Дар рӯзномаи “Фараж” мақолаи набераам Наимов Муҳаммадрустамро хонда баромадам. Набераи ман суханони Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мақолаи худ оварда, мехоҳад бо ин роҳу восита хонандаро ба роҳгуми бурда ба мақсадҳои нопоки худ расад.
Ман санаи 01.01.1976 сол бо сокини шаҳри Исфара Ҳасанова Шарифахон оиладор шуда, аз ин ақди никоҳ соҳиби 4-писару як духтар гардида будам, аз ҷумла: Наимов Кучанг Абдумуминович (1976), Наимов Абдумуслим Абдумуминович “1979”, Наимов Баҳоваддин Абдумуминович “1978”, Наимов Аҳмадxон “1982” ва духтарам Наимова Ҷаннатхон “1983”. Наимов Аҳмадxон ва Наимова Ҷаннатхон дар даврони хурди вафот намуданд. Солҳои қабли дар даврони Шӯравӣ ман дар корхонаи чоҳкобии Нефтободи шаҳри Исфара, ҳамчун ронанда кору фаъолият менамудаму дар рӯзҳои истироҳат ба хариду фурӯши меваи хушк ва шуғли қассобӣ машғул будам. Баъдан бинобар ба иқтисоди бозоргонӣ рӯй овардани Ҷумҳурӣ солҳои 1990-ум ба фаъолияти тиҷоратӣ машғул гардида, бинобар ривоҷу равнақ ёфтани тиҷоратам, дар шаҳри Исфара шахси пулдор ба ҳисоб мерафтам. Оилаам ва фарзандонамро ба пуррагӣ ва то ҳатто зиёдатӣ аз хӯроку пӯшок ва бо дигар имтиёзҳои зиндагӣ таъмин менамудам. Нисбати фарзандонам ягон чизро дареғ намедоштам, хусусан фарзанди калониам Наимов Кучанг Абдумуминовичро нисбат ба дигар фарзандонам дӯст медоштам ва ӯро эрка калон карда, ҳамаи талаботҳояшро қонеъ менамудам ва ҳамчунин ба ӯ боварии калон доштам. Маҳз ҳамин боварӣ ва меҳри падари буд, ки ман ба фиреби ин фарзанди худ гирифтор шуда, қисми зиёди амволи худро бо ваъдаи он, ки оянда ин амволҳоро бозгашт ба номи ман баргардонида медиҳад, ба номи вай ва фарзандаш ба тариқи аҳдҳои муносибатҳои маданӣ гузаронида будам. Баъди солҳои 2003-юм ман ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба шаҳри Хабаровски Федератсияи Россия рафта, дар он ҷой макони зист карда, ба тиҷорат машғул гардидам. Ҳамзамон бо гузашти вақт тамоми фарзандони худро ба ин шаҳр оварда аз ҳисоби худам ба онҳо шаҳрвандии ин давлатро гирифта дода, бо манзилҳои истиқоматии обод таъмин намудам ва ҳамчунон барои ташкил намудани тиҷорат ва пешбурди зиндагонӣ ба онҳо мусоидат намудам. Аз ҷумла барои пешбурди зиндагияш ба Наимов Кучанг, ки падари набераам Наимов Муҳамадрустам мебошад автобус харидорӣ кардам. Дар маҷмуъ ба тамоми фарзандонам алалхусус писарам Наимов Кучанг ва наберагонам Наимов Муҳамадрустам ва Наимов Муҳамадали тамоми ҳастии худро бахшида будаму ягон чизро аз онҳо дареғ надошта ба воя расонида соҳиби хонаву дар намуда будам. Бо гузашти вақт пиронсол шуда ба бемориҳои қанд, фишорбаландӣ гирифтор шудам ва соли 2021 ба зодгоҳам шаҳри Исфара баргашта омадам. Бинобар он, ки дар шаҳри Исфара ду манзили истиқоматӣ ва як иншооти корхона доштам, барои зиндагонӣ намудан ба ин маконҳо рафтам. Ман, ки марди куҳансолу бемор мебошам, фарзандам Наимов Кучанг ва набераам Наимов Муҳамадрустам ба ин манзилҳо роҳ надода, нисбати ман ҳақоратҳои қабеҳ ва ноҳурматиро раво диданд. Ман ҳеҷ гоҳ дар гӯшаи хаёлам ҳам намегузаронидам, ки фарзанди худам, ҷигарбандам нисбати ман чунин суханонро раво мебинад ва маро аз дар берун намуда, ба амри тақдир месупорад. Ҳамин тавр ман дар дами пирӣ бе муттако ва бе хонаву дар мондам. Фарзандам Наимов Кучанг маро таҳқиру туҳмат намуда, аз соли 2020 то ба инҷониб ҳатто як маротиба аз ҳолам напурсидааст ва ягон дирам ҳам ёрии моддӣ накардааст. Ҳол он, ки чуноне дар боло қайд намудам ман тамоми ҳастии худро барои онҳо бахшида будаму то ба солҳои охир ӯро дастгирӣ менамудам. Яъне писарам Наимов Кучанг ва фарзанди ӯ набераам Наимов Муҳамадрустам аз доираи одоби инсони берун рафтор намуда, маро таҳқиру ҳақорат ва бе хонаву ҷой намуда, зӯроварии маънавиро нисбати ман раво диданд. Маҳз барои ҳамин баҳри барқарор намудани ҳуқуқҳои худ ба суд муроҷиат намудам. Дар асоси ҳалномаи суди шаҳри Исфара аз санаи 08.11.2022 сол Наимов Кучанг ӯҳдадор гардидааст, ки ба ман алимент ба миқдори 200 сомонӣ дар як моҳ пардохт намояд. Лекин ба ин санади судӣ низ нигоҳ накарда аз пардохти алимент то ба ҳоло саркашӣ намуда, ягон дирҳам пардохт накардааст. Бинобар он, ки Наимов Кучанг ва Наимов Муҳамадрустам баҳри аз ӯҳдадорӣ гурехтан мақсади фурӯши амволҳои маро намуданд барои баргардонида гирифтани онҳо ман ба суд муроҷиат намудам ва суд дар доираи қонунҳои амалкунанда хулосаи худро бароварда, амволҳои маро ба ман баргардонида дод, ки ҳам аз нуқтаи назари қонунӣ ва ҳам аз нуқтаи назари шариату адолат дуруст ва асоснок мебошад. Ман боварии комил дорам агар ин фарёди дили ман ба саҳми Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон расад, нисбати чунин фарзандони нохалаф чора диданро талаб менамоянд. Зеро маҳз бо мусоидат ва талабу дархости фарзандам Наимов Кучанг ва писари ӯ Наимов Муҳаммадали ман давоми чор соли охир бе хонаву дар, дар ба дари хешу авлодон ва бегонагон қарор дошта, то ҳатто дар кӯчаҳо шабро рӯз намудаам. Фарзандам Наимов Кучанг аз ҳоли ман хабар нагирифта то ҳатто нисбати ман зӯровариро раво дида истодааст. Дар чунин ҳолат фарёд накарда, нола накарда чи кор кунам?
Маҳз адолати судӣ буд, ки ҳуқуқҳои ман барқарор карда шуд. Ин буд донае аз хӯшаи рафтор ва кирдори муаллифи мақола Наимов Муҳамадрустам. Акнун мегузарам барои исботи дуруғҳое, ки ин муаллиф дар мақолааш овардааст.
Пеш аз ҳама қайд мекунам, ки ҳалномаи суди шаҳри Исфара аз 14-уми декабри соли 2023 санаи 14 майи соли 2024 ба қувваи қонунӣ даромадааст. Ҳалномаи судӣ аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуда, қувваи олии ҳуқуқӣ дорад ва иҷроиши он барои ҳамагон ҳатмӣ мебошад. Пас дар чунин ҳолат амалҳои ман вобаста ба иҷроиши он чи гуна ғайриқонунӣ мешудааст? Гузашта аз он ман ба ягон манзили истиқоматии Наимов Муҳамадали ворид нашудаам. Балки ин иншоот мебошад ва дар асоси ҳалномаи ба қувваи қонун даромада моликияти ман ҳисобида шудаасту дар асоси ҳуҷатҳои ҳуқуқ муқарраркунанда қарори Раиси шаҳри Исфара, ки он қитъаи замин ба номи ман вобаста шудааст ва шаҳодатномаи бақайдгирии давлатӣ, ки тибқи он ман соҳибҳуқуқи ин иншоот шудаам, ба ҳудуди иншоотам ворид шудам. Баъдан ягон вақт ин иншоот қулф надошт ва ман озодона ва бе монеъагии ягон нафар вориди он шуда, ҳуқуқҳои худро амали карда истодаам. Ҳалномаи судӣ ҳанӯз моҳи декабри соли 2023 қабул ва соли 2024 ба қувваи қонун даромада бошад, ҳам ман аввалҳои соли 2025 вориди иншоотам шудаам. Дар ин давра Наимов Кучанг ва Наимов Муҳамадрустам то ба мақомотҳои судҳои вилоятию Ҷумҳуриявӣ бо шикоятҳои кассатсионӣ ва назоратӣ муроҷиат намудаанд. Яъне онҳо пурра ва ҳаматарафа медонистанд, ки санади суди қабул шудааст ва дер ё зуд ман ба иншоот ворид мешавам. Бинобар ҳамин ман дар асоси санади судии ба қувваи қонун даромада вориди иншооти шахсиам шудаам ва дар амалҳои ман ягон намуд аломати ҷиноятӣ ки дар моддаи 255 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст дида намешавад.
Наимов Муҳамадрустам дар мақолаш қайд намудааст, ки гӯё Наимов Кучанг бо розигии ҳамсараш Наимова Ҳадисахон манзили истиқоматиро санаи 20.04.2005 сол ба ӯ ҳадя намуда будаанд. Бояд иброз намоям, ки иншооти баҳси ягон вақт манзили истиқоматӣ шинохта нашуда буд. Тибқи шартномаи ҳадя гӯё ҳавлии истиқоматии ҳадяшуда ба ҳадядиҳанда (Наимов Кучанг Абдумуминович) дар асоси шартномаи хариду фурӯш, ки дар идораи нотариалии давлатии шаҳри Исфара 16 июли соли 1998 таҳти феҳрасти №2Д-322 тасдиқ кардааст тааллуқ дорад. Дар асоси шартномаи мазкур ба Наимов Кучанг ман иншооти бинои филиали сехи дӯзандагии Фирмаи коллективии истеҳсолӣ-тиҷоратии «Базеб»-ро, ки дар шаҳри Исфара, кӯчаи 8-Март, хонаи №66 ҷойгир шудааст аз ҳисоби маблағҳои шахсиам харида дода будам, ки дар асоси ҳалномаи суди шаҳри Исфара аз санаи 14.12.2023 сол ба ман баргардонида шудааст. Яъне модоме, ки шартномаи ҳадя аслан вобаста ба манзили истиқоматӣ мебошад ва ин иншоот тибқи шартномаи хариду фурӯш манзили истиқоматӣ арзёби нашудааст, пас ҳадягиранда аз ҳадядиҳанда манзили истиқоматиро талаб намояд.
Баъдан тибқи талаботи моддаи 189 Кодекси гражданӣ аҳдҳои вобаста ба амволи ғайриманқул бояд ба қайди давлатӣ гирифта шаванд. Лекин ин шартномае, ки дар мақола Наимов Муҳамадрустам қайд намуда истодааст, умуман ба қайди давлатӣ гирифта нашудааст. Ҳолати мазкур бо маълумотномаи КДФ «БММҒ» дар шаҳри Исфара, таҳти №1/05.3285 аз 19.12.2022 сол, ки ба унвонии суди шаҳри Исфара ирсол шудааст тасдиқи бебаҳси худро меёбад. Дар асоси талаботи моддаи 190 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя накардани шакли нотариалӣ ё талаботи бақайдгирии давлатии аҳд боиси беэътибории он мегардад. Чунин аҳд беэътибор дониста мешавад. Яъне модоме, ки Наимов Кучанг ва ё Наимов Муҳамадрустам ва ё модараш Наимова Ҳадиса шартномаи ҳадяро новобаста аз он, ки нодуруст мебошад ба қайди давлатӣ нагарифтаанд пас ин шартнома тибқи қонун беэътибор ҳисобида мешавад. Дар чунин ҳолат муаллифи мақола ва ё каси дигар амали шудани онро талаб намуданаш худаш нодуруст мебошад. Гузашта аз он ҳамин ҳолатро суди шаҳри Исфара дар ҳалномаи худ аз санаи 14.12.2023 сол пурра, ҳаматарафа ва обеъктивона мавриди омӯзиш қарор дода баҳои ҳуқуқии худро дар санади судӣ додааст. Яъне дар маҷмуъ шартномаи ҳадяе, ки Наимов Муҳамадрустам дар мақолаи худ овардааст ҳамчун далели носаҳеҳ зимни баҳодиҳии далелҳо аз ҷониби суди шаҳри Исфара эътироф карда шуда ба назару эътибор гирифта нашудааст ва барои ҳамин ин ваҷҳҳои дар мақола овардаи Наимов Муҳамадрустам нодуруст мебошад.
Сониян судяи суди шаҳри Исфара мурофиаи судиро вобаста ба талаботи даъвогии ман, бо қатъи риоя намудани муқарароти қонуни мурофиаи судӣ пешбурда, ҳолатҳои корро пурра, ҳаматарафа ва обеъктивона, муайян намуда, бо татбиқи дурусти меъёрҳои ҳуқуқи моддӣ, бо қатъи риоя намудани меъёрҳои ҳуқуқи мурофиавӣ ҳалнома қабул намудааст, ки бо санадҳои судҳои болои, ки дар асоси шикояти кассатсионӣ ва назоратии Наимов Муҳаммадрустам қабул гардидааст, тасдиқи худро ёфтааст.
Дар давоми мақола Наимов Муҳамадрустам якчанд саволҳо гузоштааст, ки аз нуқтаи назари мантиқ нодуруст мебошад. Зеро дар аввал ва охири мақолааш қайд намуда истодааст, ки гӯё ман манзили истиқоматии охиронро тибқи ҳалномаи суди шаҳри Исфара аз 14-уми декабри соли 2023 ва қарори колегияи кассатсионии Суди вилояти Суғд аз 14-уми майи соли 2024 азони худ намудаам, вале дар қисмати саволномаш қайд намуда истодааст, ки гӯё шикояти кассатсионии шахсони мурофиавӣ дар мурофиаи судии касстасионии Суди вилояти Суғд мавриди баррасӣ қарор дода нашудааст. Яъне дидаву дониста ва ошкоро Наимов Муҳамадрустам нисбати низоми судӣ тӯҳмат намуда истодааст.
Наимов Муҳамадрустам қайд намуда истодааст, ки гӯё Наимов Кучанг дар мурофиаи судӣ тамоман иштирок накардааст. Ин ҳолат низ дурӯғи маҳз мебошад. Зеро Наимов Кучанг аз аввали оғози мурофиа ду намоянда (яке собиқ муовини Раиси суди вилояти Суғд ва дигари собиқ Раиси суди ноҳия) гирифта буд, ки аз аввал то ба охири мурофиа ва баъдан дар марҳилаи кассатсионӣ иштирок намудаанд. Яъне ин ваҷҳи Наимов Муҳамадрустам низ қобили қабул ва тӯҳмат мебошад. Дар маҷмӯъ ҳамаи ваҷҳҳои дар мақола овардаи Наимов Муҳамадрустам ягон асоси воқеъи надоранд.
Наимов АБДУМУМИН