Илму маориф дар раванди бунёд ва сохтори давлатдорӣ нақши калидӣ дошта, рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа ва ояндаи кишвар аз вазъи соҳаи маориф вобаста аст. Возеҳ аст, ки ҳар давлату миллат ояндаи дурахшони худро дар заминаи тарбияи насли соҳибмаърифат мебинад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва шуъбаи маорифи шаҳр дар самти татбиқи сиёсати дурнигарона ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста талош меварзанд, то дар давраи таърихии соҳибистиқлолӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гарданд.
Ба гуфтаи мудири шуъбаи маорифи МИҲД-и шаҳри Турсунзода муҳтарам Раҷабова Лайло Абдуллоевна, “ин ҳама солҳо ба масъалаҳои фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия дар мактабҳо, таъмини муассисаҳо бо лавозимоти муосири таълим, таъмиру сохтмон ва барқароркунии муассисаҳои таълимӣ, дастгирии кӯдакони ятиму бепарастор ва пурра ба таҳсил фаро гирифтани онҳо, баланд бардоштани савияи дониши хонандагон ва сатҳи малакаю таҷрибаи омӯзгорон эътибори аввалиндараҷа равона гардид, ки ба натиҷаи фаъолияти шуъбаи маориф метавон бо такя ба маълумоти оморӣ баҳо дод”.
Маълумоти умумӣ
Айни замон дар шуъбаи маорифи шаҳри Турсунзода 126 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 68 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 3 литсей, 2 гимназия, 34 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 18 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ва Хонаи кӯдакон фаъолият доранд, ки дар онҳо 66386 нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шуда, дар 2920 синф таҳсил менамоянд. Аз шумораи умумии хонандагон 31936 нафарашон духтарон мебошанд.
Дар соли таҳсили 2020-2021 шумораи умумии омӯзгорон ба 5337 нафар расида, аз онҳо 4459 нафарашонро занҳо ташкил медиҳанд, ки нисбати соли гузашта 349/344 нафар зиёд мебошад. Аз ин шумораи омӯзгорон 3456 нафар соҳиби маълумоти олӣ буда, аз онҳо 2859 нафарашонро занҳо ташкил медиҳанд, ки нисбати соли гузашта 418/223 нафар зиёд мебошад.
Омӯзгорон бо таҳсилоти миёнаи касбӣ 1319 нафар буда, аз онҳо 1077 нафарашон занҳо мебошанд, ки нисбати соли гузашта 53/41 нафар зиёданд.
Феълан 562 нафар омӯзгорон дар коллеҷу донишгоҳҳо ғоибона таҳсил менамоянд, ки аз онҳо 523 нафарашон занҳо мебошанд. Аз нишондодҳои оморӣ бармеояд, ки дар ин сол шумораи омӯзгорони мард нисбати соли гузашта 132 нафар кам ва шумораи занони омӯзгор 80 нафар зиёд мебошад.
Миёни кормандони соҳаи маорифи шаҳр 498 нафар омӯзгорон соҳиби мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла, 2 нафар дорои Ордени Шараф, 16 нафар дорои медали Хизмати шоиста, 6 нафар дорои унвони Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 390 нафар дорои унвони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” ва 84 нафар дорои Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Имсол 138 нафар хатмкунандагон ҳуҷҷатҳои худро барои таҳсил намудан дар муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенӣ ба шуъбаи маориф ва 81 нафар хатмкунандагон ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардаанд. Аз ин миқдор 23 нафар ба муассисаҳои олии касбӣ тавассути суҳбат гузаштаанд, ки 12 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд.
Рушди фаъолияти муассисаҳои томактабӣ
Маълум аст, ки заминаи таълиму тарбияи кӯдакон аз муассисаҳои томактабӣ оғоз мегардад. Имрӯз ба масъалаи рушд додани фаъолияти массисаҳои томактабӣ, фароҳам овардани шароит дар ин зина ва мутобиқгардонии рафти фаъолияти чунин муассисаҳо ба талаботи давр эътиборӣ ҷиддӣ зоҳир гардидааст. Феълан дар 5 адад ширхоргоҳ-кӯдакистони тобеи шуъбаи маориф ба 745 нафар кӯдакон (аз он 309 нафар духтар, 38 гуруҳ) 59 нафар мураббиён ва дар 6 ширхоргоҳ-кӯдакистони тобеи КВД «Ширкати Алюминии Тоҷик» ба 793 нафар кӯдакон (аз он 300 нафар духтар, 42 гуруҳ) 55 нафар мураббиён, дар кӯдакистони хусусии “Наврӯз” ба 32 нафар (аз он 16 нафар духтар, 2 гуруҳ) 3 мураббӣ, ҳамагӣ дар ширхоргоҳ-кӯдакистонҳо ба 1570 кӯдак (аз он 625 нафар духтар, 82 гуруҳ) 117 нафар мураббиён таълиму тарбия медиҳанд.
Айни замон сохтмони муассисаҳои томактабӣ дар шаҳри Турсунзода, кӯчаи П. Тоҷиев барои 80 ҷойи нишаст, кӯчаи ба номи М. Турсунзода барои 240 ҷойи нишаст, дар деҳаи Регари ҷамоати Регар барои 100 ҷойи нишаст ва барқароркунии муассисаҳои томактабии аз фаъолият бозмонда дар деҳаи Шаҳрисабзи ҷамоати Регар барои 80 ҷойи нишаст, дар деҳаи Исмоили Сомонии ҷамоати 10-солагии Истиқлолият барои 120 ҷойи нишаст ва дар деҳаи А. Мирзоеви ҷамоати Ҷ. Раҳмонов барои 100 ҷойи нишаст корҳои таъмирию сохтмонӣ идома доранд.
Дар шаҳр тибқи Низомномаи намунавии муассисаҳои таълимии томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди 81 муассисаи таълимии шаҳри Турсунзода Маркази инкишофи кӯдакон ташкил карда шуда, дар 115 гуруҳ 2143 /1002 нафар кӯдак ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Такмили ихтисос
Бояд қайд кард, ки донишу малака ва таҷрибаи кофии омӯзгор бевосита ба рушди соҳаи маориф ва ҳамзамон ба сифати таҳсилу донишомӯзии хонандагон таъсиргузор аст.
Ҷиҳати баланд бурдани сатҳу сифати таълиму тарбия, баланд бардоштани таҷриба ва малакаи омӯзгорон дар соли 2021-ум 340 нафар омӯзгорони фанҳои таълимӣ, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, муовинони директорон оид ба корҳои таълиму тарбия, мушовирон ва нозирон, мураббиёни муассисаҳои томактабӣ, сармураббиёни мактаб-интернатҳо ва Хонаи кӯдакон, муҳосибони муассисаҳои томактабӣ, роҳбарони Созмони хонандагон ба курси такмили ихтисос дар шаҳри Душанбе сафарбар карда шудаанд.
Пирӯзиву комёбиҳои назаррас
Қайд намудан бамаврид аст, ки соли таҳсили сипаришуда хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Турсунзода ба як қатор комёбиҳои назаррас ноил гардидаанд. Аз ҷумлаи ин муваффақиятҳо ноил гардидан ба пирӯзӣ дар озмуни дарёфти аттестати аълои равиявӣ бо медали нуқра мебошад.
Зимнан, бо мақсади дарёфт ва дастгирии омӯзгорони соҳибтаҷрибаву навовар, хонандагони фаъолу эҷодкор, ташаббускору дорои қобилияти фавқулодда ва донандагони навигариҳои илму техника озмунҳои “Беҳтарин омӯзгори сол”, “Беҳтарин муассисаи сол”, “Беҳтарин роҳбари сол”, “Беҳтарин хонандаи сол” баргузор гардид. Аз ҷумла, ҷиҳати иҷрои фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12-уми декабри соли 2019, №14868 ва қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми октябри соли 2019, №15/32 ва дар асоси фармоиши мудири шуъбаи маориф аз 5-уми марти соли 2021, №32 аз 12 то 30-юми апрели соли 2021 озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон” аз фанҳои таълимии таърих ва ҳуқуқ, забон ва адабиёти тоҷик, забони давлатӣ, забони русӣ, забони хориҷӣ, математика, физика, химия, биология, география, технологияи иттилоотӣ, технология (таълими меҳнат) ва синфҳои ибтидоӣ шуда гузашт.
Дар озмуни “Беҳтарин хонандаи сол” дар байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Турсунзода Ҳабибуллоева Дилноза – гирандаи аттестати аъло, хатмкунандаи Литсейи Президентӣ ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ барои хонандагони лаёқатманди шаҳри Турсунзода, Шаҳнозаи Маҳманозир – гирандаи аттестати аъло, хатмкунандаи Литсейи Президентӣ ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ барои хонандагони лаёқатманди шаҳри Турсунзода, Раҳмонова Руҳафзо – хатмкунандаи Литсейи Президентӣ ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ барои хонандагони лаёқатманди шаҳри Турсунзода, Аҳтамов Аҳтам – хатмкунандаи Литсейи Президентӣ ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ барои хонандагони лаёқатманди шаҳри Турсунзода, Маҷидова Фарида Мирзонаимовна – хатмкунандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1, Алимардонов Фирӯз – хатмкунандаи Литсейи Президентӣ ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ барои хонандагони лаёқатманди шаҳри Турсунзода, Исматов Азимҷон Ҳикматович – хатмкунандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 ғолиб омаданд.
Дар озмуни «Беҳтарин муассисаи сол» дар байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Турсунзода муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37 ғолиб дониста шуданд.
Дар озмуни «Беҳтарин муассисаи сол» дар байни муассисаҳои таълимии типпи нави шаҳри Турсунзода Литсейи Президентӣ ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ барои хонандагони лаёқатманди шаҳри Турсунзода ғолиб дониста шуд.
Дар озмуни «Директори беҳтарини сол» дар байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Турсунзода Сорокина Марина Александровна – директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №75, Мусурмонова Сайёра – директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №39, Холов Санъатулло – директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №91 ва Сатторова Фотима – директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №62 ғолибият ба даст оварданд.
Дар озмуни «Директори беҳтарини сол» дар байни муассисаҳои таълимии типпи нави шаҳри Турсунзода Амирқулов Акрамҷон – директори Гимназияи хусусии №2 ғолиб омад.
Дар озмуни «Кабинети беҳтарини сол» дар байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Турсунзода Кабинети технологияи иттилоотии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 ғолиб дониста шуд.
Дар озмуни «Мудири беҳтарини сол» дар байни ширхоргоҳ-кӯдакистонҳои тобеи шуъбаи маорифи шаҳри Турсунзода Болтаева Лутфия – мудири ширхоргоҳ-кӯдакистони №8 ғолибият ба даст овард.
Дар озмуни «Ширхоргоҳ-кӯдакистони беҳтарини сол» дар байни ширхоргоҳ-кӯдакистонҳои тобеи шуъбаи маорифи шаҳри Турсунзода Ширхоргоҳ-кӯдакистони №4 ғолиб дониста шуд.
Дар озмуни «Беҳтарин омӯзгори сол» дар байни муассисаҳои таълимии шаҳри Турсунзода Шодиева Саёҳат – омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59, Кенҷаева Нодира – омӯзгори Литсейи Президентӣ ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ барои хонандагони лаёқатманди шаҳри Турсунзода, Зиядулоева Гулнора – омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №75 ғолиб омаданд.
Давраи соли таҳсили соли сипаришуда вобаста ба иштирок дар олимпиадаҳои фаннӣ ҳам барои хонадагону ҳам барои омӯзгорон соли комёбиҳо буд. Дар даври минтақавии олимпиадаи фаннии хонандагони синфҳои 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки санаи 16-17-уми январи соли 2021 баргузор гардид, 131 нафар хонандагони синфҳои 11 иштирок намуда, аз онҳо 7 нафар сазовори медали тилло (ҷойи 1), 6 нафар соҳиби медали нуқра (ҷойи 2), 16 нафар соҳиби медали биринҷӣ (ҷойи 3) ва 15 нафар соҳиби ҷойи ифтихорӣ гардиданд, ки нисбат ба соли гузашта 3 медали тилло ва 1 медали биринҷӣ зиёд мебошад. Аз ҳисоби ғолибон 36 нафари онҳо ба олимпиадаи ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
Дар даври минтақавии олимпиада аз фанҳои ҷамъиятӣ – гуманитарӣ ва фанҳои табиӣ – риёзӣ байни хонандагони синфҳои 9-10-ум 120 нафар хонандагон иштирок намуда, 5 нафар сазовори медали тилло, 5 нафар соҳиби медали нуқра, 16 нафар соҳиби медали биринҷӣ ва 9 нафар соҳиби ҷойи ифтихорӣ гардиданд. Аз ин шумора 30 нафарашон ба олимпиадаи ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
Дар даври олимпиадаи минтақавӣ, ки рӯзҳои 13-14-уми феврали соли 2021 баргузор гардид, 112 нафар хонандагони синфҳои 7-8 иштирок намуданд, ки аз онҳо 4 нафар сазовори медали тилло (ҷойи 1), 4 нафар соҳиби медали нуқра (ҷойи 2), 12 нафар соҳиби медали биринҷӣ (ҷойи 3) ва 14 нафар соҳиби ҷойи ифтихорӣ гардиданд.
Дар даври минтақавии олимпиада аз фанҳои ҷамъиятӣ – гуманитарӣ ва фанҳои табиӣ-риёзӣ байни хонандагони синфҳои 5-6-ум 90 нафар хонандагон иштирок намуда, 1 нафар сазовори медали тилло, 7 нафар соҳиби медали нуқра, 9 нафар соҳиби медали биринҷӣ гардиданд.
Дар даври минтақавии Олимпиадаи байналмилалии SPELLING BEE, ки санаи 5-6-уми июни соли 2021 баргузор шуд, 1 нафар соҳиби медали нуқра ва 3 нафар соҳиби медали биринҷӣ гардиданд.
Хонандагони болаёқати шаҳри Турсунзода дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, соҳиби 1 медали тилло, 5 медали нуқра, 19 медали биринҷӣ ва 15 ҷойи ифтихорӣ гардиданд, ки нисбат ба соли гузашта 5 медали нуқра ва 16 медали биринҷӣ зиёд мебошад.
Дар соли таҳсили сипаришуда 11 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Турсунзода ҳамчун гирандаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 49 нафар хонандагон ҳамчун гирандаи стипендияи Раиси шаҳри Турсунзода шарафёб гардиданд.
Ба гуфтаи мудири шуъбаи маорифи МИҲД-и шаҳри Турсунзода муҳтарам Лайло Раҷабова, “барои тарбияи дуруст ва мукаммал гирифтани насли имрӯза, мустаҳкам кардани пояҳои ахлоқии ҷомеа, ташаккули афкори эҷодиву созанда ва гиромидошти арзишҳои фарҳанги милливу умумибашарӣ нақши омӯзгорон аввалиндараҷа мебошад. Зеро ташаккули афкори кӯдакон муддати 11 сол бештар зери таъсири мактаб сурат мегирад”.
– Месазад, ки мо – омӯзгорон ҷиҳати сазовор шудан ба боварии Сарвари давлатамон раванди фаъолиятамонро дар самти иҷрои ҳар як дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки дар рафти Паёми навбатиашон дарҷ намуданд, тақвият бахшида, барои расидан ба ҳадафҳоямон муваффақ шавем. Итминони комил дорам, ки ояндаи Тоҷикистон дурахшон аст ва мо якҷо бо халқи азизамон ва миллати фарҳангсолору тамаддунсозамон заҳмат кашида, Ватани маҳбуби аҷдодиамонро ободу зебо ва пешрафтаву неруманд гардонида, обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем,- афзуд ӯ.
МТЖТ