Оё хушдоман ҳуқуқи келинро задан ва шиносномаи ӯро “гаравгон” гирифтанро дорад?

Ба таваҷҷуҳи Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло

Нусха:

 Ба Прокурори вилояти Суғд Фурқат Хоҷазода

Ман  Парвина Орипова, сокини 24 солаи   ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ҳастам.  25.02.2023 бо Ирматов Аброр оиладор ва соҳиби як писарча шудам.  Аз рӯзҳои аввали оиладорӣ, ман пайваста зери фишору хушунат қарор гирифтам. Хушдоманам  Гулноза Собурова борҳо маро зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст, ки дар даст ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи тиббӣ дорам.

Оилаи шавҳарам дар шароити хона  ба сифати нонвой кор мекунанд ва  ғайри ду коргар, коргари кирояи дигар нагирифта, новобаста аз кӯдаки ҷавон доштан ё зани ҳомила буданам, маро  аз меъёр зиёд кор мефармоянд, ки аллакай ба саломатиам таъсири худро расонидааст. Ман, ки ҳамагӣ 40 кг вазн дорам, аробаҳои калонро бо вазни барзиёд пур аз нон карда, ба бозор  мебарорам. 150 литр обро низ бо ароба  меоварам, ки гурдаҳоямро дар хонаи падар беш аз як моҳ бо табобат карда истодаам.

Замоне кӯдакам 40-рӯза буд, ба хонаи падарам  омадам ва азм кардам дигар намеравам, аммо баъди қариби 3 моҳ се зан аз хешовандони шавҳарам намоянда шуда омада, маро бурданд, зеро дар пеш туйи оиладоршавии хоҳаршӯям буд.

Имсол дар даҳаи охири моҳи Рамазон  чун доимӣ оилавӣ нонҳои зиёд барои фурӯш ва фармоиш пухта будем. Ба шумори хушдоманам 800 дона нон будааст. Як фармоишгар,  омада 500 дона нонро бурд. Баъди он хушдоманам шуморид, ки 300 не 250 дона нон боқӣ мондааст. “Ту 50 дона нонро зиёд додӣ, ё рафта пулашро аз хонаи падарат меорӣ ё аз хона гум мешавӣ” шуда зиёд ҷанҷол кард. Маҷбур шудам аз хонаи 300 сомонӣ биёрам, то оилаам вайрон ва фарзандам ятим нашавад.

Мисолҳои хеле зиёданд, ки бо баҳонаи ночиз ё худаш маро мезад ё ба шавҳарам супориш медод, ки маро занад. Дар хонаи шавҳарам ду хушдоман буданд, ба ғайри хушдоманам ва хушдоманкалонам. Модарарӯсам иҷозат намедод, ки гапи хушдоманкалонамро гирам. Дар миёни ду зан “тӯби футбол” будам.

Натанҳо худам, балки писарчаи 1,5 солаи бегуноҳамро ҳам бераҳмона мезад хушдоманам. Гирякунон мегуфтам “ба ҷойи бачаам маро занед, вай кӯдак метарсад”.

Ӯ дар 2 соле, ки оиладорӣ карда борҳо як муллоро меорад ва моро супориш медиҳад то чашмонамонро пӯшида шинем. Намедонем вай мулло кӣ аст ва чӣ мехонад. Ҳама аҳли оила чашмонамро пӯшида, супориши ӯро иҷро мекунем.

17-уми апрел вақте қатъӣ қарор кардам ки ба хонаи падарам баргардам, шавҳарам ва хушдоманам бо китоби муқаддаси Қуръон  маро тарс доданд. Китобро ба сари кӯдакам зада-зада аз ман талаб карданд, ки такрор карда гуям: “Агар сирру асрори ин оиларо берун барорам, Қуръон ба сари кӯдакам занад”.

Боз  дар як варақ  маро маҷбур карданд, ки нависам, ки аз ин хона бо хоҳиши худам баромада рафта  истодаам, аз касе шикоят надорам ва даъвои чизе надорам. Бар замми ин ҳама, хушдоманам шиносномаи ман ва шаҳодатномаи кӯдакамро гирифтааст. Ӯ ҳар коре карданӣ шуд ба кадом як адвокати шиносаш занг зада маслиҳат мепурсад. Гирифтани ҳуҷҷатҳои мо ва забонхати маҷбурии ман низ дар асоси маслиҳати ҳамон адвокат сурат гирифт.

Муҳтарам Прокурори Генералӣ, оё ягон шахс ҳуқуқи гирифтани баёноти маҷбурӣ  ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти як шахси дигарро дорад?

Чанд бор гуфтам, ки давлати мо бесоҳиб нест ки духтари мардумро ин қадар зулм кунед. Хушдоманам мегуфт, ки ман дар ҳама мақомот одам дорам, аз дастат коре намеояд.

Баъди 2-3 моҳи оиладориам дастбанди тиллоиям гум шуд.  Ба ғайр аз “намедонам” касе аз он оила ҷавоб надод, ки ҷавоҳироти ман куҷо шуд ва он то ҳол нест!

17-уми апрел вақте бо кӯдакам ба хонаи падарам баргаштам, баъди 2-3 соат бо роҳбарии раиси маҳалла (домком) дар як мошин бе иштироки намояндаи мо чизу чораҳои маро бор карда овардаанд, ки тамоми мебелҳои харидаи падарам корношоям шудааст аз беэҳтиётӣ.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар баромади худ оид ба баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа сухан мекунанд. Пас чаро дар ин ноҳияи дурдаст нисбат ба келин хушунат зиёд аст ки зуд-зуд худкушӣ ва куштору дигар ҷиноятҳо дар заминаи он рух медиҳад?

Дар пеш мурофиаи судӣ ҳаст ва метарсам он ношаффоф нагузарад. Хоҳиш мекунам суди ноҳияи Спитамен соҳиби як фарзанд буданамро ба назар гирифта, маро маскун ва барои кӯдакам алимент ҷудо кунад.

 Орипова Парвина, сокини Шаҳраки Навкат,

 кӯчаи Сомониён 42/13 ноҳияи Спитамени вилояти Суғд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь