Ба таваҷҷуҳи раиси Суди Олии ҶТ, муҳтарам Шермуҳаммади Шоҳиён

 

Инак чандин сол аст, ки аз бесалоҳиятии баъзе судҳо мо ҷабр мекашем. Инҷо сухан дар бораи ягон ҷинояти вазнин, одамкушӣ ва ё зӯроварӣ намеравад, аммо як рафтори нодурусти қозии адолат метавонад чандин нафарро сарсону саргардон кунад.

Гап сари он аст, ки соли 1993 ман хонаеро дар суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, бинои 5 “А”, ҳуҷраи №10 дар асоси шартномаи хариду фурӯш, ки аз ҷониби нотариати давлатӣ тасдиқ гардидааст, аз Мария Безродная ном шаҳрванд харидам. Солҳо дар он зиндагӣ ва кор кардам, яъне дар як қисмати он мағоза сохтам, ки ҳамааш ҳуҷҷатгузорӣ шудааст. Аммо пас аз гузаштани чандин сол боз як бародари дигари мо – Диловар хост бо роҳи сохтакорӣ ин биноро аз ман кашида гирад.

Диловар Ҳазараев (бародари мо) бо ариза ба Суди ноҳияи Шоҳмансур муроҷиат намуда, даъво пеш овард, ки соҳиби ин хона маҳз ӯст, на каси дигар ва бояд ба номи ӯ ҳуҷҷатгузорӣ шавад. Хонанда шояд пурсад, ки дар кадом асос? Аммо саросема нашавед, судяҳо чунон асосҳое меёбанд, ки худатон ҳайрон мешавед. Қабл аз ҳама, магар қонун муҳлати даъвои хонаро се сол муқаррар накардааст ва он танҳо дар ҳолати узрнок будани таъхири даъво дароз карда намешавад? Дуруст аст, аммо ин ҷо судяи парвандаи мо сабаби “узрнок”-е ёфтааст, ки “харро хандаю бузро гиря” мегӯянд. Сабаб, гӯё ба хотири бародарамон будани Диловар, ӯ ин корро то соли 2016 накарда будааст. Ана, ёбеду гиред! Магар пас аз соли 2016 фаромӯш кардааст, ки ӯ ҳам бародари мо будааст?

Дар муддати чанд соле, ки мо баҳс дорем, парвандаи мазкурро метавон ҳамчун як санаде, ки донишҷӯёни факултаи ҳуқуқ чун асбоби аёнӣ истифода мебаранд, истифода бурд. Фақат ба онҳо бояд фаҳмонд, ки чунин тарзи корбарӣ дар ягон чаҳорчӯбаи қонун намеғунҷад. Барои мисол, дар парванда бисёр ҳолатҳое дида мешаванд, ки шоҳидони набуда баёнот додаанду аммо имзоҳои санадҳои зарурӣ мавҷуд нестанд. Сабаб танҳо яктост: бо кадом роҳе набошад, ҳалномаро ба фоидаи Диловар Ҳазараев бароранд. Боз аз ҳама аҷибаш он аст, ки суди зинаи аввал баҳри асоснок нишон додани ҳалномаи қабулнамудааш дар протоколи маҷлиси судӣ ба таври сохтакорона нишон додааст, ки гӯё шоҳидон Зиёев Ш., Николаева Т., Нарзиқулов С., Мирзоев М., Назиров А., Салимов ва Аминов А. дар санаи 24.08.2018 (рӯзи баргузории яке аз мурофиаҳо) соати 14:00 дақиқа пурсида шудаанд. Ҳол он ки, 24.08.2018 дар мурофиаи судӣ иштирок надоштанд ва умуман ба бинои суд наомадаанд. Магар ин сохтакории ҳуҷҷати муҳим нест? Боз, дар рафти ин баҳсҳо аз ҷониби Диловар ва ҳамфикронаш “харидан”-и шоҳидон низ ошкор гардид ва дар ин бора мо далелҳои худро дорем. Шоҳид С. Ҷобирова дар яке аз мурофиаҳои охирини судӣ иброз намудааст, ки дар ҳақиқат қаблан ӯ ҳамчун шоҳид дар мурофиаи судӣ соли 2015-ум аз ҷониби собиқ муовини раиси Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе – Мирмахсумиён пурсида шуда буд ва ӯ дар мурофиаи судӣ маҷбур шудааст, ки нишондоди бардурӯғ ва нодуруст диҳад. Сабабаш он, ки ӯ аз ҳамсари даъвогар Диловар – Маҳмадшарифова Хубон қарздор будааст ва ӯро маҷбур намудааст, ки рафта дар мурофиаи судӣ ба ҷониби шавҳари ӯ, яъне Диловар нишондод диҳад ва ба ивазаш ӯ қарзи дар наздаш доштаи Ҷобироваро мебахшад. Агар не, ӯ тариқи шиносонаш, ки кормандони милиса мебошанд, Ҷобироваро ба ҷавобгарӣ кашида, ба ҳабс мегирад. Пас аз ин ӯ аз тарс ба ин пешниҳоди Маҳмадшарифова розӣ мешавад. Чунин ҳолатҳои шоҳидони сохта ва ҳуҷҷатҳои сохта дар ин парванда хеле зиёданд ва барои баёни онҳо чанд саҳифаи газета камӣ мекунад. Дар ин маврид агар як санҷиши хизматӣ гузаронида шавад, ҳама чиз худаш ошкор мегардад.

Вале мо танҳо як хоҳиш дорем, ки дар Суди Олӣ мутахассисони босалоҳият бори дигар пурра ва беғаразона парвандаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, барои дарёфти ҳақиқат ва тантанаи адолат кӯшиш кунанд. Зеро ҳақиқат дар боло истодааст ва барои дидани он танҳо чашми бино лозим асту халос. Бародари мо, ки судя бо роҳи ба қонун ворид намудани ибораи “ба хотири бародар” мехоҳад ӯро ҳақ барорад, ҳаргиз ҳақ нест ва инро ҳатто худи ҳамон судяи беасос ҳалнома бароварда низ медонад.

Ба ҳар ҳол, умедамон танҳо ба Суди Олӣ аст…

 

Олим ҲАЗАРАЕВ,

Шодмон ҲАЗАРАЕВ,

сокинони шаҳри Душанбе

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь