Шуъбаи маорифи шаҳри Конибодом ва муассисаҳои тобеи он дар соли 2021 ҷиҳати амалӣ намудани нуктаҳои  муҳими  Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санаду меъёрҳои ҳуқуқии  соҳавӣ, дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми ҶТ, Раёсати маорифи вилояти Суғд, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Конибодом, амалӣ намудани барномаҳои давлатии соҳавӣ ва нақшаи чорабиниҳои пешбинишуда фаъолияти худро вусъат бахшида, баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати дониши хонандагон, роҳандозӣ намудани корҳои тарбиявӣ ва муҳайё намудани шароити мусоиди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии шаҳр имкониятҳои мавҷударо самаранок мавриди истифода қарор дод.

 Сатҳу сифати таълиму тарбия

Дар давоми соли ҷорӣ 11 ҷаласаи шӯрои шуъбаи маорифи шаҳр доир карда шуд, ки дар онҳо беш аз 85 масъалаи муҳиму мубрами соҳа,  аз қабили фаъолияти муассисаҳои соҳаи маориф, сифати таълиму тарбия ва дараҷаи донишазхудкунии хонандагон, амалишавии талаботҳои санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии марбут ба соҳаи маориф, масъалаҳои аттестатсияю аккредитатсияи муассисаҳои таълимӣ ва натиҷаҳои Рӯзҳои Раёсати маориф дар муассисаҳои таълимӣ, корҳои таъмиру таҷдид ва сохтмон, тадбирҳои пешгирии паҳншавии бемории коронавирус, ҷараёни таҳкими пояҳои моддию техникии муассисаҳои таълимӣ ва дигар самтҳои муҳими соҳа мавриди муҳокима ва корбарӣ қарор дода шуданд. Зимнан, бояд ёдовар шуд, ки дар ҷаласаҳои шӯро фаъолияти зиёда аз 65 муассиса баррасӣ гардида, баҳри ислоҳ ва бартараф намудани норасоиву камбудиҳои ҷойдошта ба унвони муассисаҳои дахлдор қарор ва пешниҳодот ироа карда шуданд.

Дар шаҳри Конибодом 55 муассисаи таҳсилоти умумӣ, 21 муассисаи томактабӣ  ва  инчунин марказҳои таҳсилоти иловагӣ, дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва Маркази технологияи иттилоотӣ – коммуникатсионӣ дар назди шуъбаи маориф босамар фаъолияти худро пеш бурда истодаанд.

Дар маҷмуъ, дар  соли таҳсили 2021-2022  шумораи умумии хонандагон 35057 нафар, (аз ҷумла, 17708 нафар духтарон)  ва омӯзгорон 2342 нафар (аз ҷумла, 2042 нафар бонувон) -ро ташкил дод. Хонандагон дар 1449  синфхона ба таҳсил фаро гирифта шуданд, ки ба ҳисоби миёна дар як синф ба 24,19 нафар хонанда рост меояд ва ин нишондиҳанда ба меъёрҳои муайяншуда мутобиқ мебошад. Эҳтиёҷот ба кадрҳои соҳибихтисоси омӯзгорӣ  23 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9 нафар кам мебошад.

Дар баробари ин, дар муассисаҳои томактабӣ ва кӯдакистонҳои шаҳр 161 нафар мураббия дар якҷоягӣ бо Маркази инкишофи кӯдак ба 4351 нафар тарбиятгиранда дарси адаб меомӯзанд, ки аз ин теъдод ба муассисаҳои таълимии томактабии давлатӣ 2364 нафар, ба муассисаҳои томактабии хусусӣ 470 нафар ва ба муассисаҳои томактабии тобеи ташкилоту корхонаҳо 380 нафар рост меояд. Биноан, ҷиҳати беҳтар намудани ҳолати фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ дар 31 муассисаи таҳсилоти умумии шаҳр  «Гурӯҳи инкишофи кӯдак» ташкил карда шуд, ки дар онҳо 1137 нафар кӯдакони синни томактабӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Зимнан, таъминот бо китобҳои иҷоравии дарсӣ дар муассисаҳои таълимӣ яке аз омилҳои муҳими дараҷаи дарсазхудкунии хонандагон маҳсуб ёфта, он мувофиқи эҳтиёҷоти мактабҳои шаҳр дар маҷмуъ 71,7 % – ро ташкил медиҳад.

Дастрас  намудани китобҳои бадеӣ ба муассисаҳои таълимии шаҳр низ имрӯзҳо яке аз масоили муҳими рӯз ба шумор рафта, аз ҷониби шуъбаи маориф дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешида шуда истодаанд. Дар давоми соли 2021 ба китобхонаҳои муассисаҳои таълимӣ 3646 адад китобҳои бадеии тозанашр ворид карда шудааст. Дар умум, дар китобхонаҳои муассисаҳои таълимии шаҳр 241579 нусха  китобҳои бадеӣ мавриди истифода қарор дошта, 26 ҳазор (73,3%) нафар хонанда ба китобхонаҳои мактабӣ аъзо мебошанд.

Рафти иҷрои барномаҳои давлатӣ

Иҷроииши Фармони Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 31.01.2020, таҳти №1445 дар бораи “Бистсолаи  омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи  илму маориф” эълон гардидани солҳои 2020 – 2040 зери назорати қатъӣ қарор гирифта, баҳри вусъат бахшидани фаъолияти маҳфилҳои “Математикони ҷавон”, “Физикони ҷавон”, “Барномасозони ҷавон” ва “Химикони ҷавон” дар муассисаҳои таълимӣ ва Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо, таъмини иштироки фаъолонаи хонандагон дар олимпиадаву озмунҳои дохилиҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, паҳн намудани таҷрибаи пешқадами омӯзгорони фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ дар миқёси шаҳр корбарӣ ҷараён дорад. Дар ин раванд, рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021, таҳти №114 «Дар бораи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025» мавриди корбарии доимии масъулин қарор дошта, то ин дам бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда 49 кабинети фаннӣ ба маблағи 112005 сомонӣ муҷаҳҳаз гардонда шуда, корбарӣ дар ин самт идома дорад.

Ҷиҳати таъмини барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҶТ тадбирҳои мушаххас андешида шуда, то санаи 10 декабри соли равон ба муассисаҳо 101 компютер, 13 тахтаи электронӣ, 20 видеопроектор, 18 принтер аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ ва дастгирии Кумитаҳои падару модарон харидорӣ гардид. Бояд иқрор шуд, ки таъминот бо мутахассисони фанни технологияи иттилоотӣ беҳбудиро тақозо дорад, зеро аз 110 омӯзгори фанни мазкур танҳо 67 нафарашон мутахассисони соҳавӣ мебошанд.

Дар баробари ин, баҳри иҷрои “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” омӯзиши муттасили забонҳои русӣ ва англисӣ дар ҳама зинаҳои таҳсилот ва аз ҷумла, дар 21 муассисаи таълимии томактабӣ низ ба роҳ монда шудааст. Илова бар он, ҳоло дар шаҳр 5 маркази омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ – гурӯҳи таълимӣ дар назди Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маориф, марказҳои забономӯзии “Аркон”, “Само”, “Ҷаҳондон” амал мекунанд, ки дар онҳо беш аз 280 нафар хонандагон ба таҳсил  фаро гирифта шудаанд.

Номоварони маорифи Конибодом

Бояд зикр намуд, ки дар муассисаҳои таълимии шаҳр ба баргузории олимпиадаҳои фаннӣ таваҷчуҳи махсус зоҳир мегардад. Дар соли таҳсили 2020 – 2021 дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ 31 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Конибодом соҳиби 3 медали тилло, 12 нуқра ва 16 медали биринҷӣ гардиданд, ки ин нишондиҳанда нисбати соли гузашта ба маротиб беҳтар аст. Ҳамзамон, моҳи январи соли 2021 хонандагони мактаби хусусии ба номи О. Ҷӯраев ва муассисаҳои таълимии шаҳр дар озмунҳои  байналмилалии  фанҳои дақиқ –  «Жаутковский» ширкат варзида, сазовори 2 ҷойи ифтихорӣ гардиданд.

Ҳамин тариқ, дар озмуни байналмилалии фосилавии “Кенгуру” аз фанни математика низ 2 нафар хонандаи МТМУ №41 ва №38 сазовори ҷойи ифтихорӣ гардиданд. Дар олимпиадаи фосилавии “Фисо” аз рӯйи фанҳои математика ва нақшакашӣ бошад, 11 нафар хонандагони литсейи №1 ва гимназияи №1 сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Дар ин радиф, соли таҳсили 2021 – 2022 дар даври минтақавии олимпиадаи фаннӣ барои синфҳои 5-11-ум 1941 нафар ва дар даври шаҳрии он 850 нафар хонандагон ширкат намуда, ба даври вилоятӣ 237 нафар хонандагон роҳхат гирифтанд.

Дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Нозирони навраси ҳаракати роҳ” бошад, дастаи МТМУ№1 ҷойи аввалро ишғол намуданд.

Дар оғози соли 2021 дар назди муассисаҳои таълимии шаҳр 501 маҳфилҳои гуногун, аз қабили бофандагӣ, рӯзгордорӣ, дӯзандагӣ, физикони ҷавон, химикони ҷавон, биологони ҷавон, маҳфилҳои варзишӣ ва амсоли онҳо ташкил карда шуда, ба онҳо 7604 нафар хонандагон ҷалб карда шуданд. Ба ин минвол, соли 2021 дар озмуни ҷумҳуриявии «Ватанпарвар» дастаи шаҳри Конибодом дар давраи вилоятӣ дастболо гардида, дар даври ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойи дуюм гардид.

Дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Роҳбари маҳфили беҳтарин», роҳбари маҳфили «Санъати тасвирӣ» Раҳимов А. сазовори ҷойи сеюм гардид. Инчунин, аъзои маҳфили «Санъати тасвирӣ» Султонова Нулуфар дар озмунии ҷумҳуриявии расмкашӣ  бахшида ба гиромидошти Шоири халқи Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода сазовори ҷойи аввал гардид. Ҳамзамон, дар даври шаҳрии озмуни “Омӯзгори соли ҷумҳурӣ” омӯзгори фанни биологияи МТМУ №24 Аҳмадҷонова Нигора сазовори ҷойи аввал гардида, дар  даври вилоятии озмуни мазкур сазовори ҷойи 2 – юм гардид. Инчунин, муассисаи таълимии мазкур дар озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин муассисаи таҳсилоти умумӣ зери унвони “Ташаккули тарзи ҳаёти солим” сазовори ҷойи аввал гардида, бо туҳфаҳои хотиравии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ қадршиносӣ гардид. Дар ин росто, дар даври  шаҳрии  озмуни “Мураббии соли ҷумҳурӣ ” мураббии кудакистони хусусии “Ғунча” Нозимова Истам  сазовори ҷойи 2 – юм гардида, дар даври вилоятии озмун ширкат намуд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар сессияи вилоятии Академияи хурди илмҳо 4 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии №3, 4, 32 ва литсей ширкат намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Ҷилои истеъдодҳои ояндадор

Сараввал бояд зикр намуд, ки соли 2020 дар даври шаҳрии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ…” 46 нафар ширкат намуда, 29 нафар ғолибони ин давр бо туҳфаҳои пулӣ тибқи Низомномаи пешбинишуда сарфароз гардонида шуданд. Ба даври ҷумҳуриявии озмун 4 нафар – 1 нафар омӯзгор ва 3 нафар хонандагони синфҳои поёнии муассисаҳои таълимӣ ширкат намуда, бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва туҳфаҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

Соли 2021 бошад, дар давраи аввали озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ…” маҷмӯан 1689 нафар ширкат варзида, ба даври дуюм 233 нафар роҳхат гирифтанд. Аз ин миён 45 нафар ба даври вилоятии озмуни мазкур роҳ ёфта, 4 нафар – 1 нафар омӯзгори МТМУ № 6 Комилов Муртазо аз номинатсияи хондан ва азёд кардани осори адабиёти классискии тоҷик  сазовори ҷойи 2, як нафар донишҷӯи коллеҷи омӯзгорӣ Тӯйчиева Санам аз номинатсияи хондан ва азёд кардани осори адибони ҷаҳон сазовори ҷойи 2 ва 2 нафар донишҷӯи мактабҳои олии ш. Хуҷанд дар даври ҷумҳуриявӣ ширкати фаъолона доштанд. Дар даври ниҳоии озмун омӯзгори МТМУ № 6 Комилов Муртазо аз номинатсияи хондан ва азёд кардани осори адибони ҷаҳон сазовори ҷойи панҷум ва сертификати иштирокчии даври озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи  доноӣ китоб аст» гардид.

Ба ин минвол, соли 2020 дар даври шаҳрии озмуни “Тоҷикистон – ватани азизи ман” 28 нафар иштирок намуда, бо туҳфаҳои пулию  молӣ сарфароз гардонида шуданд. Дар даври вилоятии озмуни мазкур 5 нафар ширкат намуда, аз онҳо 2 нафар –  Охунов Хуршед, дар жанри академӣ ва Собирҷон Шамсиев дар жанри сарояндагии анъанавӣ ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат ёфтанд. Охунов Хуршед  донишҷӯйи  Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов,  соҳиби ҷойи ифтихорӣ гардида, бо ҷоизаи озмун ва мукофоти пулӣ қадршиносӣ гардида, алҳол дар Муассисаи давлатии “Оркестри симфонии академии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” фаъолият намуда истодааст. Собирҷон Шамсиев низ бо диплом ва мукофоти пулӣ барои иштироки фаъол сарфароз гардонида шуд.

Бояд қайд намоям, ки дар дар даври мактабии озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” 4416 нафар ширкат варзиданд, ки аз онҳо 3947 нафар хонанда, 54 нафар омӯзгор, 415 нафар донишҷӯ мебошанд. Дар даври шаҳрӣ 420 нафар ғолибон аз рӯйи 7 номинатсия иштирок карда, ба даври вилоятӣ 35 нафар роҳхат гирифта, аз онҳо 3 нафар дар даври ҷумҳуриявӣ ширкат намуданд.

Дасти сахо

Бояд қайд намуд, ки дар соҳа, дар баробари роҳандозӣ намудани корҳои таълиму тарбия, ба масоили иҷтимоии кормандон диққати махсус дода мешавад. Дар натиҷаи ҳамкории ҳамаҷонибаи шуъбаи маориф ва Кумитаи иттифоқҳои касабаи соҳа дар муддати 11 моҳи соли 2021 – 370 нафар кормандон бахшида ба иду ҷашнҳо ба маблағи 16065 сомонӣ аёдат карда шуда, ба 7 нафар омӯзгорон ба маблағи 1750  сомонӣ кӯмаки моддии яквақта расонида шуд. Ҳамчунин, ба 128 нафар омӯзгорону кормандони соҳа барои табобату истироҳат ба маблағи 140324 сомонӣ  роҳхат ба истироҳатгоҳҳои “Бодом” ва “Ирам” дода шуд.

Дар баробари ин, соли таҳсили 2020-2021 5 нафар хонандаи фаъоли муассисаҳои таълимӣ ва 2 нафар донишҷӯи коллеҷҳои шаҳр бо Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 50 нафар хонандагону донишҷӯён ва варзишгарони пешсаф бо идрори Раиси шаҳр сарфароз гардонида шудаанд. Дар соли таҳсили 2021 – 2022 бошад, 52 нафар гирандагони  Стипендияи Президентӣ ва 50 нафар гирандагони  идрори Раиси шаҳр эътироф карда шуданд.

Сутуданист, ки соли равон бо мусоидати шуъбаи маориф ва дастгирии Ҳукумати шаҳри Конибодом ду нафар ятими кул – Қарабоева Меҳрангез Аминҷоновна, хатмкунандаи МТМУ №9 ва Ботирова Мавзуна Аҳадҷоновна, хатмкунандаи МТМУ №20 ҳуҷчатҳои худро тариқи ройгон ба Маркази миллии тестӣ барои дохил шудан ба Коллечи тиббии шаҳри Конибодом супориданд. Натиҷаҳои минбаъдаи фаъолияти онҳо таҳти назорати масъулини дахлдор қарор дорад.

Авҷи бунёдкориву созандагиҳо

Шуъбаи маорифи ш. Конибодом муҳайё намудани шароити мусоиди донишомӯзӣ ва таҳкими пояҳои моддию техникии онҳоро яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани сифати таълиму тарбия мешуморад. Бо ин мақсад дар арафаи таҷлили ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ дар МТМУ №51 толор ва майдончаи варзишӣ, дар МТМУ №16 ва МТМУ №18 майдончаи варзишӣ барои футболи хурд  ва дар МТМУ №35 ду синфхонаи иловагӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Инчунин, дар ин давра дар муассисаҳои таълимии №№ 13, 16, 18, 19, 29, 44, 51 ва гиназияи №1   7 варзишгоҳи муосир барои футболи  хурд  ва  4 толори варзишӣ, дар маҷмуъ 11 иншооти варзишӣ дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Дар баробари ин, дар як қатор муассисаҳои таълимӣ ва бинои шуъбаи маорифи шаҳр таъмири кулл ва ободонии саҳни муассиса гузаронида шуд. Толори муассисаҳои таълимии №№ 3, 4, 9, 11, 20, 23, 26, 25, 28 ва гимназияи №1 низ бо кӯмаку дастгирии шахсони саховатманд ва Кумитаи падару модарон  аз нав таъмир карда шуда, алҳол дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ маҳфилҳои волейбол, баскетбол, шоҳмот, футбол ва варзиши сабук амал мекунанд.

Дар маҷмӯъ, аз соли 2018 инҷониб бо истифода аз манбаъҳои гуногун, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом, соҳибкорони соховатпеша ва дастгирии Кумитаҳои падару модарон  дар муассисаҳои таълимии №№6, 29, 35, 38, 45,47,53, гимназияи №1 ва мактаби хусусии О. Ҷӯраев  биноҳои нави таълимии иловагӣ бо 2120 ҷойи нишаст дар як баст мавриди истифода қарор дода шудаанд.

Қайд намудан ҷоиз аст, ки имрӯзҳо дар муассисаҳои таълимии рақамҳои 7, 13, 14, 15, 21, 32, 34, 48 ва 52  бо истифода аз сарчашмаҳои гуногун бунёди биноҳои нави таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ дар маҷмуъ, барои 2580 ҷойи нишаст дар як баст идома дорад, ки мавриди истифода қарор додани онҳо дар соли 2022 ба нақша гирифта шудааст.      Ҳамзамон, дар Литсейи №1 ва муассисаҳои таълимии №№7, 24, 26, 27, 41, 52 бунёд ва сохтмони  иншооти варзишӣ – 4 варзишгоҳи муосир барои футболи хурд  ва  4 толори варзишӣ бомаром идома дошта, аз ҷониби мактаби хусусии О.Ҷӯраев лагери истироҳатӣ – таълимӣ дар мавзеи наздисоҳилии обанбори Қайроққум бунёд гардида истодаааст, ки ишооти мазкур низ дар соли 2022 мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.

Инчунин, бо ташаббус ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр  ба тариқи ҳашар дар кӯдакистони садамавии №2 барои 250 кӯдак ва дар кӯдакистони садамавии №10 барои 120 кӯдак сохтмони биноҳои нави замонавӣ идома доранд. Дар назди мактаби хусусии О. Ҷӯраев бунёди бинои нави кӯдакистон барои 120  нафар ба нақша гирифта шуда, мавриди истифода қарор додани он моҳи январи соли 2022 дар назар аст. Дар маҷмуъ, соли 2022 мувофиқи нақшаи Ҳукумати шаҳр барои 490 нафар кӯдак биноҳои нави замонавӣ ба истифода дода хоҳанд шуд.

Бо ибтикор ва дастгирии бевоситаи раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода раванди корҳои сохтмонӣ, алалхусус, дар соҳаи маориф минбаъд ҳам вусъати тоза ёфта, роҳандозӣ намудани биноҳои нави таълимӣ дар муассисаҳои таълимии   №12, 17, 18, 25 ва кӯдакистони №8 корҳои лоиҳакашӣ идома доранд.

Ҳамзамон, бояд тазаккур дод, ки алҳол аз ҷониби Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои ба кор андохтани муассисаҳои томактабии бекорхобидаи тобеи ташкилоту муассисаҳо, аз ҷумла кӯдакистонҳои марбут ба ҶДММ “Ресанда” ва  ҶДММ “ Конибодом” ва гирифтани он ба мувозинаи мақомоти маҳаллӣ корбарӣ идома дорад. Инчунин, барои ба фаъолият оғоз намудани кӯдакистони назди ҶДММ “Ҳабиб”, ки барои 180 нафар кӯдак пешбинӣ гардидааст, тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Бунёди бинои нав дар кӯдакистонҳои  №10 ва №2 низ ба фарогирии бештари кӯдакон мусоидат хоҳанд кард. Дар сурати амалӣ гардидани нақшаҳои пешбинигардида ва зиёд намудани таъсиси Марказҳои инкишофи кӯдак дар назди муассисаҳои таълимӣ низ минбаъд, мувофиқи шаҳр теъдоди фарогирии кӯдакони синни томактабӣ афзун хоҳад гашт.

Бо азми ҷазм рӯ ба фардои беҳтар аз ин

Мусалламан, ҳамаи дастовардҳои имрӯзаи маорифчиён натиҷаи пуштибонӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус, Президенти мамлакат мебошад. Аз ин рӯ, бо дарки масъулият изҳор менамоям, ки ҷавобан ба ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Конибодом маорифчиёни мо бо меҳнати софдилона, донишу фарҳанги баланди касбӣ, азму иродаи мустаҳкам рисолати ҳидоятгарии худро минбаъд низ ба таври кофӣ ба иҷро расонида, манбаи шарафу ифтихори диёр хоҳанд гашт.

Бо дарки масъулияти ин ваъда кормандони соҳаи маорифи шаҳр ҳамаи кӯшишу имкониятҳои худро дар оянда низ ба он равона месозанд, ки барои таълиму тарбияи насли наврас тамоми шароити заруриро фароҳам оваранд. Ҳадаф ин аст, ки фарзандони мо мувофиқи талаботи замонаи пешрафт соҳиби дониши мукаммал, маърифати баланд гарданд, дорои ҷаҳонбинии васеъ ва донандаи забонҳои хориҷӣ бошанд. Касбу ихтисосҳои барои кишвар заруриро аз худ карда, дар оянда ба халқу Ватани худ хизмати арзанда карда тавонанд, манфиатҳои давлати соҳибистиқлол ва миллати куҳанбунёду тамаддунсозро ба таври шоиста ҳифз намоянд. Дар ин ҷода ба ҳамаи кормандони соҳа, ки шабу рӯз ҷиҳати пешрафти соҳа ва ба ин васила ободии мамлакату таъмини фардои дурахшони давлату миллат ҷаҳду талош менамоянд, саломативу сарбаландӣ ва рӯзгори ободро таманно менамоям.

Бурҳониддин Ҷабборӣ, мудири Шуъбаи маорифи шаҳри Конибодом

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь