Соҳаи маориф яке аз соҳҳои миҳим ба шумор рафта, барои пешрафт ва рушди он Ҳукумати Тоҷикистон тамоми имкониятҳоро фароҳам овардааст. Ба вижа, Президенти кишвар дар ҳар паём ва баромадҳои худ, махсус таъкид мекунанд, ки соҳаи маорифро барои пешрафт ва рушди он мо ҳамагуна имкониятҳоро фароҳам овардем то маърифат ва дониши наврасон ва ҷавонон ҳарчи бештар боло равад. Аз ин нуктаи назар, моро зарур аст, ки баҳри вусъатёбии соҳаи маориф имкониятҳои мавҷударо самаранок истифода намоем. Дар ҳар давру замон маориф аз соҳаҳои аҳамиятдор барои ҷомеаи бомаърифат маҳсуб ёфтааст. Пешрафту инкишофи ҷомеаи мутамаддин маҳс ба соҳаи маориф алоқамандӣ дошта ва ҳамчунин барои муаррифии давлату миллат вобастагии калон дорад.

Хусусан, Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Носири Хусрав зарурияти ҳар як тадбиру вазифаи дар ин самт ба миён гузоштаро хуб дарк намуда, пайи иҷрои онҳо тамоми имкониятҳоро амалӣ месозад. Дар ин раванд дастуру супоришҳои ба миён гузоштаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонун «Дар бораи маориф», барномаҳои давлатӣ, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои раиси вилояти Хатлон, раиси ноҳия, фармону дастурҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати маорифи вилояти Хатлон ва дигар санаду ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ дар ҳамкорӣ бо роҳбарони муассисаҳои таълимӣ амалӣ гардида истодаанд.

Пайравӣ ба ҳидоятҳои Пешво

Мудири Шуъбаи маорифи ноҳияи Носири Хусрав Очилдиев Комил Мирзобадалович мегӯяд, ки ноҳияи Носири Хусрав яке аз ноҳияҳои дурдасти кишварамон маҳсуб гашта, зодаи даврони Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Шуъбаи маорифи ноҳияи Носири Хусрав дар пайравӣ аз сиёсати созандаву дурбинонаи Ҳукумати мамлакат, бахусус, аз ҳидояту иқдомҳои наҷибонаву ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талош бар он меварзад, то дар омода кардани кадрҳои лаёқатманду соҳибмаърифат, ватандӯсту ватанпарвар, худогоҳу хештаншинос ва содиқ ба Ватан ва миллат боз ҳам бештар саҳмгузор бошад.

Комил Очилдиев дар идомаи суҳбат афзуд, ки Шуъбаи маорифи ноҳияи Носири Хусрав дар соли таҳсили 2019-2020, таваҷҷуҳро баҳри татбиқи Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мустаҳкам намудани пояҳои моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, беҳтар кардани таъминоти онҳо бо ашёи хониш, кадрҳои баландихтисос ва баланд бардоштани сифати таълим, такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва таҳсилоти иловагии омӯзгорон афзун намуда, корҳои назаррасро ба анҷом расонид.

Маълумоти мухтасар

Алҳол дар ҳудуди ноҳияи Носири Хусрав 25 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, як гимназияи давлатӣ ва 5 муассисаҳои томактабӣ фаъолияти пурсамар доранд. Дар 26 муассисаҳои таълимӣ 698 нафар омӯзгорон, аз ҷумла 493 зан ба 9181 нафар хонандагон (4329 нафарашон духтарон) дарс медиҳанд. Аз ин шумораи омӯзгорон 479 нафар, аз ҷумла 308 нафар занон дорои маълумоти олӣ, 52 нафар (36 нафарашон занон) дорои маълумоти олии нопурра ва 167 нафар (151 нафарашон занон) дорои маълумоти миёнаи махсус буда, ки дар муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ ғоибона таҳсил менамоянд.

Дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бошад 210 нафар тарбиятгирандагон бо ҷалби 11 мурабияҳо ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки ин теъдод нисбат ба соли таҳсили гузашта 3 дарсад зиёдтар аст. Дар баробари ин, дар партави сиёсати хирадмандонаву маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳарчи бештар ҷалб кардани кӯдакон ба зинаи аввали таҳсилот тадбирҳо роҳандозӣ мешавад. Аз ин ҷиҳат, дар заминаи 13 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ марказҳои инкишофи кӯдакон бо фарогирии 320 кӯдакони синни 6-сола амал мекунанд.

Пешқадамони соҳа

Дар муассисаҳои таълимии ноҳия даҳҳо нафар устодони мушфиқу ботаҷриба, омӯзгорони моҳири касб фаъолият дошта, тавассути меҳнати самарабахш байни шогирдону волидон ва аҳли ҷомеа соҳибэҳтиром гардидаанд. Дар ин қатор номи омӯзгорони пешқадам Сайдамир Амакиев (доктори илм), Ҷӯрахон Шарипов, Воҳидҷон Ҳазратқулов, Шаҳло Саидмуродова, Юлдош Ҷумаев, Баҳодор Латипов, Саттор Азимов, Эшмат Авезов, Худойназар Олимов  ва боз чандин нафари дигарро метавон бо ифтихор ба забон овард, ки бо меҳнати шоистаи худ байни мардум эҳтирому иззати хоса доранд.

Маврид ба зикр аст, ки дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Носири Хусрав 21 нафар Аълочиёни маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 98 нафар омӯзгорони дараҷаи тахассуси олӣ ба фаъолияти омӯзгорӣ машғуланд.

Бартараф гардидани норасоии кадрӣ

Дар шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Носири Хусрав бо ҳадафмандиву масъулиятшиносӣ барои рафъи норасоии кадрии омӯзгорони соҳибихтисос дар муассисаҳои таълимӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд. Ин масъала аз соли таҳсили соли 2016 дар маркази диққати роҳбарияти шуъбаи маориф қарор дорад.

Аз ин рӯ, тайи ин се сол бо ҷалби бештари мутахассисони ҷавон ва даъвати омӯзгорони соҳибтаҷриба аз дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тадриҷан ин масъала ҳалли хешро ёфт. Соли таҳсили гузашта муассисаҳои таълимии ноҳия ба 17 нафар кадрҳои ихтсосманд ниёз дошт.

Хушбахтона, дар соли таҳсили 2019-2020 бо ҷалби бештари мутахассисони ҷавон, ки аксарияти онҳо аз Вилояти мухтори Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ҳастанд, норасоии кадрҳои соҳибихтисос дар муассисаҳои таълимӣ пурра бартараф гардид.

Мутахассисони ҷавон дар назди муассисаҳои таълимӣ ба хобгоҳҳои умумӣ таъмин гардида, барои онҳо аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шуъбаи маориф ғамхорӣ ва мададу дастгирӣ зоҳир карда мешавад.

Илова бар ин, ба ҳамаи омӯзгорони ҷавон заминҳои наздиҳавлигӣ барои сохтмони хонаи истиқоматӣ ҷудо гаштааст. Онҳо аз тамоми имтиёзҳо дар асоси қонунҳои амалкунандаи кишвар бархӯрдор мебошанд.

Дарёфт ва рушди истеъдодҳо

Дар назди шуъбаи маориф як Маркази таҳсилоти иловагӣ, як Маркази технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсия ва як Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо фаъолият мекунад. Кору фаъолияти Маркази дарёфти рушд ва истеъдодҳо сол то сол рӯ ба беҳбудӣ оварда истодааст. Ин марказ дар асоси 3 маҳфил бо ҷалби 60 нафар хонандагони лаёқатманду навовар фаъолияти пурсамар дорад. Муҳассилини муассисаҳои таълимии ноҳия дар олимпиадаҳои фаннӣ фаъолона иштирок менамоянд. Дар натиҷа дастоварду нишондодҳо нисбат ба солҳои гузашта беҳтар гашта, 9 нафар хонандагони лаёқатманди муассисаҳои таълимӣ дар озмуни олимпиадаҳои фаннӣ дар вилоят сазовори ҷойҳои дуюм ва сеюм гардиданд.

Дар олимпиадаи байналмилалии «Кенгуру» Шоимов Равшан, хонандаи синфи 10-и МТМУ №10 аз фанни математика ҷойи сеюм ва Маликаи Зоирзода хонандаи синфи 6-и МТМУ №23 соҳиби ҷои ифтихорӣ гардидаанд.

Ҳамчунин, дар соли таҳсили 2019-2020 хонандагони соҳибистеъдод дар озмунҳои дарёфти стипендияи президентӣ, стипендияи раиси вилоят ва стипендияи раиси ноҳия ширкат варзида, ду нафар ба гирифтани стипендияи президентӣ, як нафар ба гирифтани стипендияи раиси вилоят ва шаш нафар ба гирифтани стипендияи раиси ноҳия сазовор гардиданд.

Фурӯғи субҳи доноӣ…

Дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия низ дар байни хонандагон озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» аз рӯи чор номинатсия гузаронида шуд. Дар натиҷа, ғолибон: Оишамоҳи Давлаталӣ хонандаи синфи 10-и МТМУ  №26, Исматов Ҷабраил хонандаи синфи 10-и МТМУ №25, Бӯриев Фаридун хонандаи синфи 9-и гимназияи давлатии №1, Сабуров Фаррух хонандаи синфи 10-и МТМУ №25, Идимоҳи Давлаталӣ хонандаи синфи 8-и МТМУ №26, Расулов Акрам хонандаи синфи 5-и МТМУ №26, Ҳайталиев Салоҳиддин хонандаи синфи 2-и МТМУ №26 ва Раҳмонова Гуландом хонандаи синфи 9-и МТМУ №26 барои ширкат ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат дарёфт намуда, сазовори сипосномаи Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд.

Роҳхат барои донишҷӯӣ

Тибқи Маркази миллии тестӣ 207 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Носири Хусрав ба муассисаҳои олӣ ва касбии ҷумҳурӣ дохил шуда, таҳсили худро давом дода истодаанд. Ҳамчунин, 19 нафар хатмкунандагон тибқи Квотаи Президентӣ ҳуҷҷатҳои худро супорида, дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ таҳсили худро идома дода истодаанд.

Ассотсиатсияи волидайн ва омӯзгорон

Рафти татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд” дар муассисаҳои таълимии ноҳия таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода шудааст.

Дар ин раванд, нақша-чорабиниҳо мураттаб шуда, мунтазам кормандони масъули шуъбаи маорифи ноҳия ва муассисаҳои таълимӣ аз иҷроиши бандҳои он маълумотномаву гузориш пешниҳод менамоянд.

Инчунин, комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба иҷроиши ин қонун дар муассисаҳои таълимӣ амал менамояд. Дар воқеъ, дар таълиму тарбияи фарзанд 3 институт: мактаб, оила ва ҷомеа нақши муҳим дорад.

Аз ин рӯ, дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия Ассотсиатсияи волидайн ва омӯзгорон фаъолият мекунад. Қонуни мазкур падару модаронро масъул кардааст, ки дар таҳсил, одобу ахлоқ, таъмини китоб, таҷҳизоти хониш бо роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорон дар ҳамкорӣ бошанд.

Илова бар ин, роҳбарияти шуъбаи маорифи ноҳияи Носири Хусрав бо падару модарон ҳамкории зич дошта, рӯзҳои қабули шаҳрвандон аз тарафи мутассадиён ба роҳ монда шудааст. Арзу шикоят ва дархостҳои онҳо иҷро шуда, барои рафъи нуқсону камбудиҳои ҷойдошта ҷораҷӯӣ карда мешавад.

Корҳои созандагиву ободонӣ

Дар асоси дастур аз Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди теъдоди зиёди муассисаҳои таълимӣ пешбинӣ шудааст.

Аз ин рӯ, шуъбаи маорифи ноҳия низ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Носири Хусрав ва дигар сарчашмаҳои ғайрибуҷавии молиявӣ, Ассотсиатсияи волидайну омӯзгорон дар соли таҳсили 2019-2020 чор синфхонаи иловагӣ бо таъмини таҷҳизоти муосир дар назди МТМУ № 23 сохта ба истифода доданд.

Инчунин, бинои таъмирталаби МТМУ № 11, ки дар он гузаштани машғулиятҳо ғайриимкон буд, пурра аз таъмир бароварда шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Илова бар ин, дар МТМУ № 9, 2 синфхонаи иловагӣ ва дар МТМУ № 18 ошхонаи мактабӣ сохта ба истифода дода шуд.

Корҳои ободонию созандагӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия бо маром идома дорад. Хушбахтона дар муассисаҳои таълимии ноҳия мушкилоти ҷойи нишасти хонандагон вуҷуд надорад ва ҳалли ин масъала тибқи нақшаи дурнамои муассисаҳои таълимӣ дар мадди назари роҳбарияти шуъбаи маориф қарор дорад.

Гуфтан ба маврид аст, ки соли 2018, дар ноҳияи Носири Хусрав биноҳои нави таълимии МТМУ № 15 барои 240 хонанда дар ду баст ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 26 соли 2017 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои 1640 толибилмон дар ду баст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ

Нақшаи иҷрои Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои  таҳсилоти умумии ноҳия то ҳанӯз нокифоя аст. Мутобиқи амалишавии барномаи мазкур ҳар сол бояд ба миқдори 38 адад компютер харидорӣ карда шавад. Вале, мутаассифона, бинобар норасоии маблағ дар соли 2018 15 адад компютер харидорӣ шуда, дар соли 2019 бошад ягон адад компютер харидорӣ нашудааст. Алҳол муассисаҳои таълимии ноҳия дорои 26 синфхонаҳои компютерӣ, 313 адад компютерҳои замонавӣ, 6 адад проектор, 4 адад тахтаи электронӣ ва 66 адад принтер мебошад.

Бо ибтикори шуъбаи маорифи ноҳия ва дастгирии Раёсати маорифи вилояти Хатлон дар ин давра 101 адад компютерҳои корношоями муассисаҳои таълимӣ аз нав таҷдиду навсозӣ гардиданд, ки барои амалишавии Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои  таҳсилоти умумӣ нақши муҳим мебозад.

Лагерҳои наздимактабӣ

Дар асоси дастуру супоришҳо, фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Носири Хусрав дар соли 2019 баҳри фароғати хонандагон дар фасли тобистон лагерҳои наздимактабӣ фаъолият намуданд.

Дар тобистони соли 2019 дар назди 18 муассисаҳои таълимиӣ лагерҳои наздимактабӣ бо ҷалби 1650 нафар хонандагон дар се баст фаъолияти пурсамар дошт. Дар воқеъ, ташкили чунин лагерҳои наздимактабӣ дар фароғату истироҳат, рафъи хастагӣ, баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, варзишӣ, маҳфилҳои китобхонӣ нақши муҳим мебозад.

Ба ҷойи охирсухан

Дар фароварди суҳбат, Комил Очилдиев, мудири Шуъбаи маорифи ноҳияи Носири Хусрав изҳор намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кору пайкор ва нақши созандаи омӯзгорро дар таълиму тарбияи шогирдон баланд арзёбӣ намуда, ба ӯ баҳои арзандаву сазовор додааст: “Ҷомеае, ки ба аҳли маориф, ба устод, омӯзгор, зиёӣ эҳтиром гузошта наметавонад, муваффақ шуда наметавонад.”

– Бешак, қадру манзалати муаллим дар ҳуввияти миллӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ҷойгоҳи махсусро дорост ва маориф соҳаи пешбарандаи ҷомеа аст. Шоири ширинкалом Камол Насрулло дар васфи муаллим чи хуб фармудааст:

Баланд аст аз фалак шони муаллим,

Бувад ҷонбахши мо ҷони муаллим.

Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола маблағгузорӣ ба соҳаи маорифи ноҳия рӯ ба афзоиш дорад. Дар соли 2019 барои соҳаи маорифи ноҳияи Носири Хусрав 10 миллиону 917 ҳазору 936 сомонӣ ҷудо шудааст, ки ин нисбат ба соли 2018 3 дарсад зиёдтар аст.

Истифодаи самароноки ин маблағҳои ҷудошуда, боз ҳам ба рушди соҳаи маорифи ноҳия, роҳандозии низоми нав, мустаҳкам шудани заминаҳои моддию техникӣ, амалишавии барномаҳои давлатӣ нақши мусбат мегузорад. Аз ин лиҳоз, мо маорифчиёни ноҳияро зарур аст, ки дар ҷавоби ин ғамхориҳову пуштибониҳои Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати кишвар дар таълиму тарбияи насли наврас саҳми шоистаи худро гузорем, – илова намуд Комил Очилдиев.

 МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь