Ба таваҷҷӯҳи Прокурори генералии ҶТ Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло

Ба директори Агенти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ Султонзода Сулаймон Саид

Давоми 2-3-соли охир пайваста ба нашрияи “Фараж” аз деҳаи Оби борики ҷамоати деҳоти Далёни Болои ноҳияи Деваштич (дар гузашта Ғончи) оид ба танҳо ба манфиати шахсии худ истифода намудани бойигарии аз замони Шӯравӣ боқимонда аз ҷониби Исроилзода Мирраби шикоятҳо ворид мегарданд.  аз худ Исроилзода Мир Раби аз рӯи суханони сокинони ин деҳа ду маротиба дар давлати дӯст ва бародари Ӯзбекистон барои қочоқи маводи мухаддир дастгир шуда бошад ҳам, бо роҳҳои сохтаву бофта ва қаллобӣ вазифаи раисии коперативи истеҳсолии Оби борикро аз худ намуда, дар аввал домани мардумро бо чормағзи пуч пур карда, ваъдаи хизмат ба мардумро карда бошад ҳам, аллакай як моҳ ҳам нагузашта, ба гуфтаи мардуми рус кулли мардумро “кидат” намудааст.

Соли 2002 дар асоси шикояти мардум ҷаноби Исроилзодаро аз вазифааш озод намуда буданд. Вале дидаву дониста ин нафар то ба имрӯз ҳамчун раиси хоҷагиву деҳаи Оби борик худро миру табъашро вазир эълон намуда, замину чорво ва амволхои давлатии хоҷагиро аз қабили фермаҳои  калони моли шохдор, комплекси калонтарин фермаи хукпарварӣ дар вилоят, паркҳои нақлиётию трактори бунгоҳи тиббии деҳа, клуби хоҷагӣ ва қариб ҳама чоҳҳои амудии деҳаро ки шумораашон 8 ададро ташкил менамояд, нақлиёти боркаши хоҷагиро иборат аз комбайнҳои ғалладарав, ҷуворидарав, алафдарав, тракторҳои МТЗ, Т-28 ва коҳмайдакунаку пресскунакҳоро ба шахсони дилхоҳаш ки аз дигар ноҳияву шаҳрҳо мебошанд, бе розигии хаттии аъзоёну саҳмдорон ба фурӯш бароварда, нафсашро қонеъ намудааст.

Як трактори алафдаравкунаки тамғаи КСК-100-ро, ки мардуми деҳа мехостанд бо истифодаи умум ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ харидорӣ намоянд, Исроилзода ба хоҷагии саҳҳомии ба номи Энаҷон Бойматоваи шаҳри Конибодом ба маблағи 13 400 сомонӣ ҳамчун техникаи корношоям фурӯхтааст. Асли гап бошад,  техникаро ронандааш Шодӣ Мустафоев худаш ҳай намуда, берун аз ноҳия ба харидорон бо дидаҳои гирён супоридааст.

Барои Исроилзода Мирраби на манфиати давлат ва манфиати халқу маҳал вуҷуд надорад. Поёнтар аз ҳудуди деҳа калонтарин фермаи хукпарварӣ дар вилоят мавҷуд буд, ки вилоятро бо ин намуди сорво таъмин менамуд. Танҳо барои тоза намудану додани хӯрокаю об 80 – 90 дастгоҳҳои барқӣ ва системаи таъминоти обӣ ва бочкаи металии шаст тоннагӣ бояд комплексро бо об таъмин менамуд. Худи ҳамин комплекс иборат аз шаш иншоот иборат буд, ки имрӯз он ҳам ба коми нестӣ рафтааст. Дар ҳоле Вале ҳамаи ин иншоот моликияти истисноии давлат аст. Вале то ба имрӯз касе барои тороҷу нест шудани ин иншоот пишаки фаноби Исроилзодаро пишт нагуфтааст.

Дар деҳа ҳашт чоҳи амудии коршоям фаъолият доштанд, ки барои кандани ягонто аз онҳо пайвандони раис ҷон накандаанд. ИН моликияти истисноии давлат ва халқ мебошад. Бо баҳонаи қарзи андоз дутои чунин иншоотҳоро (ҳар яке 25000 сомонӣ) барои қарзи андоз ба сокинон фурӯхтааст. Вале баъдтар намояндаи мақомоти андоз омада, бо 32-роҳбари хоҷагӣ ҷаласа  намуда, маълум кардааст, ки қарзи андози хоҷагии деҳқонӣ  ба 60 000 сомонӣ расидааст.

Аз 2-тарозуҳои калони 60 тоннагӣ ва як манораи 12 метра имруз ному нишоне нест ва онҳоро ҷаноби Исроилзода дар рӯзи рӯшан куҷо кард, касе намедонад.

Имруз ба чои коперативи истеҳсолии Оби борик 32- хоҷагии деҳқонӣ ташкил карда шудааст. Вале 438 гектар замини фонди замини ноҳияро бе ягон қарору фармон дар ихтиёри Исроилзода Мир Раби монданд. Ба маблағҳои басо гарон ба мардум заминҳои обиро ба иҷора медиҳад. Аз ин ҳисоб аз заминҳои обӣ, ки 63,13га, лалми 66,11га боғ 14,08га заминҳои обиро бо нархи 400-сомонӣ барои 1га заминхои боғ 500 сомонӣ барои 1-га заминҳои лалмиро бо нархи 90-сомонӣ барои 1га муайян намудааст. Аз ин ҳисоб низ ки бо нарххои баландтар ҳисоб карда мешаванд, маблағҳои калонро аз худ кардааст. Беш аз 270 га замини боқиро ба киҳо додааст ва аз ин ҳисоб чӣ миқдор маблағ  фоида гирифтанашро касе намедонад.

Кор то ба ҷое расидааст, ки плитаҳои 2 ҳавзи обро ба куҷое несту нобуд кардаю 648 дона дарахтони мевадиҳандаву сояафканро ин ҷаноб куҷо кард, касе намедонад.

Бунгоҳи тиббиро ки масоҳаташ 0,15 сотих буд, Исроилзода ба кадом як амалдор аз шаҳри Истаравшан хамчун моли падараш туҳфа намудааст. Ин амалдор ҳатто бунгоҳи тиббиро ба сардухтури ин бунгоҳ Саидвафоев Саидбек фурӯхтааст, ки оянда ин ҷаноб дар ҷои он манзили истиқоматӣ бунёд намуд. Ин дар ҳолест, ки фурӯхтан ва ба ҷои он бунёди дигар иншоот дар салоҳияти кории раиси Ҳукумати кишвар қарор дорад.

Давоми фаъолияти худ  ин раис 14 адад техникаҳои кишоварзиро ҳамчун моли бобоаш тороҷ намуд. Аз ҷумла:

Трактори Т-28 – 400 сомонӣ 2-адад, автомашинаи “ВАЗ 21 06 1500 сомонӣ, алафҷамъкунак 350 сомонӣ, тухмипошак  300-сомонӣ, алафдарав 200-сомонӣ, дорупошак 250-сомонӣ, 5-адад систерна 1000 сомонӣ, алафмайдакунак 100 сомонӣ, хуроктақсимкунак 200 сомонӣ, плуг 100 сомонӣ, тарозуи 500 кг 150 сомонӣ, эгекаи майдакунак 300 сомонӣ, тележкаи трактор 600 сомонӣ….

Оё бо ин нархҳои хандаовар имрғз чизе харидан мумкин аст ё на? Ягон ақли солим оё бовар менамояд, ки трактори Т-28-ро 400 сомонӣ харидан мумкин бошад?

Соли 2019 Исроилзода Мир Раби дар асоси моддаҳои 153, иловаи 1 ва бандҳои «В,Г» ва кисми 2 модаи 245 кодекси ҷиноятии ҶТ аз тарафи суди ноҳияи Деваштич 50 000 сомонӣ ҷарима карда шуда аз кор озод карда шудааст. Вале то ба имрӯз  худро дар курсии шоҳӣ ҳис менамояд.

Дар дехаи Оби борик клуби ҷамъиятӣ мавҷуд буд, ки Исроилзода Мир Раби бархилофи меёрҳои ҳифзшавандаи қонун онро ба сардори шуъбаи амволи давлатии ноҳия Комилзода Насриддин Бобо туҳфа намуд ва охирӣ онро ба манзили истиқоматӣ табдил дода, бо нархи басо гарон ба дигар нафар фурӯхт.

Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон ба сокинони деҳаи Оби борик, ба 155 нафар замин барои сохтмони манзил ҷудо намуданд. Дар қуттии тақсимот 52 рақам заминҳои серҳосил набуд. Ин корро Исроилзода Мир Раби бо Комилзода Насриддин роҳандозӣ намудаанд.

Дар вақти қуръапартоӣ чандин нафар, аз қабили Хуҷакалонов Т, Соҳибов Эгамназар ва дигарон набуданд. Вале баъдтар ин нафарон замин гирифтанд, ки муҳтоҷи замин ҳам набуданд. Баъдан, қисме аз ин заминҳоро фурӯхтанд ки ин амалро низ Исроилзода Мир Раби иҷро намуд. Чандин нафар маҷрӯҳон ва нафароне ки ба замин эҳтиёҷ доранд, аз замин бенасиб монданд.

Заминҳои Мирзоев Абдуғанӣ ва Обидов Атовулло дар заминхои селраҳа буданд ва бо хоҷагӣ шартнома доштанд. Исроилзода аз онҳо заминҳояшон мусодира карда шуда ба Шоҳфозилов Шоҳсидиқ ба маблағи 40 000 сомонӣ ва ба Асроров Исмоил ба маблағи 70 000 сомонӣ фурухтааст ва ваъдаи гирифтани сертификати заминро ҳам додааст.

Исроилзода аз замини Маҳмадқулов Рустамқул 0,3 сотихашро ба Нодиров Мавлиддин ба маблағи 50000 рубли русӣ ва 2000 сомонӣ фурӯхта бо сертификати замин таъмин намуд. Гарчанде Надиров Мавлиддин худаш 0,10 сотих замини изофа дошта бошад ҳам, боз замини дигар касро ғасб намуда, соҳибмулки заминро бо даъвати Исроилзода ба ҳавлиаш даромада то беҳушу беёд шуданаш задааст.

Комплекси парвариши хукро ҷаноби Исроилзода несту нобуд карда, заминхои онро ба Комилзода Насриддин, Маҳмудов Эгамбердӣ, Хоҷаев Аббос, Ҷӯраев Шербой дод ва худаш Исроилзода Мир Раби бе қарори дахлдори Хукумати кишвар он ҷо сохтмонхо бунёд кардааст ки ягон ҳуҷҷати Ҳукумати ҷумҳуриро надорад.

7-гектар замини собиқ фермаи чорводориро бошад, ба як нафар «туҳфа намудааст» ,ки гуё аз падаркалонаш мерос монда бошад.

Заминхои мошинсарои хоҷагиро ба 700 сомонӣ харида ба дигар нафар ба 10 000 сомонӣ фурухт. Вале ҳоло заминҳои дар фермаи хукхона бино намудаашро бо мақсади гирифтани фоидаи калон ба фурӯш гузоштааст. Тамоми ҳуҷҷатҳои ғайриқонунии ин ҷанобро муовини КДФ-и амволи ғайриманқули ноҳияи Деваштич Урмонҷонов Умрон, муовини раиси ноҳияи Деваштич Комилзода Насриддин ва раиси ҷамоати Далёни Боло Тоҳир Мирраҳимов амалӣ менамоянд.

Муҳтарам Прокурори генералӣ ва директори Агентии корупсия, мардуми деҳаи Оби борики ҷамоати деҳоти Далёни болои ноҳияи Деваштич ба хизматхои арзандаи Шумо дар тамоми самти пешрафти ҷомеа, аз ҷумла дар самти пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ, арҷгузорӣ намуда, хоҳони ҷавоб гуфтани чунин нафарон ба ҷиноятхои содирнамудаашон мебошанд.

 Саиди Ҳайдар,

Душанбе – Оби борик-Душанбе,  махсус барои Фараж”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь