Инак аз омадани селе, ки 19-уми июл дар деҳаҳои Киштӯдак ва Вешисти ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент 12 нафарро қурбон карда, миллионҳо сомонӣ ба хоҷагии халқ хисорот ворид намуд, бештар аз 20 рӯз гузашт.
5-уми август мо бо мақсади шиносоӣ бо оқибатҳои барқароркунии офати табиӣ ба деҳаи Киштӯдак сафар кардем. Зимни боздид аз деҳаи Киштӯдак нахуст мо ба хонаи онҳое рафтем, ки наздиконашон дар сел қурбон шуда буданд. Аз рӯи маълумоте, ки ба мо доданд, ҷасадҳои ҳамаи қурбониён пайдо ва ба хок супорида шудааст. Мо баъд аз хондани фотеҳа дар Киштӯдаки поён роҳ ба самти Киштӯдаки боло пеш гирифтем. Азбаски мошин надоштем ва ба ин самт алъон нақлиёт кам ҳаракат мекард, тасмим гирифтем пиёда аз Киштӯдаки поён то Киштӯдаки боло роҳпаймоӣ намоем. То расидан ба наздикиҳои Киштӯдаки боло роҳ хуб буд, вале ба Киштӯдаки боло расидан замон паёмадҳои сел, аз қабили хонаҳои қисман ва пурра вайроншуда, роҳҳои хароб, оби лою пур аз қум ба чашм мерасиданд. Роҳи вайронаро низ пиёда тай намуда, то ба сарбанди якуми канали Киштӯдаки поён расидем. Дар тамоми масири роҳ ба ҷуз ду техникаи Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ҳавзаи дарёи Зарафшон, ки ба таъмири сарбанди канали Кишгтӯдаки поён ва сарбанди Киштӯдаки боло машғул буданд, дигар нақлиётеро дучор наомадем.
Рӯйхати 12 нафар қурбониёни селро меорем: Эгамбердиева Мусаллам Ҷумъаевна (таваллудаш 15.07.1968), Этмишова Ором (27.071957), Исмоилова Сабрина Ҳаётовна (20.06.2005), Исмоилова Нозима Ҳаётовна (19.02.2008), Ҷониқулова Мавлуда Ҳаитбоевна (16.11.1967), Ёқубов Ҳабиб Бахтиёрович (13.05.2002), Исмоилова Парвина Ҳаётовна (23.02.1989), Исмоилова Марворидхон Бобурхоновна (08.03.2010), Исмоилова Сафина Бобурхоновна (10.06.2012), Исмоилов Озодбек Бобурхонович (02.06.2015), Исмоилзода Нигина Бобурхон (17.06.2017), Исмоилзода Ҳасан Бобурхон (07.06.2020).
Хисороти воридшуда
Тибқи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, дар деҳаҳои Вешист ва Киштӯдаки ҷамоати деҳоти Ёрӣ сел дар баробари 12 қурбонӣ 2 хонаи истиқоматиро пурра ба коми худ бурд. Сел инчунин 16 иншооти ёрирасон, 18 километр роҳҳои нақлиёт, 1 адад кӯпрук, 1,5 километр хатҳои интиқоли барқ, 5,6 километр канал ва ҷӯйборҳо, 4,9 километр селпартоҳо (сойҳо), 1 адад истгоҳи фаръии трансформаторӣ, 3 адад иншооти хоҷагии халқ, 3,5 га кишти зироатҳои хоҷагии қишлоқ, 145 сар ҳайвоноти хонагӣ, аз ҷумла 58 чорвои шохдори калон, 86 сар чорвои шохдори майда, 1 адад асп ва 7 адад нақлиёти сабукравро ба коми худ кашида, ба хоҷагии ҷангал низ хисороти зиёд ворид кард. Хисороти умумии расидаро Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда танҳо дар деҳаҳои Киштӯдак ва Вешист 3 423 429 (се миллиону чорсаду бисту се ҳазору чорсаду бисту нуҳ) сомонӣ муайян кардаааст. Сокинони 2 бинои истиқоматии пурра вайроншуда ба мавзее дар Дашти Қозӣ кӯчонида шуда, барояшон биноҳои нав сохта дода хоҳад шуд.
Сарбанди Киштӯдаки поён
Мо дар деҳаи Киштӯдаки боло аз сарбанди канали Киштӯдаки поён дидан кардем. Сарбанди мазкур ба воситаи канале, ки дарозиаш 7 километрро ташкил мекунад, соли 1960 сохта шуда, барои обёрии сокинони Киштӯдаки пойн пешбинӣ шудааст. Дар сарбанди мазкур кормандони Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ҳавзаи дарёи Зарафшонро дучор омадем, ки канали мазкурро тоза карда, ба қубурҳо об сар медоданд. Роҳбари идора Усмонов Курбонмурод иброз дошт, ки «мо ҳанӯз рӯзи нахустини омадани сел ба ин ҷо ташриф оварда, бо супориши раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода фавран аз пайи таъмири сарбандҳо шудем ва рӯзи сеюм аллакай обро ба канал сар додем. Вале бинобар бориши такрории борон ва омадани қум, ба хотири пур нашудани қубурҳо, маҷбур шудем обро қатъ карда, баъди як ҳафта аз нав сар диҳем. Ҳоло баъд аз каме тоза кардани қум ҳар рӯз то 3 соат ба канали Киштӯдаки поён об сар дода мешавад ва мардум бо навбат обёрӣ мекунанд».
Ба саволи «кай мардум метавонанд бе монеа об гиранд?» Усмонов Қурбонмурод иброз дошт, ки ин вобаста ба бориши борон аст, агар борони сахт наборад ва қуму хок наорад, имкони дар наздиктарин рӯз пурра ба канал сар додани об вуҷуд дорад.
Дар саргаҳи ин сарбанд мо бо мардуми Киштӯдаки боло ҳамсуҳбат шудем. Мардум аз дастгирии саривақтии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода, кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва дигар ниҳодҳое, ки дар рӯзҳои мудҳиш бо онҳо буданд, миннатдоранд.
Сарбанди Киштӯдаки боло
Сарбанди мазкур дар қисми болоии деҳаи Киштӯдаки боло ҷойгир буда, ба қавли сокинони деҳа, ба воситаи он 84 хоҷагӣ обёрӣ мешавад. Баъди сели рӯзи 19-уми июл то 5-уми август ба ин деҳа об наомадааст. Сабабашро мардум дар набудани 100 метр қубур медонанд.
Раиси Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ҳавзаи дарёи Зарафшон Усмонов таъқид кард, ки сарбанди каналро пурра ба кор омода кардаанд ва барои он қубур ҳам ҷудо карда шудааст. Танҳо часпонидани он ва тоза кардани ҷӯй боқӣ мондааст, ки мардум бояд тариқи ҳашар анҷом диҳанд. Чунки ҷӯй дар ҷое қарор дорад, ки техника наметавонад онро тоза кунад.
Баъд аз омадан ба шаҳри Душанбе раиси маҳаллаи Киштӯдак Раҳмонов Асрор Давронович бо мо дар тамос шуда, иброз дошт, ки қубурҳо оварда шуданд ва мардум бо роҳи ҳашар ҷӯйро тоза карданд.
Барқ
Баъд аз омадани сел ҳамаи симчӯбҳо барқарор шуда, ба деҳаи Киштӯдаки боло барқ ҳам оварда шудааст. Вале мардум шикоят доранд, ки алҳол ҳамагӣ 2 сим оварда шуда, нерӯи барқ хеле кам аст ва имконияти кор кардан бо плитаҳои барқӣ ва ғайра вуҷуд надорад.
Умедворем, ки ин мушкилӣ низ ба наздикӣ ба пуррагӣ рафъ хоҳад шуд.
Холиқи МУҲАММАДНАЗАР,
Душанбе – Панҷакент – Душанбе