Соҳаи маориф яке аз соҳаҳои муҳиму пешбарандаи ҷомеа буда, ҳамеша ба таваҷҷуҳ ва дастгирӣ ниёз дорад. Ба ҳамин хотир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ҳарсолаи хеш ба Маҷлиси Олии кишвар ба ин соҳа аҳамияти бештар медиҳанду талаб мекунанд, ки дар саросари кишвар ҷиҳати рушди соҳаи маориф чорабиниҳо сурат гиранд.
Бахши маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант зарурияти ҳар тадбиру вазифаи дар ин самт ба миён гузоштаро хуб дарк намуда, пайи иҷрои онҳо тамоми имкониятҳоро амалӣ месозад. Дар ин раванд дастуру супоришҳои ба миён гузоштаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонун «Дар бораи маориф», барномаҳои давлатӣ, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои раиси шаҳри Левакант, фармону дастурҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санаду ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ дар ҳамкорӣ бо роҳбарони муассисаҳои таълимӣ амалӣ гардида истодаанд.
Тарбияи босамари насли наврас
Мудири Бахши маорифи шаҳри Левакант Ниёзалӣ Ашӯров мегӯяд, ки илму дониш рӯшноии ҳаёт аст. Бинобар ин, Ҳукумати мамлакат тамоми нерӯю тавоноии худро ба ин самти афзалиятнок равона карда, барои таълиму тарбияи босамари насли наврас дар тамоми муассисаҳои таълимӣ иқдомҳои боровареро рӯйи кор меорад.
– Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба инкишофи мактабу маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Бахши маорифи шаҳри Левакант дар ҷавоб ба ин ғамхориҳои пайвастаи Роҳбари давлат соли таҳсили 2021-2022 таваҷҷуҳро баҳри мустаҳкам намудани пояҳои моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, беҳтар кардани таъминоти онҳо бо ашёи хониш, кадрҳои баландихтисос ва баланд бардоштани сифати таълим, такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва таҳсилоти иловагии омӯзгорон равона намуда, дар соли таърихии ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кӯшишу ғайраташро баҳри беҳбудиву ободкорӣ ва пешравиҳо равона карда истодааст, – изҳор дошт мавсуф.
Маълумоти оморӣ
Бахши маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант дорои 16 муассисаи таълимӣ, 3 муассисаи давлатии таълимии томактабӣ ва 1 муассисаи таълимии томактабии хусусӣ мебошад. Дар онҳо 781 нафар омӯзгорон (аз он ҷумла 494 нафар занон) ба 13429 нафар хонандагон (аз он ҷумла 6468 нафар духтарон) таълиму тадрис медиҳанд.
Фаъолияти кабинети методӣ
Кабинети методии Бахши маорифи шаҳри Левакант дар давоми ёздаҳ моҳи соли равон корро дар асоси нақшаи корӣ ба роҳ монда, баҳри ёрӣ расонидан ва додани дастурҳои методӣ бо директорон, муовинони директор оид ба таълим ва тарбия, омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ, забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ ва англисӣ, синфҳои ибтидоӣ семинарҳои доимоамалкунандаро доир намуд.
Барои дар амал иҷро намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.11.2020,№621 оид ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, барои солҳои 2020-2040 ва таҷлили 30 – солагии Истиқлолияти давлатии ҶумҳурииТоҷикистон ғолибони озмуни шаҳрии “Илм-фӯруғи маърифат“ ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд. Хонандаи синфи 11 –и Литсейи давлатии №1 Гадоев Эҳсон аз рӯйи наминатсияи технологияи иттилоотӣ ба даври озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифта, сазовори ҷойи ифтихорӣ гардид.
Мувофиқи нақша- чорабиниҳо дар давоми ёздаҳ моҳи соли 2021 дар байни муассисаҳои таълимии шаҳри Левакант як қатор мусобиқаҳои варзишӣ ва мусобиқаи варзишӣ-ҳарбӣ дар байни хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр гузаронида шуд. Чунончӣ, 22 феврали соли 2021 бахшида ба рӯзи ташкилёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии вилоятии варзишӣ – ҳарбии «Ватанпарвар» баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ аз шаҳри Левакант Литсейи №1 ширкат варзида, дар вилояти Хатлон сазовори ҷойи сеюм гашт.
Дар давраи таътили тирамоҳӣ дар МТМУ №1 мусобиқаи шаҳрии шоҳмот гузаронида шуд. Дар он хонандагони муассисаи таълимии №14 Қувватов Хусрав ва Мӯсозода Илҳом сазовори ҷойҳои якуму дуюм ва хонандаи Литсеи №1 Мирзоев Ҳабиб соҳиби мақоми сеюм гардид.
Дар мусобиқаи шоҳмот байни духтарон бошад, хонандагони муассисаи таълимии №14 Ғоибова Мавзуна ва Салоҳова Баҳринисо сазовори ҷои аввал ва дуюм гашта, аз тарафи Бахши маориф ва бахши ҷавонон бо ифтихорномаҳо ва медалҳо сарфароз гардиданд.
Рӯзи 26. 10. 2021 мусобиқаи варзишии волейбол байни омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳр гузаронида шуд. Дар ин мусобиқа ҷойи якум насиби муассисаи таълимии №1, ҷойи дуюм насиби Литсейи №2 ва ҷойи сеюм насиби муассисаи таълимии №8 гардид.
Ғайр аз ин аз 25 то 30 октябри соли 2021 дар асоси Низомномаи мактаби варзишии наврасон ва кӯдакони шаҳр чорабиниҳои варзишии футбол, шашка, шоҳмот ва тенниси рӯи миз дар варзишгоҳи бахши ҷавонон гузаронида шуд. Дар ин мусобиқаҳои варзишӣ хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр фаъолона ширкат варзиданд.
Муассисаи таҳсилоти иловагӣ
Муассисаи таҳсилоти иловагии назди Бахши маориф дар асоси нақша – чорабинии тартибдодаи Муассисаи таҳсилоти иловагии вилояти Хатлон фаъолият намуда истодааст. Дар назди муассиса 5 маҳфил: “Мусаввирон”, “Шоҳмот”, “Бофандагӣ”, “Чакандӯзӣ” ва “Гулдӯзӣ” бо фарогирии умумии 158 нафар хонандагони шавқманд фаъолият менамояд.
Дар ин маҳфилҳо викторина ва озмунҳо дар мавзӯи “Фосилаи иҷтимоиро риоя намоед”, “Ҳунарманди беҳтарин”, “Рассоми беҳтарин”,“Зимистон аз нигоҳи кӯдак, “Иншои беҳтарин”,“Тарзи ҳаёти солим, гарави саломатии шумост” ва ғайраҳо гузаронида мешавад.
Дар муассиса рӯзи 15-уми сентябр рӯзи “Дарҳои кушод” гузаронида шуд. Мақсад аз гузаронидани ин чорабинӣ оғози машғулиятҳо дар муассиса ва ҷалби бештари хонандагон ба маҳфилҳо мебошад. Бахшида ба рӯзҳои ҷашнӣ аз тарафи аъзои маҳфилҳо чорабиниҳои адабию фарҳангӣ гузаронида шуданд. Ҳамчунин, бахшида ба ҷашгирии “Иди Меҳргон” байни муассисаҳои таълимии шаҳр озмуни “Тирамоҳи заррин” гузаронида шуд.
Инчунин, тибқи нақша-чорабинии таҳиянамудаи Бахши маориф ва нақшаи кории муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ дар ҳама муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ бо роҳбарии роҳбарони Созмони хонандагон ва мураббиёни муассисаҳои томактабӣ Конференсияи илмӣ-адабӣ бахшида ба “Рӯзи Конститутсия” бо иштироки кормандони Бахши маориф, директорони муассисаҳои таълимии шаҳр, омӯзгорон ва кормандони дигар сохторҳо дар сатҳи баланд гузаронида шуд.
Дар баробари ин, конфаронсу чорабиниҳо бахшида ба “Рӯзи Президент” хубу хотирмон гузашт.
Қобили тазаккур аст, ки санаи 23 ноябри соли 2021 конференсияи илмӣ-адабии Раёсати маорифи вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо Бахши маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант бахшида ба “Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон”дар қасри фарҳанги шаҳр бо иштироки сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Ашӯралӣ Олимӣ, намояндагии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, мудири бахши занон Халилова Нуқра, кормандони бахши маориф, директорони муассисаҳои таълимии шаҳр, омӯзгорон ва кормандони дигар сохторҳо дар сатҳи баланд гузаронида шуд.
Ҷилои истеъдодҳо
Бо талошу дастгириҳои Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Бахши маорифи шаҳри Левакант дар ёздаҳ моҳи соли 2021 хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳр дар олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ байни хонандагони синфҳои 5-6, 7-8 ва олимпиадаи даставии хонандагони синфҳои 9-10 бо гирифтани 1 медали тилло, 4 медали нуқра, 12 медали биринҷӣ ва 3 ҷойи ифтихорӣ шарафи кормандони соҳа, устодон ва волидони худро ҳимоя карданд.
Даври вилоятии озмуни “Тоҷикистон – ватани азизи ман“ рӯзи 29.07.2021 дар толори Театри ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтари вилояти Хатлон баргузор гардид. Дар ҷамъбасти ин озмун 3 нафар аз рӯи номинатсияҳои «Сарояндагӣ» ва «Композиторӣ» ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
Рӯзи 19.09.2021 дар МТМУ №2 -и шаҳр олимпиадаи байналмилалии «FISO» баргузор гардид. Дар ин олимпиада аз муассисаҳои таълимии шаҳр 155 довталаб аз муассисаҳои таълимии №№1. 2, 3, 4, 5, 7, 9, 20, 11, 12, 13, 14 ва литсейҳои давлатии №1, 2 иштирок намуданд. Дар ҷамъбаст аз муассисаҳои таълимӣ ва литсейҳои шаҳр 8 нафар аз фанни математика, 3 нафар аз фанни химия, 2 нафар аз фанни забони англисӣ, 9 нафар аз санъати тасвирӣ, ҷамъ 23 нафар сазовори ҷойҳои якум, дуюм, сеюм гардиданд
Баҳри амалигардонии Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” барои солҳои 2020-2040 ва таҷлили 30 -солагии Истиқлолияти давлатии ҶумҳурииТоҷикистон 22 нафар ғолибони даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фӯруғи маърифат“, ки ба даври вилоятӣ роҳхат гирифта буданд, иштирок намуданд. Дар ҷамъбасти озмуни мазкур хонандаи синфи 11 –и литсейи давлатии №1 Гадоев Эҳсон аз рӯйи наминатсияи технологияи иттилоотӣ ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифта, сазовори ҷойи ифтихорӣ гардид.
Рӯзҳои 20 – 24 октябри соли 2021 дар Донишгоҳи давлатии ба номи Носири Хусрав озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид.
Дар ин озмун аз шаҳри Левакант 25 нафар ғолиби даври дуюм, аз ҷумла 4 нафар омӯзгор, 1 донишҷӯй ва 20 хонанда иштирок намуданд. Дар ҷамъбасти озмун аз шаҳри Левакант 3 нафар – Шерова Гулҷаҳон, омӯзгори МТМУ №14 сазовори ҷойи сеюм, Исматова Рафоат, директори китобхонаи бачагонаи шаҳр сазовори ҷойи дуюм ва Давлатова Шомита, хонандаи синфи 8 -и Литсейи давлатии №1 сазовори ҷойи сеюм дар номинатсияи хондан ва азёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик ва Раҷабова Карашма, омӯзгори МТМУ №13 сазовори ҷойи сеюм дар номинатсияи хондан ва азёд кардани осори адабиёти классикии тоҷик гардида, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
Санаи 30 октябри соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз тарафи Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни забони русӣ баргузор гардид. Дар он аз шаҳри Левакант 16 нафар хонанда ширкат варзиданд. Дар ҷамъбасти олимпиада 2 нафар – Нурматова Умеда, хонандаи синфи 11 -и муассисаи таълимии №14 сазовори ҷойи дуюм ва Ягниченко Виолетта, хонандаи синфи 11 -и муассисаи таълимии №2 сазовори ҷойи сеюм гардида, бо сертификат ва туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.
5 –уми ноябр дар МТМУ №5 -и шаҳр даври дуюми Олимпиадаи фаннии хонандагони синфҳои 11 аз рӯйи 13 фанни таълимӣ баргузор гардид. Дар ин Олимпиада 325 нафар хонанда иштирок намуданд. Дар ҷамъбасти Олимпиада 92 нафар ғолиб дониста шуда, барои иштирок ба даври сеюм роҳхат гирифтаанд. Дар даври дуюми Олимпиадаи фаннӣ барои наврасон, ки аз рӯйи 13 фанни таълимӣ баргузор гардид, аз муассисаҳои таълимии шаҳр 455 нафар ғолибони даври якум иштирок намуда, аз миёни онҳо 96 нафар ғолиб омаданд ва ба даври сеюм роҳхат гирифтанд Ба ҳамаи ғолибон ифтихорномаи мудири Бахши маорифи шаҳр супорида шуд.
Ҳамчунин рӯзи 05.10.2021 дар қасри фарҳанги шаҳри Бохтари вилояти Хатлон маросими тӯҳфасупорӣ ба ғолибони даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид. Дар он 4 нафар ғолиб аз шаҳри Левакант иштирок намуда, бо сипоснома ва туҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ шуданд.
Дар таърихи 21 ноябри соли 2021 дар МТМУ №8-и ноҳияи Шарҳритуси вилояти Хатлон даври сеюми Олимпиадаи минтақавии вилоятӣ аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, забони давлатӣ ва геграфия баргузор гардид. Дар олимпиадаи мазкур 24 нафар ғолибони даври дуюми ин фанҳо аз шаҳри Левакант ширкат варзида, 8 нафар хонанда аз МТМУ №№ 1,3,7,14,13 ва литсейҳои давлатии №1,2 соҳиби холҳои баланд гардида, соҳиби роҳхат барои иштирок дар даври вилоятии ҳарду минтақа гардиданд. Роҳхат гирифтагон – Азимова Шукрона, хонандаи синфи 11 -и МТМУ №1, Восиева Амина, хонандаи синфи 11-и МТМУ №13, Асадуллоева Умеда, хонандаи синфи 11-и Литсейи давлатии №2, Файзова Самира, хонандаи синфи 11-и Литсейи давлатии №1, Бойтурова Хуршеда, хонандаи синфи 11 -и МТМУ №9, Маҳмадова Ҳадиса, хонандаи синфи 11 -и МТМУ №7. Амонова Низора, хонандаи синфи 11-и МТМУ №3 ва Раҳимов Қ., хонандаи синфи 11-и МТМУ №14 бо ифтихорномаҳои Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои вилояти Хатлон қадрдонӣ шуданд.
Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия
Дар 16 муассисаи таълимии шаҳр 19 утоқи дарсии технологияи иттилоотӣ мавҷуд мебошад, ки ҳолати таъминоти техникии онҳо то имрӯз чунин аст: 472 компютер, 63 принтер, 5 тахтаи электронӣ, 14 видеопроектор ва 75 камераи мушоҳидавӣ. Дар умум ба ҳолати моҳи октябри соли 2021 аз 252 компютер, ки мебоист дар 4 соли охир (218-2021) харидорӣ мешуданд, 155 компютер харида шуд, ки 61,51% иҷроиши дурнамои нақшаи харидории компютерҳоро ташкил медиҳад.
– Қайд кардан ба маврид аст, ки баҳри дар амал татбиқ гардидани бандҳои барномаи компютеркунонӣ дар сметаи тамоми муассисаҳои таълимӣ аллакай нақшабандии маблағгузории харидории компютерҳо пешбинӣ гардидааст ва бо пайдо гардидани имкониятҳои молиявӣ тамоми норасоиҳои дар боло зикргардида бартараф карда мешавад.
Зикри ин нуктаро муҳим медонам, ки дар соли таҳсили 2021-2022 муассисаҳои таълимии шаҳр бо китобҳои дарсии забони тоҷикӣ, адабиёти ватан, ботаника барои синфи 6, физика барои синфи 11 ва геометрия барои синфҳои 8, 9 эҳтиёҷ доранд, – гуфт Ниёзалӣ Ашуров.
Талош баҳри фардои дурахшон
Дар фароварди суҳбат, мудири Бахши маорифи шаҳри Левакант Ниёзалӣ Ашӯров иброз дошт, ки дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф ва илм соҳаи калидӣ, пешбаранда ва сарнавиштсозу афзалиятнок боқӣ мондааст, ки аз ин маорифчиёни шаҳри Левакант зиёд ифтихор мекунанду меболанд.
– Раёсати маорифи вилояти Хатлон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант мунтазам бо кормандони соҳаи маориф вохӯрӣ гузаронида, пайваста дар ҳаққи омӯзгорон ва соҳа ғамхорӣ зоҳир месозад. Ҳамчунин, эшон ҳангоми вохӯриҳо бо омӯзгорон ба вазифаҳое, ки аз Паёми Пешвои миллат дар самти таълиму тарбия бармеояд, муфассал фикронӣ намуда, дар назди кормандони соҳа вазифаҳои мушаххас мегузоранд. Дар ин асос нақша-чорабиниҳои Бахши маориф ба тавсиб расонида шуда, мавриди иҷро қарор мегиранд. Подоши неки ин ғамхориву заҳматҳоро баъди даҳсолаҳо наслҳои ояндаи мо хоҳанд дид, агар дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат бо камоли майл илму дониш омӯхта, бо ҳиси баланди ифтихори миллӣ ба нафъи пешравии Ватани азизамон – Тоҷикистони биҳиштосо содиқона хизмат намоем, – илова намуд дар фарҷом Ниёзалӣ Ашӯров.
МТЖТ