Як гуруҳ кормандони соҳаи тиби Беморхонаи шаҳри Панҷакент гарчи маоши ночиз мегиранд, вале онҳоро маҷбур кардаанд, ки барои ороиши палатаҳои бинои беморхонаи навбунёд 100-сомонигӣ ҷамъоварӣ намоянд.

Аз ҷумла, ҳамшираҳои шафқат ва тозакорҳои шуъбаҳои беморхона изҳори нигаронӣ намуда, гуфтанд, ки Ҳоҷибоев ном корманди масъули аз «боло» омада ба онҳо амр намудааст, то барои ҳар палата аз пули худашон як адад соат, як ё ду адад картина, чойнаку пиёла, сачоқу ҷиҳози дастурӯшӯйӣ ва қуттии партови ташнобу дигар майда-чӯйдаҳоро харидорӣ намуда, дар палатаҳо гузоранд. Ба қавли онҳо, духтуронро маҷбур намудаанд, ки барои шуъбаҳо телевизори калонҳаҷми замонавиро аз пули худашон харидорӣ намуда гузоранд, то ин ки ин намояндаҳои масъул дар назди роҳбарон шарманда нашаванд.

Як тан аз кормандони миёнаи тиб, ки нахост номаш ифшо шавад, мегӯяд: “Ман ҳамагӣ 500 сомонӣ маош мегирам. Бо ин маоши ночиз зиндагиамро пеш барам ё амри ин калонҳоро иҷро кунам? Агар маошамро инҳо маҷбурӣ мегиранд, бачаҳои ман як моҳ чӣ мехӯранд?!». Вай афзуд: «Чаро худи ин калоншавандаҳо, ки пеш аз омадани Президент барои орову торо додани ин бинои нав ва назорати рафти корҳо меоянд, аз маоши худашон ягон тин сарф намекунанду моро маҷбур мекунанд?! Шояд ба ин саволи мо роҳбарони болоӣ ҷавобе гӯянд?».

Ин кормандон дар охир гуфтанд, ки аз рӯи шунидашон, МИҲД-и вилоят ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар барои бунёди ин бинои нав ва ҷиҳозонидани он маблағҳои ҳангуфт ҷудо кардаанд: «Модоме чунин бошад, пас чаро моро маҷбур мекунанд, ки палатаҳоро аз ҳисоби маоши ночизамон оро диҳем?».

Шамси ХОВАР

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь