Мардуми шаҳру деҳоти Панҷакент, ба вижа меҳмонону сайёҳони ҷаҳонгард дигар ба фароғатгоҳу тарабхонаи бо номиБешазораз роҳи пурчангу хок ва начандон тахту ҳамвор пиёдаву савора ҳаракат намекунанд. Зеро ду тан аз соҳибкорони миёнсоли дар кори хеш муваффақ якҷо бо кумакҳои фарзандон ва аз пулҳои барои зиёрати хонаи Худо тӯли солҳо ҷамъовардаашон ҳамчун садақаи ҷорӣ ин масирро мумфарш карданд.

Оилаи Мавлон Солеҳов оилаи интернатсионалистист, зеро ҳангоми хидмат дар Россия солҳои 1976-ум ба духтари зебое бо номи Мария дил баставу баъди адои хидмат ба ҳамдигар хонадор мешаванд. Тӯли ин солҳо пастиву баландӣ ва шириниву нокомиҳои зиндагиро паси сар намуда, ҳоло ба соҳибкорӣ машғуланд.

Мавлон Солеҳов дар Панҷакент таббохи хеле машҳур аст. Ҳамроҳи писараш Рустам, ки соҳибмулк ва бунёдгари «Бешазор» аст, мегӯянд: «Шаҳри бостонии Панҷакент мавзеҳои хушбоду ҳаво ва ҷойҳои нишастанбоби зиёде дорад. Аз ин ҷост, ки ҳар меҳмоневу нафари хориҷӣ, ки ба ин шаҳри куҳанбунёд меояд, мафтуни ин манзараҳову ҷойҳои хушбоду ҳавои чӣ гирду атрофи шаҳр ва чӣ деҳоти он мегардад». Аммо, онҳо афзуданд, ки ба қавли меҳмонон, агарчи манзараҳои дилфиреб зиёданд, вале ҷойҳои нишасти фароғатии замонавӣ хеле каму ба талаботи имрӯза аз нигоҳи хадамоту коммуникатсия чандон ҷавобгӯ набудаанд.

– Ана ҳамин гуфтаҳои мардуму меҳмононро ба инобат гирифта, панҷ сол пеш як мавзеи ноободу тӯғайзори лаби дарёро бо аҳли оилаамон дар муддати ду сол обод намуда, дар инҷо як тарабхонаи замонавӣ бо меҳмонхона ва макони биҳиштосоро бо ҷойҳои нишастҳои экзотикӣ, ки сохташон милливу аз масолеҳи маҳаллӣ бо кӯлҳои нуқрафому ҳавзи шиноварӣ бунёд намудем, ки агар аксҳояшро гузоред, мардум худ ба ин бовар мекунанд,- афзуданд онҳо.

Рустам Солеҳов мегӯяд: “Боре ба ин макон раиси нави шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ҳамроҳи меҳмонон омада, бо куллияи ин мавзеъ шинос шуданд. Ба меҳмонон маъқул шуд. Аммо Абдухолиқ Холиқзода гуфтанд, ки «фароғатгоҳу тарабхона хеле хуб, вале роҳаш бекора». Ва ҳамон лаҳза ба масъулон фармуданд, ки барои ин роҳро мумфарш намудан кумак кунанд. «Ман худам инро назорат мекунам»,- афзуданд дар охир раис. Ҳамин тавр, бо дастгирии раиси шаҳр ва кумакҳои молии падару модарам, чуноне мебинед, ин роҳ ба масофаи 1 километр мумфарш гардид».

Замоне, ки мо ба инҷо омадем, кор дар авҷ буд. Агарчи ҳаво хеле гарму ҳаври асфалт ба ҳаво мепечид, коргарону техникаи онҳо бомаром ба кор машғул буданд. Саъдилло Иноятов – директори ҶСК “Асл” мегӯяд, ки «мо асосан ба мумфаршкунии шаҳру деҳот машғулем ва имрӯз бубинед, ки соҳибкор Рустам Солеҳов якҷо бо падару модараш як кори хайреро пеш гирифтаанд, ки хеле савоби баланд дорад. Ин роҳ чун обод шавад, танҳо ба хотири ин мавзеъ не, миёни ин як километр даҳҳо сокинон низ зиндагӣ мекунанд, ки барои онҳо низ хидмат хоҳад кард».

Иноятов ёдовар шуд, ки «бари роҳ 4 метр буда, 350 тонна асфалтро 60 нафар кормандони мо дар давоми ду рӯз ба анҷом хоҳанд расонд».

Хусрав Шодмонӣ – як тан аз истироҳаткунандагон, ки рафти корро назорат мекард, гуфт, ҳоло фароғатгоҳи бешазор чӣ барои мардуми таҳҷойиву чӣ барои сайёҳон яке аз беҳтарин истироҳатгоҳҳо бо ҷойҳои нишасташ аст ва асфалтпӯш шудани роҳи ин бешазор аз ҷониби хонаводаи ин соҳибкорон ҳам садақаи ҷористу ҳам барои равуокунандагон қулай.

Шоҳин ОБЛОҚУЛЗОДА,

махсус барои «Фараж»

 P.S. Дар ҳамин ҳол, соҳибкору соҳибмулк Рустам Солеҳов афсӯсхӯрон мегӯяд, «бо ин вуҷуд, ки мо инҷоро обод кардан мехоҳем, баъзе нафароне пайдо шуданд, ки ба бунёди ин роҳ монеагӣ карданд. Яке аз онҳо Мутриб Сангинов мебошад, ки ба гуфтаи ӯ, гӯё замини ин роҳ мутааллиқ ба онҳо будааст. Аз ин бобат вай талаб дорад, ки ман як маблағи ҳангуфтеро ба хотири ҳамин роҳ бидиҳам, ҳол он ки ман чунин маблағ надорам. Ба ғайр аз ин, ман инҷо як куҳпораеро дар муддати зиёд техникаи пуриқтидорро бо пули худам кор фармудаву ҳамвор намудам ва ин роҳро обод кардам. Чаро Мутриб дар ҳамон замон даъво накарду имрӯз бошад, пул талаб мекунад? Магар рафтори ӯ аз рӯи адолат аст!?».

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь