ба Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Саидзода Раҳим Ҳамро
(Нусха ба муаллифони китоби дарсии “Суруд ва мусиқӣ” барои синфи 5-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ Ф. Азизӣ, С. Худойбердиев, А. Алиев, С. Сатторов ва муҳаррир Х. Сангов)
Банда ба китоби “Суруд ва мусиқӣ”-и ин чор нафар муаллиф шинос шуда, мақоли халқии “Агар бинӣ, ки нобинову чоҳ аст, Агар хомӯш биншинӣ гуноҳ аст”, ба ёдам омад ва лозим донистам, ин мактуб-тақризро бинависам.
Чанд сухан дар бораи он ки чи тавр мо, гурӯҳи ҳамоҳангсозии китобҳои дарсии фанни “Суруд ва мусиқӣ”-ро аз синфи 1 то 6 ҷамъ намудем ва ба ин гурӯҳ киҳо шомил буданд?
Банда, ки узви Иттифоқи композиторон ва унвони илмии професорро доштам – раис ва Карим Ҳалимов, профессори соҳаи хорсароӣ, муовини раис таъин шуданд. Аъзои гурӯҳ, дотсентони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат Д. Қучқоров, М. Саидов, омӯзгорони фанни “Суруд ва мусиқӣ” С. Гулназар, Қ. Подшоев, Ш. Шарипов – муаллифи китоби синфи 5, омӯзгори “Суруд ва мусиқӣ”- и мактаби таҳсилоти умумии ш. Сарбанд шомил шуданд.
Мо дар навбати аввал муаллифони китобҳоро аз синфи 1 то 6 муайян намудем.
Кори дигарамон ин буд, ки мо бояд аниқ мекардем, ки китобҳои дарсӣ чи гуна ва бо кадом мавод навишта шаванд? Чунин китобҳои дарсӣ пештар вуҷуд надошт. Дар ин самт ба китобҳои дарсии ин фан аз Русия шинос шуда, шароити ҷумҳуриро ба назар гирифта, муайян намудем, ки китобҳои “Суруд ва мусиқӣ” дар навбати аввал бояд аз сурудҳо бо шеърҳои ба диапазону синну соли бачаҳо мувофиқ ва барои ҳар синф алоҳида мавод (сурудҳо) ҷамъоварӣ шавад. Мувофиқи ин сурудхонӣ бо назарияи мусиқӣ (нота) баробар таълим дода шавад. Яъне овозу мусиқифаҳмии бачагон баробар тарбия ва ташаккул ёбад…
Ҳамин тариқ, китобҳои дарсӣ пайиҳам навишта шуданд. Чанд номгӯи он соли 2007 ва боқӣ соли 2008 аз чоп баромаданд. Ин китобҳо то имрӯз аз тарафи омӯзгорони фанни “Суруд ва мусиқӣ” хуб пазируфта шуда, бори чорум бо баъзе иловаҳо бознашр шуданд…
Чанде пеш ба мағозаи китобфурӯшӣ даромада, китоби “Суруд ва мусиқӣ”-еро бо муаллифони нав дида, ҳайрон шудам ва онро варақ задаму тааҷҷуб кардам.
Меоем ба сари китоби дарсии чормуаллифа. Дарси аввал (саҳ.3) бо омӯхтани Суруди миллӣ оғоз мешавад. Мусиқии суруд дар сози пардаи “ля” минор эҷод шудааст, ки барои талабагони синфи 5 номувофиқ буда, баландӣ мекунад. Қобил ба зикр аст, ки Суруди миллӣ дар китоби пештараи “Суруд ва мусиқӣ”-и синфи 5, муаллиф Ш. Шарипов дар сози пардаи “фа” минор (тертсияи калони поён) табдил ёфтааст, ки ба диапазони овози мактаббачагон хеле мувофиқ аст.
Оид ба Суруди миллӣ дар саҳифаи 8-и китоб боз чунин сатрҳоро мехонем: “Дар умум суруд аз чаҳор банди оҳангӣ иборат буда…” фикр мекунам, муаллифон дар муайян намудани миқдори бандҳои Суруди миллӣ ба иштибоҳ роҳ додаанд. Чунон ки мо медонем, Суруди миллӣ аз се банд бо нақарот иборат аст, на чор банд, чунон ки муаллифон иброз доштанд.
Дар бораи Суруди миллиамон андешаҳои мухталиф низ вуҷуд доранд. Ман дар назар дорам мақолаи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Холаҳмади Маҷидро бо унвони “Суруди миллӣ догма нест” (рӯзномаи “Фараж”) ва вокуниши бандаро бо унвони “Шеъру мусиқиро тоҷикона бояд навишт” (рӯзномаи “Фараж”, 2022, 7 апрел).
Ба назари ман:
а) Мисраи аввали шеъри Гулназар, ки бо суханони “Диёри арҷманди мо” оғоз мешавад ва он як ибора аст, бо оҳанг бояд яклухт суруда шавад, ба ин шакл: “Ди/ёри арҷ/манди мо/”.
Ба он хотир, ки ду задаи калимаҳои мисраи мазкур бо оҳанг дуруст талаффуз шаванд.
б) Шеъри Гулназар Келдӣ, ки дар ритми оҳанги пештараи (Гимн С. Юдаков) эҷод шудааст, зада (аксенти калимаҳои мисраъҳо бо ҳиссаҳои заданоки ритми оҳанг мувофиқ наафтодаанд. Дар мисраи аввал ҳиҷои дар ритм (вазн) бе задаи “ар” аз калимаи “арҷманди”дар ҳиссаи заданоки оҳанг омада, ба дарозии се ҳиҷои дароз кашиши овозӣ ёфтааст, ки дар гӯш нофорам аст ва маънои мисраъро низ костааст.
Як ин мисраъ не, талаффузи ҳама мисраъҳои шеър аз ибтидо то интиҳо бо оҳанг зиддиритмӣ, яъне чапзарб мебошад.
в) Дар Суруди миллӣ ду мисраъ бо як оҳанг суруда мешавад, ки ин амал дар Гимн чандон хуб нест. Дар Гимн ҳар як мисраъ бояд бо оҳанги тоза суруда шавад.
г) Дар банди якуми Суруди миллӣ мисраъҳои чоруму панҷум: яке бо калимаи “расидаем” ва дигаре бо калимаи “хамидаем” хотима меёбанд. Дар охири ҳар ду калима ҳиҷои “ем” омада, ин ҳиҷоҳо дар охири мисраъ бо оҳанг ба дарозии се ҳиҷои дароз кашиш доранд.
Кашиши овоз бо ҳарфи “е” иҷро мегардад ва ҳарфи “м” шунида намешавад. Чунин ҳолат дар мисраъҳои чоруму панҷуми банди сеюми суруд низ бо калимаи “мост” рух медиҳад. Аз ин калима ҳарфҳои “ст” шунида намешаванду мазмун коста мегардад.
ғ) Мисраи аввали банди дуюми суруд бо матни “барои нангу номи мо” оғоз мешавад. Дар мисраи мазкур калимаи “нангу” бо оҳанг, ҳиҷои “нан” ҷудо суруда мешавад ва ҳиҷои “-гу” аз ин калима бо калимаи “номи” ба шакли “-гу номи” якҷоя садо медиҳад, ки дар гӯш нохуш аст. Тақти дурусти ин мисраъ бо ритми аслии шеър бояд ба шакли “Ба/рои нангу/номи мо”/ садо диҳад, ки хеле форам аст.
д) Банди сеюми Суруди миллӣ бо матни “Ту/модари я/гонаӣ/” оғоз меёбад ва дар ин мисраъ калимаи “модари” бо ритми оҳанг нодуруст талаффуз шуда, зада ба ҷои дар ҳиҷои “мо”, дар ҳиҷои “да” меафтад ва сактаро ба вуҷуд меорад.
Меоем ба сари камбудиҳои дигари китоби “Суруд ва мусиқӣ” барои синфи 5.
Дар саҳифаи 25-и китоб матни нотамоми суруди “Шоҳдухтар”, шеър ва оҳанги халқӣ, такмили Ф.Одинаев, барои сароидан пешкаш шудааст. Дар ин саҳифаи китоб нотаи оҳанг дар як банд пешкаш шуда, дар се тақт аз охири оҳанг, шеър нодуруст аст. Дар ибораи “Ин ҳам мисли ҳамон” ибораи “ин ҳам” бо ду нотаи ҳаштякӣ суруда шуда, сакта эҳсос мешавад. Дар ибораи мазкур ба ҷои “ин ҳам” (– –) бояд “и-нам”(VV) суруда шавад, ки ин амал ба шеъри халқӣ ва ритми оҳанг мувофиқ аст. Ибораи мазкур дар се банди матни суруд такрор меёбад (саҳ. 26). Ин хатоӣ дар маводи нотавии бо аккомпанемент дар саҳ. 90 низ такрор шудааст.
Дар саҳ. 31-и китоб омадааст: “… ба матни шеърии асар (“Шоҳнома” дар назар аст -Ҷ.О.) зарби мусиқавии мутақориб хос аст, ки онро бе оҳанг хондан имконнопазир аст”. Дуруст аст, ки “Шоҳнома”-ро бояд бо оҳанг хонд, вале на бо зарби баҳри мутақориби арӯз! Ритм (вазн)-и “Шоҳнома” ҳанӯз дар асри 7 пайдо шуда, то замони Фирдавсӣ паҳн ва маъмул гардида буд. То Фирдавсӣ чанд нафар шоир бо ин ритм шеър эҷод намуда буданд. (Рӯдакӣ, Робияи Балхӣ, Дақиқӣ ва чанд тани дигар). Хотирнишон месозам, ки ритми аслии Шоҳнома дар андозаи панҷ-шонздаҳист (5/16), на вазни арӯзи баҳри мутақориби ченакҳои “фуӯлун” (5/8) тавре муаллифон иброз доштанд.
Дар саҳифаи 33-и китоб омадааст: “Рӯдакӣ рубоиро бар оҳангҳои машҳури тоҷикӣ – Ушшоқ, Сегоҳ Чаҳоргоҳ, Дугоҳ, Баёт ва ғайра месуруд… Хусусияти ин суннати сарояндагӣ дар он аст, ки ҳамеша ба сифати матн рубоӣ истифода мешавад. Имрӯз рубоӣ ҳам жанри адабӣ асту ҳам жанри мусиқӣ”.
Мо аниқ гуфта наметавонем, ки ҳама он оҳангҳои машҳури номбаркардаи муаллифон дар замони Рӯдакӣ аз қабили Ушшоқ, Сегоҳ, Чаҳоргоҳ, Дугоҳ, Баёт ва ғайра вуҷуд доштанд ё на? Барои исботи ин гуфтаҳо далел лозим аст!
Дар хусуси ташаккулёбии “Шашмақом” дар “Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик”, қ.3. 2004, омадааст: “Ташаккулёбии “Шашмақом” аз ибтидои асри XVII оғоз гардида, дар охири асри XVIII ва ибтидои асри XIX анҷом ёфт ва ба ҷои 114 суруду оҳанги доираи “Дувоздаҳмақом” 252 оҳангу таронаи “Шашмақом” ба вуҷуд омад”.
Чунон ки мо аз сарчашмаҳо огаҳем, устод Рӯдакӣ ба шеърҳои халқӣ ва эҷодкардаи худаш бештар оҳанг баста, онҳоро месуруд. Дар ин самт, яке аз ихтироъкориҳои устод Рӯдакӣ ин ритми суруди “Талқинчаи Ушшоқ” ва чанд суруди дигар дар ҳамин ритм аз мақоми “Рост”-и “Шашмақом” буда, ин ритмро устод Рӯдакӣ ба шеърҳои худаш “Эй маҷ кунун/ту шеъри/ ман аз бар куну/бихон”//, ки дар андозаи омехтаи се чорякиву се ҳаштякӣ (3/4+3/8) эҷод шудааст. Нақшааш чунин аст: – –vv/ –vvvv/v–//, дарёфтем? Аз эҳтимол дур нест, ки ҳамин зарбу усули суруд ба сурудҳои “Шашмақом” ворид гардида бошад[1].
Муаллифон рубоии зерро бо хатоиҳои ритмию имлоӣ мисол овардаанд, ки чунин аст:
Чархофалако, маро ба чарх овардӣ,
Кӯлобӣ будам, маро ба Балх овардӣ.
Кӯлобӣ будам, оби ширин мехӯрдам,
Саргашта, маро ба оби талх овардӣ.
Банда қаринаи дурусти рубоии мазкурро дар ёд дорам, ки ба ин шакл аст:
Чархофалаке, маро ба чарх овардӣ,
Кӯлоб будум, маро ба Балх овардӣ.
Кӯлоб будум, оби ширин мехӯрдум,
Саргашта маро ба оби талх овардӣ[2].
Рубоӣ падидаи адабӣ буда, сохту ритми хоси худро дорад ва онро бо ҳама зарбу усул сурудан имконнопазир аст. Мувофиқи ин, муаллифон дар хусуси сохт ва рубоӣ бо кадом зарбу усул суруда мешавад, чизе нагуфтаанд. Фикрҳо ба тарзи умумӣ гуфта шудаанд ва гуфтаҳои онон асоси муътамади воқеиву илмӣ надоранд.
Оре, жанрҳои рубоӣ ва дубайтӣ дар сурудҳои уфарии “Шашмақом” васеъ истифода бурда мешаванд.
Мо гуфта ҳам метавонем, ки жанри рубоӣ бо суруди фалакӣ – ҳаммаъноянд, на ҳамжанр.
Дар саҳифаи 34-и китоб чунин матнро мехонем: “Ғазал жанри шеъриест, дар асрҳои 14-15 ба рушди баланди худ расидааст … Ҳофизи Шерозӣ дар асри 14 навиштани ғазалро ба авҷи баланд расонидааст… жанри шеърии ғазал омили пайдоиши мусиқии ғазал шудааст… зери калимаи “ғазал” ҳам жанри шеърӣ ва ҳам жанри мусиқӣ фаҳмида мешавад”.
Чунонки дар сарчашмаҳо омадааст, Саъдии Шерозӣ, ки як аср муқаддам аз Ҳофизи Шерозӣ умр ба сар бурдааст, маҳз ӯ ғазалро ба шакли комил расонидааст. Дар ин бора порчаи маснавӣ вуҷуд дорад, ки ин мебошад:
Дар назм се тан паямбаронанд,
Қавлест, ки ҷумлагӣ бар онанд.
Фирдавсиву Анварию Саъдӣ,
Ҳарчанд, ки “ло набиву баъдӣ”.
Аҳли адаб дар достон Фирдавсиро, дар қасида Анвариро ва дар ғазал Саъдиро паямбар, яъне асосгузори жанрҳои мазкур шуморидаанд.
Дигар ин ки ғазал жанри адабӣ буда, наметавонад жанри мусиқӣ шавад. Ғазал дар жанрҳои мухталиф эҷод мешавад. Аз ҷумла бо ритми жанри дубайтӣ, ҳатто ритми “Шоҳнома” (Робияи Балхӣ) ва ғ. Жанрро аз рӯи сохташ муайян мекунанд, ки на аз рӯи он ки вай бо кадом оҳангҳо суруда мешавад.
Дар саҳифаи 40-и китоб ғазали устод Айниро, ки мисраи аввали он бо суханони “Дар кӯҳу дар дашт, лола расида”, оғоз мегардад. Муаллифон навиштаанд: “Ин шеърро Садриддин Айнӣ дар жанри рубоӣ навишта….”. Ин ҷо муаллифон ба иштибоҳ роҳ дода, жанри ғазалро аз рубоӣ фарқ накардаанд.
Дар мавзуи “Фалак ва композитор” (саҳ.37) чунин матнро мехонем: “Композитор Фаттоҳ Одинаев оҳанги суннатии фалакро дар асари симфонии калонҳаҷми худ – Пйесаи консертӣ барои думбра ва оркестри симфонӣ…”. Муаллифон дар гуфтаҳояшон ба чунин хатоиҳо роҳ додаанд:
А). Пиесаи “Фалак”-и Ф. Одинаевро ба ҳеҷ ваҷҳ “асари симфонии калонҳаҷм” гуфтан ҷоиз нест. Пиесаи мазкур такмил аст ва онро метавон якканавозии думбура бо ҷӯршавии аркестри симфонӣ номид;
Б). Калимаҳои думбураро ғалат – думбра ва пиесаро – “пйеса” навиштаанд;
В). Дар бораи он ки композитор ба оҳанг чӣ навигарӣ даровардааст, чизе гуфта натавонистаанд.
Дар саҳифаи 68-69-и китоб навиштаанд: “Скрипка сози тории камонӣ мебошад… Дар мусиқии тоҷик навъҳои сози камониро – камонча, ғиҷак, сато мегӯянд”. Боз дар чанд ҷои китобашон скрипкаро ғалат сози камонӣ зикр намудаанд.
Дар асл чунин аст: скрипка сози тории камончадор буда, ба оилаи созҳои камончадор (алт, виолончел, контрабас) дохил мегардад[3].
Калимаи “смычок” дар забони русӣ ба тоҷикӣ – “камонча” тарҷума шудааст. Мувофиқи ин сози ғижак низ сози тории камончадор буда, онро тоҷикон ғижак ё лаҳҷавӣ – ғиҷак, озариҳову арманиҳо – кеманча, афғонҳо – дилрабо, ҳиндуҳо сиринча меноманд.
Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ (асри 15) сози мазкурро дар шеър ғижак ном бурдааст на камонча. Ӯ гуфта: “Садои он ғижакам кушту шакли он ғижакӣ”. Аз ҷумла сато низ сози тории камончадор номида мешавад. Мувофиқи ин, ҳама созҳое, ки бо камонча навохта мешаванд, онҳоро созҳои тории камончадор меноманд.
Дар саҳифаи 45-и китоб чунин ҷумларо мехонем: “Мусиқиеро, ки Борбад ва ҳамзамононаш меофариданд, мусиқии шифоҳӣ буд”. Муаллифон дар саҳифаи 46-и китоб бар хилофи гуфтаҳои боло чунин навиштаанд: “Аз давраи Борбад мусиқии касбии тоҷик тавассути системаҳои муайян зоҳир гардидааст”.
Оё, мусиқиеро, ки Борбад меофарад, метавонад, мусиқии шифоҳӣ бошад?
Дар саҳифаи 71 омадааст: “Боре, дар як консерт, торҳои скрипкаи Паганини як-як пайи ҳам мешикананд”. Торҳои скрипка магар мешикананд?! Дурусташ: торҳои скрипка /тори ҳама созҳо/ мекананд!
Ҷумлаи зерро дар саҳифаи 75-и китоб мехонем: “… дар образҳои манфӣ онҳо (композиторон-Ҷ.О.) ҳамаро якранг, бо садоҳои берангу хира пешниҳод гардонидаанд”. Садо берангу хира мешавад, магар? Дар мусиқӣ (спектаклҳо) композиторон образҳои манфиро бо садоҳои дар парда ноҷӯр, яъне бо диссонанс (ноҷӯрии оҳанг) ифода мекунанд.
Чунин матнро дар саҳифаи 37-и китоб мехонем: “Фалаки Даштӣ – жанри мусиқии суннатии тоҷикӣ аст… бетакнавозӣ иҷро карда мешавад”. Таваҷҷуҳ кунед ба ибораи “бетакнавозӣ”, банда то имрӯз чунин навозишро надонистаам. Дар адабиёти мусиқӣ чунин вожа (ибора) вуҷуд надорад. Дурусташ: “Фалаки даштӣ” бе ҳамовозии созҳои мусиқӣ иҷро карда мешавад.
Дар охири китоб 8 суруд бо ҷӯршавии фортепианно замима шудааст, ки дар чанд тои он ритм (вазн)-и шеър бо оҳанг дуруст риоя нашудааст. Аз ҷумла, суруди “Меҳани дил”, мусиқии Б. Давлатов, матни суруд дар ритми андозаи оҳанги ҳафт ҳаштякист: Эй/Тоҷикисто/ни дилам/. Суруди мазкур дар ритми андозаи оҳанги дучорякӣ оҳанг баста шудааст, ки ҳиҷои аввали мисраъ “эй” дар ҳиссаи заданок омадааст ва дар ҳолати сурудан сакта эҳсос мешавад.
Дар саҳифаи 103-и китоб суруди С. Каримзода бо унвони “Фалаки равона” ҷойгир аст. Муаллиф андозаи сурудашро панҷ ҳаштякӣ нишон додааст. Азбаски задаи тақтро нагузоштааст, маълум нест, ки навозанда ё сароянда оҳангро чи тавр шуморад: 1-2, 3-4-5 ё баракс 1-2-3, 4-5.
Ғайр аз ин тақтҳои 37 то 43-юм чаппа аз рост ба чап навишта шудаанд. Чунин саҳлангорӣ дар хатти сеюми саҳ. 105 низ такрор ёфтааст.
Суруди “Тоҷикистон”-и С. Билолов барои синфи 5 (саҳ.106) мураккаб аст. Дар китоб ягон суруди дуовоза дохил карда нашудааст. Ҳамчунин аз назарияи мусиқӣ мавзуъ нест.
Дар саҳифаҳои китоб кам нестанд вожаҳое, ки нодуруст имло шудаанд. Масалан: вожаи пиесаро ғалат пйеса, ғижакро – ғиҷак, ғиҷҷак, камонча, думбураро – думбра, камончаро – камонӣ, барояндаро –болораванда, фарояндаро – пойинраванда, маншаъро – манша имло намудаанд.
Дар китоб аз дарси 21-ум (саҳ. 49) то дарси 34-ум (саҳ. 74) мавзуъҳо ҳама мутааллиқ ба фанни “Адабиёти мусиқӣ” мебошанд, ки мо чанде аз ин мавзуъҳоро номбар мекунем. Чунончи: “Устодони ҳунари мусиқӣ”, “Опера”, “Балет-афсонаи “Шелкунчик”, “Мусиқӣ дар намоиш чӣ нақш мебозад?”, “Мюзикл”, “Диди тасвирии мусиқӣ”, “Инъикоси хотироти таърихӣ дар осори ҳунарӣ” ва ғ.
Мувофиқи ин, шогирдон дар 13 дарс суруд намехонанд. Чунин муносибат нисбати фанни “Суруд ва мусиқӣ” ва мактаббачагон дуруст аст магар?!
Ҳамин тариқ дар 36 дарси солона ҳамагӣ 11 суруд барои сароидан тавсия шудаасту бас.
Илова бар ин, дар китоби “Суруд ва мусиқӣ”-и синфи 5-и ин чор муаллиф, ки дар боло зикри он муфассал рафт, ҳалли ҳама мавзуъҳо баҳсталабанд.
Ҷӯрахон ОБИДПУР, ходими пешбари илмии шуъбаи илмӣ–методии ПИТФИ, профессор, муаллифи китобҳои дарсии “Суруд ва мусиқӣ” барои синфҳои 1 ва 4