Таври маълум, дараи Ромит, ки яке аз минтақаҳои асосии сайёҳии Тоҷикистон аст, бо зебоиҳову манзараҳои нотакрори худ аллакай сайёҳону меҳмонон ва шаҳрвандони бешумори кишварро мафтун кардааст.
Яке аз мавзеъҳои машҳури ин минтақа «Мамнуъгоҳи Ромит» ба шумор меравад, ки дар масофаи 80 км аз шаҳри Душанбе ва 50 км аз маркази шаҳри Ваҳдат ҷойгир буда, масоҳати он 16100 гектарро ташкил медиҳад. Роҳ ба сӯи ин мамнуъгоҳ сайргоҳи аҷибу ҳақиқиро мемонад. Ҳоло дар ҳар ду тарафи ин роҳ истироҳатгоҳҳои зиёде бунёд шудаанд, ки диққати касро ба худ ҷалб месозанд. Гӯё табиат дар мамнуъгоҳ тамоми шоҳкориҳоро ба вуҷуд оварда бошад. Боду ҳавои форам, обҳои зулол ба кас илҳоми тоза мебахшанд.
Ин мамнуъгоҳ тибқи Барномаи давлатии рушди ҳудуди табиии махсус муҳофизатшаванда ба нақша гирифта шудааст. Сайёҳон имконият пайдо мекунанд, ки манзараҳои беҳтарини мамнуъгоҳ, ёдгориҳои табиӣ ва дигар мавзеъҳоро бемамониат тамошо карда, аз захираҳои табиии он оқилона истифода баранд.
Дар ҳудуди мамнуъгоҳ, дар натиҷаи кофтукови бостоншиносӣ, ёдгориҳои таърихии Қалъаи Посбонҳо дар деҳаи Хушон, Қалъаи Ҳисорак дар деҳаи Коху ва Қарияи калони Шаҳидон дар даромадгоҳи мамнуъгоҳ маълум карда шудаанд, ки онҳо ба асрҳои 10-12 рост меоянд. Печҳои оҳанобкунӣ ва асбобҳои аз оҳан тайёркардашуда, ки дар инҷо ёфт шудаанд, аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар дохили Қалъа ғайр аз тайёр намудани асбобу анҷомҳои муҳофизатӣ ба омода намудани асбобу олоти зиндагӣ низ машғул мешудаанд.
Набототи мамнуъгоҳ
Олами набототи мамнуъгоҳ хеле бою рангин буда, то имрӯз пурра омӯхта нашудааст. Тибқи маълумотҳо, гуногунии олами набототи мамнуъгоҳи «Ромит» 1503 намудро дар бар мегирад, ки аз он 292 намуд обсабзҳо, 193 намуд замбурӯғҳо, 41 намуд ушнашаклҳо, 127 намуд замбурӯғмонандҳо ва 845 намудро растаниҳои гуногун ташкил медиҳанд.
Олами ҳайвонот
Олами ҳайвоноти қаторкуҳи Ҳисор, ки «Мамнуъгоҳи Ромит» дар ҳамин минтақа ҷойгир шудааст, ба қисмати ҷуғрофии зоологии Бухорои шарқӣ мансуб буда, дар он қисме аз намудҳои олами ҳайвоноти ҳудудҳои Тёншони ғарбӣ низ ворид гаштаанд.
Вобаста ба шароитҳои зисти олами ҳайвонот ҳудуди мамнуъгоҳи Ромит ба 3 минтақа тақсим мешавад (даштҳои куҳӣ, ҷангалзорҳо ва баландкуҳҳо), ки аз ҳамдигар бо хусусиятҳои ба худ хос фарқ мекунанд. Дар мамнуъгоҳ 3 намуди моҳӣ мавҷуд аст: ширмоҳӣ, гулмоҳӣ, лақамоҳӣ.
Хазандаҳо
Дар ҳудуди мамнуъгоҳ 17 намуди хазандагон, аз ҷумла морҳои гурза, сипарисарон, мори фишор ва ғайра мавҷуданд. Аз ҳама камёфттарин мори кубро, кӯрмор ва афъӣ ба шумор мераванд.
Парандагон
Дар мамнуъгоҳ 134 паранда мавҷуд аст, ки 80 намуди онҳо парандаҳои муқимӣ буда, боқимонда дар фаслҳои муайян ба ин минтақа меоянд. Дар мамнуъгоҳ парандаҳои асосӣ, ба монанди кабк, бедона, бургут, мурғи ҳумо, говкафтар, сангодавак, товусаки биҳиштӣ ва ғайраҳо зиндагӣ мекунанд. Аз олами парандагон 18 намуд ба Китоби Сурхи Тоҷикистон ва 1 намуд – эзорсурхак ба китоби сурх дохил карда шудааст.
Захираи об дар дарёҳои Сардаи миёна ва Сорво имконият медиҳад, ки дар онҳо шуғли варзиши обӣ ва моҳидорӣ бо меъёрҳои муайян ташкил карда шавад.
Роҳ аз шаҳри Душанбе ба сӯи «Мамнуъгоҳи Ромит» тамоми сол кушода аст ва ба сайёҳон имкон медиҳад, ки бемамониат дар тамоми фаслҳо аз мамнуъгоҳ дидан намоянд.
Канаск – макони гулу гиёҳ
Ин ҷо метавон аз мавзеи дигари тамошобоб – Канаск ёдоварӣ намуд. Майдони умумии мавзеи Канаск 40 ҳазор гектарро ташкил медиҳад ва иқлими он басо салқин ва табиаташ зебову назаррабост. Заминҳояш дар ду фасли сол – баҳору тобистон сабзпӯшанд. Канаск дар қисми шимолу шарқии шаҳри Ваҳдат дар баландии 2300-2500 метр аз сатҳи баҳр, дар масофаи 100 километр дурӣ аз маркази шаҳр ҷойгир мебошад. Ин мавзеъ бо гиёҳҳои шифобахш, рӯди обаш сарду мусаффо ва чашмаи оби гарм барои истифодабарандагон, алалхусус чорвопарварон ва занбӯриасалпарварон, ки моҳҳои зиёд муқими ин ҷо мегарданд, басо созгор аст. Ҳамчунин, ин мавзеъ барои парвариши картошкаи тухмӣ, ки аз барангезандаҳои касалию зараррасонҳо озод аст, мутобиқ мебошад. Фаровонии гулу гиёҳҳои шифобахшу шароити хуби экологии мавзеи Канаск барои парвариши занбӯри асал ва истеҳсоли асали аълосифат басо мусоид аст. Ин минтақаи биҳиштосо бо табиати зебову нотакрор барои рушди соҳаи туризм низ созгор мебошад.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12-уми ноябри соли 2016 Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии ёрирасони Канаск” таъсис дода шуда, аз моҳи апрели соли 2017 майдони умумии 40 ҳазор гектар заминҳои мавзеи Канаски деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат ба тавозуни корхона гузаронида шуд.
Имкониятҳо
Рушди соҳаи сайёҳӣ бо дарназардошти мавҷудияти ҷойҳои истироҳатӣ ва таърихӣ дар шаҳр имконияти хеле васеъ дорад. Дар дараи Ромит оби шифобахши «Зайрон», «Мамнуъгоҳи Ромит», 60 иншооти истироҳатӣ, таълимӣ, фарҳангӣ ва истеҳсолӣ мавҷуд аст. Инчунин, 200 хонаи истироҳатӣ (дача) барои рушди соҳаи сайёҳӣ имконият фароҳам меоранд.
Дар ин замина, ободкориҳои дараи Ромит аз нав эҳё шуда, 36 адад истироҳатгоҳ, 10 адад лагерҳои мактабӣ, 4 адад боғҳои таҷрибавӣ ва истироҳатӣ, корҳои иктишофӣ-геологӣ, заводи гулмоҳипарварӣ, оби шифобахши «Зайрон», базаи туристӣ, «Мамнуъгоҳи Ромит» ба фаъолият оғоз намуда, барқарорсозии дигар истироҳатгоҳҳову табобатгоҳҳо идома дорад.
Дар баробари ин, осоишгоҳи Тангаӣ барои табобат кӯдаконро қабул карда истодааст. Дар деҳаҳои Явроз ва Ромит стансияҳои мавҷқабулкунии телевизиони марказӣ ба истифода дода шуд. Ҳамзамон, барқарор шудани алоқаи телефонӣ байни шаҳру маркази деҳоти Ромит амалӣ гардид.
Оби шифобахши «Зайрон» барои табобати касалиҳои дарди миёну пой, буғумҳо шифобахш буда, дар як шабонарӯз то 200 мизоҷонро барои табобат қабул менамояд.
Инчунин, дар шаҳр оби шифобахши «Оби шӯр» мавҷуд аст, ки мардум барои табобати касалиҳои дарди буғум ва сутунмуҳра ба ин ҷо меоянд.
Дар истироҳатгоҳҳои кӯдакону наврасони «Ҳамсафар», «Булбулакон», «Афсонаи куҳӣ», «Садбарг», «Мағов», «Явроз», «Роҳи оҳан», «Кишоварз» ва ғайраҳо қариб ҳар сол 3800 нафар кӯдакону наврасон истироҳат мекунанд.
Бахтиёр АЛИМОВ