Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо сардори раёсати мазкур Файзализода Расул Раҳмоналӣ суҳбати ихтисосӣ анҷом дод ва фишурдаи он пешкашӣ хонандагон мегардад.

Мавсуф дар оғози суҳбат қайд кард, ки соҳаи молия дар пешрафти кишвар ва зиндагии мардуми он нақши калидӣ дорад, аз ин рӯ, мо талош мекунем, ки хидмати шоиста намоем. Ва албатта, Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ҳамкорӣ бо Нозироти андоз ва муассисаю ташкилотҳои ноҳия баҳри дар амал татбиқ намудани Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи молияи давлатӣ” ва дигар қарорҳо ва супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, дастуру супоришҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024”, оиди баланд бардоштани некӯаҳволии шаҳрвандон, паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар ноҳия як қатор тадбирҳои заруриро ҳадафи асосӣ қарор доданд.

Дар идомаи суҳбат гуфта шуд, ки маоши кормандони тамоми соҳаҳо саривақт пардохт гардида, инчунин иҷрои нақша аз рӯи талабот ба пуррагӣ барзиёд иҷро гардида истодааст.

Иҷрои буҷет

Номбурда тазаккур дод, ки иҷрои буҷет ва саривақт супурдани андозҳо аз ҷониби андозсупорандагон ва инчунин иҷроиши нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар семоҳаи якуми соли 2024 бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 108 фоизро ташкил намуда, ба буҷет 36986225 сомонӣ ворид гардид, ки нисбати нақшаи пешбинигардида 2724050 сомонӣ ё ин ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7458641 сомонӣ зиёд мебошад.

Иҷрои нақшаи аниқшудаи қисми даромади буҷети маҳаллии ноҳияи Ҷалоддини Балхӣ дар семоҳаи якуми соли 2024 аз рӯи 8 намуди сарчашмаҳои андоз ба пуррагӣ таъмин гардидааст, аз ҷумла, андоз аз даромад ва фоида 109 фоиз, андоз аз моликияти ғайриманқул ва андоз аз воситаҳои нақлиёт 109 фоиз, андоз аз арзиши иловашудаи дохилӣ 100 фоиз, андоз тибқи низоми содакардашуда 116 фоиз, андози захираҳои табиӣ 214 фоиз, боҷи давлатӣ 149 фоиз, пардохтҳои дигари маҳаллӣ ва бақияи фонди роҳ 102 фоиз иҷро гардидааст.

Аз тарафи раёсати молияи ноҳия барои зиёд намудани даромади буҷет, пурра ва босифат ҷамъоварии андозҳои давлатӣ ва саривақт пардохт намудани музди меҳнат ва нафақа, инчунин ба буҷет ворид намудани бақияпулиҳо ва пешгирӣ намудани пайдоиши бақияпулиҳои нав дар якҷоягӣ бо кормандони нозироти андози ноҳия фаъолият намуда, баҳри барҳам додани бақияпулиҳои андоз, хусусан, андози иҷтимоӣ ва пешгирӣ намудани бақияпулиҳо бо ташкилоту идораҳо кор бурда истодаанд.

Баррасиву таҳлил

Дар давраи ҳисоботӣ хароҷоти маблағҳои буҷетӣ аз рӯи гурӯҳбандии вазифавии буҷет асосан барои пардохт намудани музди меҳнат, нафақа ва ҳиссаҷудокунии суғуртаи иҷтимоӣ равона карда шуда, қарздорӣ аз ҳисоби музди меҳнат ва фонди ҳифзи иҷтимоӣ дар ташкилоту муассисаҳои аз буҷети маҳаллӣ маблағгузоришаванда дар давраи ҳисоботӣ вуҷуд надорад.

Инчунин, мавсуф изҳор дошт, ки таҳлили иҷроиши қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ аз рӯи гурӯҳбандии иқтисодии буҷетӣ нишон медиҳад, ки дар семоҳаи якуми соли 2024 дар назди муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ аз ҳисоби моддаҳои ҳимояшаванда (музди меҳнат, маблағҷудокунии андозӣ) қарздорӣ вуҷуд надошта, 80 фоизи маблағҳо ба маблағи 31176872 сомонӣ пардохти музди меҳнат ва маблағҷудокунии андозиро дарбар мегирад.

Маблағҳои Фонди захиравии раиси ноҳия дар семоҳаи якуми соли 2024 аз рӯи нақша 114447 сомониро ташкил дода, 100 фоиз хароҷот гардидааст, ки асосан он дар асоси талаботҳои моддаи 33, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” хароҷот гардидааст.

Инчунин, ҷиҳати иҷрои моддаи 16 ва 20-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024” ҳиссагузорӣ ба фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт ва суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ аз ҳисоби барзиёдии қисми даромади буҷети маҳаллии ноҳия дар семоҳаи якуми соли 2024 ба буҷети ҷумҳуриявӣ маблағи 857879 сомонӣ пардохт гардидааст.

Қайд намудан зарур аст, ки раёсати молияи ноҳия бо мақсади таъмини фаъолияти мунтазам ва босуботи соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ноҳия ва ҳамоҳангсозии корҳо дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025, ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2024, №192 «Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025», вобаста ба бандҳои нақша чорабиниҳои қарори мазкур омодагии пурра дида аз ҳисоби буҷети маҳаллии ноҳия ба соҳаи маориф 1 миллион сомонӣ ва ба соҳаи тандурустӣ 30 ҳазор сомонӣ пешбинӣ намудааст, ки аз ин ҳисоб ба соҳаи маориф ба миқдори 834 тонна ангишт ва 909 метри мукааб ҳезум ва ба соҳаи тандурустӣ 27 тонна ангишт ва 47 метри мукааб ҳезум харидорӣ ва захира карда мешавад.

Дар фароварди суҳбат номбурда қайд кард, ки Раёсати молия дар асоси қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддинӣ Балхӣ ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро ба роҳ монда, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар доираи даромади маблағҳои андози маблағгузории мақсаднок ва самараноки чорабиниҳоеро, ки дар соли 2024 пешбинӣ шудаанд, таъмин намоянд.

Нигора САИДБЕКОВА,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь