Муаллими ҳақиқӣ ҳамонест, ки дониши ӯ дониши хонандагонаш гардад.  (Д. И. Менделеев)

Омӯзгорӣ касби ниҳоят пуршараф аст ва омӯзгори ҳақиқӣ сазовори номи бузурги ин пеша аст. Омӯзгор касест, ки ҳамеша дар ҷустуҷӯи навоварист. Аммо донистану аз худ кардани навоварию ҷамъи рафтору гуфтори нек ба кас осон муяссар намешавад…

Арзандаи чунин хислатҳо ва гуфтаҳоянд устодону омӯзгорони Мактаби президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар ноҳияи Данғара.

Қарори Ҳукумати ҶТ ҳанӯз 7 октябри соли 2011, таҳти №502, дар бораи таъсиси Муассисаи таълимии давлатии Мактаби президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон баромада буд. Пас аз он мактаби мазкур соли таҳсили 2012-2013 ба фаъолият шурӯъ кард.

Кормандон ва омӯзгорони Мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Паёмҳои Сарвари давлатро дар сархати вазифаҳои хеш қарор дода, баҳри амалӣ намудани он ҷаҳду талошҳои зиёд намуда истодаанд. Бо шарофати сиёсати хирадмандонаю дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи таълимии мазкур сол ба сол муҷаҳҳазтар гардида, шароити мусоиду муосир ва муҳити созгор баҳри донишандӯзии шогирдон муҳайё мегардад.

Бо мақсади додани баҳои воқеӣ ба сатҳу сифати таҳсили хонандагон, муайян намудани самаранокии корҳои таълиму тарбия, иҷрои нақша ва барномаҳои  таълимӣ ва сари вақт ошкор ва ислоҳ намудани камбудиҳои мавҷуда семоҳаи аввали соли 2021 мониторинги сифати таҳсилоти хонандагони синфҳои 5-11 гузаронида шуда, натиҷаи он дар шӯрои педагогӣ мавриди муҳокима қарор гирифт ва оид ба ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, корҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Натиҷаи фаъолияти омӯзгорону хонандагони муассиса оид ба иштироки шогирдон дар олимпиадаҳо, озмунҳо нишон дод, ки онҳо дар ҳамаи олимпиадаҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ, фосилавӣ байналмилалӣ, аз қабили IMAS (аз фанни математика),  иштирок  карда, ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд.

Масъалаи омодагӣ ва гузаронидани аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар маҷлиси Кумитаи падару модарон ва омӯзгорони муассиса ва Шӯрои педагогии муассиса мавриди баррасӣ ва чораҷӯӣ қарор гирифт. Шумораи  довталабони аттестатсияи намунаи махсуси «Аъло» дар соли таҳсили 2020-2021 2 нафарро ташкил дод. Ҷамъбасти сифати таҳсилоти хонандагон дар ҷамъбасти соли таҳсили 2020-2021 нишон дод, ки маъмурият, омӯзгорон  ва роҳбарони синф бо дарки масъулияти баланд оид ба амалӣ гаштани тартиби нави баҳогузорӣ корҳои зиёдеро ба анҷом расониданд.

Дар асоси ҳисоботи пешниҳодшудаи роҳбарони синфҳои 5-11 аз 24 синф 592  нафар хонандагон дар ҷамъбасти соли таҳсили 2020-2021 оид ба муайян намудани сифати таҳсилоти хонандагон  иштирок карданд, ки  аз миқдори умумӣ 89 нафарашонро духтарон ташкил медиҳад.

Яке аз масъалаҳои асосие, ки дар соли таҳсили 2020-2021 дар назди колективи омӯзгорони муассиса, падару модарон меистод, ин омода намудани хатмкунандагони муассиса барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ  ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ тариқи ММТ буд. Бо ин мақсад байни омӯзгорон, падару модарон ва хонандагони муассиса дар соатҳои тарбиявӣ ва чорабиниҳои беруназсинфӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, тартиби кор кардани тест, баргузории имтиҳони дохилшавӣ, тақсимоти довталабон  ва дигар  маълумотҳои  иттилоотию  методӣ дода шуданд. Таҳлилҳо нишон дод, ки дар натиҷаи бурдани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ пеш аз супоридани ҳуҷҷатҳо ба ММТ ҳамаи 98 нафар хатмкунандаи синфи 11-ум аз қайди Маркази милли тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашта, ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ  ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ дохил шудаанд, ки ин нишондод нисбати солҳои гузашта беҳтар мебошад.

Ҳамасола дар моҳи август қабули хонандагон ба муассиса гузаронида мешавад. Теъдоди хонандагони хоҳишманд сол аз сол зиёд гашта истодааст. Барои соли таҳсили 2021-2022  зиёда аз 200 нафар хонанда тариқи озмун ба муассиса қабул карда шуданд. Ҳоло дар муассиса 45 нафар омӯзгору 20 нафар мураббия ба таълиму тарбияи 665 нафар хонанда, ки 82 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд, машғул мебошанд.

Дар хобгоҳи замонавии муассиса, ки дорои шароити хуб мебошад, 430 нафар хонанда истиқомат доранд. Синфхонаҳои дар хобгоҳ мавҷуд буда, бо мизу курсиҳо пурра таъмин буда, дар онҳо хонандагон ба дарстайёркунӣ машғул мешаванд ва аз болояшон мураббияҳо назорат мебаранд. Хобгоҳ дорои Бунгоҳи тиббӣ буда, 4 нафар корманди тиббӣ дар ҳоли зарурат ба муҳассилин хизмат мерасонанд.

Китобхонаи муассиса дорои 12230 адад китоб мебошад, ки аз инҳо 4537 нусха китобҳои дарсӣ ва 7693 нусхаашро китобҳои бадеӣ ташкил медиҳанд. Дар се соли охир аз ҳисоби муассиса 1229 адад китобҳои бадеӣ харидорӣ карда шуд. Ҳамаи омӯзгорону хонандагони муассиса аъзои китобхона буда, аз онҳо хуб истифода мебаранд. Ҳамзамон китобхона дорои толори хониш буда, дар як вақт 50 нафар метавонад аз он истифода барад.

Фаъолияти ҳаммоми муассиса хуб ба роҳ монда шуда, ҳар ҳафта 2 маротиба хонандагонро қабул менамояд.

Хулоса, аҳли кормандони муассиса бо дасту дили гарм кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки насли наврасро дар рӯҳияи баланди хештаншиносӣ, эҳтиром ба Ватану миллат тарбия намуда, онҳоро ба донишҳои нави замонавӣ мусаллаҳ гардонанд.

 – Омӯзиш дар мактаби мо бо забони тоҷикӣ аст. Забони русиву англисиро бошад, дар мо мутахассисони ҳирфаӣ дарс медиҳанд. Муддати 5 сол шуд, дар мо ду нафар муаллимони забони русӣ аз ФР  кор мекунанд. Ҳар кадомашон дар хонаи алоҳида бо шароитҳои хеле хуб кору зиндагӣ мекунанд. Ҳозир дар мактаби мо аз 40 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мактаббачагон таҳсил мекунанд, ки дар байни онҳо намояндагони вилояти Суғд ва аз ВМКБ низ ҳастанд. Омӯзгорони Мактаби президентии Данғара аз Бадахшон, Кӯлоб, худи Данғара ва дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳастанд, ки ҳамаашон беҳтарин омӯзгоронанд. Мактаббачагони аз дигар шаҳру навоҳӣ омадабо се вакт хӯрок таъминанд. 235 нафар сокинони худи Данғара саҳар дарс хонда, нисфирӯзӣ хӯрок мехӯранд ва баъди нисфирӯзӣ дар дарсҳои иловагӣ иштирок намуда, бегоҳ ба хонаҳояшон мераванд.

Муддати панҷ соли охир мактаби мо дар байни мактабҳои президентии кишвар дар зинаи дуюм буд. ду соли охир бошад, дар ҷои якум қарор дорад. Ҳамин сол шогирдони мо 63 медал гирифтанд, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ як вилоят ин қадар медал ва ҷой гирифта наметавонад. Аз ин 14 медали тилло, 18 нуқра ва 31 -то биринҷӣ аст. Хонандае, ки медали тилло гирифтааст ва маблағи моҳонае, ки 400 сомонӣ асту солонаашро ӯ супоридааст, мо ҳамаи 4000 сомонии супоридаашро гардонда медиҳем. Он нафароне, ки медали нуқра гирифтаанд, 70 фоизи пули солонаашро бармегардонем. Синфи 11 медал гирифтагиашро ҳамон маблағро дар дасташ баргардонда додаем. Синфҳои поёниаш агар медал гирифтагӣ аст дар озмун ҳамон маблағро дар имсола гузарондаем ва имсол бе супоридани пул мехонад. Ҳавасмандии нафари дар озмуни сатҳи ҷумҳурӣ ҷой гирифта, медал гирифта, маблағи ҳавасманд кардаамон як сол муҳлат (арзиш) дорад. Муаллимонашонро мутаносибан ба медали гирифтагии шогирдашон ҳавасманд мекунем. Агар шогирди муаллим медали тилло гирифта бошад, 1000 сомонӣ ба ҳар як медал, медали нуқра гирифтагӣ бошад, 700 сомонӣ, медали биринҷӣ гирифтагӣ бошад, 500 сомонӣ ба устодаш ҳамчун ҳавасмандӣ дода мешавад. Масалан, муаллим Маҳмурод Абдураҳимов се шогирдаш медали тилло ва 2 шогирдаш медали нуқра ва 8 шогирдаш медали биринҷӣ гирифтагӣ аст. Ӯ 8 ҳазору 400 сомонӣ мукофотпулӣ гирифт. Агар бо ин усул ҳавасманд накунӣ, ба чунин натиҷаҳо ноил намешавӣ. – мегӯяд Қурбоншо Абдуллозода, директори Мактаби президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар ноҳияи Данғара.

Билоли Шамс, МТЖТ, ноҳияи Данғара

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь