Соҳаи маориф яке аз соҳаҳои муҳиму пешбарандаи ҷомеа буда, ҳамеша ба таваҷҷуҳ ва дастгирӣ ниёз дорад. Ба ҳамин хотир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ҳарсолаи хеш ба Маҷлиси Олии кишвар ба ин соҳа аҳамияти бештар медиҳанду талаб мекунанд, ки дар саросари кишвар ҷиҳати рушди соҳаи маориф чорабиниҳо сурат гиранд.

Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ зарурияти ҳар тадбиру вазифаи дар ин самт ба миён гузоштаро хуб дарк намуда, пайи иҷрои онҳо тамоми имкониятҳоро амалӣ месозад. Дар ин раванд дастуру супоришҳои ба миён гузоштаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонун «Дар бораи маориф», барномаҳои давлатӣ, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои раиси ноҳия, фармону дастурҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санаду ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ дар ҳамкорӣ бо роҳбарони муассисаҳои таълимӣ амалӣ гардида истодаанд.

Пайравӣ – ба ҳидоятҳои Пешво

Насимҷон Ғоибзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ мегӯяд, ки маҳз бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи илму маориф дар ҷумҳурӣ яке аз самтҳои хеле муҳими сиёсати давлатӣ буда, пешрафти минбаъдаи Тоҷикистон ба рушди маорифи миллӣ ва беҳдошти заминаи таълим вобаста мебошад.

– Аз замони касби Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то инҷониб дар ноҳия 50 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла, 4 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 3 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 41 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 литсей, 1 гимназия бо фарогирии 32617 нафар хонандагон амал мекунад, ки ба таълиму тарбияи онҳо 1911 омӯзгор (аз ин, 891 нафарашон занон) машғул ҳастанд. Илова бар ин, дар ноҳия 4 кӯдакистон бо фарогирии 295 нафар тарбиятгирандагон фаъолият намуда, 12 нафар мураббияҳои ихтисосманд ба таълиму тарбияи кӯдакон машғул мебошанд.

Собиқ мудирони маорифи ноҳия

Аз замони ташкили ноҳияи Чубек, баъдан Москва ва алҳол ноҳияи ба номи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, аз солҳои 50-ум то инҷониб дар соҳаи маориф ин шахсон: Рабиев Эмомалӣ (1951-1952), Талбаков Раҳмон (1952-1954), Назриев Иноят (1954- 1955), Мирзоев Абдулло (1955-1962), Фаттоев Самад (1962- 2005), Назаров Шоҳ (1994-1996), Ғоибов Давлаҳмад (1996-2005), Вализода Сайдамир Мурод (2005-2011) ва Исоев Алишер Шайдуллоевич (2011-2021) роҳбарӣ намуда, шуҳрати соҳаи маорифро то чандон тавонистанд дар тамоми қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва кишвари азизамон – Тоҷикистон баланд бардоштанд.

Пешқадамони соҳа

Дар муассисаҳои таълимии ноҳия даҳҳо нафар устодони мушфиқу ботаҷриба, омӯзгорони моҳири касб фаъолият дошта, тавассути меҳнати самарабахш байни шогирдону волидон ва аҳли ҷомеа соҳибэҳтиром гардидаанд. Дар ин қатор номи омӯзгорони пешқадам Одилов Фозил, Ғафуров Саидҳисайн, Нуров Сулаймон, Одинаев Эмомалӣ, Палтангов Мирзодавлат, Қосимов Абдурашид, Ализода Абдуқодир, Набиев Ином, Бескровный Александр Митрофанович, Пиров Хоркаш, Табаров Пираҳмад, Муродов Латиф, Ҳамро Раҷабов, Табаров Ҳабибулло, Одинаев Сайдаҳмад, Мирзоев Қимат, Зуҳуров Назрӣ, Халилов Назар, Халилов Зайдулло, Зуҳуров Шералӣ, Каримов Зиё, Алиев Ҳафиз, Назримадов Ҷамшед, Саидов Маҷид, Иномов Аскар, Латифов Насриддин, Латиф ва Зариф Раҷабовҳо, Кокулов Раҷабалӣ, Ҳамидов Абдулло, Каримов Абдухалил, Сатторов Муслим, Муъмин Ҳабибулло, Одина Салимов, Саидмумин Назаров, Нуриддинов Тоҷиддин, Сафаров Сайфулло, Қурбонов Сафаралӣ, Давлаҳмад ва Нурмад Шамсовҳо, Одинаев Шариф, Самиев Муродалӣ, Мирзоев Мирзо, Мусоев Ғаюр, Латифов Шариф, Алиев Воҳид, Алиев Валӣ, Абдурасулов Лаълӣ, Мирзоев Борон, Беков Азиз, Мурод Ғуломов, Қалуғов Қурбоналӣ, Маҳмудов, Хайриддин Ҷалолов, Ҷалолов Ином, Ҳасанов Бекмурод, Зубайдов Гулмурод, Расулов Бобо, Расулов Собир, Маҳмадиев Ҳофиз, Мирзоев Исмонқул, Сафолов Ҷаҳонгир ва Муминов Пӯлод ва боз чандин нафари дигарро метавон бо ифтихор ба забон овард, ки бо меҳнати шоистаи худ байни мардум эҳтирому иззати хоса доранд.

Дастовардҳои муҳассилини ноҳия

Аз соли 2020 то инҷониб донишомӯзони ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ дар озмуну олимпиадаҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат варзида, сазовори 126 медали тилло, нуқра ва биринҷӣ гардиданд.

Инчунин, муҳассилини ноҳия дар Олимпиадаи байналмилалии ФИСО дар 2 давр ба таври шоиста иштирок карда, мушарраф ба 10 медали тилло, 11 медали нуқра ва 40 медали биринҷӣ шуданд.

Истифодабарии босамари технологияи муосир

Дар марҳилаи кунунии тараққиёти илму техника, ки бо суръат пеш меравад, аз худ намудани технологияҳои ҳозиразамон, ташаккули фарҳанги техникии ҷомеа, тарбияи мутахассисони ҷавон, омӯхтану истифода кардани дастовардҳои илмӣ аҳамияти муҳим пайдо кардааст. Ҷиҳати татбиқи барномаҳои нав оид ба ҷорӣ намудани низоми ягонаи идоракунии маориф, пайвастшавии муассисаҳои таълимӣ ба шабакаҳои

Интернет, баланд бардоштани дараҷаи маълумоти хонандагон дар самти ҳуқуқи инсон ва баланд бардоштани сатҳи тахассусии омӯзгорон дар даврони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи Барномаи компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ ба Шуъбаи маорифи ноҳия 1426 адад компютер, 26 тахтаи электронӣ, 32 ведиопроекторҳо харидорӣ карда шуда, муассиса дар навбати худ, ҳамаи таҷҳизоти мавриди зикрро ба таълимгоҳҳои ноҳия дастрас гардонидааст, ки онҳо мавриди истифодаи хонандагон қарор доранд.

Корҳои созандагиву бунёдкорӣ

Дар 30 – соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давоми солҳои 2001-2021 дар ноҳия вобаста ба соҳаи маориф даҳҳо иншоотҳои замонавӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки нишондоди зер исботи гуфтаҳои болост:

Дар МТМУ №44 -и деҳаи Марғоби ҷамоати деҳоти Чубек соли 2021 барои 180 ҷойи нишаст ба маблағи 560 ҳазор сомонӣ аз ҷониби соҳибкор Саидхонов З.; дар МТМУ №12 -и деҳаи Пушкини ҷамоати деҳоти Қаҳрамон дар соли 2005, барои 312 ҷойи нишаст ба маблағи 700 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби хоҷагии деҳқонии Ф.Саидов; дар МТМУ №21 дар деҳаи Қарағоч, ҷамоати деҳоти Чубек соли 2008 барои 70 ҷойи нишаст ба маблағи 420 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ва Бонки исломии Рушд; дар МТТУ №58-и деҳаи Саркокул соли 2008 барои 72 ҷойи нишаст ба маблағи 392 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби Вазорати маориф ва илми ҶТ ва Бонки исломии рушд; дар МТИ №11, соли 2008, дар деҳаи Гулрези ҷамоати деҳоти Меҳнатобод барои 70 ҷои нишаст ба маблағи 382 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби Вазорати маориф ва илми ҶТ ва Бонки исломии рушд; дар МТМУ №27, соли 2009 барои 392 ҷойи нишаст ба маблағи 743 ҳазор доллари ИМА аз ҳисоби буҷети вилоят, Фонди католикии Бонки рушди Осиё; дар МТМУ №2-и ҷамоати шаҳраки Москва соли 2010 барои 624 ҷойи нишаст ба маблағи 1 миллиону 723 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби Вазорати маориф ва илми ҶТ ва Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон; дар

МТМУ №38, соли 2011, дар деҳаи Кондараи ҷамоати деҳоти Панҷрӯд, барои 360 ҷойи нишаст ба маблағи 192 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон;

дар МТМУ №6, соли 2011, дар деҳаи Дараи Калот барои 420 ҷойи нишаст ба маблағи 6 миллиону 289 ҳазор сомонӣ (бо таҷҳизоташ) аз ҳисоби Дирексияи сохтмонҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; дар МТМУ №27-и деҳаи Обшорони ҷамоати деҳоти Турдиев, соли 2012, барои 164 ҷойи нишаст ба маблағи 380 ҳазор доллари ИМА, аз ҳисоби буҷети вилоят ва Фонди католикии Бонки рушди Осиё; дар Гимназияи давлатии ҷамоати шаҳраки Москва дар соли 2013, барои 320 ҷойи нишаст ба маблағи 460 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ; дар Литесйи давлатии №1-и ҷамоати шаҳраки Москва соли 2013, барои 360 ҷойи нишаст, ба маблағи 1 миллиону 643 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон; дар МТМУ №13 -и ҷамоати шаҳраки Москва соли 2013, барои 320 ҷойи нишаст, ба маблағи 1 миллиону 8 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ; дар МТМУ №19-и деҳаи Чубеки ҷамоати деҳоти Чубек, соли 2014, барои 520 ҷойи нишаст ба маблағи 2 миллиону 800 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби Вазорати маориф ва илми ҶТ ва Сафорати ИМА дар Тоҷикистон; дар МТМУ №16 –и деҳаи Тагноби ҷамоати деҳоти Дашти гулҳо, соли 2015, барои 220 ҷойи нишаст ба маблағи 1миллиону 800 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби Вазорати маориф ва илми ҶТ; дар МТМУ №12-и деҳаи Пушкини ҷамоати деҳоти Қаҳрамон, соли 2016, барои 624 ҷойи нишаст, ба маблағи 2 миллиону 300 ҳазор доллари ИМА, аз ҳисоби Бонки исломии рушд; дар МТМУ №39-и деҳаи Пахтаободи ҷамоати деҳоти Дашти гулҳо, соли 2016, барои 180 ҷойи нишаст, ба маблағи 1 миллиону 380 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби Вазорати маориф ва илми ҶТ; дар МТМУ №45-и деҳаи Бузахонаи ҷамоати деҳоти Чубек, соли 2016, барои 140 ҷойи нишаст ба маблағи 1 миллиону 300 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби Вазорати маориф ва илми ҶТ; дар МТМУ №14 -и ҷамоати шаҳраки Москва соли 2017, барои 720 ҷойи нишаст ба маблағи 1 миллиону 947 ҳазор доллари ИМА ва 16 миллиону 452 ҳазору 150 сомонӣ аз ҳисоби МТЛ СММ ва Фонди рушди Саудӣ; дар  МТМУ №50, соли 2017 дар деҳи Сайёди ҷамоати деҳоти Турдиев, барои 150 ҷойи нишаст мутаносибан ба маблағи 68 ҳазор доллари ИМА ва 574 ҳазору 600 сомонӣ аз ҳисоби Вазорати маориф ва илми ҶТ ва Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон; дар МТМУ №30-и деҳаи Меҳрвари ҷамоати деҳоти Чубек дар соли 2018, барои 300 ҷойи нишаст ба маблағи 1 миллиону 690 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ; дар МТМУ №44 -и деҳаи Бузхонаи ҷамоати деҳоти Қаҳрамон дар соли 2018, барои 250 ҷойи нишаст аз ҳисоби ташкилоти хайриявии ТАВИД  – Аморати муттаҳидаи Араб сохта ба истифода дода шудаанд.

Идомаи корҳои созандагӣ

Илова бар сохтмонҳои боло, дар қаламрави ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтмони биноҳои нави таълимии ҷашнии соҳаи маориф ба итмом расида, мавриди истифодаи муҳассилин қарор гирифтаанд. Аз ҷумла, дар гимназияи давлатӣ дар ҷамоати шаҳраки Москва, соли 2019 бинои иловагӣ бо сохтмони 6 синфхона аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ, МТМУ №31 дар соли 2019, ҷамоати деҳоти Панҷоб бинои иловагӣ бо 10 синфхона аз ҳисоби сармояи хориҷӣ, МТМУ №35-и ҷамоати деҳоти Турдиев, бинои иловагӣ бо бунёди 12 синфхона, МТМУ №42-и ҷамоати деҳоти Меҳнатобод бо сохтмони 12 синфхона аз ҳисоби Фонди Саудии рушд дар соли 2019, МТМУ №43, бинои иловагӣ бо бунёди 12 синфхона аз ҳисоби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019, кӯдакистони №4, сохтмони 2 синфхонаи иловагӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ дар соли 2019, МТМУ №28-и ҷамоати деҳоти Чубек, бинои иловагӣ бо бунёди 24 синфхона аз ҳисоби сармояи хориҷӣ дар соли 2020,  МТМУ №40-и ҷамоати деҳоти Қаҳрамон, соли 2020, бинои иловагӣ бо сохтмони 4 синфхона аз ҳисоби сармояи хориҷӣ, МТМУ №8-и ҷамоати деҳоти Меҳнатобод, бунёди 10 синфхонаи иловагӣ аз ҳисоби сармояи хориҷӣ дар соли 2020, МТМУ №18-и ҷамоати деҳоти Дашти гулҳо, сохтмони 10 синфхонаи иловагӣ аз ҳисоби сармояи хориҷӣ дар соли 2020 ва МТМУ №51 дар ҷамоати деҳоти Чубек, сохтмони бинои иловагӣ бо 16 синфхона, барои 384 ҷойи нишаст аз ҳисоби Раёсати сохтмони асосии вилоят дар соли 2020 шуруъ шуда, дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифодаи донишомӯзони ноҳия қарор дода шуданд.

Ба ҷойи охирсухан

Дар фарҷоми суҳбат Насимҷон Ғоибзода, мудири Шуъбаи маорифи ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ иброз дошт, ки боиси хушнудист, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро яке аз соҳаҳои стратегии ҷумҳурӣ шуморида, дар авлавияти сиёсату Ҳукумати мамлакат қарор додааст.

– Бо мақсади боз беҳтар кардани сифати таълим соли гузашта Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ солҳои 2020-2040 –ро «Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намуданд. Вобаста ба ин, дар муассисаҳои таълимии ноҳия озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм- фурӯғи маърифат» дар байни хонандагону омӯзгорон гузаронида шуда, беҳтаринҳо дар ноҳияву ҷумҳурӣ сазовори ҷойҳои арзанда гардиданд.

Гуфтан ба маврид аст, ки танҳо дар соли 2020 ба соҳаи маорифи ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ 40 718 134 00 (чил миллиону ҳафтсаду ҳаждаҳ ҳазору яксаду сию чор) сомонӣ ҷудо гардидааст. Ҳамаи ин маблағҳо дар соҳаи маорифи ноҳияи босамар истифода бурда шуданд. Дар ҷавоб ба ҳамаи ин ғамхориҳои Сарвари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ мо маорифчиёни ноҳияро месазад, ки кори таълиму тарбияи насли наврасро боз ҳам беҳтар карда, ба нафъи кишвари азизамон Тоҷикистони сарсабз содиқона хизмат намоем, – гуфт Ғоибзода.

Нигора САИДБЕКОВА, МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь