Ба таваҷҷӯҳи Суди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар сиёсати маънавибунёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмини зиндагии шоиста ва беҳбудибахшии вазъи иҷтимоии сокинон ҷойгоҳи хоса дорад. Роҳбари давлат аз рӯзҳои аввали сари қудрат омадан дар ин роҳ ташаббусҳои хубу дурбинонаро роҳандозӣ намуда, бо ду фармони худ ба халқ 75 ҳазор гектар заминро барои кишт ҷудо карда доданд, ки чун заминҳои президентӣ маъруф аст.

Ҳамзамон дар тӯли бист соли охир 138 ҳазор гектар замин, аз ҷумла 52 ҳазор гектар аз ҳисоби заминҳои обӣ ба 1 миллиону 400 ҳазор оила барои бунёди манзили истиқоматӣ ҷудо карда дода шуд. Яъне, 8 миллиону 800 ҳазор нафар аҳолии кишвар имконият пайдо карданд, ки шароити истиқоматии худро беҳтар намоянд, ки ғамхорӣ ва ташаббус дар фосилаи 70 соли даврони Шӯравӣ дар чунин сатҳ анҷом дода нашуда буд.

Роҳбари дурандешу дурнигари мо ба хотири таъмини ғизои аввалия пайваста таъкид месозанд, ки ҳар як ваҷаби замини наздиҳавлигии худро оқилонаву самаранок истифода барем. Мардуми хуштолеъ ва соҳибиқбол, ки ҳар кадоме дар шароити камзаминии Тоҷикистон аз 6 то 15 -20 сотих замини наздиҳавлигӣ дорад, ин дастури Роҳбари давлатро бо самимият қабул намуданд.

Мо, як гурӯҳ бошандагони ноҳияи Ҷаббор Расулов, низ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат пайваста шукрона намуда, ҳар дастуру ҳидоятҳои он касро роҳнамои кори худ дар зиндагӣ медонем. Ҳоло мо низ ҳар як ваҷаб қитъаи замини наздиҳавлигии худро оқилонаву самаранок истифода мебарем, аммо монеагӣ дар рӯзгорамон моро як андоза рӯҳафтода ва дилгир намуда истодааст. Сухан дар бораи он меравад, ки бо қарорҳои раиси ноҳияи  Ҷаббор Расулов аз санаи 5 июни соли 2009 таҳти рақами №224 “Дар бораи ҷудо намудани қитъаи замин барои гузаронидани заминҳои захиравӣ ва Қарори Раиси ноҳия аз санаи 27 октябри соли 2011 таҳти рақами 547 «Дар бораи қатъ гардонидани ҳуқуқи истифодаи қисми заминҳои ҶСК «Заводи таъмири механикӣ», ба мо аз ҳисоби заминҳои бекорхобидаи корхона қитъаи замин барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ аз ҷумла:

  1. Тибқи қарори раиси ноҳия аз 27.10.2011 №547 дар бораи қатъ гардонидани ҳуқуқи истифодаи қисми заминҳои зери иморату иншоот ва майдонҳои корхонаи таъмири механикӣ тибқи мактуби корхона №9 аз 12.05.2011 сол ба майдони 0.50 га ба фонди заминҳои захираи ноҳия гузаронида шудааст.
  2. Бо қарори раиси ноҳия аз 27.10.2011 ба шаҳрванд Бойназаров 0.25 га барои сохтмони мағозаи фурӯши масолеҳи сохтмонӣ.
  3. Бо қарори раиси ноҳия аз 27.10.2011 ба шаҳрванд Ҳайитов М. 0.20 га барои сохтмони сехи пластикии дару-тиреза.
  4. Бо қарори раиси ноҳия аз 20.01.2012 № 54 ба шаҳрванд Ёрматов Б. 0,05 га барои сохтмони нонвойхона ва нуқтаи хизматрасонӣ.
  5. Бо қарори раиси ноҳия аз 06.04. 2012 №25 ба шаҳрванд Мавлонов А. 0,01 га барои сохтани бинои самбӯсахонаи Муҳайё.
  6. Бо қарори раиси ноҳия аз 08.06.2012 №37 ба шаҳрванд Алиева Д. 0,02 га барои сохтмони сехи тушберабарорӣ.
  7. Бо қарор аз 11.06.2012 №35 ба шаҳрванд Юсупова М. 0,08 га барои сохтмони тиҷорати амвол.
  8. Бо қарори аз 25.06.2012 №39 ба шаҳрванд Ғолибов Б. 0,04 га барои сохтмони тарабхонаи замонавӣ.
  9. Бо қарори раиси ноҳия аз 25.06.2012 №39 ба шаҳрванд Шодиева Х. 0,06 га барои сохтмони сехи нонпазӣ.
  10. Бо қарори раиси ноҳия аз 25.06.2012 №39 ба шаҳрванд Бобоев Т. 0,20 барои сохтмонҳои сехи таъмири автомобилҳо
  11. Бо қарори раиси ноҳия аз 3.06.2013 №282 ба шаҳрванд Ҳайитов М. 0,20 га вобаста карда шудааст.
  12. Бо қарори Раиси ноҳия аз 01.03.2016 №157 ба шаҳрванд Қозиева Нодира ҳамчун қитъаи замини наздихавлигӣ ҷудо карда шуд.

Мо, барои қонунгардонии ин қитъаҳо ҳамаи зинаҳои ҳуқуқиро гузаштем. Сертификати истифодабарии манзилро гирифта, дар коргоҳи барасмиятдарории молу мулк ба қайд гузошта, андозҳоро сари вақт месупорем. Инак, бо гузашти беш аз 12 сол соҳибкор Ғолибов Бозорбой, сокини ноҳияи Ҷ.Расулов, ҷамоати деҳоти Гулхона, деҳаи Тоҷикобод, хонаи Н. Хусрав, 13, коргоҳи мазкурро харидорӣ намуда, аз мо, сокинон талаб дорад, ки иншоотҳои бунёднамудаамонро тарк кунем. Худ тасаввур кунед тӯли ин солҳо пас аз қонунӣ гардонидани иншоот мо бо меҳр ҳар кадоме чор панҷ иншоот бо харҷи аз 400 ҳазор то 1,5 милион сомонӣ иншоот бунёд кардем, аммо ду сол аст, ин соҳибкор, ки бо нархҳои арзон иншоотҳоро харидорӣ карда, онро порча-порча карда, ба мардум даҳчанду садчанд мефурӯшад, ин бор мо, сокинони бечораро ба ҳоламон намегузорад. Ӯ ду қарорҳои Раиси ноҳияро ки солҳои 2009 ва 2012 ба тасвиб расида буд, сарфи назар карда, бо роҳи ошнобозӣ ва пулу моли беҳудуд моро аз ин мақомот ба мақомоти дигар сарсону ҳайрон кардааст.

Ғолибов Бозорбой назди худ ақаллан дарку фаҳмиши ҳуқуқӣ пайдо накарда, соли 2019 як кисми бинои собиқ ҶСК Бинои заводи механикиро бо маблағи камтарин ба даст оварда, як қисми қитъаи замини соли 2009 бо қарори Раиси ноҳия ба замини захиравии ноҳия гирифташударо бекор карда ба худ гирифтан дорад.

Амалашро идома дода, ӯ аз болои мо ба суди иқтисодии вилоят аризаи шикоятӣ бурдааст. Ҳол он ки тибқи шартномаи №1 -9\1 1-1 хариду фурӯши саҳмияҳои ҶСК заводи мазкур танҳо иншоот ба харидор пешниход шудааст ва инчунин тибқи санади супоридан қабули иншооти мазкур аз 17.01.2020 сол харидор Ғолибов Б. оид ба даъво надоштанаш нисбат ба моликият, таҷҳизот, восита ва иншоотҳои хусусигардонии харидорӣ намудаашро дар маҷмуъ тасдиқ намудааст.

Мо аз ин бохабар шуда, тамоми ҳуҷҷатҳоро ба суди вилоят пешкаш намудем. Хушбахтона, адолат барқарор шуд ва бо қарори Суди иқтисодии вилоят қазия бар фоидаи мо ҳал шуд. Ӯ аз ин хотирҷамъ нашуда, ба зинаи болоии Суди иқтисодии ҷумҳурӣ муроҷиат карда истодааст. Ногуфта намонад, ки Бозорбой Ғолибов дар баробари мо соли 2009 аз ҳамин мавзеъ дар ҳаҷми 0,40 сотих замин ба даст оварда, дар он китъаи замин якчанд бино ва иншоотхо аз қабили маркази дилхушии “Шодиёна” сохта, аз он даромадҳои ҳангуфт гирифта истодааст.

Матбуотро чашму гӯши халқ меҳисобанд. Мо ба умеди расонидаи иттилооти воқеӣ ба мардум, хосатан ба мақомоти болонишин, ки мӯйро аз хамир ҷудо мекунанд, маҷбур шудем, ба нашрияи мардумии “Фараж” муроҷиат намоем. Мехоҳем, ки халқ ва роҳбарияти олии судии Тоҷикистон донад, ки маҳз Ғолибов Бозор баринҳо хуни ин миллатро макида, ба дигарон имкон намедиҳад, ки зиндагии осудаҳолона барад. Ӯ чун соҳибкори гурӯҳбоз низ ном бароварда, ба наздики парвандаи ҷиноятиаш бинобар авбошӣ қатъ карда шудааст.

Аз мақомоти олии судӣ даъват ба амал меорем, ки қазияи мазкур мӯшикофона баррасӣ шавад. Азбаски Ғолибов Бозорбой шахси серпул аст, шубҳае нест, ки дар ин роҳ маблағҳои зиёдро хайрот кунад. Аммо мо ба ҳақиқат ва адолати судӣ эътимод дорем. Зеро ин мақомот низ дар пайравӣ аз иқдомоти инсондӯстонаи Сарвари давлат ҳифзи ҳуқуқу манофеи мардумро болотар аз ҳама чиз медонад.

Бо эҳтиром:

Тухтамишов Фарҳод,

Ёрматов Бунёд,

Юлдошев Аъзамҷон,

Ҳаитова Нафиса,

Козиев Илҳом,

Алиева Дилфуза,

Умаров Ғолибҷон,

Умарова Нилуфар,

Қозиева Нодира,

сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов,

шаҳраки “Меҳробод”, кӯчаи Лоҳутӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here