(Ё қиссаи нав аз найрангбозиҳои Зиёев ва кормандонашу пуштибонҳояш)

Ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,

Ба Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Рустам,

Ба Прокурори генералии Тоҷикистон Воҳидзода Ҳабибулло

аз номи Иноятов Раҳматулло Амонуллоевич, ва Иноятова Садия Муабиловна, истиқоматкунандагони шаҳри Ҳисор, кӯчаи Сохтмончиён, бинои № 1

тел.: 935-15-44-40

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ, мо тариқи оилаи нилгун доимо мебинем, ки Шумо мансабдорони мақомотҳои қудратиро барои беадолатона дида баромадани арзу шикоятҳои шаҳрвандон мавриди муҳокима қарор мегиред. Ман низ яке аз ин шаҳврандон мебошам, ки барои ҳимояи ҳуқуқҳои худ ба унвонии Шумо муроҷиат намоям ва танҳо такя ба Шумо дорам.

Ман дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон таваллуд ёфта, дар давраи собиқ Иттиҳоди Шӯрави ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Иноятов Изатулло Амонуллоевич ба шавҳар баромада, дар ҳамин ҷо фарзандонамро дар руҳияи ватандӯсти ба воя расонида, истиқомат намуда истодаам.

Марҳум шавҳарам бо 4 бародараш дар барқароркунии сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомотҳои қудратии Ҷумҳурӣ фаъолият намуда, саҳми худро дар барқароркунии ҳокимияти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоштаанд. Ӯ соли 2004 бо бародараш Иноятов Раҳматулло Амонуллоевич ҶДММ ”Анушервон” таъсис дода, дар пешрафти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳиссаи худро гузошта буданд. Дар ин муддат онҳо бо меҳнати ҳалол як иншооти дар ҳолати валангор мондаро харидорӣ намуда, онро обод карда марҳум шавҳарам ба номи худашон расман ҳуҷҷатгузорӣ намуда буданд ва мо 4 оила дар он қитъаи замин аз надоштани манзили зист истиқомат карда истода, орзуҳо доштем, ки он қитъаи заминро боз ҳам ободтар сохта, ягон корхонаи инфиродӣ таъсис дода, ба шаҳрвандон ҷойҳои кори муҳайё созем.

Лекин дар урфият мегӯянд, ки “пул ба тарафи пулдор меравад”, дуруст аст. Айнан ба ин мақол монанд тоҷири қаллоб ва моҳир Зиёев Ҷамшед Азизович, собиқ директори ҶСП БСТТИСТ «Тоҷпромбонк», ки аз дасти ӯ бисёр шаҳрвандони Тоҷикистон ба дод омада, фиреб хӯрда зарарҳои махсусан калони молиявӣ дида буданд, ба оилаи мо аз соли 2007 инҷониб мусибатҳои калон расонида истода, бо як схемаи маъмули қаллобонаи бонкӣ таҳрезӣ намудааш, моликияти моро ғайриқонунӣ соҳиб шуда, орзуҳои моро барбод дод ва марҳум шавҳарам Иноятов И. баҳри баргардонидани моликияти шахсии оилаи мо ба мақомотҳои гуногун давутоз намуда, аз фишори Зиёев Ҷ. ва пуштибонҳояш бардошт накарда, соли 2019 вафот намуд.

Мухтасар оиди ин мушкилот ва қаллобии ин шахсият ба Шумо маълумоти аниқ пешниҳод менамоям.

Зиёев Ҷамшед Азизович, собиқ директори ҶСП БСТТИСТ «Тоҷпромбонк» ва дигар масъулини ин бонк бо маслиҳати пешакии якдигар, аз ҷумла Зиёев Ҷ., сармуҳосиб ва дигар кормандонаш ба боварии марҳум шавҳарам Иноятов Изатулло Амонуллоевич даромада, бо роҳи фиреб, суистифодаи боварӣ ва сохтакории ҳуҷҷатҳо аз номи ӯ аз 17 июни соли 2007 шартномаи аккредитив ва қарордод бо ширкати бофтаи худ, “AI Adedeen Star GeneraJ Trding LLC Дубай АМА бо гӯё харидор ҶДММ “Анушервон -2004” барои овардани автомобилҳои шахсӣ ба ширкати мо сохтакорона тартиб дода буд, ки на ӯ на дигар аҳли хонавода аз вуҷуд доштани чунин шартнома умуман огаҳ набудем. Баъдан мо фаҳмидем, ки ин шартнома як воситаи соҳиб шудани ба моликияти шахсии мо аз ҷониби Зиёев Ҷ. будаасту халос. Марҳум шавҳарам Иноятов И. ба ману аҳли хонавода гуфта буд, ки Зиёев Ҷ. ба шавҳарам ваъда кардааст, ки тибқи ин ба ном шартнома аз кадом як ширкати шаҳри Дубай ба суроғаи шавҳарам 18 адад автомобилҳои гуногунтамғаи сабукрав ба маблағи 250 ҳазор доллари ИМА интиқол шуда, ин маблағро бояд шавҳарам фавран ба суратҳисоби бонкии ӯ ворид созад. Марҳум шаввҳарам Иноятов И. ба Зиёев Ҷ. гуфтааст, ки ин қадар маблағ надошта, имконияти харидорӣ намудани автомобилҳоро низ надорад. Зиёев Ҷ. бошад шавҳари маро бовар кунонидааст, ки дер шудаасту автомобилҳо равона шуда он ширкат аз суратҳисоби бонкии ӯ аллакай ин маблағро гирифтааст ва шавҳарам ҳатман бояд ин маблағро бо фоизҳояш ба суратҳисоби бонки ӯ гузаронад, чунки баъди гирифтани 18 адад автомобилҳо шавҳарам онҳоро дучанд ва сечанд фурӯхта, фоидаи калон ба даст оварда ҳам қарзро пардохт намуда, ҳам соҳиби маблағҳои калон мешавад. Ҳамин тавр, марҳум шавҳарам ба ӯ бовар карда, маблағи 1 265 10 доллари ИМА-ро дар асоси 14 ордерҳои даромади асъорӣ ва як адад хаттӣ расида ба суратҳисоби бонкии Зиёев Ҷ. гузаронида, инчунин ду адад автомобилҳои сабукрави шахсиашро ба маблағи 200 000 ҳазор доллари ИМА ба Зиёев Ҷ. медиҳад, ки дар умум 326 510 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медод.

Аммо Зиёев Ҷ.А. ва дигар масъулини бонк марҳум шавҳарам Иноятов И.А. ва дар шахсияти тамоми аҳли хонаводаи моро фиреб дода, ба мо ягон автомашина ворид накарда буд, ки инро ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи гумрукӣ ва дигар маводҳои тартибдодаи мутахассисони палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 сентябри соли 2018 дар ҳаҷми 119 варақ ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда бо баёнотҳои додаи мутахасиси ин мақомот Ҳалимзода Ҷ.. ва дигарон, тасдиқ менамоянд.

Баъдан Зиёев Ҷ. найрангу фиребҳои худро идома дода истода, 30 июни соли 2007 дар суди иқтисодии шаҳри Душанбе оиди қарздор будани шавҳарам ариза навишта, бо пуштибонӣ ва дастгирии судяҳо ҳалномаи ғайриқонунӣ оиди созиш бастанаш ҳалнома мебарорад. Ин ҳалномаро ӯ баҳона карда, марҳум шавҳари маро тарсонида боз нисбаташ соли 2009 ба Агентии назорати молиявӣ ва мубориза ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ариза навишта, таҳдид менамояд. ки “мо қарзи ӯро бо фоизҳояш надодаем” ва моро боз фиреб дода, ваъда медиҳад, ки моликияти шахсии моро дар шаҳри Ҳисор ба маблағи 1 00 0000 доллари ИМА харидор ёфтааст ва онро тариқи бонкаш фурӯхта, фарқи гӯё бо ном қарзи моро гирифта, боқимондаашро, яъне 700 000 долари ИМА-ро ба мо бармегардонад, яъне шавҳари маро бовар мекунонад, ки ӯ ҳам 18 адад автомобили сабукравро фӯрӯхта, фоида меоварад, ҳам қарзҳои бонкиашро пардохт мекунад ва ҳам боз мо 700 000 доллари ИМА-и дигар ба даст меорем. Ҳамин тавр ӯ бори дигар марҳум шавҳарамро фиреб дода, бо мақсади ғайриқонунӣ соҳиб шудан ба моликияти шахсии мо созишномаи ҳаққи дасткаширо бо роҳи фиреб дар Идораи нотариалии давлатии шаҳри Ҳисор таҳти № 6 ШД-83 аз 7-уми майи соли 2010 мебандад, ки гӯё мо бар ивази 250 ҳазор доллари қарзи гирифтаамон ҳамчун гарав ин иншоотро дода, аз он даст мекашем ва марҳум шавҳарам ба фиреби ӯ дода шуда, созишномаро имзо мегузорад.

Ҳамин тавр Зиёев Ҷ бо роҳи қаллобӣ соҳиби ин моликияти шахсии мо шуда ва марҳум шавҳарам аз ҳилаву найрангҳои ӯ баъдан пурра огаҳ шуд, ки аллакай дер шуда буду барои баргардонидани моликияти шахсиамон аз соли 2013 сар карда ба мақомотҳои гуногун муроҷиат намудем. Аммо бо дастгирии Зиёев Ҷ. мақомоти қудрати аризаи моро рӯякӣ санҷида, тавсия медоданд, ки мо ҳамчун баҳси судӣ ба мақомотҳои судӣ муроҷиат кунем. Дар навбати худ мақомоти суди иқтисодӣ, аз ҷумла суди иқтисодии шаҳри Душанбе аз соли 2009 сар карда то соли 2024 аризаҳои моро оиди беэътибор донистани созишномаи ҳаққи дасткашӣ ва баргардонидани моликиятамон дида баромада, бо баҳонаи гузаштани мӯҳлати даъво ва гӯё муфлисшавии бонк рад намуда, баъдан танҳо ваҷҳои қаллоб Зиёев Ҷ. ва намояндаҳояшро ба инобат гирифта, ҳалномаҳои беесос ба фоидаи онҳо бароварда, шикоятҳои минбаъдаи моро ба суди Олии иқтисодӣ бе тағйир мононд. Ҳарчанд мо дар судҳо ва дигар мақомот мегуфтем, ки ин иншотҳои моро ҶСП БСТТИСТ «Тоҷпромбонк» бо роҳи фиреб гирифтааст, мо гарчанде автомобилҳо нагирифта ба бонк маблағҳо ворид намуда, ба қарзҳои ин бонк бо бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқае надорем, ваҷҳои моро умуман касе гӯш кардан намехост. Ҳамин тавр Зиёев Ҷ. бо роҳи қаллобӣ моликияти шахсии мо он қитъаи замин бо иншоотҳояшро, ки арзишаш тибқи санадҳо 769,657,01 доллари ИМА- ро ташкил медиҳад, азхуд намуда ба мо дар умум 1096167.01 (як миллиону наваду шаш ҳазору 167) доллари ИМА зарари махсусан калони молумулкӣ мерасонанд.

Ман ва дигар аҳли хонавода шоҳид будем, ки марҳум шавҳарам Иноятов И.А. ҳангоми додани баёнотҳои худ, дар давоми ин солҳо то вафоташ, чӣ дар прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чӣ дар Агентии назорати молиявӣ ва мубориза ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, чӣ дар ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, чӣ дар палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуда буд, ки ӯ дар бораи ин қарордод ва шартномаи акредитив умуман ягон тассвурот надошт, чунин ашхосро аз шаҳри Дубай намешиносад, умуман ба шаҳри Дубай нарафтааст ва ба ягон қародод ва шартнома имзо нагузоштаааст, ҳамаи ҳуҷҷатҳоро директори бонк Зиёев Ҷ. бо масъулини бонк аз номи ӯ сохтакорона омода намудаанд ва доимо талаб мекард, ки ташхисҳои суди хатшиносӣ таъин ва гузаронида шавад, вале ӯро касе гӯш намекард.

Расман ин иншоот дар тавозуни мо буда онро “Тоҷпромбонк” ба тавозуни худ қабул накардааст ва чӣ тавр бе қабул аз мо онро Бонки Миллӣ қабул мекунад? Боз қаллобии бонк дар он ифода меёбад, ки суди иқтисодии шаҳри Душанбе аз 07.11.2018 сол сохтакорона таъинот баровардааст, ки моликияти мо аз тавозуни “Тоҷпромбонк” ба тавозуни Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштааст. Чӣ тавр ин таъинот бе иштироки мо бароварда шудааст, чунки бояд марҳум шавҳари ман дар шахсияти ҶДММ “Анушервон-2004” ва идораи нотариалии шаҳри Ҳисор бояд ҳамчун тарафи сеюм аз ҷониби суди иқтисодӣ ҷалб карда мешуд ва онро мо шикоят меовардем. Дигараш ин ки оиди вуҷуд доштани ин таъинот танҳо мо соли 2024 дар суди иқтисодии шаҳри Душанбе огаҳ шудем ва онро мудирияти махсуси “Тоҷпромбонк” то ин вақт пинҳон дошта, яку якбора ба мо пешниҳод намуд.

Чаро ин таъинот таъҷилан соли 2018 ҳамчун муаммо бароварда шуда, зимни санҷишҳо ва тафтишҳо ба мақомоти қудратиӣ, аз ҷумла, ба муфатиши тафтиши раёсати парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳим Нуъмонзод З, ки соли 2018 нисбати Зиёев Ҷ. парвандаи ҷиноятӣ тафтиш мебурд ва ба корманди прокуратураи Раҷабзода Б. , ба сардори Раёсати тафтишотии ВКД Холмуродзода А., ки онҳо низ дар асоси аризаи мо санҷиш мегузарониданд, пешниҳод накарданд. Дигараш ин ки чаро зимни тафтиши парвандаи ҷинояти нисбати Зиёев Ҷ. ӯ ва сармуҳосибаш Ҳасанова С. ба муфаттиш Нуъмонзода З. нишондодҳои сохтаю бофта додаанд, ки гӯё 18 адад автомашинаи сабукрав аз шаҳри Дубай ба суроғаи мо ирсол гардида, бинобар сабаби баланд будани боҷҳои гумрукӣ ва аз пардохт пинҳон намудани боҷҳои гумрукӣ ин автомашинаҳо ба номи дигар ташкилот ё шахсони воқеӣ ворид гардида, 250 ҳазор долари ИМА-ро бонки байналмилалӣ дар аоси баробаркунии муомилотҳои байналмилалӣ аз суратҳисоби “Тоҷпромбонк” гирифта бошад. Канӣ дар ин нишондодҳо мантиқи бонкӣ ё ҳуқуқӣ, чи хел мақомоти гумрукро фиреб дода, боҷи гумрукиро кам нишон доданд? Чӣ хел автомашинаҳо тибқи нишондоди Зиёев Ҷ. ва Ҳасанова С. дар асоси гӯё кадом шартномаи акредитив харидор ҶДММ “Анушервон-2004” нишон дода шуда, автомобилҳо ба дигар ташкилот ё шахси воқеӣ ворид мешудааст, агар ворид шуда бошад ҳам ки онҳоро қабул кардааст, чаро нусхаи ҳуҷҷатҳои бонкӣ ва гумруки ба суроғаи мо ворид нашудааст, ки ин нишондоди бардуруғ ва бофтаи онҳоро тасдиқ кунад, чаро муфаттиш ба ин нишондодҳои бардурӯғи онҳо баҳои дурусти ҳуқуқӣ надода, тафтишотро яктарафа ба фоидаи Зиёев Ҷ. бурда, ин лаҳзаи ҷинояти қаллобии Зиёев Ҷ.-ро, ки бояд тасдиқи пурраи худро меёфт, намедонем бо кадом сабаб аз айби ба Зиёев Ҷ. Эълоннамуда, хориҷ намуда ба ӯ эълон накарданд?

Вобаста ба ин ваҷҳои оварддамон мо қаблан якчанд маротиба ба тамоми мақомот аз соли 2013 инҷониб ва бори охир бо ариза 01.02.2025 сол ба унвонии прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ариза навишта будем ва аризаи мо аз ҷониби прокурори калони шӯъбаи прокуратураи генералӣ Низомӣ Ҳ. мавриди санҷиши пурра қарор дода шуда, баҳри пешгирии ғайриқонунии бегонакунии моликияти мо ба он маҳдудият гузошта шуда буд, лекин ин аризаи мо ҳалли ниҳоии худро то ҳол бо дахолати намояндагони бонк наёфтааст.

Муҳтарам Ҷаноби олӣ, далелҳои боло аз он пурра ва бебаҳс аз он шаҳодат медиҳанд, ки Зиёев Ҷ. ва ҳаммаслаконаш ҳамчун қаллоби касбӣ ва моҳир дар давоми фаъолияти кориаш дар мисоли далелҳои мо боло оварда ба монанди мо дигар шаҳрвандон ва ташкилотҳоро фиреб дода, танҳо ба манфиатҳои шахсии худ ва наздиконаш кор карда, маблағҳои давлатии Бонки Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯ барои хизматрасониҳои бонкӣ боваркардаро, бо мақсади тасарруф, инро схемаи барои тоҷирони қаллоб маъмул (“с целю отмыванние государственных средств” мегӯянд) ба суратҳисобҳои сохтаю бофтаи худ ва наздиконаш дар шаҳрҳои Москва, Дубай ё бонкҳои дигар шаҳрҳои берун аз Ҷумҳурӣ гузаронида, онҳоро дар тиҷоратҳои худ гардиш дода, баъдтар, бо баҳонаи вонамудсозии барқароркунии гӯё маблағҳои буҷетӣ, ғайриқонуни иншоотҳои моро бо санадҳои беасос ва ғайриқонунии гӯё ба эътибори қонунӣ даромада, бо дастгирии бевоситаи пуштибонҳояш дар мақомотҳои гуногуни қудратӣ бо роҳи фиреб ва қаллобӣ азони худ намуда, моликияти қонунии моро бо ин восита ғайриқонуни азони худ ва ихтиёрдорӣ менамоянд? Ҳамаи инро хулосаи палатаи ҳисоб аз 12.09.2018 сол бо нусхаи ҳуҷҷатҳои бонкӣ, ҳуҷҷатҳои Кумитаи гумрук, агар лозим шавад, баёнотҳои мутахассисони палатаи ҳисоб, корманди агентии назорати молиявӣ, ки дар аризаҳои қаблӣ ному насаби онҳо дарҷ гардидаанд, худи мутахассисони бонк, пурра тасдиқ карда метавонанд.

Айни замон бо дахолати бевоситаи мудири махсуси ҶСП БСТТИСТ «Тоҷпромбонк» Собирзода М., ки ба мо иброз намудааст, ки ӯ санадҳои судии эътибори қонунӣ пайдокарда дораду аз дасти мо ягон кор наомада, ба доди мо касе намерасаду ба куҷое муроҷиат намоем, бефоида ва мактуби маҳдудият гузоштаи қаблӣ бекор карда шуда, ин ба онҳо имконияти қулай барои таъҷилан харидор ёфта иншоотҳои моро ғайриқонунӣ бегона кардан, пайдо намуда истодааст.

Дар барқарорсозии сохти конститутсионии Тоҷикистон аз оилаи мо 4 нафар дар мақомоти қудратӣ хизмат намуда, ду нафарамон баҳри ҳимояи Ватан, аз ҷумла марҳум шавҳарам Иноятов И. фавтидаанд.

Ин биноҳои шахсӣ ва иншоотҳои ёрирасон аз марҳум шавҳарам Иноятов И.А. мерос монда, моликияти шахсии бо меҳнати ҳалол ҷамъовардаи аҳли хонаводаи мо буда, мо дар назди бонк ягон ӯҳдадориҳои қарзӣ надорем ва дар ҳудуди он якчанд бародарон, махсусан ман бо аҳли хонаводаам аз надоштани ҷои зист истиқомат намуда истода, дигар ҷои зист надорем.

Танҳо дар сурати оғоз шудани парвандаи ҷиноятӣ нисбати Зиёев Ҷ. ва ҳаммаслаконаш ҳалномаҳои беасос ва ғайриқонунӣ тибқи мусоидати шахсони манфиатдор дар мақомотҳои қудратӣ, судҳои шаҳрвандӣ ва иқтисодӣ қабулнамудаи онҳо бекор карда шуда, маблағҳо ва иншоотҳои аз мо бо роҳи қаллобӣ гирифтаашон баргардонида шуда, дар ниҳоят қарори қонунии боадолатона бароварда шуда, адолати иҷтимоӣ ғалаба хоҳад кард.

Иноятова С.М.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь