Дар низоми кунунии сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маориф мавқеъ ва манзалати хосае дорад, зеро бе маорифи рушдёфта ва бе таълиму тарбияи насли босавод бунёди ҷомеаи солим аз имкон берун аст. Бинобар ин, Ҳукумати мамлакат тамоми нерую тавоноии худро ба ин самти афзалиятнок равона карда, барои таълиму тарбияи босамари насли наврас дар тамоми муассисаҳои таълимӣ иқдомҳои боровареро рӯйи кор оварда истодааст. Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт аз таҳаввулоти дар ин раванд ҷоришуда дар канор нест.
Ҳадаф – тарбияи насли ҷавобгӯ ба талаботи замон
Зимни суҳбат бо хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон Ҳайдарзода Муяссар Анорқул – мудири Шуъбаи маорифи ноҳияи Ашт низ бо ишора ба ин нуктаи муҳим иброз дошт, ки “бешак, қабули як қатор барномаву консепсияҳои муҳими давлатӣ барои татбиқи ислоҳоти соҳаҳои илму маориф ва дар ин замина беҳтар намудани шароити кори омӯзгорон ба сатҳу сифати таълиму тарбия дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот такони ҷиддӣ бахшид. Аз ин лиҳоз, тарбияи хонандагони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир аз ҳадафҳои муҳиме ба шумор мераванд, ки бояд ба таври доимӣ дар маркази таваҷҷуҳи омӯзгорон қарор гиранд”.
Мавсуф дар идомаи суҳбат гуфт, ки: “Раванди таълим он гаҳ самараи нек дода метавонад, ки бо кадрҳои соҳаи омӯзгорӣ пурра таъмин бошад. Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт дар ҳамбастагӣ бо роҳбарони муассисаҳои таълимиву тарбиявӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатии Ҳукумати кишвар дар соҳаи маорифро ҳадафи дурнамои хеш қарор дода, онро пайгирона дар амал татбиқ менамояд”.
– Дар ин замина Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ, мустаҳкам намудани пояи моддӣ-техникӣ, иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва хориҷи кишвар, ҷалби мутахассисони ҷавон ба кор ва инчунин, дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати вилояти Суғд, Раёсати маорифи вилояти Суғд ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Аштро сармашқи кори худ намуда, дар самти иҷрои он аз ҳамаи имкониятҳо фароҳам истифода намуда, баҳри ноил гардидан ба натиҷаҳои назаррас чораҳои судманд меандешад, – дар тақвияти андешаҳои хеш изҳор намуд Муяссар Ҳайдарзода.
Дар идома мудир зикр намуд, “Давраи ҳисоботӣ барои шуъба ва муассисаҳои таълимии он давраи масъулиятнок буд. Дар ин давра як қатор чорабиниҳо, аз қабили ҷамъбасти даврҳои ноҳиявӣ ва вилоятии олимпиадаи фаннӣ, ташкили 9 курси такмили ихтисоси омӯзгорон, аттестатсияҳои муассисаҳои таълимӣ, гузаронидани 22 дарси кушоди сатҳи ноҳиявӣ ва 64 дарси кушоди сатҳи мактабӣ, омӯзиш ва паҳн кардани таҷрибаи пешқадами омӯзгорон, гузаронидани конфаронсҳои илмӣ – амалӣ, семинарҳо, шабҳои саволу ҷавоб, озмунҳои рӯзномаҳои беҳтарин, иншоҳои беҳтарин бахшида ба ҷашнвораҳо ва шахсони барӯманди кишвар ташкил ва баргузор гардида, дар баробари ин, дар 12 ҷамъомади назди мудири шуъба 36 масъала мавриди баррасӣ ва натиҷабардорӣ қарор гирифта, оид ба ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дастурҳо дода шуд”.
Номоварони ояндасози Ашт
Тавре М. Ҳайдарзода зикр намуд,, маҳз натиҷаи талошу такопӯи омӯзгорон ва корбарии кормандони соҳа буд, ки дар даври вилоятии олимпиадаи номӣ 49 нафар ва олимпиадаи даставӣ 49 нафар ғолибони даври ноҳиявӣ иштирок намуда, 22 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ ноил гардиданд.
Дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи номӣ аз фанҳои табиӣ-риёзӣ, ки рӯзҳои 27-28 марти соли 2021 дар Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат” дар шаҳри Ҳисор ва рӯзҳои 3-4 апрели соли 2021 дар Муассисаи таълимии давлатии “Мактаби байналмилалии Президентӣ” аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ гузаронида шуд, 11 нафар ғолибони даври вилоятии олимпиада аз ноҳияи Ашт иштирок намуда, 7 нафари онҳо – Тошпӯлодова Моҳрӯза (МТМУ №7), Мирахмедова Меҳрангез (МТМУ №61), Ҳомидова Мунаввара (МТМУ №42), Қурбонов Амир (МТМУ №42), Қодиров Аслиддин (МТМУ №2), Одибоев Хушнуд (МТМУ №13) ва Ҷуманов Аброр (МТМУ №61) соҳиби медал гардиданд.
Дар Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо бошад, рӯзҳои 14-17 майи соли 2021 даври ҷумҳуриявии олимпиадаи наврасон барои синфҳои 7-8 дар Муассисаи таълимии давлатии “Мактаби байналмилалии Президентӣ” аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва табиӣ-риёзӣ баргузор гардид, ки 6 нафар ғолиби даври вилоятии олимпиада аз МТМУ №№4, 13, 42, 47 ва Гимназияи №5 иштирок намуда, аз байни онҳо Отаева Ситора, Ғоибназаров Меҳрулло, Сайфиддинов Шодрӯз ва Ҳомидов Сиёвуш дар даври ҷумҳуриявӣ соҳиби медал гардиданд.
Инчунин, дар асоси нақшаи Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо рӯзҳои 21-24 майи соли 2021 даври ҷумҳуриявии олимпиадаи наврасон барои синфҳои 5-6 дар Муассисаи таълимии давлатии “Мактаби байналмилалии Президентӣ ташкил ва гузаронида шуд. Дар он Шарифа Азизова аз Гимназияи №1, Нодира Убайдуллоева аз МТМУ №5, Гулбарг Зайнулобидинова аз МТМУ №4, Сарвиноз Маҷамилова аз МТМУ №25, Шукрона Олимова аз Гимназияи №5 ва Имрон Зиёмиддинов аз МТМУ №40 соҳиби медал гардиданд.
Ҷилои истеъдодҳо
Иштироки хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар олимпиадаҳои байналмилалӣ низ хуб мебошад. Дар даври аввали олимпиадаи байналмилалии Архимед “AMC-2021” аз фанни математика 19 нафар хонандагони Литсейи №2, гимназияҳои рақамҳои 1, 5 ва 6, инчунин, МТМУ рақамҳои 14, 49, 52 ва 61 муассисаҳои таълимии ноҳия иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд.
Инчунин, дар олимпиадаи байналмилалии “HIPPO”, ки аз фанни забони англисӣ баргузор гардид, 17 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия иштирок намуда, бо сертифакат сарфароз гардонида шуданд, ки онҳо аслан муҳассилини гимназияҳои рақамҳои 1, 5, 6 ва 7. Литсейи №2 ва МТМУ №№ 2, 6, 15, 17, 43, 51, 61 ва 62 мебошанд.
Дар асоси нақшаи Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо рӯзи 23 майи соли 2021 олимпиадаи байналмилалии “Кенгуру математик” дар МТМУ №8-и ш. Қайроқум баргузор гардид, ки аз муассисаҳои таълимии №№3, 40, 47, 52, 61, 65, литсейи №2, гимназияи №1, 5, 6, 7 63 нафар хонандагон иштирок намуда, аз онҳо 16 нафар ба гирифтани ҷойҳои намоён ноил гардиданд.
Ҳамзамон, дар даври вилоятии озмуни тасвирофарӣ ва расмкашӣ дар мавзӯи «Кайҳон аз нигоҳи ман» 6 нафар толибилмони ноҳия бо Сипоснома, дар озмуни вилоятии “Турсунзодахонӣ” Ҳайбоев Оқилҷон -хонандаи синфи 10 -и МТМУ №17 ва Пӯлодов Сино – хонандаи синфи 8 -и МТМУ №48 бо Диплом ва дар озмуни вилоятии «Лоиқхонӣ» 5 нафар бо туҳфаи сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд қадрдонӣ шуданд.
Таҳсилоти ғайрианъанавӣ ва алтернативӣ
Дар соли ҷорӣ 74 муассисаи таълимӣ ба фаъолият пардохтанд, аз ҷумла, 66 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 муассисаи таҳсилоти асосии умумӣ, 1 литсей, 4 гимназия ва 1 мактаби хусусӣ. Дар ин муассисаҳои таълимӣ 3926 (соли пор 2827) нафар омӯзгор ба беш аз 32000 нафар булбулакони боғи дониш таълиму тарбия медиҳанд.
Бо мақсади ба роҳ мондани таҳсилоти алтернативӣ дар деҳаи Дӯстии ҷамоати Ашт мактаби хусусии «Нури Раҳмон» фаъолият дорад. Дар ин муассиса дар 13 синф 325 нафар хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки ба онҳо 28 нафар омӯзгори беҳтарину собиқадор ва навовару эҷодкор дарс медиҳанд. Инчунин, дар Ҷамоати деҳоти Ифтихор 1 кӯдакистони хусусӣ бо фарогирии 30 нафар кӯдакон фаъолият карда истодааст.
Феълан дар ҳудуди ноҳия 2 интернати давлатии наздимактабии №№ 1 ва 2 дар ҷамоатҳои шаҳраки Шайдон ва Ашт бо фарогирии умумии 93 нафар тарбиятгиранда фаъолият доранд, ки фаъолияти худро хуб ба роҳ мондаанд. Ҳамчунин, айни ҳол 13 муассисаи томактабӣ дар тобеияти Шуъбаи маориф қарор дошта, 1 муассисаи томактабӣ хусусӣ мебошад. Маҷмуан, дар 14 муассисаи томактабӣ 2030 нафар кӯдакон фарогир шуда, 102 нафар мураббӣ, 8 нафар сармураббия ва 9 нафар роҳбарони мусиқӣ фаъолият мебаранд.
Ғамхорӣ ба омӯзгор – кафили сифат
Масъалаи тарки касб намудани омӯзгорон низ пайваста зери назорат мебошад. Хушбахтона, феълан ин ҳолат ба қайд гирифта нашудааст.
Тибқи ҳисобот эҳтиёҷоти муассисаҳои таълимӣ дар соли 2021 ба кадрҳои омӯзгорӣ 21 нафар мебошад. Ҷиҳати рафъи ниёзмандии омӯзгорон ва пешниҳоди имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон ба 117 нафар мутахассисони ҷавон дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 10% иловапулӣ пардохт шуда истодааст. Инчунин, 4 нафар аз қарзҳои имтиёзнок бархурдор гардиданд. Мусаллам аст, ки маоши ҳармоҳаи омӯзгорон сари вақт ва пурра пардохт гардида, то имрӯз дар ин самт қарз мавҷуд нест.
Дар ҷамъбасти соли хониши 2020 – 2021 тариқи Маркази миллии тестӣ 1643 нафар хатмкунанда бо мақсади дохил шудан ба муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии кишвар ҳуҷҷат супориданд, ки ин 66% ташкил медиҳад. Ҳамчунин, тибқи Квотаи президентӣ 13 нафар соҳиби номи донишҷӯӣ гардиданд.
Фаъолияти маҳфилҳо
Дар Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Шуъбаи маорифи ноҳия бошад, ҳоло 12 маҳфил бо ҷалби 144 нафар хонанда амал менамояд, ки аз инҳо 9 маҳфили фаннӣ бо ҷалби 108 нафар (аз ҷумла, 54 нафар духтар), 2 маҳфили маърифатӣ-фарҳангӣ бо ҷалби 24 нафар (аз ҷумла, 16 нафар духтар) ва 1 маҳфили варзишӣ бо ҷалби 12 нафар хонанда (аз ҷумла, 4 нафар духтарон)-ро дар бар мегирад.
Ҳамчунин, хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия мувофиқи завқашон ва розигии волидонашон дар Маркази таҳсилоти иловагӣ ва муассисаҳои таълимӣ ба маҳфилҳо ҷалб карда шудаанд. Инчунин, 7 нафар хонандаи дорои маъюбияти модарзодӣ, 21 хонанда аз оилаҳои осебпазир ва 4 хонандаи душвортарбия мувофиқи қобилият ва завқашон ба маҳфилҳои ҳунарҳои миллӣ, дӯзандагӣ, ихтироъкорони наврас, зардӯзӣ, гулдӯзӣ ҷалб карда шудаанд. Қобили тазаккур аст, ки дар ноҳия бачагони синни мактабии аз таълими ҳатмӣ берунмонда ба қайд гирифта нашудааст.
Дар мавриди амалисозии “Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025” мудири Шуъбаи маорифи ноҳияи Ашт Муяссар Ҳамрозода иброз дошт, ки дар соли 2021 ташкил ва таҷҳизонидани 57 кабинети фаннӣ ва 1 озмоишгоҳ ба нақша гирифта шудааст, ки аз тарафи Шуъбаи маориф дар ин самт корбарӣ рафта истодааст. Ҳамчунин, ҷиҳати татбиқи “Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҶТ барои солҳои 2018-2022” дар шаш моҳи соли 2021 33 адад компютер, 8 адад принтер, 2 адад проектор харидорӣ карда шуда, дар маҷмуъ. ҳоло дар тамоми муассисаҳои таълимӣ 1121 компютер, 149 принтер, 25 проектор ва 10 адад тахтаи электронӣ мавҷуд мебошад.
Забон донӣ – ҷаҳон донӣ
Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ба таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Ин аст, ки дар тамоми муассисаҳои таълимии ноҳия дар дарсҳои забонҳои русӣ ва англисӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот хонандагони синфҳо аз фанни забони русӣ дар 49 ва аз фанни забони англисӣ дар 41 муассисаи таълимии ноҳия ба ду зергурӯҳ тақсим шудаанд.
Ҳоло дар муассисаҳои таълимии ноҳия 1 кабинети лингафонӣ, 5 кабинет ва 64 синф – кабинет аз фанни забони русӣ ва 1 кабинети лингафонӣ, 5 кабинет ва 58 синф – кабинет аз фанни забони англисӣ амал менамояд.
Натиҷаи корбариҳо буд, ки дар озмуни эссе байни хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят дар мавзӯи “Интихоби Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз нигоҳи Шумо” бо забони англисӣ Имомназаров Аслам – хонандаи синфи 11 – и МТМУ №2 сазовори ҷойи 2-юм ва планшет гардид.
Сутуданист, ки ширкати хонандагон дар олимпиадаҳо низ назаррас мебошад. Чунончи, Қурбонов Амир – хонандаи синфи 11 -и МТМУ №2 дар даври ҷумҳуриявии олимпиада аз фанни забони русӣ ва Ҳомидова Мунаввара – хонандаи синфи 11 -и МТМУ №42 аз фанни забони англисӣ сазовори ҷойҳои дуюм гардиданд. Инчунин, Отаева Ситора – хонандаи синфи 8 -и МТМУ №47 дар даври ҷумҳуриявии олимпиада аз фанни низ ҷойи дуюмро азхуд кард.
Зикр намудан ба маврид аст, ки 13 июн дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Академияи хурди илмҳо” Шерматов Асрор – хонандаи синфи 9 -уми Гимназияи №5 аз фанни забони русӣ дар мавзӯи “Исчезнувшие буквы русского языка” ширкат варзида, ба ҷойи дуюм мушарраф шуд. Ҳамчунин, Кабаёрова Нозима – хонандаи синфи 10 -уми МТМУ №47 аз фанни забони англисӣ дар мавзӯи “Water Pollution” (“Ифлосшавии об” ) “Узви вобастаи Академияи хурди илмҳо” дониста шуд.
Ҳимояи ҳуқуқи маъюбон
Дар соли таҳсили 2020-2021 тибқи ташхиси тиббӣ, аризаи волидайн ва қарори Шӯрои омӯзгории муассисаҳо 145 нафар хонанда ба таълими хонагӣ фаро гирифта шуда буданд. Дар шашмоҳаи аввали соли 2021 боз 6 нафар хонанда иловатан ба ин рӯйхат шомил гардиданд. Инчунин, дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Ашт 56 нафар хонандагони маъюб пурра ба таҳсил дар мактаб фаро гирифта шудаанд.
Дар баробари ин, мувофиқи ҳисоботи муассисаҳои таълимии ноҳия дар мактабҳо 26 нафар, дар кӯдакистонҳо 4 нафар ятимони кулл ва 885 нафар нимятимон ба таълим фаро гирифта шудаанд. Барои ҳамаи ин ятимон дар асоси қарори суд парастор таъин карда шудааст.
Таълиму тадриси ин хонандагон ба зиммаи омӯзгорони пуртаҷриба ва мураббиёни болаёқат гузошта шудааст. Дар ин радиф дар арафаи Рӯзи Артиши миллӣ, Иди Модарон ва Наврӯз омӯзгорон, маъмурияти муассисаҳои таълимӣ ва Шуъбаи маориф 76 нафар хонандаро аёдат карда, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расониданд. Ҳамзамон, дар “Рӯзи муҳофизати кӯдакон” 7 нафар фарзанди омӯзгороне, ки имконияташон маҳдуд аст, бо маводи хониш, хӯрокворӣ ва либос таъмин гардиданд.
Ободонӣ аз озодагист
Дар идомаи суҳбат Муяссар Ҳайдарзода иброз дошт, ки ҳамасола бо мададу дастгириҳои Ҳукумати мамлакат маблағгузорӣ ба соҳаи маорифи ноҳия рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, дар ин замина силсилаи корҳои ободонию созандагӣ ба амал бароварда шудаанд. Натиҷаи чунин ғамхориҳост, ки айни ҳол дар миқёси ноҳия мактабҳои дар ҳолати садамавӣ қарордошта, вагончаҳо ва ё хонаҳои шахсии ба сифати муассисаи таълимӣ фаъолияткунанда вуҷуд надорад ва ҳамчунин, муассисаи таълимии дар 3 баст амалкунанда мавҷуд нест.
Бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони муассисаҳои таълимии рақамҳои 7, 25, 65 анҷом ёфта, бунёди бинои Шуъбаи маорифи ноҳия идома дорад. Инчунин, дар маркази ноҳия – шаҳраки Шайдон, сохтмони бинои кӯдакистони хусусӣ барои 180 нафар аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Мадалиева Истамой оғоз гардидааст. Ҳамчунин, 4 синфхонаи иловагӣ дар муассисаи таълимии №63 бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, волидон ва соҳибкорон ва омӯзгорон тариқи ҳашар сохта ба истифода дода шуд.
– Аҳли маорифи ноҳияи Ашт дар баробари тадриҷан беҳтар кардани вазъи моддии омӯзгорону дигар кормандони соҳа, инчунин то қадри имкон барои беҳтар кардани пояҳои моддию техникии муассисаҳои таълимии ноҳия ва сифати таълиму тарбия кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Дар ин раванд мо маҳз роҳнамоиҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, амру фармоишҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати маорифи вилояти Суғд ва Раиси ноҳияи Аштро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, пайваста бо меҳри Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлол ва забону фарҳанги пурғановати хеш ифтихор мекунем ва фаъолиятамонро идома дода, барои ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, некӯаҳволии мардуми кишвар ҳамеша ҷаҳду талош намуда, соли таърихии 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизро бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст менамоем”. Зеро дар тамоми давру замонҳо маҳз омӯзгор қодир аст, ки ҳамчун ситораи қутбнамо насли наврасро ҷиҳати дар шоҳроҳи ҳаёт мавқеи устувор касб намудан раҳнамун бошад ва ӯро ба мақсаду омоли некаш дар ҷодаи ҳаёт расонад, – бо ҳисси масъулият ва садоқати касбӣ ба суханаш хотима бахшид Муяссар Ҳайдарзода.
МТЖТ