Ба Раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Озода Рахмон,

Ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳмон Юсуф Аҳмадзод,

Ба раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ,

Ба раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ,

Ба сармуҳаррири ҳафтаномаи “Фараж” Муҳаммадназар Наҷмиддинов

Мо, сокинони деҳаи Дархони ҷамоати Исмоили Сомонии ноҳияи Деваштич бо ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 4 декабри соли 2003 таҳти қарори №322 хоҷагии деҳқонии “Шаҳриёр” ташкил намудем. Ба мо 83 нафар 87 гектар замин ҷудо гардид.

Санаи 5 июни соли 2011 – мо 34 нафар саҳмдорон дар асоси қарори раиси ноҳия №179 аз 23 майи соли 2011 хоҷагии деҳқонии “Шоҳбахт”- ро ташкил намудем. Раиси хоҷагӣ Бобоев Сӯҳроб Бердиевичро интихоб намуда, хеле иштибоҳ кардем. Бояд қайд намоем, ки аслан барои 34 нафар саҳмдорон 38,68 гектар қитъаи замин, аз ҷумла 10,53 гектар замини обӣ, 9,65 гектар лалмӣ, 15 гектар чарогоҳ, 0,22 гектар замини зериобӣ, 1,48 гектар зери роҳ, 0,28 гектар зери сохтмон, 1,52 гектар дигар заминҳо тибқи “Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин” замин расида бошад ҳам, вале дар асл заминҳо хеле зиёд буда, раиси хоҷагӣ моро гӯл зада, онро пинҳон кардааст. Барои мо аз соли 2011 ба ҷои 1,13 гектар, ҳамагӣ 0,24 гектар замин дода, фиребамон додааст.

Раиси хоҷагӣ Сӯҳроб Бобоев солхои тӯлонӣ ҳаққу ҳуқуқи моро поймол кардааст. Чунончӣ, бо карори №3 маҷлиси умумии сохтаи худ аз 28 майи соли 2011 саҳми заминҳои Бобоев Қурбон, Холиқова Ӯғулой, Бобоева Садорат, Юлдошев Холиқ, Бобоева Фароғатро аз худ карда, онҳоро ғайриқонунӣ аз хоҷагии деҳқонии “Фароғат” хориҷ кардааст. То соли равон саҳми 5 нафарро, ки 5, 7 гектарро ташкил медиҳад, тӯли 11 сол истифода бурдааст.

Бо қарори №1 аз 7-уми феврали соли 2013 саҳми замини Бобоева Фароғатро бе розигии духтараш Зокирова Нодира, саҳми замини Зокиров Ойбек ба ҳамсараш Нуруллоева Машҳура, саҳми замини Бобоева Юлдузро бе розигии ӯ ба додараш Бобоев Соҳиб вобаста кардааст.

Бо қарори №5 аз 15 ноябри соли 2014 ғайриқонунӣ саҳми замини Мираминова Қӯйсунро баъди маргаш бо роҳи фиреб ба келинаш Партобова Гуландом вобаста кардааст. Соли 2021 бо дахолати Идораи замини ноҳия он ба холати аввала баргардонида шуд.

Дар ташкили хоҷагии деҳқонии “Абдуазизбобо” аз ҳайати хоҷагии деҳқонии “Шоҳбахт” низ қонунҳоро дағалона вайрон кардааст. Мувофиқи “Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин” таҳти дараҷаи А №0494599 аз 11 августи соли 2015 ба 13 нафар ба ҷойи 1,13 гектар – 0,99 гектар дар маҷмӯъ 12,77 гектар замин ҷудо карда додааст. Боқимонда, 0,14 гектар заминро аз ҳар саҳмдор боздошта, дар умум 1,82 гектар заминро ба манфиати худ гирифтааст.

Бобоев Сӯҳроб се сол мешавад, ки бо кормандони Идораи замин ва КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”-и ноҳияи Деваштич моро (13 нафар) барои ташкил намудани хоҷагии деҳқонии “Нурбек” аз ҳайати хоҷагии деҳқонии “Шоҳбахт” сарсон намуда, монеа эҷод намуда истодааст. Махсусан дар ин кор корманди КДФ “БММҒ”-и ноҳияи Деваштич Шералӣ Назаров нақши “бозингар”-ро иҷро мекунад.

Аҷобати кор дар он аст, ки кормандони Идораи замини ноҳияи Деваштичро мебоист, мувофиқи тақсимот заминро аз як тараф ҷудо намоянд, вале бо амри Сӯҳроб Бобоев онро ба таври тахтаи шоҳмот тақсим намудаанд.

Дар контурҳои замини х/д “Шоҳбахт” №102, №231. №204 ба х/д “Нурбек” вобаста шудааст, вале он ба х/д “Умед” тааллуқ дорад.

Дар қитъаи замини №27 хонаи саҳроӣ мавҷуд аст, ки масоҳати он 0,20 гектар ташкил менамояд. Онҷо хона ва оғил сохтаасту ба қайд надаровардааст. Коргузории ҳуҷҷатии Бобоев С.Б ҳама сохта буда, гоҳе ӯ худаш раис, гоҳе ҳамсараш Нодира Зокирова, аммо дар амал падараш Бобоев Бердӣ раис аст, ки ба ҳар як маҷлиси барпонашудаи ӯ дар қоғаз протокол шудааст.

Дар ҳудуди х/д “Шоҳбахт” солҳои пеш аз ҷониби сокинони деҳаҳои Нуробод, Чӯянчӣ ва Чорбоғи шаҳри Истаравшан 5 адад чоҳҳои амудӣ бунёд гаштанд. Бе розигии саҳмдорон ва бе протоколи маҷлиси умумӣ шартнома бастааст. Тибқи шартнома маблағҳои ҷамъшуда аз чоҳҳои амудӣ бояд барои рушд ва инкишофи хоҷагӣ масраф шавад, вале ба ҷайби раис ва писараш меравад.

Дар ҳудуди заминҳои мамнӯъгашта чойхона сохтааст, ки он аз ҳисоби заминҳои ғайриқонунӣ соҳибгашта ва маблағхои аз мо гирифтааш мебошад.

Дар ҳудуди х/д “Шоҳбахт” 500 адад дарахти сафедор мавҷуд буд, 300 адади онро бе протоколи маҷлиси умумӣ фурӯхт. Ду сар моли калони шохдорро соли 2011 аз х/д “Шаҳриёр” гирифта буд ва саршумори он бояд ба 12 адад мерасид. Ба мо ҳисобот намедиҳад.

Ҳатто ба амаки худаш Бобоев Қурбон ҳам раҳм накард. Барои камии заминҳояш ба амакаш 10 сотиқ аз ҳисоби заминҳои захиравӣ замин ҷудо карда буд, вале онро зӯран кашида гирифт.

Аъзои х/д “Нурбек” Бобоев Қурбон ва Холиқова Ӯғулой баъди ба нафақа баромаданашон Сӯҳроб Бобоев саҳми замини онҳоро худсарона аз худ кардааст. Ҳол он ки оилаи Қурбон Бобоев ва фарзандонаш ҳуқуқи гирифтани саҳми замини худро доранд. 0,70 гектар замини ин оила кам аст. Соли ҷорӣ дар заминҳои захиравии Қурбон Бобоев беда ва ғалла кишт карда буд, вале ҳосили онро бо чорвои шахсиаш поймол кардааст. Ҳангоме аъзои оилаи Қурбон Бобоев саҳми худро аз х/д “Шоҳбахт” талаб менамоянд, вай бо дигар кормандони Идораи заминсозии ноҳияи Деваштич бо ҳар баҳона саҳми замини онҳоро пурра карда намедиҳанд. Ҳисоботҳои солона назди саҳмдорон пешниҳод намегардад. Саршумори чорво ҳисобу китоб карда намешавад. Дар умум аъзои х/д “Шоҳбахт” – оилаҳои Юлдошев, Зокиров, Бобоев ва Мираминовҳо аз соли 2013 инҷониб барои ташкил намудани хоҷагии деҳконии алоҳида кӯшиш доранд, вале раиси хоҷагӣ аризаи онҳоро қонеъ намекунад.

Худаш шоҳу табъаш вазир аст. Молҳои шахсиаш – 5 сар моли калони шохдор ва як сар аспро дар ҷойи хостааш мечаронад. Агар молатро бигир гӯем, таҳдид менамояд, ки ин заминҳои ман аст ва ба наворгирӣ оғоз менамояд. Дар сари роҳи гузар ва ҷӯйи об 2 саги худро бастаасту кӯдакон ва занони моро муттасил метарсонад.

Чанд маротиба ба қабули раиси ноҳияи Деваштич, мӯҳтарам Ашӯралӣ Ҷалилзода рафта, арзу шикоят намудем ва раиси ноҳия дар ҳузури мо кормандони Идораи замини ноҳияро сарзаниш намуд, вале кор ҳалли худро наёфт. Писару падар забон як карда, раиси ноҳияро фиреб дода истодаанд.

Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қазияи мазкурро аз рӯи адолат халлу фасл намоед. То Сӯҳроб Бобоеву чанд корманди бемасъулияти Идораи замини ноҳия ҳастанд, мо намедонем чӣ кор кунем. Мо деҳқонон ба ҷойи кори саҳрову деҳқонӣ сарсону саргардонем. Мо мехоҳем, ки саҳми қонунӣ ва ҳаққу халоли худро соҳиб шавем ва онро самаранок истифода бурда, якчанд маротиба ҳосил гирем, то барои фаровонии дастурхони сокинон ва амнияти озуқавории кишвар саҳмгузор бошем.

Бо эҳтиром, Зокиров Ойбек ва саҳмдорони дигар

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь