Ба раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шерализода Б.А 

нусха ба Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз номи истиқоматкунандагони ҷамоати деҳаи Анзоб, водии Яғноб ноҳияи Айнӣ, Вилояти Суғд.

Мо сокинони водии Яғноб сиёсати пешгирифтаи Асосгузори Сулҳу ваҳдати Миллӣ – Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, барои ободии як порчаи Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми худамонро мегузорем.

Мо истиқоматкунандагони ҷамоати деҳоти Анзоб ба унвони Шумо бо аризаи зерин муроҷиат намуда маълум менамоем, ки дар деҳоти Анзоб водии Яғноб ҳамагӣ 53 хоҷагӣ зиндагӣ мекунем.

Водии Яғноб аз минтақаҳои таърихии Тоҷикистон ба шумор рафта дар мавзеи баландкӯҳ ҷойгир мебошад. Яғноб  як пораи таърихи зиндаи кӯҳанбунёди тоҷикон буда, аз ҷониби донишмандон ҳамчун падидаи нодири этникии ҷаҳон шинохта шудааст. Водии Яғноб маъданҳои зеризаминӣ ва табиати нотакрор дорад, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №227 аз 02-05-2019 “ Дар бораи ташкил намудани парки табиии миллии Яғноб” аз ҳисоби заминҳои захираи давлатии ноҳия ва дигар заминистифодабарандагони дараи Яғноби ноҳияи Айнӣ ба тавсиб расидааст.

Муддати 7-8 сол инҷониб шаҳрванд Каримов Ниёз ба хоҷагии деҳқонӣ машғул буда дар давоми соли 2019 ҳамчун раиси парки табиии дараи Яғноб ба якчанд сокинон (21-нафар) хоҷагиҳои деҳқониро бе огоҳӣ қитъаи замин бо мақсади замини чарогоҳ ҷудо намуда ба ивази ин маблағи пулӣ гирифтааст. Каримов Ниёз Ёрович солҳои 1993-94 дар Ҷумҳурии Узбекистон вилояти Сирдарё дар ҳавлии як бой кор мекард, худашро Домулло гуфта, пул ҷамъ менамуд. Баъди ҷанҷоли солҳои 1993-94 аз Узбекистон шиносномааашро нагирифта шабона хонаи давлатиро 4 ҳазори пули Русия  фурухта водии Яғноб омада, ҳукумати ноҳияи Айниро фиреб дода, “ман мактаб месозам” гуфта, шиносномаи нав гирифт.

Ӯ ягонҷо кор накарда хислатнома оварда коргарони моро фиреб дода салярка ва хурокаҳои роҳсозонро бо мошини “Уазик” аз Сарвода 400 литр саларкаро гирифта 200  литрашро Анбоз оварда мефурухт ва купруки Бедевро арматурҳоро бо хешовандонаш мефурухт. Хуллас Каримов Ниёз Ёрович бисёр корҳои нодуруст мекард.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба деҳаи Яғноб 3. 08. 2011  сафар карда  ва супоришҳо доданд. Баъди 10 рӯз 10 нафар аз Айнӣ омаданд  ва ҳамачизро канда бурданд, бо ивазаш 80 ҳазор эвро аз як зани Японӣ гирифтанд, ки 11 ҳазорашро Каримов Ниёз гирифту 2 мошин харид, имрӯз бошад ронда гаштааст. Қитъаи заминеро ки барои парки милли ҷудо шуда буд ба чарогоҳ табдил додаанд, ҳоло он ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  омадааст: “Замин сарватҳои зеризамини об фазои ҳавои олами ҳайвонот ва дигар бойгариҳои табиат моликияти  давлат буда, давлат истифодаи онҳоро ба манфиати халқ кафолат додааст.”

Каримов Ниёз ки роҳбари парк таъин гашта буд, мо баъдан огоҳ гаштем ки  аз пеши худ аз номи сокинон барояш тавсияномаи мусоҳиби тартиб додаанду дар он 5 имзои асли гирифта боқимонда 40 имзои моро сохтакорона намудааст. Вай зодаи деҳаамон буда, мо уро зиёд эҳтиром мекардем. Ӯ маълумоти олӣ надошта дар синни панҷоҳ даромадаасту ва дар ягон ҷой кор накардааст, инчунин ба мо маълум гашт ки ӯ аз кормандони кумита хостааст ӯро ба донишгоҳ дохил кунанд ва ҳоло дар курси аввал дар донишгоҳи аграрӣ таҳсил мекардааст. Каримов Ниёз барои ободонии Анзоб факат 4 маротиба аз ҳисоби маблағҳои хориҷи барои боғ 1800 доллар, барои об, барқ ва купрук гирифта ягонтои онҳоро ба анҷом нарасондааст.

Дар ҷамоти деҳот корҳои ободони аз тарафи худи сокион сурат гирифта истодааст. Дар деҳаи мо ҳастанд соҳибмаълумотоне ки бо таҷрибаҳои худ метавонанд аз уҳдаи идоракунии парк ҳам бароянд.

Қурбонов Абдурозиқ , ки 10 км роҳи мошинградро таъмир карда купруки 8 метраи Қулро низ аз ҳисоби худаш сохтааст, инчунин дар оянда нақшаи сохтани мактаб ва дорухонаро дорад. Боқиев Хуҷамурод ва Муллоев Абдуҷаббор низ аз ҷумлаи шахсоне мебошанд ки чандин километр роҳҳоро обод карда инчунин боғҳо бунёд намудаанд. Дар таърихи Яғноб чунин муроҷиати дастаҷамъона дафъаи аввал нест ва мо маҷбур гаштем ин корро кунем, ки муроҷиати мо танҳо ва танҳо баҳри ҳифзи муҳити зист ва таърихи нотакрори Водии Яғноб мебошад.

Ба унвони Шумо бо аризаи мазкур муроҷиат намуда хоҳиш менамоем, ки аризаи моро шахсан коркард намуда, имконият дода шавад, ки дар маҷлиси умумии сокинони води Яғноб номзади арзандаи худро интихоб намоем.

Бо эҳтиром намояндагони хоҷагии деҳоти Анбоз, водии Яғноб, ноҳияи Айнӣ, вилояти Суғд.

Қурбонов Тағоймурод, Қурбонов Абдураҳмон, Қурбонова Шарофат, Қурбонов Абдурозиқ, Қурбонова Бибисоро, Розиқов Аббос, Розиқова Ҳалима,Ҷумаева Зиёда, Давлатов Ҳусейн, Давлатов Шоаҳмад, ҷамъ 83 имзо

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here