Чанд вақти охир бидуни эълон яку якбора қатъ намудани оби нушокӣ аз ҷониби КФД обтаъминкунӣ ва канализатсия боиси нигаронии сокинони шаҳри Панҷакент шудааст.
Сокинон мегӯянд, дар ҳамин ҳол вақте ба телефони умури танзимгарии ин коргоҳ, ки рақамаш 5-39-39 аст, занг зада, сабаби набудани обро пурсон мешавем, навбатдори ин умур бо як дағалӣ мегӯяд:
-Дар куҷое шояд садама шудааст, ё барқ нест!
Чун пурсон мешавем, ки кай об медиҳанд, мегӯяд:
-Ман аз куҷо донам!
Дар ҳақиқат ин гуфтаҳои мардум беасос набудааст. Зеро таърихи 17 уми феврал соати 4-и субҳ ҷумаки обро кушодам, дидам,ки об нест. Ин ҳолат агарчи соат аз 9-и субҳ гузашта буд, вале беш аз 6 соат боз идома дошт. Акнун худ як биандешед, ки мардуме, ки дар хонаҳои бисерқабата умр ба сар мебаранд, сокинонаш, ки коргару талабаву ва даҳҳҳои дигар ҳастанд (ман ҳавливу дигар манзили зистро ҳоло намегӯям) дар ин ҳолати беобии бидуни эълон чӣ бояд кунанд ва арзашонро ба кӣ гӯянд?! Ана дар ҳамин ҳол банда ҳам барои фаҳмидани иллати набудани оби нӯшокӣ соати 9-у 24 дақиқаи субҳи 17 феврал ба танзимгарии пойгоҳи обдиҳии “Қайнар”, ки рақами телефонаш чунон ки дар боло гуфтем 5-39-39 аст, занг задам. Баъди хеле фурсат нафаре гӯширо бардошту пас аз салом, аз ӯ пурсидам ки чаро дар маҳаллаи “Навбунёд” ва биноҳои 12 қабата об нест? Танзимгар, яъне нафари гӯширо бардошта, бидуни муаррифии хеш бо дили нохоҳам гуфт:
-Ман аз куҷо донам, шояд садама шудааст ё пойгоҳи “Водозабор” кор накарда истодааст”.Чун ба ӯ гуфтам, ки ман ба онҷо занг задам, гуфтанд “насос кор мекунад ва мо обро дода истодаем” -гуфтанд, посух дод:
– Шумо ҷои садамаро ба ман гуед, мо баъд онро дуруст карда, обро равон мекунем.
Ростӣ аз ин гуфтаи корманди дар телефон ҳарф мезада, дар ҳайрат шудаму гуфтам “шумо бо ин гапатон аз ман чӣ мехоҳед, ман як муштарии шумоям, ки танҳо сабаби набудани об ва кай шуданашро мехоҳам фаҳмам”. Баъди ин сухани ман он нафар ба шӯр омадаву бо як дӯғу садои баланд:
-Сарамро тоза гаранг кардед ку, форад ҳамин, нафорад ҳичӣ ва рав, арзатро ба куҷое хоҳӣ кардан гир, ман аз касе наметарсам!- гӯён гӯширо партофт.
Чунин буд, муносибату масъулияти як корманди масъули ин пойгоҳи обрасонии “Қайнар”-и КФД обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Панҷакент. Шояд бо даҳҳо муштарие, ки чун ман мехостанд ҳамарӯза, танҳо сабаби набудани оби нӯшокӣ ва чӣ вақт додани обро фаҳманд, ҳамин гуна посух додааст. Баъди ин тарзи муносибат ман ҳолати ҳар як муштарии ба ин рақам занг мезада ва пайомадашро дарк мекунам… Бояд ёдовар шуд, ки вақтҳои охир шикояти корбарону сокинони шаҳри Панҷакент дар сомонаҳои иҷтимоӣ, ба вежа “Фесбук” оиди бидуни эълони пешакӣ қатъ намудани оби нушокӣ дар кучаву маҳаллаҳои шаҳри Панҷакент аз ҷониби КФД обтаъминкунӣ ва канализатсия шаҳодат аз он аст, ки дар маҳаллаҳои шаҳр ин амал аз ҷониби ниҳоди мазкур хеле зуд – зуд рух медиҳад. Аз рӯи шикояти мардум қатъи оби нӯшокӣ ба вижа дар рӯзҳои сармои шадиди моҳҳои январу феврали соли ҷорӣ боис ба он шудааст, ки лӯлаҳои об бинобар набудани оби равон ба пуррагӣ ях бастанд. Дар натиҷа, аксари ин қубурҳо дар кӯчаву хонаҳои мардум кафидаву сӯрох шудаанд, ки ин ҳолат то ба имрӯз давом дорад ва зиёни расидаро кӣ ҷуброн мекунад, Худованд медонад. Масалан, чанде аз сокинони кӯчаи ба номи Лоиқ Шералӣ, гузаргоҳи 4 мегӯянд, “таи як моҳ аст, ки дар манзиламон бинобар набудани оби нӯшокӣ мо дар азиятем ва аз ҳавлиҳои мардуми дигар кӯчаҳо об мекашонем. Нисбати ин ҳолат яъне набуди оби ошомиданӣ ба идораи обтаъминкунӣ чанд борҳо муроҷиат ва ба диспетчери он қариб ҳар руз арзи худро телефонӣ мерасонем, вале то ҳол на об ҳасту на аз кормандони ин ниҳод аз рӯи шикояту дархости мо дараке!”
Ба замми ин боз ба гуфтаи онҳо масъулини ин ниҳод ҷои таъмир гуфтаанд, ки худатон усто ёфта, хатти оби нӯшокиатонро таъмир намоед. Аламовараш он аст, ки афзуданд ин сокинон, пулчинакҳои ин даргоҳ дар ин ҳоли беобӣ ҳам пули об талаб мекардаанд. Боз гуфтаанд, ки барои истифодаи оби аз кӯчаҳои дигар кашонидаашон ҳам маблағашро ҳатман супоранд. Ин аст услуби кору масъулият ва хидматрасонии ин коргоҳ ва кормандонаш ба муштариёни хеш ва мардуми беобмонда. Ба гуфтаи сокинон агарчи мардум пайваста аз оби нӯшокӣ ва норасоии он азият мекашанд, вале қиммати истифодаи об пайваста болову сифати хидматрасонӣ ва таъминоти оби нӯшокӣ аз ҷониби маъмурияту кормандони ин ниҳод сол то сол ҷои беҳбудӣ, зина ба зина дар ҳоли ба пастӣ рафтан будааст. Шояд баъди нашри ин мавод, роҳбарияти КФД обтаъминкунӣ ва канализатсия ба хулосае омада, ин камбудиҳоро бартараф ва мардумро аз азоби беобиву муносибати бади танзимгарони ин даргоҳ вораҳонанд?
Шоҳин Облоқулзода, хабарнигори махсуси ҳафтавори “Фараж“