Дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон қарзи барқ аз муштариён ба ҳолати 1 ноябри соли ҷорӣ зиёда аз 336 миллиону 727 ҳазор  сомониро ташкил медиҳад, ки аз ин қарз 214 миллиону 772 ҳазораш аз аҳолӣ мебошад ва ин вазъ масъулони барқи минтақаро нигарон кардаст.

Қарз ба ҷойи кам, зам мешавад

Роҳбари тиҷоратии филиали ҶСК “Шабакаҳои барқ” дар шаҳри Кӯлоб Сайвалӣ Мирзоев маълумот дод, ки  дар зинаи аввали шаҳру ноҳияҳои минтақа,  Кӯлоб бо доштани 150 миллиону 541 ҳазор сомонӣ, Восеъ 57 миллиону 564 ҳазор сомонӣ,  Фархор 27 миллиону 514 ҳазор сомонӣ, Ҳамадонӣ 23 миллиону 469 ҳазор сомонӣ,  Данғара 16 миллиону 584 ҳазор сомонӣ, Темурмалик 13 миллиону 120 ҳазор сомонӣ, Муъминобод беш аз  22 миллион сомонӣ ва Ховалинг 15 миллиону 986 ҳазор қарор доранд.

Ҳамчунин, дар ду ноҳия қарзи барқ  нисбат ба шаҳру  ноҳияҳои боло кам мебошад. Масалан, ин нишондод дар ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин 6 миллиону 790 ҳазор сомонӣ ва  Балҷувон  1 миллиону 720 ҳазор сомониро  ташкил медиҳад.

Дар баробари ин, Сайвалӣ Мирзоев иттилоъ дод, ки қарзи истифодабарандагони саноатӣ, ғайрисаноатӣ, кишоварзӣ ва ба онҳо баробаршуда наздики 56 миллиону 600 ҳазор сомонӣ, соҳаҳои буҷет ва муассисаҳои хоҷагии коммуналӣ 11 миллиону 675 ҳазор сомонӣ, насосҳои обгузар ва пойгоҳҳои обкашӣ, мошинҳои обёрӣ ва нақлиётӣ беш аз 32 миллиону 390 ҳазор сомонӣ ва қарзҳои дигар сохторҳо аз он ҷумла, фаъолиятнадошта аз солҳои пеш 20 миллиону 722 ҳазор сомонӣ иборат аст.

Муштариёни барқро ба суд додаанд

Аз ҷониби маъмурияти Шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб наздик ба даҳ ташкилоту идорае, ки аз ҳаққи истифодаи барқ қарздор мебошанд, ба Суди иқтисодӣ дода шудаанд.

Роҳбари тиҷоратии Шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб Ҳамидулло Ғафуров низ иттилоъ дод, ки айни  замон аз ҳаққи истифодаи барқ ташкилоту идора, корхонаҳо ва дигар истифодабарандагон 150 миллиону 541 ҳазор сомонӣ қарздор мебошанд.

Гуфта шуд, ки аз ин қарз 41 миллиону 341 ҳазораш аз корхонаҳои саноатӣ, ғайрисаноатӣ, кишоварзӣ, 2 миллиону 795 ҳазораш қарзи ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва коммуналӣ, 8 миллиону 899 ҳазораш аз насосҳову пойгоҳҳои обкашӣ ва беш аз 97 миллиону 402 ҳазори дигараш аз аҳолӣ мебошад.

Манбаъ зикр кард, ки барои саривақт насупоридани ҳаққи истифодаи нерӯи барқ дар 10 моҳи соли ҷорӣ беморхонаи вилоятӣ дар шаҳри Кӯлоб, меҳмонхонаи Хатлон, муассисаи равшаннамоӣ, беморхонаи Зарқалъа, Беморхонаи марказии ноҳияи Кӯлоб, Беморхонаи марказии ноҳияи Мӯъминобод, Муассисаи давлатии боғи миллии Сомониён ва чанде аз идораҳои дигарро ба Суди иқтисодӣ додаанд.

– Суд ба манфиати идораи Шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб даъвоҳоро ҳал кард, аммо ин идораҳо то ҳол маблағи қарзашонро насупоридаанд, – зикр намуд манбаъ.

Дар Восеъ аҳолӣ 48,2 миллион аз барқ қарздор аст

Дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон ташкилоту идораҳо, муассисаву корхонаҳо дар назди Шабакаҳои барқи ноҳия 64 миллиону 768 ҳазор сомонӣ қарздор мебошанд, ки дар миёни онҳо МИҲД-и ноҳия низ ҳаст.

Роҳбари тиҷоратии Шабакаҳои барқи ноҳияи мазкур Фарҳод Мирзоев  гуфт, аз ин қарз 48 миллиону 270 ҳазор сомониаш аз аҳолӣ, 10 миллиону 935 ҳазор сомониаш аз ташкилотҳо, 1 миллиону 20 ҳазор сомониаш аз корхонаҳои хусусӣ, 4 миллиону 542 ҳазор сомонии дигар аз Идораи таъмири пойгоҳҳои обкашӣ мебошад.

Ба афзоиши манбаъ, ҳатто дар байни ташкилоту идораҳои қарздор Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия низ ҳаст, ки 21 ҳазор сомонӣ қарздор мебошад.

Барои баргардонидани қарзҳо тамоми чораҳо андешида шудаанд, – илова кард ӯ.

Ҳукумати ноҳия 30 ҳазор сомонӣ  аз барқ қарздор аст

Дар ҳамин ҳол, Юсуф Холов, роҳбари тиҷоратии Шабакаҳои барқи ноҳияи Ҳамадонӣ зикр кард, ки айни замон қарзи ташкилоту идораҳо, корхонаҳо, аҳолӣ ва дигар муштариён аз барқ беш аз 24,5 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Гуфта шуд, ки Идораи беҳдошти замин ва обёрӣ 2 миллиону 300 ҳазор сомонӣ, Беморхонаи марказии ноҳия 250 ҳазор сомонӣ, Идораи коммуналӣ 230 ҳазор сомонӣ ва ба ин монад даҳҳо ташкилоту идораҳое ҳастанд, ки аз барқ қарздор мбеошанд.

Манбаъ афзуд, ки дар баробари дигар ташкилоту идораҳо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давалтии ноҳия низ аз барқ каме бештар аз 30 ҳазор сомонӣ қарздор мебошад.

Муштариён, маблағи барқро сари вақт супоред!

Истифодабарандагони барқ бояд сари вақт маблағи ҳаққи истифодаи онро  супоранд, то хатҳои интиқоли барқ, симчӯб ва дигар таҷҳизоти барқӣ таъмир карда шаванд. Зеро айни замон дар минтақаи Кӯлоб зиёда аз 45 ҳазор симчӯбҳои фарсуда ва наздик ба 100 деҳа ҳанӯз ҳам аз барқ маҳрум мебошанд.

Раҳмаонлӣ Додархӯҷаев,

“Фараж”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь