Ба асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ҷаноби Олӣ!

Мо сокинони ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара, ки соҳиби касбу кори гуногун ҳастем, аз қонуншикании Мақомоти ноҳияи Исфара ва мақомотҳои вилоятиву сохторҳои қудратӣ ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд бор муроҷиат намудем. Аз чӣ сабаб бошад, ки ариза ва муроҷиати чандкаратаи мо мавриди санҷиш қарор нагирифт. Сипас, ба Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ва аҳли қалами ҳафтаномаи “Фараж” муроҷиат кардем. Муроҷиат пазируфта шуда, барои санҷидан ва тасдиқ намудани далелҳо ба назди мо роҳбари маркази мазкур Хуршед Атовулло ташриф оварда, далелҳои пешниҳодкардаро ҳаматарафа санҷида, дар рӯзномаи “Фараж” маводи тадқиқоти журналистӣ чоп намуданд. Аз номи мо ба Прокуратураи генералӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораҳои № 33,34,35,36 зери сарлавҳаи “Чоркӯҳ: Чаро ба Президент дурӯғ гуфтанд?” ба нашр расид. Мардуми аламзадаи Чоркӯҳ хеле хурсанд шуданд, аммо аз чоп шудани мавод зиёда аз 2 моҳ гузашта бошад ҳам, ягон мақомоти тафтишотӣ ин қазияро дар мадди назар гирифта, мавриди баррасӣ ва ҳаллу фасл қарор надод. Баръакс, раиси собиқи ҷамоат Шаропов В. ва раиси вақти ҷамоати Чоркӯҳ Назриев Ш. моро маломат намуда, пичинг мепарронанд, ки то пуштибонҳои мо дар мақомоти давлатӣ ҳастанд, касе пишаки моро пишт гуфта наметавонад.

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ!

Мо бо боварии комил ба Шумо муроҷиат менамоем ва итминон дорем, ки ба дарди мо фақат Шумо даво бахшида метавонед.

Ба муроҷиатнома мақолаи “Чоркӯҳ: Чаро ба Президент дурӯғ гуфтанд?” барои шиносоӣ бо далелҳо замима карда мешавад.

Бо як ҷаҳон умедворӣ:

Аминов А., Мамадов А., Шокирова У., Олимова М., Ашурова А., Додохонова З., Назирова М., Ғаффорова М.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь