Ба раиси Дастгоҳи иҷроияи ҶТ Озода Раҳмон

Нусха: Ба Раиси Суди Олии ҶТ Шермуҳаммад Шоҳиён

Нусха: Ба Прокурори генералии ҶТ Юсуфзода Раҳмон

Нусха: Ба директори МТЖТ Хуршед Атовулло

Аз номи истиқоматкунандаи

ноҳияи Мастчоҳ, Ҳайдаров Амирбек

Тел: 92-717-75-11

Ба Шумо маълум менамоям, ки бародарон Тутиев Ҳоким,  Тутиев Султон 3 январи соли 2019, соати 8-и бегоҳ писаронашон, тағояшон Усмонов Сиёвуш аз масофаи 7 километр ба хонаи шаҳрванд Алиназаров Абдуқудус ҳуҷум оварданд. Миёни онҳо ҷангу хархаша оғоз шуд. Писари ман Ҳайдаров Муроди 34 сола, соҳиби 3 фарзанд, ҷангандагонро аз ҳам ҷудо кунам гуфта, худаш бегуноҳ корд хӯрда ҳалок шуд.

Аз рӯзи аввали ҳодиса тафтишот якҷониба ва бо қонуншиканиҳои зиёд сурат гирифт. Ман ба номи Прокурори Мастчоҳ Иззатуллозода Акобир ариза навиштам. Ба кабинеташ рафта даромадам ва аризаро пешниҳод кардам ва гуфтам, ки тафтишоте, ки бурда истодаед, ноадолатона сурат мегирад. Иззатуллозода Акобир дар ҷавоб ба ман гуфт, ки шахсе, ки ин аризаро ба ту навиштааст, душмани ту мебошад. Ҳомии адолат чунин андеша дораду ба шахси ҷабрдида чунин мегӯяд. Худ қазоват кунед. Ин ҳодиса дар назди  мағозаи “Муқаддас” ба вуҷуд омад. Дар мағоза дастгоҳи навобарбардорӣ буд ва тамоми ҳодиса ба навор гирифта шудааст. Ба Прокурори ноҳияи Мастчоҳ наворҳоро нишон надоданд. Ман назди муфаттиши Прокуратураи Мастчоҳ Усмонов Фахриддин рафта талаб кардам, ки наворро ба ман нишон диҳед, то ақалан фаҳмам, ки писари маро кӣ бо корд задааст. Дар ҷавоб ба ман Усмонов Ф гуфт, ки наворҳоро аз сабаби хира будан ба шаҳри Маскави Федератсияи Русия равон кардем, то ки ба мо наворро беҳтар карда фиристонанд ва онро ба Шумо нишон хоҳем дод. То ҳол наворро руст кардаанду ба ман нишон намедиҳанд.

Писари Тутиев Анушервон дар ҷанги ба вуқӯъ омада иштирок кардааст ва шоҳиди ҳодиса мебошад. Савол пайдо мешавад, ки чаро ӯро ягон бор ба бинои Прокуратура даъват накардаанд? Ба ҷои он ки ҷинояткорро дастгир намоянд, ӯро ба Федератсияи Русия гурезониданд.

Хуллас, Прокурори ноҳияи Мастчоҳ Иззатуллозода Акобир ва сардори раёсати корҳои дохили ноҳияи Мастчоҳ Эмин Ҷалилзода ҷинояткорони воқеиро пайдо карда натавонистанд. Муфаттиши прокуратура Усмонов Фахриддин шоҳиди ҷанҷол Шарипов Мадёрро даъват карда, гуфтааст, ки баёнот диҳад.

Шарипов дар баёноташ навиштааст, ки Тутиев Анушервон дар ҷанг иштирок кардааст. Муфаттиш бошад, Тутиев Анушервонро озод кардааст.

Прокуратураи  ноҳияи Мастчоҳ парвандаро ба раиси Суди ноҳияи Мастчоҳ Убайдзода М.М супорид. Убайдзода М.М ҷинояткорони асосиро, аз он ҷумла Тутиев Алишер, Усмонов Муҳаммад, Усмонов Сиёвушро, ки тарҳрезикунандаи ин фоҷиа мебошанд, бо ҷарима ҷавоб дод. Маҳз ин нафарон дар қатли писари ман даст доранд.

Ман ҳамчун ҷабрдида ба мурофиаи судӣ даъват нашудаам. Дигар ҷинояткорон, аз он ҷумла Алиназаров Абдуқудус, Алиназаров Ниёз, Сангинов Баҳром иштироккунандагони ин моҷаро мебошанд.

Прокурори ноҳияи Мастчоҳ парвандаи ин гурӯҳҳоро ба Суди вилояти Суғд Нурализода С.М. ва  шаҳрванд Алиназаров Абдуқудуси бегуноҳро, ки дар куштори писари ман даст надорад, айбдор карда 18 сол зиндонӣ карданд.

Ман дар мурофиаи суди вилояти Суғд иштирок кардам. Маҳкумшуда Алиназаров Абдуқудус дар мурофиаи судӣ баромад карда гуфт, ки “ман писари Шуморо бо корди хоҷагӣ назадаам”, вале рӯзи аввали ин ҳодиса маро бурда ба шуъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Мастчоҳ маҳкам карданд. Маро ба утоқи махсус маҳкам намуда, ба наздам 4 нафар даромаданд, аз он ҷумла Сардори  шӯъбаи корҳои дохилаи Мастчоҳ Эмин Ҷалилзода,  муфаттиш Муталибов Ҳасан, Сардори шӯъбаи кофтукоби ҷиноят Қаландарзода Алӣ. Маро ҳақоратҳои носазо гуфта, лату кӯб  карданд. Азобу шиканҷа намуданд ва ба ман фишори рӯҳӣ ва ҷисмонӣ оварда гуфтанд, ки “ин ҳодисаи кушторро ба гардан мегирӣ, агар ба гардан нагирӣ, ба гардани ҷиянат меандозем”. Судяи Суди вилояти Суғд Нурализода С. М. Алиназаров Абдуқудусро ба 18 соли зиндон маҳкум намуд.

Ман пеш аз мурофиаи судӣ назди Суди вилояти Суғд Оқилзода дар рӯзи қабул, яъне рӯзи шанбе рафтам. Назди навбатдор рафта, гуфтам, ки  “ман одами ҷабрдида, назди Раиси Суди вилояти Суғд Оқилзода медароям”. Дар ҷавоб навбатдор ба ман гуфт, ки Раиси суд ҳозир дар кабинеташон нестанд. Ман гуфтам, ки ариза дорам ба шӯъбаи мактубҳо диҳам. Навбатдор маро қабул кард. Рост ба кабинети Раис рафтам ва дарро кушодам. Раиси Суди вилояти Суғд Оқилзода дар кабинеташ менишаст, вале навбатдораш ба ман мегуфт, ки Раис нест.

Ман ба ин тафтишоти анҷомдода бовар надорам, зеро ман чанд маротиба ба Прокурори вилояти Суғд, Суди Олӣ, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон, ба мақомоти ҳуқуқи башар муроҷиати хаттӣ кардам, вале ҳамааш бенатиҷа. Ман ба ҳамаи мақомоти тафтишотӣ муроҷиат карда, даъво пеш меорам, ки парванда аз сари нав тафтиш карда шавад. Дар ҷавоб мегӯянд, ки тафтишот тибқи қонун сурат гирифтааст.

Ҷавоби экспертиза хулосааш ҳамин мебошад, ки маҳкумшуда Алиназаров Абдуқудус дар ҳодисаи куштори писари  ман даст надорад. Қотил дар озодӣ гаштааст.

Аз Прокуратураи  генералии Тоҷикистон Саидов ном шахс ба хонаи ман омада гуфт, ки “ман ҷинояткорро муайян карда ба Шумо хабарашро мерасонам, наворро ба Федератсияи Русия равон кардем, сифати онро беҳтар карда, мефиристанд, баъд наворро нишон медиҳем”. Саидов ҳам ваъдаи бардурӯғ дода, ғайб зад.

Ба Прокуратураи вилояти Суғд рафта бо Ғафуров Амирҷон ном шахс вохӯрдам. Ин шахс ба ман гуфт, ки “як ариза навишта, ба ман оварда, супоред. Ман ин қазияро тафтиш мекунам”. Ман ариза навишта, оварда супоридам. Баъди як моҳ ба ман гуфт, ки Аризаи Шуморо дигар шахс баррасӣ карда истодааст. Ин шахс корманди Прокуратура Абдурауф Ализода будааст, ки аризаи маро беҷавоб монд.

Аз Шумо хоҳиш мекунам, ки ҳамин гуфтаҳоро нашр кунед.

Бо эҳтиром  аризадиҳанда:

Ҳайдаров А.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here