Ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани табибон, норасоии кадрӣ, дар хона-вагон ва мактаб ҷой доштани бунгоҳу марказҳои саломатӣ, фавти занон ҳангоми таваллуд мушкилоти калидӣ дар соҳаи тандурустии вилояти Хатлон ба ҳисоб мераванд, ки масъулон талош доранд ин мушкилиҳоро марҳила ба марҳила бартараф кунанд.
83 пизишк ба муҳоҷират рафтаанд
Дар солҳои 2020-2021 аз муассисаҳои соҳаи тандурустии вилояти Хатлон 83 пизишк бо далели мушкилоти иқтисодӣ ва надоштани манзили зист тарки соҳа карда, ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, ки ин омил масъулони соҳаи тандурустиро нигарон кардааст.
Муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Ҷӯрабой Саидов зимни суҳбат гуфт, ки танҳо давоми моҳҳои сипаригардидаи соли 2021 аз муассисаҳои соҳаи тандурустии вилоят 54 пизишк корро бас карда, ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд.
– Дар соли 2020 ин нишондиҳанда кам буд. Дар ин сол ҳамагӣ 29 пизишк ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта буданд,- илова кард ӯ ва афзуд, ки сабаби тарк кардани касби пизишкӣ ва ба муҳоҷират рафтани духтурҳо мушкили иқтисодӣ, камии музди меҳнат ва дигар омилҳо мебошанд.
Иттилоъ дода шуд, ки аксари пизишкони хатлоние, ки тарки муасссиаҳои тандурустии вилоят кардаанд, дар хориҷ аз кишвар касбашонро давом додаанд.
Зикр карда шуд, ки танҳо дар солҳои 2020-2021 аз ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ 12, Ёвон – 12, Панҷ – 14 ва аз ноҳияи Абдураҳмонӣ Ҷомӣ 8 пизишк ба муҳоҷирати меҳнатӣ рӯ овардаанд.
Манбаъ гуфт, бо рафтани пизишкон ба муҳоҷирати меҳнатӣ дар соҳаи тандурустии вилоят мушкили кадрӣ дида мешавад, ки айни замон ба 1 ҳазору 44 пизишк эҳтиёҷ ҳаст.
– Дар масъалаи рафтани пизишкон ва норасоии кадрӣ мо ба унвонии раисони шаҳру ноҳияҳо ва раиси вилоят мактуб низ фиристода будем, ки бояд пизишкон ҳавасманд карда шаванд, зеро мушкили асосии пизишкон надоштани манзили истиқоматӣ, замини наздиҳавлигӣ аст. Бояд онҳо бо замин, манзили истиқоматии муваққатӣ таъмин карда шаванд, то дилпурона ба кори худ идома диҳанд ва тарки кишвар накунанд,- гуфт бо нигаронӣ Ҷӯрабой Саидов.
57 марказу бунгоҳи тиббӣ дар ҷойҳои номувофиқанд
57 марказу бунгоҳи тиббии вилояти Хатлон дар ҷойҳои номувофиқанд, ки аз онҳо то охири соли 2021-ум 18 адад босозӣ ва аз вагону хона, мактабу биноҳои ғайр бароварда хоҳанд шуд,- афзуд Қурбоналӣ Негматов, як масъули Раёсати тандурустии вилояти Хатлон.
Манбаъ гуфт, ҳоло дар вилояти Хатлон 23 иншооти соҳаи тандурустӣ дар хона, 4 адад дар вагон, 22 адад дар мактаб, 3 адад дар ҳолати садамавӣ ва 8 адад дар биноҳои ғайр фаъолият доранд.
Ӯ афзуд, ки бояд то охири соли ҷорӣ 4 адад аз хона, 2 адад аз вагон, 8 адад аз мактабҳо ва се адад аз биноҳои ғайр бароварда шуда, як адади дигар таъмир карда шавад.
– Дар 8 моҳи соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 54 иншоот дар соҳаи тандурустӣ сохта ба истифода дода шудааст,- илова кард Қурбоналӣ Негматов ва афзуд, ки аз иншооти мазкур 3 беморхона, 42 бунгоҳи тиббӣ, 4 маркази саломатӣ, се коллеҷи хусусӣ ва 2 ташхисгоҳ мебошанд.
Фавти модарон кам шудааст
Шоҳназарова Матлуба – мудири Шуъбаи хизматрасонии модар ва кӯдак дар Раёсати тандурустии вилояти Хатлон дар суҳбат ба мо гуфт, ки фавти занон сол то сол дар вилояти Хатлон кам гардидааст.
– Хизматрасонии модар ва кӯдак яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати имрӯза ба ҳисоб меравад,- илова кард ӯ ва афзуд, ки ҳоло дар вилоят ду маркази солимии репродуктивӣ ҳам дар минатқаи Бохтар ва ҳам дар минтақаи Кӯлоб ва марказҳои солимии репродуктивӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят кору фаъолият доранд. Самти асосии фаъолияти онҳо пешгирии фавти модарон ва кӯдакон ва расонидани ёрии амалии методӣ ба муассисаҳои тандрустии шаҳру ноҳияҳои вилоят мебошад.
– Дар вилояти Хатлон бо таъмин гардидани таҷҳизоти наву муосири тиббӣ фавти модар кам гаштааст,- зикр кард М. Шоҳназарова.
Ин шахси масъул қайд кард, ки танҳо дар 8 моҳи соли ҷорӣ дар вилоят 10 зан ҳангоми таваллуди фарзанд фавтидаанд ва ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 нафар кам аст.
Ба қавли мусоҳиби мо, фавти модарон ҳангоми таваллуд дар шаҳру ноҳияҳои Левакант ду нафар, Вахш се нафар, Кӯшониён ду нафар ва якнафарӣ дар ноҳияҳои Темурмалик, Балҷувон ва Балхӣ ба қайд гирифта шудааст.
– Табибон талош доранд, ки хизматрасонии тиббиро хуб карда, фавти модаронро кам созанд,- гуфт мавсуф.
Талоши масъулон баҳри рафъи камбудиҳо
Масъулони Раёсати тандурустии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳо талош доранд, ки марҳила ба марҳила ҳама мушкилоти соҳаи тандурустиро бартараф карда, сатҳу сифати хизматрасониро барои аҳолӣ беҳтар намоянд.