Деҳаи Ревад- яке аз деҳаҳои хушманзара, биҳиштосо, шигифтангез ва ҷонфизое дар водии Зарафшони ноҳияи Айнӣ мебошад, ки дар қалби куҳҳои сарбафалаккашидаи ин мавзеъ ҷойгир шудааст. Ин деҳаи зебоманзар бо табиати нотакрору боду ҳавои форам, таллу теппаҳои сарсабзу хуррам ва чашмаҳои ширину гуворояш ба чашмҳо нуру ба дилҳо сурур мебахшад. Дар қалби куҳҳои осмонбӯси ин диёри зебоманзар чашмаҳои ширину мусаффои хурде якҷо шуда, дарёчаи шуху мусаффоеро ташкил мекунанд, ки мардуми деҳ онро “дарёи Ревад” ном мебаранд ва он дар байни деҳа мегузараду заминҳоро шодоб, дили ташнаро тар мегардонад ва деҳаи хушманзарро зеботару пуртароваттар дар чашмҳо ҷилва медиҳад.

Мардуми деҳ хеле меҳрубон ва меҳмоннавоз буда, то имрӯз ҷашну анъана ва урфу одатҳои гузаштагони худро пос медоранд. Мардуми хирадманди Реваддеҳ қариб аксарияти иду ҷашнҳои бостониро истиқбол менамоянд, ки аз ҷумлаи онҳо Сада, Меҳргон, Тиргон ва Наврӯз мебошанд. Ба вижа, ҷашни Наврӯзи фархундапайро бо як шукуҳу шаҳомати хоссае аз тарафи хурду калони ин деҳа ҷашн гирифта мешавад.

Наврӯз, яке аз ҷашнҳои мардуми эронитабор маҳсуб меёбад, ки ҳангоми баробар шудани шабу рӯз дар нахустин рӯзи баҳор ва солшумории хуршедӣ (1-уми фарвардин ё 21-уми марти солшумории милодӣ) фаро мерасад. Аз ин рӯ, Наврӯзро «Ҷашни сари сол» низ меноманд. Таърихи пайдоиши Наврӯз бо эҳё гардидани табиат дар баҳорон, ки пас аз зимистон фаро мерасад, вобаста аст.

Тақрибан даҳ рӯз пеш аз фаросасидани ҷашни Наврӯз гули «Бойчечак» (дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон ин гулро “Гули сияҳгӯш” ном мебаранд) мерӯяд, одатан наврасону хӯрдсолони деҳаи Ревад дар даст гули « Бойчечак» хона ба хона сурудхонон мегарданд ва ба хонаи касе, ки мераванд ба онҳо инъоми гуногун медиҳанд ва ин боиси хушнудии наврасону хурдсолон мегардад.

Ҷанбаи фарқкунандаи дигари ҷашни «Наврӯз»-и деҳаи Ревад таърихи баргузории он мебошад, ки чаҳор сад сол қаблро дарбар мегирад, ки вобаста ба рӯзгори набераи Хоҷа Аҳрори Валӣ Абуабдуллоҳи Валӣ 11-12-уми мартро ҳамчун рӯзи воридшавии ҷашни Наврӯз қайд мекунанд. Ин рӯзҳоро ҳамчун даромадани “Соли нав” низ ном мебаранд. Дар ин рӯзҳои зикргардида, боз як расми аҷиби мардуми Реваддеҳ ин аст, ки хурду калон саҳари барвақт соҳили рӯди деҳ рафта, бо пойи урён се маротиба аз ин тараф ба он тарафи рӯд мегузаранд ва ба бовари онҳо ин амалашон паёмадҳои хуберо ба бор меоварад ва ҳамчунин, бар ин назаранд, ки гуноҳҳои як солаашон пок мегардад.

Бар замми ин, мардум ҷашни Наврӯзро аз санаи 21 то 27-уми март бо шукуҳу шаҳомати хосае таҷлил менамоянд.

Рӯзҳои аввали Наврӯз дар ин деҳа бо хонабаророн оғоз мегардад. Ин корро асосан занону духтарон бар дӯш доранд, ки ин гувоҳи он аст, ки соли навро бо таровату тозагӣ пешвоз мегиранд. Ба гуфти эшон тамоми ғаму андуҳи соли қаблиро бо ин корашон берун менамоянд ва умедвори соли пур аз муваффақияту комгориву бурдбориҳо мешаванд. Инчунин, расми дигари мардуми деҳа чунин аст: “Оби раҳмат” ё ба номи дигар “Ғармич” аст, ки аз ҷониби мардуми деҳа бо номи “Деги дарвешон” низ истеъмол мешавад. Ғармич ё Оби раҳматро дар арафаи ҷашни “Наврӯз” дар дегҳои бузург аз ҷониби мардони деҳ пӯхта мегардад ва онро ба ҳама хонаҳо тақсим мекунанд. Ҳикмати ин амал он мебошад, ки соли пурбарору пурнеъмат ояд.

Инчунин, рамзи асосии Наврӯз Суманак мебошад. Сабзондани гандум ва суманакпазӣ яке аз рукнҳои ҷашни Наврӯз ба ҳисоб меравад. Бошандагони Реваддеҳ, махсус занҳо ба пӯхтани Суманак машғул шуда, як шабонарӯз хоб нарафта, деги Суманакро шеърхонону таронахонон мекобанд ва баъди пӯхтани он, Суманакро дар байни ҳамдигар тақсим менамоянд, ки ин расми хеле хӯбе дар деҳа аст.

Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз мардони деҳа бо ҳамсоягону рафиқонашон дар зери ягон боғ зиёфатҳо ороста, байни ҳамдигар суҳбатҳои самимӣ менамоянд. Ва байниҷавонон бошад мусобиқаҳои варзишӣ, аз қабили футбол, валлейбол, Баскетбол, инчунин бандкашӣ, гуштингирӣ, давидан, ҷаҳидан ва амсоли ингуна бозиҳо доир мегардад ва дар интиҳо, ба ғолибони мусобиқа туҳфаҳои хотирмон супурда мешавад.

Чизе дигар ороиши дастурхони идона аст, ки он қоидаи махсуси оростани хони Наврӯзӣ аст, «Ҳафт син» ва «Ҳафт шин» мебошад.

«Ҳафт син», хӯроку чизҳоеро дар назар доранд, ки саршавии ҳарфи аввалашон «С» аст ва миқдори онҳо ба ҳафт баробар аст. Мисол: Себ, сир, санҷид, сипанд, сабзӣ, сирко ва Суманак. Мардуми Реваддеҳ чунин қоидаро риоя мекунанд ва аз рӯйи он амал менамоянд.

« Ҳафт шин» ҳам ба монанди « Ҳафт син» аст, Яъне хуроку анвое, ки ҳарфи аввалашон бо «Ш» оғоз меёбад. Мисол: Шакар, шона, шамъ, ширинӣ, шарбат, ширбиринҷ, шир ва амсоли инҳо мебошад.

Инро бояд қайд намуд, ки бо дастгирии устодон ва хонандагони МТУМ №10-и ба номи Камоли Хӯҷандии Деҳаи Ревад ҳамасола Наврӯзии умумидеҳагӣ баргузор мегардад. Дар Ҷашнгирии Наврӯзи умумидеҳагӣ барои болидагии табъи мардуми деҳа ҳамасола сарояндаҳои машҳур аз тарафи устодон ва хонандагони Реваддеҳ даъват карда мешаванд, ки онҳо ҷашнро рангоранг мегардонанд ва ин рӯзҳо ҳамчун рӯзи хотирмон барои бошандагони деҳа маҳсуб мешавад.

Тантанаҳои ҷашни Наврӯз намоиши ҳақиқии ҳаёти гуворои мардум, серию пурӣ ва дӯстию рафоқату меҳрубонӣ мебошанд. Дар онҳо бештар он рӯҳияе ҳис карда мешавад, ки меҳнаткашони ноҳияву деҳот комёбиҳои соли гузаштаро як навъ ҷамъбаст мекунанд ва нақшаи соли ҷориашонро андешида, аз пайи иҷрои он мегарданд. Бо ин сарҷамъию иттифоқии мардуми деҳа меҳру садоқати байни ҳамдигарро зиёд карда, ба ифтихороти миллии худ арҷи зиёде мегузоранд, ки ин ифтихори бузурге барои наслҳои оянда мебошад.

Субҳонзода МУҲАММАД,

донишҷӯи ДМТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь