(Сафари Корвони журналистони ҷумҳурӣ ба  вилояти Суғд)

Бо ибтикори Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, бо сарпарастии ширкати ватании «Сиёма» ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 27-30-уми августи соли 2021 сафари аввалини корвони иттилоотии журналистон  таҳти унвони “Тоҷикистон сарзамин орзуҳо” бо иштироки 30 нафар журналистон аз расонаҳои гуногуни кишвар ба вилояти Суғд сурат гирифт. Дар ин ҳайат муаллифи ин сатрҳо низ шомил буда, аз нашрияи ноҳиявии “Субҳи Шаҳритус” намояндагӣ намуд.

Мақсади сафари мазкурро, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода, тарғибу ташвиқи дастовардҳои кишвари соҳибистиқлоламон тавассути матбуот, радио, телевизион ва агентиҳои иттилоотӣ ,Иттифоқи журналистони Тоҷикистон арзёбӣ намуд.

Дар ибтидо корвони иттилоотии журналистон ба ноҳияи Айнӣ ташриф оварда, дар ҷамоати деҳоти “Анзоб” мавзеи сайёҳии Искандаркӯл ва як шаршараю обшори афсонавиеро баъди пиёда тай намудани қариб 3км роҳ тамошо карданд. Дар суҳбат бо муовини раиси ноҳияи Айнӣ Гулсара Зокирзода ва раисони ҷамоатҳои ноҳияи мазкур Зарафшон Олимзода ва Ҷӯразода Ёрмаҳмад, журналистон доир ба иншоотҳои навбунёди ҷашнӣ ва мавзеъҳои сайёҳии ноҳия маълумот пайдо карданд.

Рӯзҳои 27-28 август дар шаҳрҳои Истаравшан ва Хуҷанди вилояти Суғд корвони журналистони ҷумҳуриро бо нону намак ва карнаю сурнай  самимона истиқбол гирифтанд. Дар шаҳри Истаравшани бостонӣ мо бо ҳамсафарони худ қалъаи овозадори Муғро, ки аз нав тармиму бозсозӣ шудаю масоҳати умумиаш аз 6 гектар иборат буд, аз назар гузаронидем. Ҳамзамон, бо муовини раиси шаҳр Нигора Наимҷонзода ва директори осорхонаи кишваршиносии шаҳри Истаравшан Мирзо Олимов оиди ёдгориҳои таърихӣ ва дастовардҳои меҳнатии меҳнаткашони ин шаҳри бостонии тоҷикон, ки беш аз 274 ҳазор аҳолӣ дорад, суҳбат намудем.

Дар шаҳри Хуҷанд журналистонро ҷонишини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, мудири шуъбаи иттилоот ва таҳлили назди раиси вилоят Музаффар Юнусзода, котиби матбуотии раиси шаҳри Хуҷанд Маъмур Юсуфзода ва раиси бахши журналистони вилоят Илҳом Ҷамолиён пазироӣ намуда, ба корхонаи “Текстил”, ки бо истеҳсоли матоъҳои бахмалӣ машғул аст, роҳнамоӣ карданд. Ин корхона навтаъсис буда, 30-уми июли соли 2021 бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғози фаъолият намудааст.

Дар корхона 8 намуди матоъҳои бахмалӣ истеҳсол карда шуда, ашёи хомаш аз дохил ва нахи сунъии он аз хориҷи кишвар ворид карда мешавад. Аз суҳбат бо муассиси корхона Юсуфбек Раҷабов ва назоратчии сифати корхонаи мазкур Уғулой Шерматова маълум гардид, ки корхонаи “Текстил” дар як шабонарӯз 120 метри мураббаъ бахмал истеҳсол менамояд.

Корхонаи дигари шаҳри Хуҷанд “Арча”, ки журналистон аз он дидан карданд, 10 сол инҷониб фаъолият карда истода, дар ин даргоҳ беш аз 100 нафар коргарону мутахассисони маҳаллӣ фаъолият мекунанд, ки 40%-ро занон ташкил медиҳанд. Ин корхона асосан истеҳсоли маҳсулоти чубӣ, аз он ҷумла дарҳои байниҳуҷравӣ, тирезаҳои навъи аврупоӣ, тахтачӯбҳои фаршсозӣ, деворҳои чӯбин ва монанди инҳоро роҳандозӣ намудааст.

Корхонаи дигар дар шаҳри Хуҷанд ҶДММ КМ ТТ(тоҷикию туркӣ)-и “Таҷпроф” таҳти сарварии Ҷамшед Ҷалолов барои сохтмони хонаҳо “профел” истеҳсол намуда, маҳсулоти арзизӣ (алюминӣ)-ашро аз корхонаи арзизи шаҳри Турсунзода дархосту ворид менамояд. Аз таъсиси ин корхона 3 сол сипарӣ шуда, беш аз 100 нафар коргару мутахассис бо ҷои кори доимӣ таъмин мебошанд. Маҳсулоти корхона бештар дар дохили кишвар содирот карда мешавад ва талабот ба он зиёд аст.

Дар шаҳри Хуҷанд журналистон бо корхонаи муштараки тоҷикию туркии “Силкоатбоя”(роҳбараш Илҳом Темуров) низ аз наздик шинос шуданд. Самти асосии фаъолияти ин корхона  истеҳсоли рангу бор ва андоваҳои минералӣ, зардеворҳои моеъ, омехтаҳои хушки сохтмонӣ мебошад, ки намунаҳои онҳо ба журнадистон манзур гардид. Қобили қайд аст, дар давоми даҳ сол маҳсулоти босифату бозоргири ин корхона  дар саросари кишвар талабгорони зиёде пайдо кардааст.

Корвони иттилотии журналистони мамлакат дар идомаи сафари худ дар шаҳри Гулистон аз корхонаи муқтадиру машҳури “Қолинҳои Қайроқум” дидан карданд. Маълум гардид, ки дар корхонаи мазкур дар се баст 500 нафар бо кор машғул буда, таҷҳизоту технологияи муосири он аз давлатҳои тараққикардаи Олмону Белгия, Туркияву Франсия, Ҷопону Русия ворид ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаст.

Тавре сарвари корхона А. Абдуллоев зимни суҳбат бо журналистон қайд кард, қолинҳои хушрангу босифати корхонаи мазкур дар ҳама гӯшаҳои кишвар харидорони зиёде дошта, ҳамзамон бо таъкиди ӯ харидорон метавонанд, тавассути сомонаи “kolin.tj” бо маҳсулоти босифати онҳо шинос шуда, фармоиш диҳанд. Онҳо дар муҳлати кутоҳтарин қолинҳои дархостнамударо ба суроғаи фармоишгарон мерасонанд.

Шиносоӣ бо осоишгоҳи “Баҳористон” ва тамошои Баҳри тоҷик, ки дарозиаш 69 км ва паҳноияш 3км масофаро дар бар гирифтааст, ба мо ва ҳамсафаронамон таассуроти фаромӯшношуданӣ бахшид.

Корвони иттилоотии журналистон дар шаҳри Бӯстон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо якчанд корхонаҳои истеҳсолӣ, чойхонаю боғи миллӣ ошно шуда, Қасри таърихии Арбобро дидан намуда, дар осорхонаи таърихии он бо бисёр маъхазу ҳуҷҷатҳо ва аксҳои таърихие шинос шуданд, ки аз гузаштаи дуру наздик аз он ҷумла иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳикоят менамоянд. Бо итминони комил гуфта метавонем, ки шиносоӣ бо ин гӯшаи таърихии диёр ба ҳамдиёрон хоса ҷавонон таккони ҷиддӣ бахшида, дар тарбияи ҳисси худшиносию ватандӯстӣ ва ҳувияти миллиашон менамояд.

Журналистон дар шаҳри Хуҷанд осорхонаи вилоятии кишваршиносӣ, боғи фарҳангии Камоли Хуҷандӣ, осорхонаи Шайх Камолро низ дидан намуда, аз ин мавзеъҳои фарҳангию таърихӣ бардошти хуб ҳосил намуданд. Ҳамин тавр корвонии иттилоотии журналистон бо фаъолияти ҳамкасбони худ дар идораи телевизион ва радиои вилоят ва Кохи матбуоти вилояти  Суғд низ аз наздик ошно шуда, бо ҳамдигар ибрози назар карда, барои рушди минбаъдаи соҳа андешаю пешниҳоди мушаххас ироа намуданд.

Тибқи нақшаи сафар иштирокчиёни Корвони журналистони ҷумҳурӣ бо раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дидору мулоқот намуданд. Дар чорабинии мазкур масъулони ВАО-и вилояти Суғд низ ширкат варзиданд. Зимни баргузории мулоқот раиси вилоят дар назди ҳозирин баромад карда, оиди дастовардҳои меҳнаткашони вилоят, рушди соҳаҳои гуногун тӯли 30 соли соҳибистиқлолӣ ва ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо расонаҳо ба таври мушаххас  сухан ронд.

Бо ибрози Раҷаббой Аҳмадзода дар вилояти Суғд аз 8 ҳазор иншооти ҷашнии ба нақша гирифта шуда 98% он мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, бо ибтикори 40 нафар соҳибкорони ватандӯсти вилоят сохтмони корхонаи каркарди пӯст ва чандин корхонаҳои дигари саноатӣ  босуръат идома дорад. Ҳамзамон, бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд 30 муассисаи таълимии муосир ба нақша гирифта шуда, бештарини онҳо бо сифати баланд сохта ба истифода дода шудааст.

Тавре раиси вилоят қайд кард, дар ҳудуди вилоят 18 шабакаи давлатию мустақили телевизионӣ ва 15 шабакаи радиоӣ фаъолият доранд, ки сокинони вилоятро бо гузоришу хабарҳои тоза сари вақт таъмин месозанд.

Раиси вилоят ғамхорӣ ба журналистонро яке аз рукнҳои муҳими фаъолияти роҳбарияти вилоят ҳисобида, иброз дошт, мақсад доранд, ки рӯзҳои наздик 76 нафар кормандони расонаҳои вилоятиро ба истироҳат фиристанд.

Дар навбати худ раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар вилояти Суғд Илҳоми Ҷамолиён, собиқадори матбуот, собиқ раиси кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон Бобоҷон Икромов ва дигарон оиди вусъат бахшидани ҳамкории матбуот бо масъулини зинаҳои гуногуни давлатӣ, роҳҳои боз ҳам бештар муассир ва таъсирбахшу ҳадафрас омода намудани матлабу намоишҳои кормандони матбуоти даврӣ, телевизиону радио, ҳаллу фасли масоили мубрами рӯз ва амсоли ин   ибрози назар намуданд.

Азизи ФАТТОҲ,

сармуҳаррири нашрияи “Субҳи Шаҳритус

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь