Соҳаи маориф яке аз соҳаҳои муҳиму пешбарандаи ҷомеа буда, ҳамеша ба таваҷҷуҳ ва дастгирӣ ниёз дорад. Аз ҳамин хотир аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ҳарсолаи хеш ба Маҷлиси Олии кишвар ба ин соҳа аҳамияти бештар медиҳанду талаб менамоянд, ки дар саросари кишвар ҷиҳати рушди соҳаи маориф чорабиниҳо сурат гиранд. Дар навбати худ, масъулини соҳаи маориф дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои кишвар бо дастгирӣ аз дастурҳои Роҳбари давлат фаъолияти худро ҷоннок месозанд. Инҷо метавон аз талошҳои пайгиронаи масъулини шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ёдовар шуд.
Пешво – ҳидоятгари мо
Тағоймурод Ғуломов, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Файзобод дар суҳбат бо “Фараж” иброз дошт, ки тӯли тамоми солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти ҷории худ соҳаи маорифро ҳамчун самти афзалиятнок ва моҳиятан калидӣ арзёбӣ карда, сол аз сол маблағгузории ин самтро пайваста афзун менамояд.
– Дар ҳамин радиф, махсусан ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки дар шароити феълӣ аз нақшу мақоми баланд бархурдор мебошанд, таваҷҷуҳи бештар зоҳир мегардад. Ва беасос нест, ки дар марҳилаи феълии рушди ҷомеаи муосири тоҷик, замоне сухан аз боби мактабу маориф меравад, сифати таҳсилот дар мадди аввал қарор гирифта, таъкидҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ин масъала – “Мо барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бояд тамоми шароити заруриро муҳайё карда, дар ин раванд масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгоронро боз ҳам баланд бардорем”дар мағзу шуури ҳар як корманди соҳаи маориф ҷой мегирад. Зеро бидуни мунтазам баландбардории сифати таълиму тарбия омодасозии мутахассисони соҳибмаълумоту соҳибихтисос ва дар ин замина таъмини боэътимоди ояндасозии Ватани азизамон имконнопазир мегардад. Бо ҳамин назардошт, кормандони шуъбаи маорифи ноҳия фаъолияти ҷории худро тибқи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти соҳа, амру фармоишҳои вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия роҳандозӣ намуда, дар самти пайваста баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи насли наврас корҳои қобили мулоҳизаро роҳандозӣ карда истодаанд, – афзуд Ғуломов.
Кадрҳои педагогӣ
Дар 64 муассисаи таълимӣ 1430 нафар омӯзгор (691 зан – 48%) ба таълиму тарбияи насли наврас машғуланд. Аз ин теъдод 1049 нафар (393 зан) фарогири таҳсилоти олии касбӣ, 60 нафар (42 зан) олии нопурра, 307 нафар (242 зан) бо таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 14 нафар (14 зан) бо таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошанд. Айни замон ҳамаи 14 нафар омӯзгорони дорои таҳсилоти миёна дар муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ (ба тариқи ғоибона ва фосилавӣ) ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Роҳбарону омӯзгорон ва дигар мутахассисони муассисҳои таълимии ноҳия тибқи муқаррароти “Тартиби аттестатсияи кормандони соҳаи омӯзгорӣ ва илмии муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар асоси қарори комиссияи аттестатсионии шуъбаи маориф бо чунин категорияҳои омӯзгорӣ мувофиқ дониста шудаанд: категорияи олӣ – 430 нафар; якум – 304 нафар ва дуюм – 224 нафар.
Маврид ба зикр аст, ки Шуъбаи маорифи ноҳия ба тадриҷан ҷавон кардани ҳайати омӯзгорон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда, дар ин самти фаъолият ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардидааст. Таври мисол, танҳо дар соли гузаштаи таҳсил 31 нафар дастпарварони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия ба ҷойҳои кории доимӣ таъмин карда шуда, фарогири имтиёзҳои барояшон муқарраршуда гардиданд. Аз ҷумла, ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.05.2006, №197 “Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон” соли 2020 ба ду нафар омӯзгори ҷавони ноҳия дар ҳаҷми 6 000 сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шудааст.
Такмили ихтисоси омӯзгорон
Барои баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон дар соли 2021 67 нафар омӯзгору директор, муовинони директор оид ба корҳои таълиму тарбия, роҳбарони иттиҳодияҳои методии фанҳои таълимӣ, мураббияҳои муассисаҳои томактабӣ, сармуҳосибони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, мураббияҳои марказҳои инкишофи кӯдакон, сарварони созмонҳои хонандагон, китобдорон, роҳбарони иттиҳодияи методӣ, роҳбарони синфҳо, мутахассисон ва мушовирони Шуъбаи маорифи ноҳия аз курсҳои баландбардории такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузашта, соҳиби шаҳодатнома гардиданд.
Муассисаҳои таҳсилоти умумӣ
Шуъбаи маорифи ноҳияи Файзобод айни замон ташкилу танзими фаъолияти 65 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 7 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 12 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ва 46 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо фарогирии 26 229 нафар (12 826 духтар) хонандаро ба зимма дорад.
Қобили зикр аст, ки теъдоди хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия сол аз сол дар раванди афзоиш буда, дар ин робита шумораи мактабҳои нав, синфхонаҳои иловагӣ дар мактабҳо ва теъдоди омӯзгорони ҳирфавӣ дар маҷрои рушду густариши мунтазам қарор доранд. Таври мисол, агар дар соли таҳсили 2020 – 2021, маҷмӯан 3141 хонандагони синфҳои 1-ум ба остонаи муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия қадам гузошта бошанд, пас дар соли таҳсили 2021- 2022 теъдоди онҳо 137 нафар зиёд гардида, ба 3278 нафар расидааст. Ё худ, агар дар соли таҳсили 2020-2021 шумораи умумии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия дар сатҳи 24 794 нафар ба қайд гирифта шуда бошанд, пас танҳо дар давоми як соли охир шумораи онҳо то ба 1337 нафар зиёд гардида, дар соли таҳсили 2021- 2022 теъдоди онҳо 26 229 нафар расидааст.
Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 18 нафар ятими кул, аз ҷумла 9 нафар духтар ва 673 нафар нимятим, аз ҷумла 320 нафар духтар ба таълим фаро гирифта шудааст. Шумораи кӯдакони имконияташон маҳдуд, ки ба таълим дар хона фаро гирифта шудаанд 52 нафар буда, аз ҷумла 26 нафарашон духтарон мебошанд.
Роҳхат ба донишҷӯӣ
Дар соли таҳсили 2021 дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия байни хатмкунандагони синфи 9 ва 11 оид ба ҳуҷҷатсупорӣ тариқи Маркази миллии тести назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таблиғот гузаронида шуда, 737 нафар хатмкардагони МТМУ-и ноҳия дар соли таҳсили 2021-2022 ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дохил шуданд, ки ин нисбат ба соли таҳсили гузашта 45 нафар зиёд аст.
Илова бар ин, дар даври сеюми озмун (ҷумҳуриявӣ) 104 нафар хатмкунандагони синфҳои 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия иштирок карда, тибқи “Нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2021-2022” 22 нафари онҳо донишҷӯи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ гардиданд.
Гирандагони стипендияи Президентӣ
Баҳри иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми августи соли 2015, таҳти №508 “Низомномаи стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ” дар моҳи сентябр байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ озмун баргузор гардид. Дар озмун беҳтаринҳо муайян гардида, 30 нафар гирандаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2021-2022 эълон гардид. Инчунин, 30 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар озмуни стипендияи раиси ноҳия ғолиб дониста шуда, гирандаи стипендияи раиси ноҳия эълон гардиданд.
Баргузории озмуну мусобиқаҳо
Моҳи январи соли 2021 бо мақсади рушд ва ташвиқи варзиш, хусусан футболи хурд дар байни кормандони муассисаҳо ва ташкилотҳои соҳаи маориф, ҷалби кормандони соҳаи маориф ба варзиш, беҳдошти саломатӣ ва тарғиби пешбурди тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа таҳти сарпарастии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”, таҳти шиори “Варзиш – гарави солимии ҷомеа” гузаронида шуд. Дастаи кормандони соҳаи маориф иборат аз 12 нафар дар он фаъолона иштирок карданд. Дастаи Шуъбаи маорифи ноҳияи Файзобод барои иштироки фаъолона бо “Сипоснома” ва Ҷоми “Беҳтарин нишонзан” сарфароз гардонида шуд.
Ҳамзамон, бо мақсади амалисозии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” (солҳои 2020-2040) ва ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самт озмуни ҷумҳуриявии ”Илм-фурӯғи маърифат” аз рӯи 7 номинатсия баргузор гардид. Дар даври сеюм (минтақавӣ) 20 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия аз рӯйи ҳафт номинатсия иштирок намуда, Тоирзода Мирмуҳаммад аз рӯйи номинатсияи “Химия” ғолиби ҷойи дуюм гардида, ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат ёфт.
Муассисаҳои томактабӣ
Масъалаи парвариши густурда ва ба раванди таълиму тарбия фаро гирифтани ҳамаи кӯдакони синни томактабӣ дар ҳар давру замон аз масъалаҳои умдаи соҳаи маорифи ҷумҳурӣ маҳсуб меёфт, ки ҳанӯз аз даврони мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ дар рӯзномаи кории вазифадорони салоҳиятдори соҳаи маорифи ҷумҳурӣ қарор дошту қарор дорад. Тайи ин муддат дар ноҳия теъдоди муассисаҳои томактабӣ ду адад зиёд гардида, дар ин замина фарогирии кӯдакон ба чунин муассисаҳо беҳтар гардидааст. Айни замон дар ноҳия 4 муассисаи томактабӣ- ширхоргоҳ – кӯдакистон фаъолият дошта, ҷуғрофияи ҷойгиршавии онҳо низ ба таври назаррас васеъ шудааст. Масалан, агар дар гузаштаи начандон дур дар ноҳия танҳо як муассисаи томактабӣ дар шаҳраки Файзобод фаъолият карда, теъдоди таълимгирандагони он низ чандон зиёд набуд, пас айни замон чунин муассисаҳо дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраки Файзобод, Вашгирд, Меҳробод ва Бӯстон амал менамоянд, ки дар онҳо 474 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фарогир буда, 50 нафар мураббиён ва ёрдамчиёни онҳо ба тарбияи кӯдакон машғуланд.
Ҳамчунон, дар марҳилаи ҳозира раванди таъсиси муассисаҳои томактабӣ дар ноҳия идома дошта, ояндаи наздик афзудани шумораи онҳо ва ба ин маҷро ворид гардидани дигар ҷамоатҳою деҳаҳои бузург амри ногузир хоҳад гардид.
Марказҳои инкишофи кӯдак
Таҷриба нишон медиҳад, ки марказҳои инкишофи кӯдак дар рушди зеҳнӣ ва маънавии насли наврас нақши муҳим доранд. Вобаста ба ин, айни замон дар ҳудуди ноҳия афзоиш пайдо кардани теъдоди чунин марказҳо таври назаррас идома дорад. Масалан, агар дар соли 2018 дар ноҳия ҳамагӣ 4 маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 70 нафар кӯдак фаъолият карда бошанд, пас ин нишондод дар соли 2021 то ба 13 адад афзудаанд, ки дар онҳо 245 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон
Бо мақсади рушди қобилияту истеъдоди кӯдакон, наврасон ва ҷавонон, қонеъ гардонидани майлу рағбат ва талаботи маънавии онҳо, такмил ва татбиқи донишҳои назариявӣ ва заминагузорӣ барои интихоби касб дар ноҳия муассисаи таҳсилоти иловагӣ – Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон фаъолият менамояд.
Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон корбарии худро дар асоси Низомномаи муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ва Оинномаи Марказ ба роҳ мондааст. Дар муассисаи мазкур 28 маҳфил фаъолият менамояд, ки 100 гуруҳро дар бар гирифта, 962 нафар хонанда, аз ҷумла 581 нафар духтар ба таълим фаро гирифта шудаанд. Дар бинои Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон 11 маҳфил, дар назди МТМУ №1 -1 маҳфил, дар назди МТМУ №2 -2 маҳфил, дар назди МТМУ №7 – 2 маҳфил, дар назди МТМУ №9 – 1 маҳфил, дар назди МТМУ №19 – 1 маҳфил, дар назди МТМУ №21 – 4 маҳфил, дар назди МТМУ №30 – 1 маҳфил, дар назди МТМУ №32 – 1 маҳфил, дар назди МТМУ №35 – 1 маҳфил ва дар назди МТМУ №64 – 3 маҳфил амал менамоянд. Дар соли 2021 аз тарафи Марказ як қатор чорабиниҳо бахшида ба рӯзҳои таърихӣ гузаронида шуда, ғолибон бо туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд. Ба муносибати эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” байни маҳфилҳои Марказ озмуни “Дастони моҳир” ва бахшида ба “Рӯзи Модарон” озмуни рассомӣ таҳти унвони “Модар -сарчашмаи меҳр” баргузор гардид. Инчунин, озмунҳои “Иди гулҳо”, “Ихтироъкорони наврас” ва “Иди паррандагон” баргузор гардида, ғолибон бо туҳфаҳои арзанда сарфароз гардонида шуданд.
Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо
Дар соли ҷорӣ Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо натиҷаҳои хуб ба даст овард. Шумораи гуруҳҳои таълимӣ аз 11 ба 16 гуруҳ расонида шуда, 149 нафар, аз ҷумла 64 нафар духтарон – хонандагони соҳибистеъдоди муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия ба ин гуруҳҳо фаро гирифта шудаанд.
Аз тарафи Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳия олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (синфҳои 5-6, 7-8, 9-10, 11) гузаронида шуд. Дар даври ноҳиявии Олимпиада 1893 нафар хонанда иштирок карда, 301 нафар хонанда ба даври минтақавӣ роҳхат гирифтанд.
Дар даври чоруми (ҷумҳуриявӣ) Олимпиадаи фаннии хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз фанҳои табиӣ-риёзӣ 10 нафар хонандагони МТМУ-и ноҳия иштирок карданд. Олимпиада дар муассисаи давлатии таълимии “Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат” дар шаҳри Ҳисор баргузор гардид. Хонандаи синфи 11 аз МТМУ №40 Нозимова Гулшан аз фанни химия сазовори ҷойи сеюм гардид.
Корҳои созандагиву ободонӣ
Маврид ба зикр аст, ки Шуъбаи маорифи ноҳия сохтмони якчанд иншоотҳои нақшавиро ба анҷом расонида, мавриди истифода қарор дода, дар қисме аз иншооти нақшавӣ то ҳанӯз корҳои сохтмонӣ идома доранд. Аз ҷумла, танҳо дар соли таҳсили 2020-2021 дар ноҳия аз ҳисоби маблағгузории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, фонди “Саховатмандони диёр” ва ҷалби дигар соҳибкорон дар назди МТМУ №19 – 6 синфхона, МТМУ №26 – 4 синфхона, МТМУ №30 – 2 синфхона, МТМУ №42 – 7 синфхона, МТМУ №45 – 2 синфхона, дар маҷмуъ, дар муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия барои хонандагон 525 ҷойҳои нави нишаст бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуданд.
Ҳамзамон, сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар назди МТМУ №31 – 6 синфхона, МТМУ №33 – 2 синфхона, МТИ №52 – 4 синфхона, МТМУ №58 – 2 синфхона, сохтмони муассисаҳои таълимӣ дар деҳаҳои Шукурӣ, Дараи Алов ва майдони хурди варзишӣ дар МТМУ №2, толори варзишӣ дар МТМУ №17, МТМУ №23 то ҳанӯз идома доранд.
Дар ҳамин доира, инчунин дар деҳаи Очилдии ҷамоати деҳоти Чашмасор аз тарафи Сафоратхонаи Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи таҳсилоти умумӣ (барои 300 нафар хонанда дар ду баст) иборат аз 6 синфхонаи таълимӣ, 1 китобхона ва 1 хона барои омӯзгорон сохта шуда, ин иншоот дар арафаи соли нави таҳсил мавриди истифодаи муҳассилин қарор гирифт. Дар ин давра, ҳамчунин, ҷиҳати бартараф намудани норасоии ҷойи нишаст, танҳо дар арафаи соли нави таҳсил 296 ҷуфт (аз ҷумла 682 курсӣ) бо маблағи 177 390 сомонӣ харидорӣ гардида, ба муассисаҳои таълимӣ ворид гардид.
Муҷаҳҳазгардонӣ бо технологияи муосир
Рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.09.2017, №443 “Дар бораи Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” зери назорати доимии Шуъбаи маориф қарор дошта, тибқи талаботи барномаи мазкур нақшаи харидории компютер дар 3 соли амалишавӣ (солҳои 2018-2020) 251 адад буда, 144 адад компютер харидорӣ шудааст, ки 57,4 дарсадро ташкил медиҳад. Айни ҳол дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳияи Файзобод 853 адад компютер, 228 адад принтер, 16 адад тахтаи электронӣ, 36 адад видеопроектор, 56 синфхонаи компютерӣ ва 241 адад камераҳои мушоҳидавӣ мавҷуд мебошад.
Ба ҷои охирсухан
Дар интиҳои суҳбат Тағоймурод Ғуломов, мудири Шуъбаи маорифи ноҳияи Ваҳдат иброз дошт, ки ҳамасола бо мададу дастгириҳои Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон маблағгузорӣ ба соҳаи маорифи ноҳия рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, дар ин замина силсилаи корҳои ободонию созандагӣ ба амал бароварда шудаанд.
– Масалан, агар дар соли 2018 барои соҳаи маорифи ноҳия 25 миллиону 519 ҳазор сомонӣ, соли 2019 – 32 миллиону 740 ҳазору 436 сомонӣ ҷудо шуда бошад, пас дар соли 2021 ин нишондод ба 40 миллиону 393 ҳазору 569 сомонӣ расид, ки бо истифода аз ин маблағҳо дар баробари тадриҷан беҳтар кардани вазъи моддии омӯзгорону дигар кормандони соҳа, инчунин то қадри имкон барои беҳтар кардани пояҳои моддию техникии муассисаҳои таълимии ноҳия кӯшиш ба харҷ дода истодаем.
Аҳли маорифи ноҳия аз ғамхориҳои ҳамарӯзаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар бобати беҳбуд бахшидан ба вазъи зиндагии омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф руҳу илҳом гирифта, дар роҳи иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат садоқатмандона меҳнат карда, баҳри баланд бардоштани сифати дониши хонандагон, маънавиёти ҷавонон, дар руҳияи ифтихор аз Ватану ватандорӣ ва худшиносии миллӣ тарбия намудани насли наврас чораҳои муассир андешида, вазифаҳои дар наздашон гузошташударо сарбаландона иҷро намуда истодаанд, – хотима бахшид суханашро Тағоймурод Ғуломов.
МТЖТ