Қонун дар бораи хиёнат лозим?

Ба таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдат миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,

Ба таваҷҷуҳи раиси Суди Олии ҶТ, муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ, Пешвои миллат, бо умед ба Шумо муроҷиат карда, хоҳиш дорам, ки ба мушкилии ман расидагӣ намоед, зеро ман намедонам ду фарзанди ноболиғи ман дар куҷоянд ва дар чи шароит зиндагӣ мекунанд.

Сабаби муроҷиати ман ба Шумо он аст, ки судяи суди ноҳияи Панҷ Солеҳзода Шараф Саттор аризаи даъвогии ҳамсарам Шарифзода Дилрабо Саъдуллоро, дар бораи мукаррар намудани ҷои зисти кӯдакон, бе иштироки ман баррасӣ намуда, санаи 28 марти соли 2024 ҳалномаи ғайриконунӣ баровард. Ҳамин тавр, тариқи зурию таҳдид, ғайри хоҳиши онҳо, судиҷрочиён омада, писаронамро аз хона бароварда, ба ҳамсарам доданд. Ҳарчанд, тӯли 10 моҳи ҷудоӣ, ҳамсарам боре ҳам пайдо нашуд ва аз ҳолу аҳволи кӯдакон хабар нагирифт.

Гап сари он меравад, ки ман бо ҳамсари собиқам Шарифзода Д.С. 3-юми феврали соли 2019 оила барпо намуда, 5-уми марти ҳамон сол ақди никоҳи давлатиамонро дар ҷ\д Озодагони н. Панҷ ба расмият даровардем. Аз зиндагонии якҷояамон соҳиби ду фарзанд-Раҷабзода Аҳмад Маҳмадалӣ (тав. 29 декабри соли 2019) ва Раҷабзода Усмон Маҳмадалӣ (тав. 14 марти соли 2022) гардидем. Ман ҳеҷ гоҳ нияти аз ҳамсарам ҷудо шуданро надоштам, аммо вақте ки аз хиёнати ӯ бо марди дигар огоҳ шудам, рӯз дар назарам ҳамчун шаби тор гардид.

Дигар тоқат карда натавонистам, хушдоманамро даъват намуда, дар шоҳидии хешу табор, хиёнати ҳамсарамро исбот кардам ва бе гапу хабари зиёдатӣ, ӯро ба модараш супоридам. Боз чӣ кор карда ҳам метавонистам? Охир, дигар чи хел бо зани хиёнаткор, ки зиндагии ҳалоламро ҳаром кард, метавонистам зиндагиро идома диҳам ва ҳамчунин, тақдири минбаъдаи фарзандонамро чи гуна ба ӯ бовар кунам?

Дар мавриди хиёнати ҳамсарам баёноти марди зинокорро, ки аз моҳи августи соли 2023 бо ӯ ишқварзӣ мекардааст, дар даст дорам. Ин ноҷавонмард шахси бегона набуда, балки писараммаам-Холов Умед Абдуалимович мебошад, ки дар як деҳа-деҳаи ба номи Ҳасан Шерови ҷамоати деҳоти Озодагони н. Панҷ зиндагӣ мекунем. Ҳамин хел шуд, ки мо якҷоя дар заминҳои чарогоҳи ҷамоати деҳоти Озодагони ноҳия гову моли як калоншавандаро бонӣ мекардем. Тибқи маслиҳат, молу говҳоро 3 шабонарӯз ман бонӣ мекардам ва 3 шабонарӯзи дигар Холов Умед мепоид. Ҳамин тавр, дар навбати подабонии ман ӯ ба деҳа баргашта, бо ҳамсари ман ишқварзӣ мекардааст. Номбурда ин ҳолатро инкор намекунад ва баёноти худиқрорӣ ҳам дорад.

Хулоса, бо халномаи суди ноҳияи Панҷ розӣ нашуда, ба Коллегияи суди оид ба парвандаҳои оилавии суди вилояти Хатлон шикояти кассатсионӣ навиштам. Бо қарори марҳилаи кассатсионии суди вилояти Хатлон аз 11 июни соли 2024 шикояти кассатсионии ман рад карда шуд. Ба Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавии вилояти Хатлон шикояти назоратӣ навиштам, аммо то ҳол шикояти ман бе натиҷа аст.

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ, мутобики Қарори Пленуми Суди олии Ҷумхурии Тоҷикистон ва тағйиротҳои он аз 2. 10. соли 2003 хангоми дар суд баррасӣ намудани парвандаҳои оилавӣ доир ба тарбияи кӯдакон тибқи моддаи 49 Кодекси мурофиавии мадании Ҷумхурии Тоҷикистон ва моддаи 78 Кодекси оилаи Ҷумхурии Тоҷикистон мақомоти васояту парасторӣ вазифадор аст, ки ҷиҳати ҳимояи ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон дар баррасии судӣ ҷалб карда шаванд. Ҳамчунин, Мақомоти васояту парасторӣ вазифадор карда шудааст, ки шароити зисти кӯдак ва шахсонеро, ки даъвои тарбияи кӯдакро доранд, санҷида, ба суд санади санҷиш ва хулосаи худро пешниҳод намоянд.

Мутаассифона, чуноне дар ҳалнома омадааст, “шароити зиндагии Шарифзода Д. С. дар манзиле, ки зиндагӣ мекунад, хуб буда, дорои ҳамаи шароитҳои зисти кӯдакон аст”. Аммо ин мутлақо нодуруст аст, зеро Шарифзода Д.С. ҷои истиқомати доимӣ ва аник надорад. Аз моҳи декабри соли гузашта инҷониб писаронамро надидаам.

Охирон маротиба вақте ки падарандари ҳамсари собиқам дар маҳаллаи “Якум советский”-и шаҳри Душанбе иҷоранишин буд, фарзандонамро дида будам. Он замон мард бо ман рафтори дағалона намуда, суханҳои қабеҳ гуфт ва нагузошт, ки бо фарзандонам дуруст суҳбат кунаму онҳоро навозиш намоям.

Судя, тибқи хулосаи намояндаи Мақомоти васояту парастории МИҲД ноҳияи Панҷ, макони истиқомати ӯ ва кӯдаконро дар манзили истикоматии модари Шарифзода Д., яъне бо падарандараш дар ноҳияи Рудакӣ, ҷамоати деҳоти Зайнабобод, деҳаи Шараф муайян кардааст. Ин дар ҳолест, ки дар ин сӯроға ягон нафар бо чунин ному насаб зиндагӣ намекунад ва раиси деҳаи мазкур ҳам мегӯяд, ки чунин ашхосро намешиносад. Ман дигар намедонам ба куҷо ва ба кӣ муроҷиат намоям. Фарзандонамро дӯст медорам, мехоҳам аз онҳо хабар гирам, аз шароити зисти онҳо огоҳ бошам ва дар тарбияи солимашон саҳм гузорам. Аммо намедонам чи гуна ин амалро анҷом диҳам. Ягон нишонии аниқ надоранд. Ман ҳамчун мард хиёнати ҳамсарамро намебахшам, аммо аз ду ҷигаргӯшаам даст кашиданӣ нестам.

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ, мутобиқи  талаботи моддаи 200 КММ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва банди 2 карори Пленуми Суди Олии ҶТ аз 23 июни соли 2010 тахти №13 «дар бораи халномаи судӣ» оварда шудааст «ҳалнома бояд қонунӣ ва асоснок бошад». Ҳалнома дар ҳамон маврид асоснок мебошад, ки агар ҳолатҳои парванда бо далелҳои дар маҷлиси судӣ таҳқиқгардида, ки ба талаботи қонун оид ба дахлдорӣ ва ҷоизии далелҳо тасдиқ шуда бошад. Талаботи меъёрҳои моддии дар боло зикргардида аз ҷониби суд вайрон карда шуда, суд ҳангоми қабули ҳалнома ба ҳолатҳои воқеъии парванда аҳамият надода, бармаҳал хулосаронӣ намуда, ба ҳолатҳои кор яктарафа баҳо дода, манфиати даъвогарро дастгирӣ намуда, ҳалнома қабул кардааст.

Муҳтарам Президенти кишвар, Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон, аз Шумо, ҳамчун кафили таъмини қонуният ва адолати иҷтимоӣ бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки мақомотҳои ваколатдорро вазифадор намоед, масъалаи мазкурро мавриди санҷиш қарор диҳанд ва ҳалномаи ғайриқонунии суди ноҳияи Панҷро бекор карда, ба баррасии нав ирсол намоянд.

Бо эҳтиром Маҳмадалии Раҷаб, сокини ноҳияи Панҷ, деҳаи Ҳасан Шеров, ҷ\д Озодагон.

 тел:  903-00-46-56; 93-774-43-14

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь