Ба Прокурори генералӣ Воҳидзода Ҳабибулло

Ба Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирзозода Рустам

 Ман пеш аз он ки ҳодисаи ба сарам омадаро нақл кунам, мехоҳам мақсади маро фаҳмед. Мехоҳам номи некамро, ки онро дар роҳи хидмат ба Ватан дар зарфи беш аз сӣ сол сарф кардаам, дар давраҳои душвортарин барои Тоҷикистон фаъолият намудаам, барқарор намоям.Зеро бо гуноҳе маро айбдор намуда буданду тибқи қонун 2дар бораи афв” озод намудаанд, асос надорад. Мехоҳам аз ин рӯ, номи некамро барқарор намоям то фардо баъди даргузашти ман касе ба фарзандонам таъна назанад, ки “падарат фалонӣ чунин доӯи судӣ дошт”. Марҳамат, саргузашти талхи маро бишнаведу худ хулоса бароред

 Бо таъиноти суди ноҳияи Ҷомӣ аз 8 ноябри соли 2023 пешбурди парвандаи ҷиноятӣ нисбати ман, Қалуғов Давлат, бо моддаҳои 334 қисми 1, 338 қисми 2 ва 363 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо татбиқи сархатҳои 1 ва 2 моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” аз 25 октябри соли 2019, №1648 қатъ карда шуда, ман аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шудаам.

Асоси айбдор кардани ман он гардидааст, ки бо қарори раиси ноҳияи Ҷомӣ «аз 21 октябри соли 2013, № 532 ба Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби “Наҳри Ёрон”-и ноҳияи А.Ҷомӣ барои сохтмони бинои маъмурии он аз деҳаи Пахтакор, ҷамоати деҳоти 50 солагии Тоҷикистон ба андозаи 0,1283 га қитъаи замин ҷудо гардида, баъдан дар асоси дасткашии АИО “Наҳри Ёрон” қатъ гардида, қитъаи замин ба фонди захиравии ноҳия гузаронида шудааст.

Ман, ки қаблан роҳбари АИО “Наҳри Ёрон” – ро ба ӯҳда доштам, гуиё дидаю дониста, ки қитъаи замини қаблан ҷудошуда дигар ба АИО “Наҳри Ёрон” мансуб нест ва ин ташкилот ҳуқуқи додани қитъаи заминро надорад, бо мақсади ғайриқонунӣ аз худ шуморидани қитъаи замини мазкур, қарори АИО “Наҳри Ёрон”-ро аз 25 августи соли 2016 ташкил намуда, 996 метри мураббаъ қитъаи заминро худсарона ишғол карда, дар он таҳкурсии девори иҳотавӣ бунёд намудаам.

Дар ҳамин ҳол, гуиё пойдевори ду ҳуҷраи манзили истиқоматиеро, ки дар қитъаи замини мазкур аз ҷониби шахрванд Мирзошарипов Мақсадҷон Сафарович бунёд гардида буд, вайрон намуда, ба ҳуқуқу манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаи ӯ зарари ҷиддӣ расонидаам.

Чунин хулосаи мақомоти тафтишотӣ ва судро ман нодуруст меҳисобам, чунки аз тарафи мақомоти тафтишотӣ, мақомоти судӣ ҳолатҳои воқеии парванда мадди назар гардида, пурра ба таҳрифкорӣ роҳ дода шудааст.

Зеро, дар соли 2013 АИО “Наҳри Ёрон” ташкил ёфт.Ассотсиатсия дорои оиннома буда, дар асоси суратмаҷлиси № 1 аз 21 феврали соли 2013 тасдиқ карда шудааст. Ман, Қалуғов Давлат, муассиси он мебошам ва инчунин дар солҳои 2013-2014 раисии Ассотсиатсияро ба ӯҳда доштам. Аз тарафи ман дар рафти тафтишоти пешакӣ ва баррасии судӣ оинномаи АИО “Наҳри Ёрон” пешниҳод гардида буд. Сохтмони бинои маъмурии Ассосиатсия дар асоси барномаи ЮСАИД бояд маблағгузорӣ карда мешуд, аммо то моҳҳои март-апрели соли 2014 ин ташкилот маблағгузорӣ карда натавонист. Бо мақсади ҳарчӣ зудтар оғоз ва анҷом  ёфтани сохтмони бинои маъмурии Ассосиатсия, аз ҳисоби маблағҳои шахсии худам, дар қитъаи замини дар асоси қарори раиси ноҳияи Ҷомӣ аз 21 октябри соли 2013, № 532 таҳкурсии иҳотавии девори бинои Ассотсиасияро  моҳҳои январ-феврали соли 2014 анҷом додам.

Мутобиқи моддаи 2 Қонуни ҶТ “Дар бораи Ассотсиатсияи истифодабарандагони об” ва моддаи 1 Оинномаи АИО “Наҳри Ёрон” Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби “Наҳри Ёрон” ташкилоти ғайриҳукуматӣ ва ғайритиҷоратӣ буда, соҳибмулки моликияти худ мебошад.

Тафтишоти пешакӣ ва суд гӯё муайян кардаанд, ки дар соли 2016 АИО “Наҳри Ёрон” аз истифодаи ин қитъаи замин даст кашидааст, ки бо қарори раиси ноҳияи Ҷомӣ ҳуқуқи истифодаи замини АИО “Наҳри Ёрон” қатъ гардида, қитъаи замин ба фонди захиравии ноҳия гузаронида шудааст.

Аммо дар асл АИО “Наҳри Ёрон” аз истифодаи қитъаи замин даст накашидааст. Дар бораи дасткашӣ Маҷлиси умумии Ассотсиатсия, ки мақоми олии идоракунии он маҷлиси умумии аъзоёни Ассотсиатсия мебошад, гузаронида нашудааст, чунки қарор қабул карда нашудааст. Дасткашӣ аз ҷониби Бақаров Сафарбек, ки дар Маҷлиси умумии ассотсиатсия раис интихоб нашудааст, аз номи худ онро анҷом додааст.

Яъне, қарори раиси ноҳияи Ҷомӣ дар бораи қатъ гардидани ҳуқуқи истифодаи замини АИО “Наҳри Ёрон”, дар асоси дархости шахси умуман ваколатнадошта бо вайрон кардани қонун қабул карда шудааст. Гарчанде ин ҳолатҳоро ман дар рафти тафтишоти пешакӣ исбот карда бошам ҳам, мақомоти тафтишот далелҳои пешниҳоднамудаи манро ба эътибор нагирифта, тафтишотро яктарафа пеш мебурд.

Ман дар раддияи худ тамоми ин ҳолатҳои дар боло зикргардида ва яктарафа бурда шудани тафтишотро қайд карда будам. Аммо муфаттиши прокуратура бошад, ба ман танҳо посух дод, ки шумо нисбати ман ҳуқуқи раддия пешниҳод намуданро надоред. Ба ғайр аз ин, ман ба муфаттиш бо ариза муроҷиат карда, талаб намудам, ки ташхиси сохтмонӣ таъин  ва гузаронида шуда, муайян карда шавад, ки аз тарафи ман сохтмони девори иҳотавӣ дар кадом сол анҷом дода шудааст. Мақсад аз ин талаби ман дар он буд, ки дар вақте, ки ин девори иҳотавии бинои маъмуриро анҷом додам, он ҳолат раиси ассотсиатсияро ман ба ӯҳда доштам. Дар асоси ҳуҷҷатҳои дар боло номбурдаам, пурра ҳуқуқи сохтмонро доштам. Илова бар ин, дар рафти тафтишоти пешакӣ ҷойи ҳодиса бе иштироки ман гузаронида шуд, ҳол он, ки ман дар озодӣ будам ва иштироки ман хатмӣ буд, ки ин ҳам поймол кардани ҳуқуқҳои мурофиавии ман мебошад.

Айнан бо ҳамон мазмуне, ки нисбати ман кори ҷиноятӣ оғоз намуда буданд, дар санаи 18.09.2023 сол ба ман айб эълон карданд ва маро ба сифати айбдоршаванда пурсиш намуда, бо парвандаи ҷиноятӣ шинос намуданд. Дар санаи 25.09.2023 сол парвандаи манро бо тасдиқи фикри айбдорӣ ба суд фиристоданд. Қабл аз оғози тафтишоти судӣ, суди ноҳияи Ҷомӣ ҳалномаи ғайриқонунӣ қабул кардааст. Бо ин ҳалнома қарори муассисони АИО “Наҳри Ёрон” аз 25.08.2016 сол оиди ба ман додани сохтмони нотамоми АИО “Наҳри Ёрон” бекор карда шуда, қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонида шудааст.

Бо ҳамин сабаб ман ба беғаразии судяи суди ноҳияи Ҷомӣ шубҳа доштам.  Судя ба ҳолати мушкилоти саломатии ман нигоҳ накарда, дар санаи 2 ноябри соли 2023 маро ба ҳабс гирифт ва 6 рӯз дар ҳабс нигоҳ дошта ва аз ҳабс оварда, иштироки маро дар маҷлиси судӣ таъмин кард. Дар суд ба ман ҳимоятгар фаҳмонд, ки роҳи ягонаи аз ҳабс озод шуданат ин ҷиноятҳое, ки ба ман айб эълон карда шудааст, пурра иқрор шуданам мебошад ва аз ҷиноятҳои содиркардаи нокардаам пушаймон шуданам мебошад. Аз тарси он, ки мабодо дар ҳабсхона вафот накунам, ба ҳимоятгар гуфтам, ки аз номи ман ариза нависад ва дар ариза аз рӯи иҷборӣ имзои худро гузоштам.

Ҳамин тариқ, суди ноҳияи А.Ҷомӣ дар санаи 8 ноябри соли 2023 пешбурди парвандаи ҷиноятро нисбати ман, Қалуғов Давлат, бо моддаҳои 334 қисми 1, 338 қисми 2 ва 363 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо татбиқи сархатҳои 1 ва 2 моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” аз 25 октябри соли 2019, № 1648 қатъ карда, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кард.

Аз сабаб ва асоси оғози кори ҷиноятӣ, қарори  айбдоркунии ман, таъиноти суд бармеояд, ки ҳамаи ин ҳуҷҷатҳо дар асоси аризаи шаҳрвандон Мирзошарипов Мақсадҷон ва Қодирзода Шарифамоҳ мебошанд. То имрӯз ба номи Мирзошарипов М. ва Қодирзода Ш., дар он замини баҳсӣ  моликият ба қайд гирифта нашудааст. Мирзошарипов М. ва Қодирзода Ш., то имрӯз дар он қитъаи замине, ки моликияти АИО “Наҳри Ёрон” мебошад, хуҷҷатҳои хуқуқмуайянкунанда надоранд, чӣ тавр дар ин замин сохтмон карданд, далел надоранд. Аз ариза то нишондодҳояшон дурӯғ мебошад ва онҳо ягон хел сохтмон анҷом надодаанд.

Бинобар ин МИМҲД Ҷомӣ ва мансабдорони он дар асоси мактуби Бақаров С., ки ба АИО “Наҳри Ёрон” мансубият надорад, хоҷагии деҳқонӣ надорад, муассиси АИО нест, хуқуқи муассис шудан надорад, чандин маротиба ба ҷиноятҳои вазнин доғи судӣ дорад, ҳуқуқ надорад мактуб навишта, аз замин даст кашад.  Мирзошарипов М. ва Қодирзода Ш., дар ноҳияи А.Ҷомӣ ҷ/д “50-солагии Тоҷикистон” деҳаи Ёсуман ҳамроҳи падару модарашон зиндагӣ карда, ба замини наздиҳавлигӣ мӯҳтоҷ нестанд.

Бояд қайд кунам, ки чораҳои пешгирии ман дар асоси таъиноти судӣ ба ҳабс гирифтан аз тарафи суди ноҳияи А.Ҷомӣ ғайриқонунӣ ва ноодилона буд.

Асоси ҳамаи чунин сарбориҳои гунаҳкории ба мани бегуноҳ дар он буд, ки ман муддати  30 сол ба ҳайси муфаттиши ВКД ҶТ фаъолият карда будам. Дар муддат на ин, ки ҷиноят накардаам, балки ҳатто як ҷазои интизомӣ ҳам ба ман татбиқ нагардидааст.  Ман дар соли 2008 аз ВКД ҶТ ба нафақа баромадам. Баъди ба нафақа баромаданам, аз сабаби бемор буданам, ба корҳои деҳқонӣ машғул шудам. Ман ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул буда, замини кишоварзӣ дорам.

Баъди бақайдгирии давлатии замин, лоиҳаи сохтмони бинои маъмурии ассотсиатсия тартиб дода шуд ва ба ассотсиатсия иҷозат доданд, ки сохтмонро оғоз бахшад. Аммо дар моҳҳои ноябри соли 2013 то моҳи феврали соли 2014 фаъолияти ассотсиатсия бо дарвозашинонии обгузарҳо банд буд ва барномаи ЮСАИД танҳо корҳои ба сохтмони дарвозашинонӣ сарфшударо маблағгузорӣ мекард.

Гарчанде, ки таҳкурсии бинои маъмурии Ассотсиатсияро ман дар соли 2014, яъне то давраи қабули қарори қатъ кардани ҳуқуқи истифодаи замин ба ман айб эълон карда шуда анҷом дода бошам, аммо чӣ дар тафтишоти пешакӣ ва чӣ дар тафтишоти судӣ ба ин ҳолат баҳои ҳуқуқӣ надоданд, ки он давра ин қитъаи замин дар ихтиёри АИО “Наҳри Ёрон” буд ва нисбати ман аз рӯи ин ҳолат ғайриқонунӣ айб эълон карда, маро гунаҳгор эътироф намудаанд.

Баъди анҷоми сохтмони таҳкурсии бинои маъмурии ассотсиатсия, моҳи июни соли 2014 аз вазифаи раиси раёсати АИО “Наҳри Ёрон” ман даст кашидам, лекин ҳамчун роҳбари хоҷагии деҳқонӣ ва дар Ассотсиатсия ҳамчун муассис ва аъзои раёсат боқӣ мондам.

Ба ҷои ман муассис Муртазоев Юсуф раиси раёсат интихоб шуд. Баъди раиси раёсат интихоб шудани Муртазоев Юсуф, ӯ Бақаров Сафарбекро ба сифати коргари кироя ба вазифаи менеҷери АИО “Наҳри Ёрон” ба кор қабул кард. Дар санаи 9 июли соли 2016 дар асоси мактуби менеҷери АИО “Наҳри Ёрон” Бақаров С. аз 27 майи соли 2016 бо қарори раиси ноҳияи Ҷомӣ истифодаи қисми қитъаи замини АИО “Наҳри Ёрон” қатъ гардонида шудааст, ки он чӣ тавре дар боло қайд кардам, тамоман ғайриқонунӣ буд. Зеро ба вазифаи раиси раёсати АИО “Наҳри Ёрон” танҳо муассисон дар маҷлиси умумии муассисон бо овоздиҳии махфӣ интихоб мегардад, аммо чунин маҷлис умуман гузаронида нашуда, дар бойгонии Ассотсиатсия ҳам вуҷуд надорад, ки ин ҳолат бо маълумотномаи раиси АИО “Наҳри Ёрон аз 31 майи соли 2017 исбот мегардад, ки дар он гуфта шудааст, ки Бақаров Сафарбек дар АИО “Наҳри Ёрон” ягон маротиба раиси раёсат интихоб нашудааст. Дар банди 31-и Оинномаи АИО “Наҳри Ёрон” муқаррар шудааст, ки менеҷери АИО “Наҳри Ёрон” коргари кироя буда, дар асоси шартномаи меҳнатӣ ба кор қабул карда мешавад. Менеҷери АИО “Наҳри Ёрон” бо даъвати раёсат дар маҷлиси АИО иштирок менамояд, вале дар ҳамаи масъалаҳо ҳуқуқи овоздиҳӣ надорад, ки оинномаи мазкурро дар шикоятам замима карда, ба Шумо, Раиси муҳтарам пешниҳод менамоям.

Дар вақти қабули қарори маҷлиси умумии муассисони АИО “Наҳри Ёрон” аз 25.08.2016 сол, ягон нафар аз муассисон аз ҳолати дар асоси мактуби Бақаров Сафарбек аз тарафи МИМҲД ноҳияи А.Ҷомӣ қатъ гардонида шудани қитъаи замин, хабардор набуд ва огоҳӣ ҳам надоштанд.

Мақомоти тафтишотӣ ва суд ба хулоса омаданд, ки АИО “Наҳри Ёрон” ҳуқуқи ба ман, Қалуғов Давлат, ҷудо кардани заминро надошт, аммо аз рӯи нуқтаи назари қонун баҳо надодааст, ки АИО “Наҳри Ёрон” ба ман замин ҷудо накардааст, балки қитъаи замини дар ихтиёраш бударо барои ба ман вобаст намудан иҷозат додааст.

Аз ин лиҳоз, ман бо риоя аз талаботи моддаи 71 КЗ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвонии раиси ноҳия оид ба вобаста намудани ин қитъаи замин бо замимаи қарори маҷлиси умумии муассисони АИО “Наҳри Ёрон” аз 25.08.2016 сол бо ариза муроҷиат карда будам, ки аризаи ман қонеъ гардонида нашуда буд.

Қитъаи замини ба шаҳрвандон Мирзошарипов Мақсадҷон ва Қодирзода Шарифамоҳ додашуда то ҳол бо Сертификати  ҳуқуқи истифодаи замин тасдиқ нашудааст ва бо надоштани чунин ҳуҷҷате, ки истифодаи заминро тасдиқ менамояд, ба истифодаи қитъаи замин шурӯъ намудани он манъ буда, ғайриқонунӣ мебошад.

Аммо тафтишоти пешакӣ хулоса додааст, ки Қалуғов Давлат қитъаи заминро худсарона ишғол карда, пойдевори ду ҳуҷраи манзили истиқоматии андозаашон 3 х 6-ро, ки аз ҷониби шаҳрванд Мирзошарипов Мақсадҷон Сафарович бунёд гардида буд, вайрон намуда, ба ҳуқуқу манфиатҳои қонунии ҳифзшавандаи ӯ зарари ҷиддӣ расонидааст, ки боиси ба ҷавобгарӣ кашидан гардидааст.

Ҳангоми бо ҳалномаи суди ноҳияи А.Ҷомӣ аз 06.04.2018 сол, бекор кардани қарори раиси ноҳияи А.Ҷомӣ аз 09.06.2016, №555 дар бораи қатъ кардани ҳуқуқи истифодаи замини АИО “Наҳри Ёрон” ва беэътибор донистани қарори раиси ноҳияи А.Ҷомӣ аз 05.04.2017 сол, №393 оиди додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба шаҳрванд Қодирзода Азизмо Абдуғафор, АИО “Наҳри Ёрон” молу мулки худро ба ин қитъаи замини баҳсӣ пас гирифта буд.

Яъне, қитъаи замини баҳсӣ ба моликияти АИО “Наҳри Ёрон” пасгашта тааллуқ дошт. Новобаста аз ин, ки соҳибҳуқуқи қитъаи замини АИО “Наҳри Ёрон” дар асоси қарори маҷлиси умумии муассисони АИО “Наҳри Ёрон” аз 25.08.2016 сол, ҳуқуқи истифодаи ин қитъаи заминро ба ман, Қалуғов Давлат, иҷозат дода буд ва ман барои ба расмият даровардани ҳуқуқи минбаъдаи он ба МИМҲД-и ноҳияи А.Ҷомӣ чандин карат бо ариза муроҷиат кардаам, аммо ба ман ҷавоби рад дода шуда буд.

Аммо мақомоти тафтишотӣ ва суд ин паҳлӯҳои қонунро баҳои ҳуқуқӣ надода, бо як саросемагии хоса нисбати ман, Қалуғов Давлат, ки дар ин ҳаракатҳо ман ҳеҷ субъект намебошам, бо моддаҳои 334 қисми 1, 338 қисми 2 ва 363 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ман айб эълон карда ба суд додааст.

Дар бораи он, ки  аз давраи АИО “Наҳри Ёрон” ҷудо намудани  қитъаи замин ва сохтмон кардани ман дар он то оғози кори ҷиноятӣ 10 сол гузаштааст ва дар ин муддат чандин авфҳои замин, авфи ҷиноятҳо қабул шудаанд, аввалан ман ҷиноят накардаам ва ҳамаи амалҳои ман дар чорчӯбаи қонунҳо буданд. Лекин дар ин муддат ҷиноят карда бошам ҳам, бо ин қабули авфҳо касе ҳуқуқи оғози кори ҷиноятӣ надошт.

Дар рафти тафтишоти судӣ то ба ҳабс гирифтани ман якчанд маҷлиси судӣ гузаронида шуд ва ман дар суд нишондод додам, ки бо моддаҳои ба ман айб эълоншуда гунаҳкор нестам. 2 ноябри соли 2023 дар ҳолате, ки бемории  сахт будам маро ба ҳабс гирифтанд ва 8 ноябри соли 2023 аз маҳбас оварда ба суд бурданд. Суд ба пурсиши ҷабрдида Мирзошарипов М. ва акаи ӯ Мирзошарипов Тура, ки ҳуқуқи дар суд иштирок ва нишондод доданро надоштанд, сар кард. Адвокат Шарипов Н.  бе пурсиши ман аз номи ман ариза навишт ва ба ман дод, ки имзо кунам. Дар ариза навишта шуда буд, ки ба моддаҳои ба ман айб эълоншуда пурра худамро гунаҳкор меҳисобам. Ман аризаро хонда ба адвокат гуфтам, ки  ба ин  ариза имзо намекунам. Ман ҷиноят накардаам. Адвокат ин аризаро дарронд. Дар вақте, ки Мирзошарипов Т. ва Мирзошарипов М. дар суд пурсида мешуданд, адвокат боз ба ман гуфт, ки агар нишондоди иқроршавӣ надиҳӣ, боз туро ба зиндон мебаранд. Ман аз тарси дар турма мурдан ба аризаи дуюм имзо гузоштам ва маро аз ҳабс озод карданд. Кори ҷиноятиро бо татбиқи авфи соли 2019 қатъ намуданд.

Хулоса, парвандаи ҷиноятӣ нисбати ман, Қалуғов Давлат, бо моддаҳои 334 қисми 1, 338 қисми 2 ва 363 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шуд ва таъиноти судӣ дар доираи санксияҳои ин моддаҳо бо татбиқи сархатҳои 1 ва 2 моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” аз 25 октябри соли 2019, №1648 қатъ карда шуда, ман аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шудам, ки тамоман беадолатона, ғайриқонунӣ мебошад.

Мувофиқи талаботи қисми 1 моддаи 403 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироз ё шикоят дар бораи аз сари нав дида баромадани ҳукм, таъинот ва қарори суде, ки эътибори қонунӣ пайдо кардааст, ба истиснои қарорҳои раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба суди марҳилаи назоратӣ аз ҷониби прокурор, маҳкумшуда, сафедкардашуда, ҳимоятгарон ва намояндагони онҳо, ҷабрдида, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ё намояндагони қонунии онҳо, инчунин дигар шахсоне, ки ҳуқуқу манфиатҳои молумулкии онҳо бо ҳукм халалдор шудааст, тибқи муқаррароти ҳамин боб пешниҳод карда мешавад.

Тибқи талаботи моддаи 405-и ҳамин Кодекс, таъинот ва қарори суд вобаста ба зарурати татбиқи қонун дар бораи ҷинояти нисбатан вазнинтар, сабукии ҷазо ё бо дигар асосҳо, ки ба бад кардани вазъи маҳкумшуда меоваранд, инчунин аз нав дида баромадани ҳукми сафедкунанда, ё таъинот, қарори суд дар бораи қатъ кардани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ дар давоми як сол аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани онҳо имконпазир аст.

Ин аст қиссаи ноадолатона гунаҳгор шудани ман.

Аммо ман як чӣ мехоҳам, ки номи неки ман барқарор карда шавад. Аз ин рӯ, мувофиқи талаботи қисми 1 моддаи 412-и Кодекси мазкур, дар вақти баррасии парванда ба тариқи назоратӣ ҳолатҳое, ки дар моддаи 372 Кодекси мазкур нишон дода шудаанд, барои бекор кардан, ё тағйир додани ҳукм асос шуда метавонанд.

Аз ин рӯ, хоҳиш мекунам то таъиноти суди ноҳияи Ҷомӣ аз 8 ноябри соли 2023 нисбати ман бо моддаҳои 334 қисми 1, 338 қисми 2 ва 363 КҶ ҶТ бинобар ғайриқонунӣ ва беадолатона буданаш бекор карда шуда, парванда барои баррасии нав ва баровардани ҳукми сафед нисбати ман ба дигар суд ирсол карда шавад.

Умед ба Шумо дорам то номи неки маро барқарор созед!

Қалуғов  Давлат, сокини ноҳияи А.Ҷомӣ, ҷамоати деҳоти 50 солагии Тоҷикистон, деҳаи Ҳаёти нав

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь