Пайравӣ ба ҳидоятҳои Пешво

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии кишвар пайваста таъкид менамоянд, “… барои расидан ба ҳадафҳои неки созандаву бунёдкорона аз устодону омӯзгорон ва дар маҷмуъ, аз тамоми кормандони соҳаҳои илму маориф тақозо мешавад, ки пеш аз ҳама, бо донишҳои муосири илмиву техникӣ мусаллаҳ бошанд ва шогирдону таълимгирандагонро ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар сафарбар карда, ин қишри фаъоли ҷомеаро дар руҳияи баланди худшиносӣ ва худогоҳӣ тарбия намоянд”.

Шуъбаи маорифи ноҳияи Дӯстӣ дар пайравӣ аз сиёсати созандаву дурбинонаи Ҳукумати мамлакат, бахусус, аз ҳидояту иқдомҳои наҷибонаву ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои миллат талош бар он меварзад, то дар омода кардани кадрҳои лаёқатманду соҳибмаърифат, ватандӯсту ватанпарвар, худогоҳу хештаншинос ва содиқ ба Ватан ва миллат боз ҳам бештар саҳмгузор бошад.

Тавре зимни суҳбат бо хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон мудири Шуъбаи маорифи ноҳияи Дӯстӣ Шаҳноза Маҳмадсаидзода иброз дошт, “бешак, қабули як қатор барномаву консепсияҳои муҳими давлатӣ барои татбиқи ислоҳоти соҳаҳои илму маориф ва дар ин замина беҳтар намудани шароити кори омӯзгорон ба сатҳу сифати таълиму тарбия дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот такони ҷиддӣ бахшид. Маҳз чунин ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумат ва билхосса, Пешвои муаззами миллат мо — аҳли маорифро водор месозанд, ки дар тарғиб ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таблиғу ташвиқи арзишҳои маънавӣ ва ба ин восита дар замири насли наврас таҳким бахшидани ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва омода будан ба ҳифзи манфиатҳои Тоҷикистони азизамон саҳми арзанда дошта бошем. Аз ин лиҳоз, тарбияи хонандагони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ва мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ аз ҳадафҳои муҳиме ба шумор мераванд, ки бояд ба таври доимӣ дар маркази таваҷҷуҳи омӯзгорон қарор гиранд”.

Хишти аввали таълиму тарбия

Шаҳноза Маҳмадсаидзода дар идомаи суҳбат афзуд, ки Шуъбаи маорифи ноҳияи Дӯстӣ фаъолияти худро дар соли таҳсили 2020 — 2021 баҳри иҷрои талаботҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳо, дастурҳои ҳидоятии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бахусус, Паёми барномавии ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишу супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҳуҷҷатҳои муҳими аҳамияти соҳавӣ доштаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Дӯстӣ, Раёсати маорифи вилояти Хатлон амалӣ намуда истодааст.

Дар се моҳи соли равон 3 Шӯрои маориф ва 3 ҷаласаи нақшавӣ, 6 ҷаласаи ғайринақшавии назди мудири шуъбаи маориф гузаронида шуданд, ки  дар онҳо 39 масъалаи вобаста ба таълиму тарбия ва 82 мактуб ва қарорҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Нишондиҳандаҳои оморӣ

Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ дар тобеияти худ 54 муассисаҳои таълимӣ, тарбиявӣ ва томактабӣ дорад, ки аз ин шумора 2 муассисаи томактабӣ, 1 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 7 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 40 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 гимназия, 3 маркази назди шуъбаи маориф мебошад.

Дар муассисаҳои таълимии ноҳия 26595 нафар  хонандагон  ба таҳсил фаро гирифта шуда, ба таълиму тарбияи онҳо 1666 омӯзгор (аз ҷумла, 867 нафар бонувон) вобаста карда шудаанд. Дар ноҳия ду муассисаи томактабӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо 322 нафар кӯдакони то 6-сола ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд ва ба онҳо 28 нафар муррабияву ёварони мураббияҳо вобаста гардидаанд.

Аз ин теъдод бо таҳсилоти олӣ 1164 нафар, бо таҳсилоти олии нопурра 56 нафар, бо таҳсилоти миёнаи  махсус 341 нафар, бо таҳсилоти миёнаи умумӣ 104 нафар фаъолият карда истодаанд. Қобили тазаккур аст, ки он 104 нафари бо таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолиятбаранда алҳол дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ғоибона дар курсҳои 1-3 таҳсил карда истодаанд. Ҳамзамон, 90 нафар 5,4 % омӯзгори нафақахӯр аз рӯи як воҳиди корӣ ба тариқи шартнома кор мекунад.

Имтиёз ба кадрҳои ҷавон

Ҷиҳати татбиқи  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон”  аз 3 майи соли 2006 ба  1 нафар омӯзгор замини назди ҳавлигӣ, ба 4 нафар омӯзгор қарзи имтиёзнок дода шуд. Инчунин ба 53 нафар омӯзгорони ҷавон ҳар моҳ 10% ба маошашон иловапулӣ дода мешавад.

Соли ҷорӣ дар назди 14 муассисаи таълимӣ (№2, 4, 7, 8, 9, 10, 11, 12, 13, 16, 18, 23, 27 ва гимназияи давлатии №1) 20 гурӯҳи маркази инкишофи кӯдак ташкил шуда, ба онҳо 514 нафар кӯдакони синни 6 — сола ҷалб шудаанд.

Ҳамчунин, соли таҳсили 2020-2021 ба таҳсили инклюзивӣ (таҳсил дар хона) 4 нафар (аз ҷумла 3 нафар духтар) , яъне кӯдакони имконияташон маҳдуд фаро гирифта шудаанд.

Сатҳу сифати таълим

Вазьи ташкили назорати дохилимактабӣ, сифати таҳсилот ва сатҳи дониши хонандагон, рафти иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф дар ҷаласаи назди мудир ва Шӯрои шуъбаи маориф пайваста мавриди баррасӣ омӯзиш ва муҳокима қарор дода мешаванд.

Ин аст, ки рафти амалишавии қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, Консепсияи миллии тарбия ва таҳсилот, Стандарти давлатии таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва дигар қонуну Барномаҳои давлатии амаликунандаи соҳаи маориф дар шӯроҳои Шуъбаи маориф мавриди омӯзиш, баррасӣ қарор гирифта, ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта чораҳои зарурӣ андешида шуданд.  Натиҷаи чоряки сеюми соли таҳсили 2020-2021 нишон дод, ки 2488 нафар бо баҳои 5, 9759 нафар бо баҳои 4, 10934 нафар бо баҳои 3 ва 36 нафар бо баҳои 2 ҷамъбаст намудаанд. Натиҷатан сифати таҳсилот 53% буда, азхудкунӣ 99,97% — ро ташкил медиҳад.

Дар баробари ин, айни замон дар 46 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия 14 249 нафар хонандагони синфҳои 5-11 аз фанни технологияи иттилоотӣ таълим мегиранд, ки ба онҳо аз фанни номбурда 46 нафар омӯзгор дарс мегӯянд. Дар ҳисоби Шуъбаи маориф ва муассисаҳои таълимии ноҳия 745 адад компютер, 148 адад принтер, 15 адад проектор, 7 адад тахтаи электронӣ ва 38 адад генератор мавҷуд аст, ки иҷрои барномаи компютеркунонӣ дар ноҳия 78,2%-ро ташкил медиҳад.  Ба ҳар сари 19 нафар  хонандаи синфҳои 5-11-и муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия  1 компютер рост меояд.

Ҷилои истеъдодҳо

Соли 2021 хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар олимпиадаҳои фаннии 31 ҷой дар сатҳи вилоятӣ аз ҷумла 13 ҷойи якум, 9 ҷойи дуюм ва 9 ҷойи сеюмро ишғол намуданд. Ҳамзамон Мамедов Садиқ — хонандаи синфи 11-и МТМУ №7 аз фанни биология, Ҷабборов Шуҳрат — хонандаи синфи 11-и МТМУ №25 аз фанни химия, Астанақулов Аҳлиддин — хонандаи синфи 11-и МТМУ №23 аз фанни биология ба даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фанни роҳхат гирифтанд.

Бо мақсади гузаронидани даври мактабии озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикистон — Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” «Илм — фурӯғи маърифат» тамоми чораҳо андешида шуда, низомномаҳои озмунҳои мазкур дастраси муассисаҳои таълимии ноҳия гардонида шудаанд.

Дар ҳамин ҳол айни замон таҷрибаи пешкадами омӯзгорони фанни химия Суробов. М. — МТМУ №6, Абиев А. — МТМУ №26, Ҷабборов А. — МТМУ №11 ва Назриддини А. — МТМУ №14 мавриди омӯзиш қарор дорад.

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда байни хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия озмунҳои “Адибони ҷавон”, “Иншои беҳтарин”,  “Рӯзномаи девории беҳтарин”, “Кадбонуи беҳтарин”,  “Расми беҳтарин”, “Чакомаи гесу”, “Аллаи Модар”, озмуни расми беҳтарин дар мавзӯи “Зимистон  аз нигоҳи кӯдак”, мусобиқаҳои  варзишии Шашка, Шоҳмот, Гуштин, “Волейбол” озмуни  вилоятии ҳарбӣ — варзишии “Ватанпарвар” баргузор  гардид, ки ғолибон бо медал, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Ободӣ аз озодагист

Бо  дастгирии  соҳибкори  ватанӣ Муҳибов  Ҷурабек Давлатович  дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №38, дар деҳаи Пахтакори ҷамоати деҳоти Навзамини ноҳияи Дӯстӣ сохтмони бинои иловагӣ иборат аз 6 синфхона, барои 150 ҷойи нишаст дар як баст сохта шуда, бо тамоми таҷҳизотҳои таҳсил муҷаҳҳаз гардонида, санаи 4-уми марти соли 2021  мавриди истифода супорида шуқарор гирифт.

Дар ин росто боиси фараҳмандист, ки санаи 31-уми марти соли 2021 дар иштироки раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон бинои иловагӣ иборат аз 10 синфхона, 1 утоқи корӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 ба номи Ҷумагелдӣ Ҷумақулов, воқеъ дар деҳаи Ғалабаи ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл ифтитоҳ ва мавриди баҳрабардории хонандагон қарор гирифт. Бинои мазкур бо дастгирии Кумитаи падару модарон ва зери роҳбариву маблағгузории раиси хоҷагии деҳқонии тухмпарварии ба номи Эргаш Султони ноҳия Холов Бегмурод сохта шуд.

Ҳамзамон корҳои ҳуҷҷатгузорӣ бинои нави маъмурии Шуъбаи маориф, муассисаи таълимии №6, 14 ва муассисаи таълимии №33 ба охир расида корҳои сохтмонӣ дар арафаи оғозёбист.

Ҳоло иловатан дар таълимгоҳҳои ноҳия сохтмони 34 синфхона, 3 утоқи корӣ, 1 китобхона ва 1 толори маҷлисгоҳ  яъне  850 ҷойи нишаст дар як баст идома дорад.

Ҳамзамон 12 муассисаи таълимӣ бо замини ёрирасони хоҷагии кишоварзӣ ва 9 муассисаи таълимӣ бо гармхона таъмин мебошанд, ки маблағи ба даст омада дар ободии муассисаи таълими сарф карда мешавад.

Хуштолеони квотавӣ

Инчунин барои  тарғибу ташвиқи дастуру супоришҳо ва нуқтаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 нақшаи чорабиниҳои Шуъбаи маорифи ноҳия таҳия ва тасдиқ гардида, тибқи нақша чорабинии зикршуда дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳияи Дӯстӣ вохӯрӣ бо хонандагони синфҳои 9-11, падару модарон ва фаъолони деҳа гузаронида шуданд.

Барои гузаронидани даври  якум ва дуюми  озмуни қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии  касбии  ҷумҳурӣ  тибқи  квотаи  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ фармоиши мудири Шуъбаи маорифи ноҳия аз 5-уми марти соли 2021, 15/1 ба табъ расид, ки дар доираи он даври якуми озмун дар муассисаҳои таълимии ноҳия гузаронида шуд.

Ба  муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия аз тарафи шуъбаи маориф  китоби “Роҳнамои довталаб” 284 адад, намунаи саволу масъалаҳои тестӣ аз фанҳои таълимӣ 2830 адад дастарас гардонида шуд. То 20-уми марти соли ҷорӣ 843 нафар хатмкунандагони синфҳои 11 муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия ба ИМД ҳуҷҷат супориданд.

Фаъолияти кабинети методӣ

Аз тарафи  кормандони кабинети  методӣ дар асоси нақшаи Шӯрои  кабинети  методӣ ҳамеша ба коллективи педагогии муассисаҳои таълимии ноҳия оиди гузаронидани   озмунҳои  мактабӣ, минтақавӣ, ноҳиявӣ  ва таҳияи  ҳуҷҷатҳои расмӣ, тартиби бурдани журналҳои синфию дарсӣ, ҳуҷҷатдории иттиҳодияҳо, усулҳои истифода аз тестҳо ёрии методӣ ва маслиҳатҳои муфид   расонида мешавад.

Тибқи нақша аз фанҳои таълимии физика, химия, география, экология, биология,  дифои ҳарбӣ ва варзиш, забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, ӯзбекӣ ва тукманӣ, математика, китобдорӣ, география, технологияи иттилоотӣ ва синфҳои  ибтидоӣ бо муовинони директор оид ба таълиму тарбия, созмонҳои  хонандагон ва директорони муассисаҳои таълимӣ семинарҳои  доимоамалкунандаи  ҳармоҳа гузаронида мешаванд.

Дар  асоси  нақшаи  вориднамудаи Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии шаҳри Душанбе  ва ФДҶТИБКСМ шаҳри  Бохтар дар се моҳ 6 директори муассисаҳои таълимӣ, 2 муовини директор ва 92  омӯзгори фаннӣ  аз курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаронида шуданд.

Нахли умед сабз аст

Бар замми ҳамаи ин дар фаъолияти Шуъбаи маориф ва муассисаҳои таълимии ноҳия як қатор мушкилот, аз қабили дар ҳолати садамавӣ қарор доштани МТМУ №9 ва толори маҷлисгоҳу варзишии МТМУ №27, норасоии компютер дар муассисаҳои таълимӣ, бо бинои алоҳида таъмин набудани Шуъбаи маорифи ноҳия дар аксари муассисаҳои таълимӣ мавҷуд набудани Маркази инкишофи кӯдак, кам будани муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи хусусӣ дар нохия, таъмин набудани муассисаҳои таълимии ноҳия мувофиқ ба талаботҳои соҳа бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ, норасоии мизу курсӣ дар баъзе таълимгоҳҳо аз сабаби набудани маблағгузорӣ ва ё кам ҷудо шудани маблағ мавҷуд мебошанд, ки албатта, умедворем онҳо дар фурсатҳои муносиб бо дастгирии слхторҳои соҳавӣ ва ҳукумати маҳаллӣ ҳалли саривақтии худро пайдо мекунанд.

Маҳак – ҳифзи арзишҳои маънавӣ

“Дар умум равандҳои замони муосир аҳли маорифро водор месозанд, ки дар тарғиби моҳияти истиқлолу озодӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таблиғу ташвиқи арзишҳои маънавӣ, аз ҷумла забон, таъриху фарҳанг, расму ойин, анъанаҳои миллӣ ва ба ин восита дар замири хонандагон таҳким бахшидани ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва омода будан ба ҳифзи манфиатҳои Тоҷикистони азизамон саҳми калидӣ дошта бошанд”, — иброз дошт Шаҳноза Маҳмадсаидзода ва ҳамзамон бо итминон афзуд, ки “рисолати мо кормандони соҳаи маориф дар оянда тарбия намудани наврасону ҷавонон, ба роҳи рост ҳидоят намудани онҳо боқӣ мемонад ва бо боварии комил гуфта метавонам, ки Шӯъбаи маорифи МИҲД ноҳияи Дӯстӣ сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ноҳияи Дӯстӣ Саидзода Нурмуҳаммад Хол ва Раёсати маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро дар амал татбиқ намуда, баҳри рушди соҳаи маорифи ноҳия ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ноҳия тамоми чораҳои заруриро амалӣ мегардонад. Дар ин раванд мо пайваста бо меҳри Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлол ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор мекунем ва фаъолиятамонро идома дода, барои ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, некӯаҳволии мардуми кишвар ҳамеша ҷаҳду талош намуда, ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем”.

Маҳмадалӣ Мақсадуллоҳ, МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here