Дар партави ҳидояту дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкорони бонангу номуси мамлакат, аз ҷумла соҳибкорони ҳимматбаланди ноҳияи Шаҳринав барои рушду пешрафти Ватану зодгоҳи худ аз сидқи дил ҳиссагузорӣ менамоянд.

Ба гуфтаи мудири бахши кор бо занон ва оилаи назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав М. Бобоалиева, шумораи занони соҳибкори ноҳия 602 нафар буда, ҳамеша дастгирӣ меёбанду ҳавасманд гардонида мешаванд.

– Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №158, аз 01.04.2017 “Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022” нақшаи чорабиниҳо таҳия намуда, тибқи он корҳои зиёдеро ба сомон расонид. Бо кӯмаку дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Президенти кишвар бо мақсади баланд бардоштани сатҳи таҳсилоти онҳо дар соҳаи маориф, илму техника ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ ҳамасола як қатор ҷавондухтарони ноҳия тибқи квотаи президентӣ донишгоҳҳои олиро хатм намуда, дар соҳаҳои гуногун фаъолият карда истодаанд. Қайд кардан бамаврид аст, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба гирандагони стипендияи президентӣ, стипендияи раиси ноҳия ва ба ятимони кулл, ки дар донишгоҳҳои олӣ таҳсили илм доранд, кумакпулии яквақтаина расонида шуд. Бо мақсади тайёр намудани кадрҳои болаёқати роҳбарикунанда баргузории озмунҳо ва силсилачорабиниҳо дар байни корхонаву муассисаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот барои дарёфти кадрҳои болаёқат аз ҳисоби занону духтарон ба нақша гирифта шудааст,- афзуд ӯ.

Директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 Назокат Қурбонова оид ба соҳибкориаш чунин зикр намуд, ки “соли 2019 бо дастгирии МИҲД-и ноҳия ва падару бародаронам дар маркази ҷамоати деҳоти Акрам Ҳасанов бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як муассисаи томактабӣ сохта ба истифода додем. Дар ин ҷамоати деҳот зиёда аз 32 ҳазор аҳолӣ истиқомат мекунанд, вале ягон боғча вуҷуд надошт. Ба ҳамин хотир, дар якҷоягӣ бо аҳли оила тасмим гирифтем, ки боғчаро барои 210 нафар кӯдакон сохта ба истифода диҳем. Хушбахтона, дар ифтитоҳи ин муассисаи томактабӣ 30-юми сентябри соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок карданд. Айни ҳол боғча фаъолият карда истодааст. 140 нафар тарбиятгирандагон таҳти назорати мураббияҳо қарор доранд. Боғча ба тамоми шароити муосир ҷавобгӯ мебошад. Он аз ду ошёна ва 10 ҳуҷра иборат аст. Се маротиба хӯроки гарм дода мешавад”.

– Тӯли 12 сол мешавад, ки дар самти маориф фаъолият карда истодаам. Айни ҳол дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 ба ҳайси директор фаъолият мекунам. Қариб се сол мешавад, ки ба ҳайси роҳбар кор мекунам. Пеш аз ин дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 ҳамчун роҳбар кору фаъолият мекардам. Аз моҳи январи соли 2020 сар карда, то ин ҷониб дар муассисаи мазкур роҳбар мебошам. Дар муассимаи мо 789 нафар хонандагон таҳсил карда истодаанд, ки аз онҳо 415 нафарашон духтарон мебошанд. 62 нафар омӯзгорон кору фаъолият доранд. Омӯзгорони фаъоли муассисаи мо Малаева Сарвиноз, Юсуфалиева Ҳанифа, Султонова Муқаддас, Ортиқова Сурайё, Ёрова Мусалама, Каримова Гулҷаҳон мебошанд. Дар давоми фаъолияти кориам хонандагони мо ба тариқи квотаи президентӣ аз имтиҳонҳои Маркази миллии тестӣ муваффақона гузашта, ба донишгоҳҳои давлатӣ ва хориҷӣ дохил шудаанд. Дар муассисаи мо хонандагони ятими кулл ва нимятимон низ таҳсил мекунанд. Дар ҳар чорабиниҳо аз тарафи маъмурияти муассиса ба ин хонандагон туҳфаҳо тақдим карда мешавад. Дар аввали соли хониш лавозимоти мактабӣ, ба монанди сарулибоси мактабӣ, ҷузвдонҳо туҳфа карда мешавад,- гуфт ӯ.

Ба андешаи мавсуф, “калимаи зан маънои басо калон дорад. Зан офарандаи ҳаёт аст. Зан пеш аз ҳама соҳибмаърифат бояд бошад. Ӯ бояд соҳиби маълумот бошад, чун пеш аз ҳама барои таълиму тарбияи фарзанди худаш лозим аст. Инчунин, барои пешрафти зиндагӣ низ зарур аст. Зан бояд ҳаматарафа бошад, аз ҷумла соҳиби маданияту савод. Имрӯз бемории COVID-19 тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст. Дар муассисаи мо корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии ин беморӣ гузаронида мешавад. Барои ҳамаи хонандагон дар ҷамъомадҳои субҳирӯзӣ, инчунин дар дарсҳои биология ва химия низ корҳои фаҳмондаҳии такрорӣ гузаронида мешавад. Дар муассисаи таълимӣ ниқобҳо ва маводҳои антисептикӣ, аз ҷумла хлор захира шудааст. Ҳамарӯза бо маҳлулҳои антисептикӣ ҳама ҷойҳои муассиса тоза карда мешавад. Хонандагон бо ниқобҳо таъмин буда, ҳар 10-15 дақиқа дастони худашонро бо антисептикҳо тоза мекунанд. Робитаи мактаб бо волидайн зич аст. Корҳои таълиму тарбия дар муассиса хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Рӯзҳои шанбе рӯзи дарҳои кушод аст. Дар муассиса китоби махсус кушода шудааст, ки дар он иштироки падару модарон дар дарсҳо ба қайд гирифта мешавад. Мутаассифона, бо сабаби коронавирус маҳдудият ҷорӣ карда шуд. Зеро волидайн аз берун меоянд. Саломатии хонандагон барои мо муҳимтар аст. Ман пеш аз ҳама мехоҳам, ки давлати соҳибистиқлоли мо ҳамеша тинҷу ором бошад. Ягон бонуи тоҷик ба бемории коронавирус гирифтор нашавад. Тамоми бонувон мисли гулҳои баҳор хандону шукуфон бошанд. Ва Тоҷикистони мо боз ҳам рушд ёбад”.

Мудири кӯдакистони хусусии “Наврӯз”-и шаҳри Турсунзода Парвина Сараева бошад, мегӯяд, ки “21-уми марти соли 2016 кӯдакистон барои 100 нафар кушода шуд. Айни замон 6 нафар занонро бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудаам. Ман худ 4 сол мешавад, ки ба ҳайси роҳбарикунанда фаъолият дорам. Кӯдакистон бо тамоми шароити замонавӣ таъмин мебошад. Он аз ду ошёна иборат буда, 4 ҳуҷра, толори мусиқӣ, ошхонаву ҳоҷатхона, утоқи либосивазкунӣ, ҷойҳои хоб бо катҳо низ дорем”.

– Барои ин нақшаи худро амалӣ гардонидан маро дар ҷодаи соҳибкориам бародаронам, ки дар Федератсияи Русия кор мекунанд, дастгирӣ менамоянд. Қаблан модарам низ соҳибкор буданд. Модарам аз давлатҳои хориҷа худашон рафта бор меоварданду ба тиҷорат машғул буданд. Модарам мағоза доштанд. Баъд аз он ки модарам хизматчии давлатӣ шуданд, ман соҳибкории модарамро давом дода истодаам. Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки нисбати мо занон хеле ғамхор мебошанд, мо тасмим гирифтем, ки дар ноҳияи Шаҳринав кошонаи ҳусн барои бонувон, нонпазхона, сехи қаннодӣ сохта ба истифода диҳем. Аз рӯйи нақшаҳои пешбинишуда ин иншооти сохтмониро то соли 2021 ба анҷом хоҳем расонд. Баъд аз иҷро гардидани ҳамаи нақшаҳои пешбинишуда, дар оянда низ саҳми худро дар корҳои ободонии Шаҳринав ва Тоҷикистон хоҳем гузошт. Мо занони соҳибкор бояд ҳамеша фаъол бошему барои пешрафти ҷомеа ва корҳои ободонӣ саҳми худро гузорем,- афзуд ӯ.

Ба гуфтаи мавсуф, муваффақиятҳои ӯро дар самти соҳибкорӣ ва фаъолияти пурсамару саҳми муносибашро дар корҳои ободонӣ ба назар гирифта, 8-уми сентябри соли 2017 собиқ раиси шаҳри Турсунзода муҳтарам С. Саломзода бахшида ба ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода сарфароз гардонидаанд: “Инчунин, 1-уми июни соли 2019 аз ҷониби собиқ раиси шаҳри Турсунзода муҳтарам А. Вализода барои таълиму тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ, ташаккули зеҳнии кӯдакон ва иштироки фаъолона дар озмуни “Беҳтарин ширхоргоҳ-кӯдакистон” бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон қадрдонӣ гардидам”.

Ба гуфтаи мудири бахши кор бо занон ва оила М. Бобоалиева, “бо мақсади иҷроиши “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020” мувофиқи нақшаи чорабиниҳо корҳои зиёде ба сомон расонида шуд. Дар якҷоягӣ бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ёздаҳмоҳаи соли 2020-ум 265 нафар занону духтарон ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд. 13 маротиба ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ташкил шуда, 627 нафар занон муроҷиат намудаанд, ки 382 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин гардидаанд”.

– Бояд тазаккур дод, ки шумораи ҷавондухтарон 23,366 нафар, аз онҳо донишҷӯдухтарони макотиби олӣ 703 нафар, донишҷӯдухтарони омӯзишгоҳҳо 168 нафаранд. Айни замон дар Литсейи касбии техникии Шаҳринав 79 нафар духтарон аз рӯи ихтисосҳои дӯзанда, қаннодӣ, оператори компютер, ҳисобчӣ, тракторист-машинисти истеҳсолоти кишоварзӣ, системаи компютер ва интернет-технология, кафшергарии газию барқӣ таҳсил менамоянд, ки ин дар оянда баҳри паст кардани сатҳи бекорӣ ва камбизоатӣ дар байни занону духтарон мусоидат менамояд. Барои дар амал татбиқ намудани қарорҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки солҳои 2019-2021-ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуданд, дар литсей як қатор чорабиниҳо ташкил карда гузаронида шуданд. Аз ҷумла, синфҳои алоҳида ташкил карда, дастовардҳои ҳунарҳои мардумӣ гирд оварда шудааст. Бо мақсади рушди ҳунарҳои адрасбофӣ, дӯзандагӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ дар ноҳия курсҳои омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ дар маркази ҷавонон таъсис дода шуд. Бо тавсияи бахши кор бо занон 31 нафар занону духтарон дар маркази мазкур ба курсҳои омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили адрасбофӣ, қолинбофӣ ва дӯзандагӣ ҷалб карда шуданд. Занон ва духтарони хонашин курси омӯзиши ҳунарҳои мардумиро аз худ намуда, ба онҳо сертификат дода шуд. Вобаста ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар ҳамаи деҳаву маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия суҳбату вохӯриҳо гузаронида шуда, чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ ба роҳ монда шудаанд. Тавассути радиои мавҷии “Паёми Шаҳринав” бо иштироки мудири бахши кор бо занон ва оила, фаъолзанон, раисони шӯроҳои кор бо занон ва оилаи назди ҷамоати шаҳраку деҳот доир ба баланд бардоштани мақому манзалати бонувони ҳунарманду соҳибкор барномаву гузоришҳо пахш карда шуданд,- афзуд ӯ.

Бояд гуфт, ки бо ҷалби занони ҳунарманди ноҳия дар шабакаи Телевизиони Тоҷикистон ва “Сафина” барномаи “Ҳунар симу зар аст” ба навор гирифта ва пешкаши тамошобинон гардонида шудааст. Бахшида ба санаи муҳими таърихӣ – ҷашни Иди Сада дар бинои шуъбаи маорифи ноҳия ҳунарҳои мардумӣ, хӯришҳои миллӣ, ярмаркаҳои кишоварзӣ ба намоиш гузошта шуда, дар толори шуъбаи маорифи ноҳия маҷлиси тантанавӣ баргузор гардидааст. Вобаста ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо ташаббусу дастгириҳои бонувон, занони фаъоли ноҳия ва ҷалби занони ҳунарманд силсилачорабиниҳо ва озмунҳо, амсоли “Ҳунар симу зар аст”, “Дастархонороӣ”, “Кадбонуи беҳтарин”, “Хӯришҳои миллӣ ва муосир”, “Зебосанам” ва ғайра баргузор карда шудаанд. Дар даври ҷумҳуриявии “Ҳунар симу зар аст” аз рӯи номинатсияи “Адрасбофӣ” ҳунарманд Холбобоева Муяссар дар ҷумҳурӣ сазовори ҷойи якум ва аз рӯи номинатсияи “Кулолгарӣ” ҳунарманд Раупова Иқболой сазовори ҷойи дуюм гардидаанд. Инчунин, дар озмуни ҷумҳуриявии “Дастархонороӣ” кадбону аз ҷамоати деҳоти Боғистон Кабирова Умеда дар даври минтақавӣ созовори ҷойи дуюм гардидааст.

Бо ташаббусу дастгириҳои бонувон, занони фаъоли ноҳия баҳри баланд бардоштани ҳисси зебопарастӣ, кабудизоркунӣ дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҳар ҳафта шанбегӣ гузаронида ва гирду атрофи корхонаҳо, муассисаҳо, биноҳои маъмурӣ, инчунин шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода ободу зебо гаридонида мешавад.

Имрӯз шумораи занони ноҳия 62752 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Дар ноҳия теъдоди кадрҳои роҳбарикунанда дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ нисбат ба нуҳ моҳи солҳои 2018-2019 афзоиш ёфта истодааст. Айни ҳол дар вазифаи роҳбарикунанда 371 нафар занон фаъолият доранд. Шумораи хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби занону духтарон 47 нафарро ташкил медиҳад. Дар соҳаҳои кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф ва фарҳанг зиёда аз нисфи кормандонро занон ташкил медиҳанд. Шумораи умумии занони соҳаи маориф ба 1244 нафар, соҳаи тандурустӣ ба 687 нафар, соҳаи фарҳанг ба 55 нафар, занони соҳибкор ба 602 нафар, сарварони хоҷагиҳои деҳқонӣ ба 415 нафар расидааст. 1840 нафар занон узви Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон мебошанд, ки нисбат ба соли гузашта бештар аст.

Нигора САИДБЕКОВА, МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь