Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,
Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,
Ба Раиси Маҷлиси Миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
муҳтарам Рустами Эмомалӣ,
Ба Прокурори генералии Ҷумҳурии
Тоҷикистон, муҳтарам Раҳмон Юсуф Аҳмадзод,
Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Президенти маҳбуби кишвар Эмомалӣ Раҳмон, оид ба овардани эътироз нисбати санадҳои ғайриқонунӣ қабулшудаи судяҳои шаҳри Ваҳдат ва оид ба оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ нисбати судяҳои суди шаҳри мазкур, кормандони ҷамоати деҳоти ба номи Раҷаб Исмоилови шаҳри Ваҳдат ва шаҳрвандон Мухиддинов Самандар Тоҷиддинович, Муҳиддинова Қумрӣ Тоҷиддиновна, Муҳиддинов Ҳабибулло Искандарович ва Савзаев Ҳилолиддин Ҷумақулович, Қурбонов Ятим, Исмоилов В. ва дигарон, чандин маротиба ба Суди Олӣ ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикояту аризаҳои бешумор пешниҳод кардем. Ҳатто ба Директори Агентии мубориза бар зидди коррупсия низ ариза навишта будем, вале чунин ба назар мерасад, ки то агар аз “боло” супориш нашавад, касе ба доди мо расидан намехоҳад ва ин мушкилиеро, ки ба сари мо бародари калонамон-Муҳиддинов Самандар бо кӯмаки судяҳои суди Ваҳдат ва хоҳарам оварданд, ҳалли худро намеёбад. Албатта дар пушти онҳо раиси суди шаҳри Ваҳдат меистад, ки ҳама корро карда истодааст, ки қазия ба манфиати ман, яъне соҳибмулк ҳал нашавад. Ҳатто аризаи даъвогии моро “оид ба бартараф кардани монеагӣ” соли 2021 ба “эътирофи соҳибмулкӣ ва тақсими мерос” табдил дода, санади судии ғайриқонуниро қабул намуд. То ҳануз аризаи даъвогии мо куҷо шуд, маълум нест. Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, ваҷҳҳои овардаи моро ҳатто мавриди санҷиш, қарор надода, танҳо санадҳои ғайриқонуниро ҳимоя карда истодааст. Раиси суди шаҳри Ваҳдат Камолзода С. худро писархонди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобида чӣ коре, ки хоҳад карда истодааст ва ҳама мақомот ӯро дастгирӣ карда истодаанд. Мо ягон мақомоте дорем, ки муроҷиату шикоятҳои моро аз рӯи қонун баррасӣ намуда, пеши роҳи ин қонуншиканиҳоро гиранд?
Судяҳои суди шаҳри Ваҳдат марҳум Қурбонов К., раиси суди шаҳри Ваҳдат Камолзода С., судяи ҳамин суд Махмадназарӣ Ш. ва дигар судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дидаву дониста, ҳолатҳои ба кор дахлдоштаро баҳои дурусти ҳуқуқӣ надода, дар асоси далелҳои сохтакорӣ кардашуда ва нодуруст қайд кардани нишондодҳо дар санади судӣ ва дар асоси нишондодҳои бардурӯғ санади судӣ қабул намуда бошанд ҳам, аз тарафи мақомоти дахлдор парвандаи ҷиноятӣ барои ғайриқонунӣ қабул намудани санадҳои судӣ бо моддаи 349 КҶ Ҷумхурии Точикистон ва нисбати дигарон барои бардурӯғ додани нишондод (351 КҶ ҶТ) ва сохтакорӣ кардани далелҳо (моддаи 340 КҶ ҶТ) маълумотномаи бардурӯғ парвандаи ҷиноятиро оғоз намекунанд. Ба ягон ваҳҷҳои овардаи мо ягон мақомот посухи дурусту асосноккардашуда надодаанд.
Муҳтарам Ҷаноби Олӣ, асли қазия ин аст, ки ҳануз соли 1987 падарамон Муҳиддинов Тоҷиддин замини наздиҳавлигиашро, ки ягон санади ҳуқуқмуайянкунанда надошт ва танҳо ҳамчун сардори хоҷагӣ дар қайди ҷамоати деҳот буд, бо биноҳои сохтмони худсарона сохташуда ба мо-се фарзандаш таксим карда дода буд: Ба ман-Муҳиддинов Рустам Тоҷиддинович масохати 1985 м.кв, ба Муҳиддинов Самандар Тоҷиддинович 0,08 га бо манзилҳои истиқоматӣ ва ба Муҳиддинов Амриддин Тоҷиддинович 0,22 га бо манзили истиқоматии худашон тақсим намуда худи ҳамон сол хоҷагиҳои алоҳидаро ташкил намуда, ба номашон шиносномаи техникӣ тартиб дода, дар ҷамоати деҳоти Хоҷабойкул ( ҳоло Р. Исмоилов) уч. Джарбошӣ (Зарнисор) ҳамчун соҳибмулки мустақил дар ҷамоати деҳот ба қайд гирифта мешаванд. Таи чанд соли дигар миёни мо бародарон ягон норозигӣ ва баҳс вуҷуд надошт. Муҳиддинов Самандар Тоҷиддинович-баъдан боз бо Қарори № 98, аз 18 ноябри соли 2006, ҷамоати деҳоти ба номи Раҷаб Исмоилов, ки тибқи дафтари хоҷагии 33-956 замини таҳти истифодааш 0,08 га-ро ташкил медиҳад, аз сари нав, дар асоси аризааш, ҳамин қитъаи замин, вобаста карда мешавад. Дар асоси ин Қарор манзили истиқоматӣ ва қитъаи замини ба ӯ вобаста кардашуда, ки иборат аз 0,08 га аст, аз сари нав, таҳти №5058 аз 20.11.2006 дигарбора ба қайд гирифта мешавад, вале дар шиносномаи техникии дар бойгони буда, ин рақам ба 11,16 га сохтакорӣ карда шуда, иваз карда мешавад. Дар асл бошад, заминаш 15, сотихро ташкил медиҳад. Ман, Муҳиддинов Рустам Тоҷиддинович дар асоси Қарори совети қишлоқи Хоҷабойкул, райони Орҷоникизебод (ҳозира ҷамоати деҳоти ба номи Р.Исмоилов-и ш.Ваҳдат) таҳти №31”в” аз 29.04.1990 барои сохтмони хонаҳои истиқоматӣ иҷозат гирифта, як қисми хонаҳои истиқоматии кӯҳнаро навсозӣ намудам, ки ба ҳаҷми масоҳати сохтмон дигаргуни ворид карда намешавад ва ҳачми сохтмон 664,8 м. кв. боқи мемонад. Бо Қарори №1537 «оид ба Қонунигардонии молу мулк”, Комиссия оид ба қонунигардонии молу мулк-и ш.Ваҳдат аз 12. 06. 2009 ман моликиятамро иборат аз манзилҳои истиқоматӣ ва дигар иншоотҳои ёрирасон дар хаҷми 644,8 м.кв., ки дар шиносномаи техникӣ аз соли 1987 масоҳати замин 1985 метри квадратӣ омадааст, қонунӣ гардонидам. Тибқи Конуни «Авфи молу мулки ғайриманқул», ки аз тарафи шумо муҳтарам, Президент қабул шуда буд ва ба мардум имконияти қонунигардонии молу мулкеро, ки ҳуҷҷат надоштанд ё дигар санади ҳуқуқмуайянкунанда надоштанд, имконият додед. Ман моликияти худро, ки аз соли 1987 инҷониб ихтиёрдорӣ мекардам, тибқи талаботи Қонун, қонунӣ гардонидаам. Дар асоси ин Қарор ба ман Шаҳодатномаи қонунигардонии молу мулк, аз 17.06.2009, таҳти №1549 дода шуд. Инчунин, дар асоси ин ҳуҷҷатҳо Сертификати дараҷаи А, таҳти №0245432, ман ҳуқуқи истифодаи якумрии меросии заминро пайдо кардам. Бояд қайд кунам, ки ин қитъаи замин аз соли 1987 мунтазам таҳти истифодабарии ман қарор дошт ва дорад. Аз он замон то соли 2010 ягон хел даъво вобаста ба на қитъаи замин ва на манзилҳои истиқоматӣ дар ягон мақомот на муроҷиат шуда буд ва на мавриди баҳс қарор дода шуда буд. Моҳи феврали соли 2009 падарамон Муҳиддинов Тоҷиддин вафот карданд. Дар вақти вафот карданашон на дар номашон замини наздиҳавлигӣ доштанду на манзили истиқоматӣ. Умуман ягон хел ҳуҷҷати тасдиқкунанда, ки ба номи марҳум падарамон Муҳиддинов Тоҷиддин манзили истиқоматӣ ё замини наздиҳавлиги вуҷуд дошта бошад, нест. Муҳиддинов Самандар Тоҷиддинович бо ҳамдастии хоҳарамон Муҳиддинова Қумрӣ, ки сокини шаҳри Душанбе ва ҷиянамон Муҳиддинов Ҳабибулло Искандарович, ки ӯ хам зиёда аз 20 сол боз дар ш. Душанбе, дар хонаи падарашон, зиндагонӣ мекарданд, забон як карда, бо кӯмаки ҳамсинфи бародарам Қурбонов Ятим, ки корманди ҷамоати деҳоти номбурда аст, ба сохтакории ҳуҷҷатхо даст мезананд. Баъдан, ҳангоме ки ман бояд санади қонунигардониамро дар ҷамоати деҳот ба қайд мегирифтам, Ятим Қурбонов аз ман ришва талаб кард, вале ман надодам. Пас аз ин моҷароро ба сари мо оварданд. Аз набудани ман- Муҳиддинов Амриддин Тоҷиддинович, ки дар Федератсияи Русия кору зиндагӣ мекардам, истифода бурда, қитъаи замини маро бо хонаҳои истиқоматиаш, ки дар ҷамоати деҳоти ҳозира ба номи Раҷаб Исмоилов-и ш. Ваҳдат, дехаи Зарнисор, дар китоби хоҷагии таҳти №36 варақаи шахсии №1194, масоҳати замини наздиҳавлигиаш 0,22 га ҳамчун соҳибмулк ба қайд гирифташуда будам, бе огаҳии ман бо кӯмаки Ятим Қурбонов аз дафтари хоҷагӣ маро хат зада, қитъаи замини маро бо манзилҳои истиқоматиам аввал, ба номи Муҳиддинова Қумрӣ Тоҷиддиновна ва баъдан ба номи ҷиянамон, Муҳиддинов Ҳабибулло Искандарович бо роҳи сохтакорӣ ҳуҷҷатгузорӣ мекунанд. Ҳол он ки дар номашон ягон вақт на қитъаи замин ба қайд гирифташуда буду на манзили истиқоматӣ ва ин ҳолатро кормандони ҷамоати деҳот хуб медонистанд. Муҳиддинов Самандар Тоҷиддинович ва Муҳиддинов Ҳабибулло соли 2010 ба суди ш. Ваҳдат бо аризаи даъвогӣ нисбати ман Муҳиддинов Рустам Тоҷиддинович, Комиссияи қонунигардонии молу мулки Ҳукумати ш. Вахдат, Кумитаи заминсозии шаҳри Ваҳдат оид ба барқарор намудани муҳлати даъво, қисман бекор намудани қарор, шаҳодатномаи қонунигардонии молу мулк ва бекор кардани сертификати ҳуқуқи истифодабарии замини наздиҳавлигӣ, муроҷиат карданд. Нисбати ин даъвои боло ман ҳам аризаи мутакобилаи даъворо пешниҳод намуда, бартараф кардани монеагиҳоро аз суд талаб кардам. На дар ариза ва на дар санади судӣ ин ҳолат қайд нашудааст. Ин замин ҳоло ҳам таҳти истифодабарии ман қарор дорад. Соли 1987 кормандони МБТИ ш. Ваҳдат омада замини маро чен карда, дар асоси маълумотномаи худи ҷамоати деҳот шиносномаи техникиро тартиб дода буданд.
Новобаста аз он, ки ҳуқуқи бо чунин даъво ба суд муроҷиат карданро надоштанд, аризаашон қабул мешавад ва ҳалномаи судӣ мебарояд, ки тибқи ин санади судӣ, замини маро 10 сотих карданд, яъне Қонуни авфи имзогузоштаи Шумо -Ҷаноби Олиро судҳо бекор карданд. Дар Кодекси Замини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 22 омадааст, ки “Қитъаи замин ба шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ дар асоси қарорҳои мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроия мувофиқи моддаи 26 ҳамин Кодекс дода мешавад”. Чунин қарорро ман доштам. Пас, барои чӣ онро қисман бекор карданд? Вале суд ба хамаи камбудиҳо нигоҳ накарда, ҳаматарафа, объективона, ваҷҳҳои аризаи даъвогиро насанҷида, баҳои ҳуқуқӣ надода, татбиқ шудани Конуни авфи молу мулкро ғайриқонунӣ ҳисобида, онро қисман бекор кардааст. Ҳатто дар мурофиаи судии cоли 2010 Муҳиддинов Самандар Тоҷиддинович ба суди ш. Ваҳдат бо даъвои мазкур мурочиат намуда, ман Муҳиддинов Амриддинро, бо вуҷуди он, ки аз ин санади судӣ огаҳӣ надоштам, ҳамчун «шоҳид» гузаронидаанд. Маро вобаста ба ин парванда гӯё пурсида бошанд ва ман «нишондод» ҳам додаам, ки гӯё замину хонаи ба ман тааллуқ дошта, аз хоҳарам Қумрӣ будааст, ки мутлақо дуруғ аст.
Ҳалномаи соли 2010 бо шикояти кассатсионии ман- Муҳиддинов Рустам бекор карда шуд. Баъдан, боз бо ҳалномаи дигари суди ш. Вахдат, аз 30. 09. 2011 чунин санади судӣ такроран, қабул карда шуд. Ман ҳамон сол ба тамоми мақомот ариза навишта будам, вале ягон санҷиш гузаронида нашуд. Дар вақти қабули ин санади судӣ аллакай падари мо вафот карда буд ва оид ба «мерос» ва тақсими он ягон баҳс вучуд надошт. Аз соли 2010 сар карда судяҳои суди ш. Ваҳдат аввал Раҳмонзода М, марҳум Қурбонов К. ( соли 2011) ва баъдан раиси суди ш. Ваҳдат Камолзода С. И., ( соли 2021) ва охирин ҳалномаи судиро дигар судяи суди ш. Ваҳдат Маҳманназарӣ Ш., ( соли 2022), ки бе иштироки мо қабул намуда, баъдан барои шинос шудан ба маводҳои парвандаву протоколҳо монеагӣ эҷод карда буд, қабул кард. Эроди ба протоколи маҷлиси судӣ овардаи моро баъдан муовини раиси суди ш. Ваҳдат Ҳабибулозода боз ҳам бе огаҳии мо ва бе иштироки мо 14.02.2023 гӯё баррасӣ намуда бошад. Муҳамадназариён, ки дидаву дониста, бе иштироки мо ҳолатҳои ба кор дахлдоштаро баҳои дурусти ҳуқуқӣ надода, дар асоси далелҳои сохтакорикардашуда ва нодуруст қайд кардани нишондодҳо дар санади судӣ ва дар асоси нишондодҳои бардурӯғ санади судии ғайриқонунӣ қабул намудааст, дар ҳалномаи охирин бошад, ҳатто аз мавҷудияти халномаи суди ш. Ваҳдат, аз 30. 03. 2011 оид ба даъвои ҳамин тарафҳо, ки дар ин ҳалнома омадааст, ки падарам ҳанӯз соли 1987 манзилҳо ва замини наздиҳавлигиро ба се нафар тақсим карда дода буданд, ба ҷои номи Муҳиддинов Амриддин Муҳидинова Қумриро навиштаанд. Бо ҳалномаи суди ш. Ваҳдат аз 18. 03. 2021 даъвои Муҳиддинов Самандар Тоҷиддинович дар намояндагии Муҳиддинов Баҳодур Самандарович, Муҳиддинова Қумрӣ Точиддиновна, Савзаев Ҳилолиддин Ҷумақулович нисбат ба Муҳиддинов Амриддин Тоҷиддинович, Муҳиддинов Рустам Тоҷиддинович, шахсони манфиатдор Мақомоти иҷрояи Ҳокимияти давлатии ш. Ваҳдат, КДФ «ба кайдгирии молу мулки ғайриманқул», дар ш. Ваҳдат ва Кумитаи замини ш. Ваҳдат «оид ба эътирофи далели ҳуқуқи соҳибмулкӣ ба манзили истиқоматии худсарона сохташуда ва тақсими мерос байни меросхӯрон», қисман қонеъ карда шудааст. Шикояти кассатсионии ман бе иштирокамон мавриди баррасӣ қарор дода шуда, моро хатто аз рӯзи баррасии шикоятамон дер огоҳ карданд. Бо протоколи маҷлиси судӣ бошад, ҳатто шинос ҳам накарданд. Шикояти назоратии моро бошад, ки ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 11. 06. 2021 ворид шуда буд, бо таъиноти судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қамарзода Рошиддин дар таърихи 28.07.2021 ирсоли парвандаро ба марҳилаи назоратӣ рад мекунад. Ин судя дар ҳама парвандаҳои мо иштирок дорад. Мутаассифона, гуфта наметавонем, ки ин тасодуф аст. Яъне, марҳилаҳои кассатсиониву назоратии Суди Олии Ҷумхурии Тоҷикистон шикоятҳои моро рӯякӣ, хунукназарона, нообъективона баррасӣ намуда, ба хатогиҳои ҷойдошта баҳои дурусти хуқуқӣ надоданд. Суди ш. Ваҳдат, илова бар он, ки мархиллаи кассатсионӣ ва марҳилаи назоратии Суди Олии Ҷумхурии Тоҷикистон дидаву дониста, ки Муҳиддинов Тоҷиддин, то вақти вафоташ дар номаш манзили истикоматӣ надошт, чунин халномаи мутлақо ғайриқонуниро қабул намуда, як оилаи калонро ба ду қисм ҷудо карда, душман якдигар кард. Мо ҳаминро фаҳмидем, ки санадҳои судии ғайриқонунии раиси суди ш. Ваҳдат Камолзода С. дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бекор карда намешаванд, зеро ӯ худро дар ҳама ҷо «писархонди Раиси Суди Олии Ҷумхурии Тоҷикистон» муаррифӣ мекунад.
Тибқи талаботи Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумхурии Тоҷикистон, таҳти №13, аз 23 июни соли 2010 «Дар бораи ҳалномаҳои судӣ», омадааст, ки «Ҳалномаҳо ҳамон вақт асоснок мебошад, ки агар ҳолатҳои парванда бо далелҳои дар маҷлиси судӣ таҳқиқгардида, ки ба талаботи қонун оид ба дахлдорӣ ва ҷоизии далелҳо ҷавобгӯ бошанд, ё ҳолатҳое, ки ба исбот эхтиёҷ надоранд ( Моддаи 64 КМГ), тасдиқ шуда бошанд. Инчунин, вақте, ки халнома хулосаҳои мукаммали судро дар бар мегиранд, ки онҳо аз ҳолатҳои воқеъии парванда бармеоянд».
Муҳтарам Пешвои миллат, магар суди зинаи якум ин талаботи Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя кардааст? Ё талаботи Қонуни мурофиавии гражданиро риоя кардааст? Албатта не! Ҳатто дар хусуси мавҷуд будани санади судии қувваи қонунидошта дар ҳалнома чизе наомадааст. Тибқи м. 4 КМГ ҶТ, «Ҳар шахси манфиатдор тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавии судии гражданӣ ҳуқуқ ба ҳифзи судӣ дорад». Вале судҳо, дар ҳалномаҳои дар боло баровардаи худ манфиати танҳо тарафи даъвогарро ҳимоя намуда, манфиатҳои моро бо аҳли оилаамон, сарфи назар карданд. Яъне, суд аз лаҳзаҳои аввалини баррасии парванда даъвогар Муҳиддинов Самандарро дар ҳолати имтиёзнок карор дода, ҳуқуқи дигар тарафҳоро поймол намуданд. Аз соли 1987 то соли 2010 ягон хел даъво оид ба на қитъаи замин ва на манзилҳои истиқоматӣ дар ягон мақомот на муроҷиат буд ва на мавриди баҳс қарор дошт.
Ман Муҳиддинов Амриддин баъди аз Русия баргаштананам соли 2019, ки ба замину ҳавлиам шиносномаи техникӣ доштам ва ҳамчун соҳибмулк дар дафтари ҷамоати деҳоти ба номи Раҷаб Исмоилов, таҳти №36 варақаи шахси 1194, ҳамчун соҳибмулк ба қайд гирифта шуда будам, ҳуқуқамро барқарор кардам ва дар асоси забонхати Муҳиддинова Қумрӣ, ки аслашро дар ҷамоати дехот дар ҳамон дафтари ҳоҷагӣ дӯхта шудааст, вале оид ба ин холат дар халномаи суди чизе наомадааст. Суд дидаву дониста, ки соли 2010-2011 ин нафарон баҳс доштанд ва масъалаи мерос умуман набуд, барои чӣ аризаи пешниҳод кардаи моро “оид ба татбиқи муҳлати даъво” рад мекунанд, агар манфиатдор набошанд? Суд ҳуқуқ дошт, ки аз номи се нафар, ду фарзанду як набера, меросро ба дигарон таксим кунанд, дар сурате, ки дигар фарзандон даъво накардаанд ва ба парванда онҳоро ҷалб ҳам накарданд? Суд ҳуқуқ дошт, ки аризаи даъвогиро ба дигар талаби даъво иваз кунанд, дар сурате, ки оид ба ин ҳолат ягон қарор қабул карда нашудааст? Агар забонхати падарамон, аз 15.09.2008 мавҷуд мебуд, сохтакорӣ намешуд, барои чи соли 2010-2011 оид ба тақсими мероси набуда, муроҷиат накарданд?
Ҳама ҳолатҳое, ки дар боло овардем, аз ба таври ҷиддӣ вайрон кардани меъёрҳои ҳуқуқҳои мурофиавӣ буда, бо роҳи сохтакорӣ ва бардурӯғ нишондод додани шоҳидон, санади судии ғайриқонунӣ қабул шудааст, ки қонунгузор ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ кардааст? Ба наздикӣ боз ҳам шикояти кассатсиониамонро аз болои ҳалномаи дигари судӣ беқаноат мононданд. Моддаи 64 КМГ ҶТ дастрас намуданд. Аҷоибаш дар он аст, ки санади судии соли 2011-ро, ки қувваи қонунӣ дорад, умуман ба назар нагирифтаанд. То ба кай бо роҳи шиносбозӣ, дастгирии судяҳои болоӣ санадҳои ғайриқонунӣ дастгирӣ мешаванд? Ё таги коса нимкоса аст? Мо намедонем…
Бо эҳтиром Муҳиддинов Р. Т.
Муҳиддинов А. Т.
Намояндаи ваколатдор Розиева Қ. М.