Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали соли 1985 дар саросари давлати паҳновари Иттиҳоди Шуравӣ гапу калочаҳо оид ба ташкили Кумитаи тафтишот паҳн гардид, ки таҳкиқу тафтишоти парвандаҳои ҷиноятиро дар як мақомот муттаҳид мегардонд. Бо мурури замон ва бо ҷорӣ гардидани сиёсати бозсозиву ошкорбаёнии горбачевӣ ин овозаҳо бо маром хомӯш шуданд. Пас аз ба истиқлоли давлатӣ ноил гардидани собиқ республикаҳо танҳо Россия тавонист чун давлати муттарақии ҷаҳон ин Кумитаро таъсис диҳад.
Айни ҳол дар кишвари мо ба муқобили қонуншиканӣ, ҳуқуқвйронкунӣ ва ҷинояту ҷинояткорӣ чор мақомот: Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Оҷонсии мубориза ба муқобили маводи мухаддир ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Трҷикистон амал мекунанд. Ду мақомоти охирин пас аз ба даст овардани истиқлол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пайдо шуданд.
Тарҳи фаъолияти прокуратураро болшевикон бо сарварии В. И. Ленин, ки як рӯз ҳам дар ин мақомот фаъолият накарда буду умуман аз муносибатҳои истеҳсолию меҳнатию ҷамъиятӣ фарсахҳо дур буд кашида, онро ба мақомоти назорати давлатӣ табдил дод ва баъдан пайравони содиқаш вазъи ҳуқуқиашро дар Конститутсияҳо ба сифати мақомоти назоратӣ аз болои ҳамаи идораҳои давлатӣ нишон доданд. И. В. Сталин бошад ҳар се мақомот: прокуратура, милитсия ва амниятро ба худ тобеъ (тройка) кунонда, миллионҳо фарзандони миллатҳои гуногунро ба қатл расонда ва ба лагерҳои ҷазоднҳӣ фиристонд. Ҳол он ки дар таърихи инсоният мақомоти прокуртура танҳо ба назорати қонун иртибот дошта, зери итоати вазорати адлия қарор дошт. Сабаби ба тафтишот ҷалб намудани Вазорати корҳои дохилӣ дар он буд, ки баъди револютсия дар Россия якбора афзоиши ҷинояткорӣ ба қайд гирифта шуд. Таърихан фаъолияти Вазорати корҳои дохилӣ ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ вобаста аст.
Саромадони давлати шуравӣ услуби давлатдории кишварҳои муттамадини ғарбро нодида гирифта, самти фаъолияти мақомоти прокуратура ва вазорати корҳои дохилиро куллан тағйир дода, тафтишоти корҳои ҷиноятиро бар души онҳо бор карданд ва ин таҷриба дар кишвари мо ривоҷ ёфта, айни ҳол чор мақомот алайҳи ҷинояткорӣ мубориза мебаранд.
Аз ин хотир, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони муҳтарам ва Кумитаи қонунгузории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки аз ташаббуси қонунгузорӣ истифода бурда, таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи ғарбро доир ба ин масъала омӯхта, вобаста ба ташкили Кумитаи тафтишот чораву тадбирҳои амалӣ андешанд. Бо ин иқдоми нек тафтишоти корҳои ҷиноятӣ бар души як мақомот афтида, бо ихтисори ду мақомот давлатамон ба сарфаи маблағ ноил мегардад.
Аслан, ба хотири вакилони мардумӣ расонданиям, ки ба тағйирот дар сохтори судии мамлакат назари хешро баён намоянд. Даҳ сол пеш дар як мақолаам навишта будам, ки Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода шуда, он дар ҳайати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Коллегияи судӣ оид ба корҳои иқтисодӣ, ба монанди Коллегияи судӣ оид ба корҳои ҳарбӣ, табдил дода шавад.
Ҳамчунин, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти он назаррас намебошад барҳам дода шуда, ваколаташ ба монанди таҷрибаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва динар давлатҳои мутараққии Аврупо ба зиммаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шавад.
Хонандаи гиромиқадр дархостҳои маро на ғарази шахсӣ, балки ҳамчун як пешниҳоди фарди дилсӯзи Ватани ҷоноҷон қабул намоед. Нияти асосии таклифу дархостҳоям аз он иборат аст, ки шумораи идораҳои зиёдатӣ ва сафи кормандони бешуморро ихтисор карда, маблағи захирашударо барои сохтмони фабрикаву заводҳо сарф намуда, бо ин восита сафи бекоронро коҳиш диҳем.
Боқӣ, қазоват аз шумо!
Зариф Ғуломов, ҳуқуқшинос