Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Нусха: Ба Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти адлия Воҳидзода Ҳабибулло Саид

Нусха: Ба Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ

Мо мардуми одӣ аз Пешвои Миллати хеш ифтихор дошта, хоҳони саломативу умри дарози он кас мебошем. Маҳз Пешвои муаззам буданд, ки Тоҷикистони азизи мо аз вартаи парокандагиву варшикастагӣ раҳо шуда, имрӯз ҳамчун амнтарин кишвари сайёра шинохта шудааст.

Касбу кори ман деҳқонӣ буда, ҳафт пушти гузаштагонам ва фарзандонам ҳам маҳз аз пушти замин нон хӯрдаем. Маҳз аз тинҷиву осоиштагӣ ва дурии деҳоти мо аз марказҳои маъмурии вилоят ва пойтахти азизамон шаҳри Душанбе, баъзе аз ҳаннотону қаллобон сӯиистифода намуда, ба талаву тороҷи бойигарии асосии миллату давлат “замин” даст зада, бо тамоми роҳу усулҳои бо худашон хос, мехоҳанд дар сояи давлату савлат бойигарӣ ҷамоварӣ намоянд, яъне онҳо чун “Қорун” ҳато аз хурдтарин мансабҳои давлатӣ, ки ба онҳо бовар карда супоридаанд, сӯистифода намуда, мехоҳанд ин курсиҳоро чун курсиҳои тӯҳфашуда истифода намоянд.

Яке аз чунин нафарон, ки ҳато сабабгори бадбахтии ман ва аҳли оилаам гардидааст, Воҳидзода Давлат ном мансабдор мебошад. Гарчанде бархилофи тамоми меъёрҳои ҳифзшавандаи қонун, даҳҳо иншооту заминҳои давлатиро аз худ намуда бошад ҳам, ба воситаи рибову пора ва шиносбозиҳои беохираш ҳато маро муддате маҳбасӣ намуд.

Гап сари он меравад, ки ҳанӯз соли 2018 ин ҷаноб ба хонаам омада, аз ман талаб намуд, ки 0,60 га замини муассисаи таҳсилоти умумии № 35-ро, ки дар ихтиёри хоҷагии деҳқони Яккатирак қарор дошт ва падарам Мамадҷонов Эргашбой дар давраи мушкилиҳо барои истифода ба устодони муассисаи таҳсилоти умумии №35 дода будаанду ҳатто андозҳояшро то ҳамин рӯз мо пардохт менамоем, барои бунёди маркази тиҷоратию хизматрасонӣ ба номи кадом хеши Давлат Воҳидзода пешниҳодот диҳем. Чунки замин истифодабарандаи асосӣ ё ин, ки соҳибмулки заминҳо, хоҷагии деҳқонии мо буд.

Вақте ки ман ва падарам ба ин таклифи раиси ҷамоат ризо нашудем, чанд маротиба падарамро раиси он вақти шаҳри Конибодом даъват намуда гуфтааст, ки ин заминҳоро ба Воҳидзода Давлат бидеҳ. Лекин то ба имрӯз ҳатто бе пешниҳоди заминистифодабарандаи асосӣ, яъне хоҷагии Яккатирак майдони зардолузори 0,60-0,70 га заминро бе иҷозати мо ва шуъбаи ҳифзи муҳити зист пурра аз байн бурда онҷо бе қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки салоҳияти додани заминҳои обӣ ба зиммааш мебошад дар баландии 4-5 метр таҳкурсии биноҳои чанд ошёнаро сохтаанд.

Дар деҳаи Патар фермаи парвариши мурғ буд, ки онро низ Воҳидзода Давлат бе қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар самти дигар кардани истифодаи ин замин ва ҷудо карданаш барои сохтмони манзил майдони беш аз 1 га заминро ба дӯстону хешонаш ҳамчун моли бобоӣ “тӯҳфа” намудааст.

Дар яке аз баромадҳои худ Шумо Пешвои муаззам масъалаи дар 3 шаҳру ноҳияҳои кишвар бунёди корхонаҳои равғанбарориро ба миён гузошта будед. Аз ҷумла яке аз чунин корхонаҳои стратегиву лозима бояд дар заводи “Асор” бунёд карда мешуд. Вале дар ҳудудҳои ба ин корхонаи “Асор” дахлдошта, ки самташон саноативу кишоварзию саноатӣ мебошад, бе қарори дахлдори Ҳукумати кишвар ҷаноби Воҳидзода Давлат маркази дилхушию туйхонаи “Тоҷи заррин” ва варзишгоҳ бунёд намудааст. Замини охирин пурра дар замини кишоварзӣ бунёд гардидааст. Аз даромадгоҳи асосии корхонаи “Асор” сар карда, Воҳидзода Давлат заминҳои саноатиро ба 8 нафар хешу ақрабо ва шиносҳояш бо маблағҳои басо гарон “тӯҳфа” намудааст.

Имрӯз онҷо манзилҳои истиқоматие чун қасру кӯшкҳо ва нуқтаҳои тиҷоратӣ бунёд намудаанд, ки соҳибмулконаш инҳоянд:

1) Дилшод ҷияни Давлат 2)ошнои Давлат бо номи Икром 3) Шариф ҳамдеҳаи Давлат 4) Таксист Музаффар 5) Нӯъмонҷон ҳамдеҳаи Давлат 6) Таксист Шавкат 7) Ҳаммоми заводи “Асор” ба шахсе бо номи Аваз 8) Наримон муҳосиби “Асор”.

Дар соли 2018-ум иштиҳои қозгири Воҳидзода Давлат авҷ гирифта аз ман ва падарам талаб намуд аз замини хоҷагии деҳқонии худ ба номи Пирматов Азим 00,8 га замин ва ба номи Зиёев Мадёр ном ронандаи ин ҷаноб барои бунёди варзишгоҳ замин ҷудо намуда, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом пешниҳодот ба майдони 1925 метри квадратӣ диҳем. Вақте, ки мо бо падарам ба ин пешниҳоди он вақтаи Раиси шаҳри Конибодом ва раиси Ҷамоати деҳоти Патар Воҳидзода Давлат розӣ нашудем бархилофи ҳамаи меъёрҳои қонунӣ бо пешниҳод ва имзои раис Воҳидзода Давлат пешниҳод дар бораи ҷудо кардани замин аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии мо ҷудо карда шуд. То ба имрӯз даъвои ин қазия давом дорад. Дар шаҳраки Дӯстии ҳамин ҷамоати деҳот дар гузашта маркази саломатӣ ва тавалудхона амал мекард, ки заминҳои ин муассисаи тиббиро ҳатман бо қарори Ҳукумати кишвар бо мақсадҳои гуногун истифода бурда мешуд. Воҳидзода Давлат ба 6-8 нафар дӯстону “хешонаш” дар давраи раиси ҷамоати деҳот буданаш, ҳамчун мероси бобоӣ ин заминҳоро тақсим намудааст ва агар як комиссияи салоҳиятнок аз бинои маркази саломатию таваллудхона дидан намояд, ба ҳоли зори ин беморхона, ки дар гузаштаи на чандон дур беҳтарин маркази тиббию тавалудхона ба шумор мерафт ҳатто чашмони кӯр мегиряд.

Агар аз ҳамаи корнамоиҳои ин ҷаноб касе шинос шудан хоҳад, ба Патар биёяд, мебинад. Ин ҷаноб ҳатто нияти фурӯхтани қабристони деҳаи Патарро дошт, ки ин хонаи охирати инсонҳо мебошад.

Ҳамчунин аз байн бурдану фурухтани китобхона ва маҷлисгоҳи мактаби № 21 – ро метавон исбот намуд.

Муҳтарам Пешвои Миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон!

Он ободкориҳо ва ҷоннисориҳоеро, ки шумо барои ин миллату давлат кардаед, касе тӯли таърихи давлатдории давлатамон накардааст ва нахоҳад кард, аммо чунин нафарон ба мисли Абдусалом Тухтасӯнзода ва Воҳидзода Давлат, ки дидаву дониста бе хулоса ва пешниҳоди дахлдори заминистифодабаранда бойигарии давлат, яъне заминро ба манфиатҳои шахсии худ истифода менамоянд. Ин гунаҳо дар Конибодоми бостонӣ ҳазорҳо ҳазор ҷиноятҳо дар самти замин кардаанд, ки ҳисоб надорад.

Ман аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям чунин нафароне, ки ба обрӯи давлат латма ворид менамоянд, пеши қонун ҷавоби кирдорҳои содирнамудаашонро гӯянд.

 Бо эҳтиром: Мамадҷонов Насиб ЭРГАШБОЕВИЧ,

 сокини шаҳри Конибодом, деҳаи Сафедорак,

 ҷамоати деҳоти Патар

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь