Ба вазири корҳои дохилии

Ҷумҳуҳурии Тоҷикистон

Муҳтарам Раҳимзода Р.Ҳ.

Аз номи сокини шаҳри Душанбе

Холова Савринисо Пормоновна,

с.т.1971 истиқоматкунандаи

кӯчаи Айнӣ, бинои 100, манзили 36,

соҳибкор, соҳиби се фарзанд

Эҳтиромона тибқи аризаи хеш ба маълумоти Шумо мерасонам, ки айни замон ба мушкилоте дучор гаштаам, ки зарурат ба миён овард, то баҳри ҳалли он ба Шумо, ки имрӯзҳо баҳри ҳалли мушкилоти даҳҳо мардуми ниёз ба дастгиридошта, камари ҳиммат бастаед, муроҷиат намоям.

Соли 2012, санаи 20 август, ба сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи М.Муҳаммадиев, бинои 100, ҳуҷраи 35 Сайфов Саидғуфрон Шоҳсафарович, ки дар ҳамсоягиамон истиқомат дошт, ба маблағи 150 ҳазор доллари амрикоӣ, ки мехост тиҷораташро рушд диҳад, ба муҳлати ду сол қарз додам. Лозим ба ёдоварист, ки ин шахсият борҳо аз ман маблағи 20-30 ҳазор доллар қарз  дархост карда ва ба боварӣ даромада буд ва саривақт маблағҳоро бармегардонид. Аз ин рӯ, забонхат нагирифтам.  Аммо  номбурда пас аз гирифтани маблағи калон 2 моҳ дар Тоҷикистон буд ва баъдан ба шаҳри Красноярски Федератсияи Россия (аз рӯи маълумотҳо дар кӯчаи “Краснорабочий” истиқомат дорад ва шаҳрвандии Россияро доро аст, рақами телефонаш дар Рф +79659008132) сафар кард. Дар муддати 5 соли аввал тариқи телефон сӯҳбат мекардем ва ваъда медод, ки маблағи қарзро бармегардонад. Аммо 5 соли охир ба телефон ҷавоб намедиҳад ва занг ҳам намезанад. Дар мудддати 10 сол ман ба мушкилоти зиёди иқтисодӣ дучор гардидам ва маҷбур шудам, ки баҳри ҳалли онҳо манзили истиқоматиамро фурӯшам. Аз ҷумла шавҳарам ба бемории саратони ҷигар гирифтор шуд ва ман натавонистам барои табобати  ӯ бинобар сабаби набудани маблағ кӯмак намоям. Духтарчаам дар синни 20 солагӣ афтида сутунмуҳрааш иллат пайдо кард, ки дуруст роҳ гашта наметавонад. Барои табобати ӯ 20 ҳазор доллари амрикоӣ зарур аст, аммо чунин маблағро дарёфт карда наметавонам.

Айни замон, дар хонаи иҷоравӣ зиндагӣ карда истодаам, писарчаи ноболиғам дар синфи 4 таҳсил дорад, ки барои харидории либоси мактабии фарзандам имкон надорам.

Аз сабаби ғами зиёд хӯрданам худам низ саломатиамро аз даст дода, ба бемории фишорбаландӣ гирифтор гаштаам.

Аз рӯи маълуоти наздикони Сайфов Саидғуфрон ӯ дар кишвари дигар шароити хуби зиндагиро доро буда, борҳо зиёрати хонаи Худо кардааст ва чандин нафаронро ба ин сафар равона намудааст.

Аммо шароити душвори ман заррае дар дили ӯ инсофро бедор накарда истодааст.

Оиди ин масъалаи ба миён омада ман ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намудам. Аризаи шикоятии манро Прокуратура ба Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе ирсол намуд.

Дар Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе, бе ягон чорабини аризаи маро ба ШВКД-2 ниҳияи Синои шаҳри Душанбе ирсол намуданд. Мутаассифона, нозири минтақавии ШВКД-2 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ягон чора наандешида истодааст.

Аз гуфтаҳои нозири минтақавии ШВКД-2 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, п\п Хуморов Дилшод бармеояд, ки ӯ аризаи маро бозпас мегардонад ва илова намуд, ки шаҳрванд Сайфов Саидғуфрон берун аз марзи ҷумҳурӣ қарор дорад ва маро таъкид намуд, ки “ин давиданҳои ту ягон фоида надорад, метавонӣ  дигар ба ягон ҷой шикоят нанамоӣ”.

Аз рӯи маълумот нозири минтақавӣ п\п Хуморов Дилшод ҳамшаҳрии Сайфов Саидғуфрон мебошад.

Бо дарназардошти далелҳои болозикр, аз Шумо Вазири муҳтарам  эҳтиромона  хоҳиш менамоям, ки дар ҳалли ин қазия ба мо кӯмак расонед. Ҳамзамон, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки аризаи маро ба Раёсати тафтишот вогузор намоед.

Қаблан барои дастгириатон сипосгузорам.

Бо арзи эҳтиром: Холова С.П

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь