Дар сиёсати иҷтимоии пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии шаҳрвандон ва мусоидат ба ҳалли масоили вобаста ба камбизоатӣ нигаронида шудааст, беҳтар гардонидани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии сифатноки тиббӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад.

Шабакаи муассисаҳои Кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Рӯдакӣ баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, беҳтар сохтани вазъи солимии аҳолӣ бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалии мададрасон дар соли 2019 пайваста тадбирҳои судманд анҷом медиҳанд.

Зимни суҳбат роҳбари шабакаи муассисаҳои Кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Рӯдакӣ Ҷалилов Пирумшо Басирович иброз дошт, ки феълан дар сар то сари мамлакат, аз он ҷумла дар ноҳияи Рӯдакӣ корҳои ободониву созандагӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланди меҳнатӣ давом дорад. Кормандони соҳаи тандурустии ноҳия низ ин иқдомро бо як ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ дастгирӣ намуда, ҷидду ҷаҳд доранд, то дар ин марҳалаи муҳими созандагӣ саҳми босазои хешро гузоранд. “Бояд қайд кард, ки дастгирии соҳаи тандурустӣ ҳамчун самти афзалиятнок ва меҳвари ҳаёти ҷомеа мансуб меёбад. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати худро дар самти рушди соҳаи тандурустӣ таҳти шиори “Солимии миллат – боигарии давлат” ба роҳ монда, сол аз сол ба афзун намудани раванди маблағгузории соҳа, қабул ва мавриди амал қарор додани стратегияву барномаҳои миллӣ, беҳтар намудани сифат ва самаранокии хизматрасонии тибби ба аҳолӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд”, – зикр намуд П. Ҷалилов ҳангоми суҳбат ба хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон.

Дар ин давра сохта мавриди истифода қарор додани иншоотҳои таъиноти гуногуни соҳаи тандурустӣ, ҷиҳозонидани онҳо бо таҷҳизотҳои муосири замонавӣ ва ёрирасон, ба бозомӯзӣ фаро гирифтани мутахасисони ҷавон, муқаррар намудани имтиёзҳо ба табибон ва дигар тадбирҳо шоистаи шукргузорӣ мебошад. Кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Рӯдакӣ суханони роҳбари давлат: “Табибон вазифадоранд, ки чун ворисони арзандаи Синои бузург рисолати ба дӯш гирифтаашонро софдилона иҷро намоянд. Зеро табибон охирин даргоҳи умеди беморон мебошанд. Парвардигор танҳо ба табибон лаёқати бардавом кардани умри инсонро ато кардааст”-ро сармашқи кори интихоб намуда, онро сарбаландона иҷро менамоянд.

Маркази саломатии ноҳиявии ноҳияи Рӯдакӣ низ дар радифи дигар иншоотҳои соҳаи тандурустии мамлакат дорои бинои замонавӣ мебошад, ки моҳи марти соли 2016 бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Дар зерсохтори шабакаҳои Кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия 24 маркази саломатии деҳот, 55 бунгоҳи саломатӣ ва 18 нуқтаҳои тиббӣ фаъолият доранд. Шумораи умумии кормандони тиб 1084 нафар буда, аз ҷониби онҳо ба 403519 нафар аҳолии ноҳия хизмати тиббии самаранок расонида мешавад.

Дар 6 моҳи сипаришудаи соли 2022 аз ҷониби кормандони шабакаи муассисаҳои КАТС 488724 нафар муроҷиаткунандагон қабул карда шудаанд, ки аз ин миён 229566 нафарашон бо сабаби беморӣ мебошанд. Дар ин давра ҳамчунин ба 1399962 нафар дар шароити хона хизматрасони гардидааст.

Хотиррасон бояд шуд, ки дар Маркази саломатии ноҳиявии ноҳияи Рӯдакӣ дорои муҳосибот, шуъбаи кадрҳо, шуъбаи тибби оилавии 1 ва 2, шуъбаи табибони соҳавӣ, шуъбаи ёрирасон, маркази иммунизатсия, маркази ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона, маркази солимии репродуктивӣ, маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, маркази судии экспертӣ, маркази ВНМО, маркази Метадон, маркази тавонбахшии маъюбон, маркази таълимии клиникии табибони оилавӣ ва ҳамшираҳои шафқат амал менамоянд. Айни ҳол дар муассисаҳои КАТС барои хизматрасонии аҳолӣ 2 дастгоҳи замонавии доплерография, 8 дастгоҳи ултрасадо, 10 дастгоҳи дандонпизишкӣ, 20 дастгоҳи сабтии барқии дил, 1 адад лор – комбайн1 дастгоҳи ЭЭГ, 1 дастгоҳи рентгенӣ, 1 дастгоҳи флюрография, дастгоҳи рентгени деталӣ, 1 дастгоҳи эндоскопӣ, 187 пулсококсиметр, 11 дастгоҳи оксигенератор ва 168 термосканерҳо муҷаҳҳаз гардонида шуда, дар хизмати аҳолии ноҳия қарор доранд.

Дар асоси фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ дар шароити Маркази саломатии ноҳиявӣ маркази таълимӣ барои гузаронидани курсҳои такмили ихтимсоси табибони оилавӣ ташкил гардидааст, ки тамоми кормандони марказҳои саломатии деҳот бо шумули табибон ва ҳамшираҳои тиббӣ аз курсҳои бозомӯзӣ гузашта истодаанд.

Феълан дар муассисаҳои тиббии ноҳия бо дастгоҳҳои замонавӣ муайян намудани хун барои гепатитҳои А, В, С, ВНМО, таҳлили хун барои реаксияи васерманизатсия, таҳлили резус – фактор, таҳлили биохимиявии хун, таҳлили фазлаҷиҳати муайянсозии гиҷҷаҳо, таҳлили умумии хун ва пешоб гузаронида мешавад.

Яке аз нишондодҳои асосии солимии ҷомеа ин сатҳи сиҳатии модару кӯдак мебошад. Аз ин сабаб, масъалаи саломатии модарону кӯдакон таҳти назорати доимиву қатъии маъмурияти КАТС -и ноҳияи Рӯдакӣ қарор дорад.

Дар баробари ин, ҳамарӯза аз тарафи табибони машваратчӣ ва момодояҳо дар мактаби тайёрӣ ба зоиши партнёрӣ, махсусан бо занҳои бори аввал ҳомиладоршаванда суҳбатҳо гузаронида мешаванд.

Бояд гуфт, ки ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар ҶТ барои солҳои 2013-2023 корҳои зиёд анҷом пазируфтаанд ва иҷрои дастурамалҳои вазифавӣ ҳанӯз мавриди татбиқшавӣ қарор доранд. Ин аст, ки дар маркази ноҳия баҳри бартараф кардани хатари осеббардорӣ ва бақайдгирӣ, инчунин омилҳои татбиқи иқлимӣ ташкил карда шуда, аз рӯи онҳо назорат бурда мешавад. Бо ин мақсад байни толибилмон ба гуруҳҳои аҳолӣ баҳри пурзӯр кардани корҳои профилактикӣ ҷиҳати пешгирии осебҳо шахсони мутасаддӣ таъйин карда шудаанд. Ҳамчунин, бо иштироки табибони осебшинос оид ба масъалаи осеббардорӣ, ташхис, табобати замонавӣ ва офиятгардонӣ аз осеб бо усули пахши мустақим тариқи радиои маҳаллӣ барномаҳо пешниҳод гардиданд. Дар ҷасалаҳои пагоҳирӯзӣ бошад, байни кормандони КАТС ва МСД-ҳо сардухтурони МСД-ҳо оиди пешгирии осеббардорӣ, ёрии аввалини тиббӣ дарсҳои амалӣ ва семинарҳо мегузаронанд.

Тавъам ба ин чораҳо, дар муассисаҳо корҳои пешгирӣ оиди осебгирӣ гузаронида шуда, қуттиҳои ёрии аввалин ва нуқтаҳои ёрирасон ташкил гардидаанд ва ҳамчунин, ҳамаи муасиссаҳои истеҳсолӣ, ки дорои хатари осеббардорӣ мебошанд, ба қайд гирифта шуда, зери назорати домӣ қарор доранд. Дар баробари ин, пешниҳод гардидааст, ки ба барномаҳои таълимии мактабҳо ворид намудани машғулиятҳо оид ба пешгирии осеббардорӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ворид карда шавад.

Муассисаҳои зертобеи КАТС – и ноҳияи Рӯдакӣ талош меварзанд, ки ҳисоботҳои омориро ҳангоми садамаҳои нақлиётӣ, саноатӣ ва хоҷагӣ дар ҳар се моҳ аз муассисаҳо зирабт талаб намуда, онҳоро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор диҳанд. Ба ҳамин манзур иловатан дар маркази сухторхомӯшкунии ноҳияи Рӯдакӣ, бригадаи зудамали КАТС ва ёрии таъҷилӣ оиди расонидани ёрии аввалин пайваста дарсҳои амалӣ мегузаранд.

Роҳбари шабакаи муассисаҳои КАТС – и ноҳияи Рӯдакӣ Пирумшо Ҷалилов дар мавриди беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, таъмини амнияти саломатии мардум бар ин назар аст, ки омӯзиш ва таъмини иҷроиши Стратегия «Оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ дар байни кормандони тиб ва аҳолӣ”, беҳтар намудани сатҳу сифати кӯмаки аввалияи тиббиву санитарӣ дар марказҳои саломатии ноҳиявӣ, марказҳои саломатии деҳот ва хонаҳои саломатӣ, сари вақт иҷро намудани вазифаҳои дар пеш гузоштаи Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббии фаврӣ, ҳамчунин, беҳтар намудани хизматрасонии аввалияи тиббӣ ба модарону кӯдакон ва ба ин васила, фавти онҳоро пешгирӣ намудан, паст намудани таваллудҳои хонагӣ, вусъат бахшидан ба эмгузаронии кӯдакони навзод оиди пешгирии бемории сил ва  иҷроиши барномаҳои миллии соҳаи тандурустиву соҳаи ташхису табобат  аз рӯи протоколҳои клиникӣ дар муассисаҳои тиббӣ дар маҷмуъ қодир аст, ба баланд бардоштани маърифати тиббӣ дар байни аҳолӣ боис гардад ва ба ин васила нуфузу эътибори ворисони воқеии Синову Берунӣ ва Розиву садҳо нобиғагони соҳаи тандурустии кишварро боз ҳам болотар бардорад.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here