси кадом ҳамсабақи Шамс масъулин чашм мепӯшанду мегузаранду мераванд?

Мо ин масъаларо пайгирӣ хоҳем кард!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь