Мақомоти интизомии Хатлон изҳори нигаронӣ мекунанд, ки ҳанӯз сокинони ин вилоят дар кишварҳои  Миср, Покистон, Эрон ва давлатҳои дигар таҳсили ғайрирасмӣ мекунад. Ин ҳам дар ҳоле аст, ки 8 соли пеш дастури баргардонии онҳо содир шуда буд.

Қароре, ки бо ташаббуси президенти кишвар қабул шуда буд, дар давоми чанд сол баъди ин тахминан 3000 ҷавони тоҷик тарки таҳсили ғайрирасмӣ карда, ба Тоҷикистон омадаанд, вале ҳанӯз ҳам нафароне онҷо боқӣ мондаанд, ки мақомот аз ҳузури онҳо нигаронӣ дорад. 

Мақомоти тоҷик ҳузури онҳоро дар кишварҳои исломӣ ва таҳсил гирифтани эшонро хатарнок мегӯяд, ки бояд ҳамагӣ ба Тоҷикистон баргардонида шаванд. Аммо онҳое, ки бо гузашти 8 сол аз дастури баргардониданашон сипарӣ мешавад баҳонаи худро доранд.

Зарифмоҳ Фақирова, сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мегӯяд, ки талош дорад фарзандашро ба Тоҷикистон баргардонад, вале фарзандаш барои бозгашт омода нест, чун таҳсили ӯ барои касе мушкил намесозад: “Мақсади дигаре надорад фарзанди ман, мехоҳад, ки маълумот гирад баъдан баргардад, ман мегӯям, ки баргард, вале ӯ мехоҳад баъди хатми донишгоҳ баргардад, ӯ фикри худашро дорад, маҷбураш карда наметавонам.”

Қурбоналӣ Фақиров, соли 2008 аз Донишгоҳи исломии Тоҷикистон ба Донишгоҳи Ал-азҳари Қоҳира рафтааст, вале мақомот таҳсили ӯро ғайрирасмӣ меноманд.  Модари Қурбоналӣ гуфт, ки фарзандаш расман таҳсил мекунад. Зарифамоҳ Фақирова мегӯяд, соли 2012  барои баргадонидани писараш ба Қоҳира сафар кард ва дид, ки дар шароити хуб дар маҳаллаи Заҳрои Қоҳира зиндагиву таҳсил мекунад ва дилаш ором шуда баргаштааст. Аммо мақомоти ноҳия чанде пеш гуфтанд, ки Қурбоналӣ Фақирови 31-сола дар Қоҳираи Миср бо  таҳсили ғайрирасмӣ машғул аст.

Ба гуфти мақомоти интизомӣ дар Хатлон хонаводаҳое ҳастанд, ки фарзандонашонро баъди дастури баргардонидан аз кишварҳои исломӣ баргардонидаанд. Дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон мегӯянд, ки ин ҷавонҳо дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ кор мекунанд. Дар ноҳияи Шаҳритус гуфтанд, ки ба истиснои чанд нафар ҷавонон аз кишварҳои исломӣ баргардонида шудаанд, аз мебошад.  

Ин ҷавон Иҷромиддин Эшмаҳмадови 32 сола мебошад, ки чанд соли пеш бо дастури мақомоти Тоҷикистон аз Пешовари Покистон баргашта дар мактаб омӯзгор будааст, вале ваъзи иқтисодӣ онҳоро маҷбур карда, ки ба муҳоҷират биравад. 

Маҳмудҷон Эшмаҳмадов, падари Иҷромиддин гуфт, ки писараш дар мактаб наздики 500 сомонӣ маош мегирифт, вале чун зиндагӣ вазнин шуд ба муҳоҷират баргашта дар шаҳри Магнитагор сохтмончӣ аст: “Дар Афғонистон гуреза будем ҷавонон барои таҳсил ба Покистон мерафтанд,  писарамонро равон кардем, ки бесавод намонад, онҷо англисӣ ва арабӣ мехонданд, баъди чанд сол, ки гуфтанд баргардонида шаванд баргашт ва дар мактаб кор кард, вале зиндагӣ инҷо душвор шуд ва маошаш кам ба муҳоҷирати корӣ рафт.”

Фотеҳи Файзулло, раиси ноҳияи Ҷайҳун гуфт, ки 122 нафар аз ноҳия дар кишварҳои исломӣ таҳсили ғайрирасӣ доштаанд, як нафар Рӯзибой Сиёҳаков дар Покистон кору зиндагӣ мекардааст, ки мақсади омадан ба Тоҷикистонро надоштааст. Дар ноҳияи Панҷ бошад 121 нафар таҳсили ғайрирасмии динӣ доштаанд, ки 3 нафарашон боқӣ мондааст. 

Зафар Файзуллоев, раиси ноҳияи Қубодиён гуфт, ки ин ҷавонон шурӯъ аз соли 1998 барои таҳсил ба кишварҳои исломӣ рафтаанд, ки 10 нафарашон онҷо ҳастанд, вале 120 нафаро баргардонидаанд: “Мо бо онҳо кор мекунем, ки баргарданд. Нисбати  якчанд нафари онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.” 

Адбдуҷаббор Баҳодурзода, раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ таҳсили ғайрирасмии ҷавононро ба чолиш кашида гуфт, ки 20 ё 30 соли пеш онҳо толибилм буданд, ки ҳоло зану кӯдак доранду ба тиҷорат машғул ҳастанд: “Ба наздики як нафараш омада буд, ки 5 кӯдак дорад ва тиҷорат мекунад, ҳоло мо кор мекунем, ки каме дигаргунӣ шавад.”

Дар мавриди гаравиши ҷавононе, ки дар кишварҳои исломӣ қарор доранд ба ҳизбу ҳаракатҳои манӯъи террористӣ чанд соли пеш сару садои зиёде ба миён омада буд, таҳлилгарон мегӯяд, ки роҳи онҳо барои пайвастан ба ин гурӯҳҳо осон аст, чун онҳо аз назорати хонавода ва мақомоти интизомии тоҷик дур ҳастанд ва метавоанд, ки барои ҷомеа хатар дошта бошанд.

Ин дар ҳолест, ки мақомот дар гузоришҳои расмӣ чандин даъфа тариқи шабакаҳои давлатии телевизионҳои кишвар гузориш дод, ки ҷавонони тоҷик дар баробари омӯзиши забону илм боз ба ҷиноятҳои террористӣ даст дошта, ҳато наворҳое ҳастнад, ки толибилмон худро метарконанд.

Ҳарчанд хонаводаҳои ин ҷавонон мегӯяд, ки фарзандонашон таҳсили расмӣ доранд, вале иддаои ҳукумати Тоҷикистон, ки соли 2010 дастури баргардонидани онҳоро кардааст ин аст, ки онҳо аз аввалин нафароне ҳастанд, ки ба гурӯҳои ифротию терроистӣ пайвастаанд ва чанд нафарашон дар сафи гурӯҳи “Давлати исломӣ” қарор доштаанд.

Бори охир Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар дар ҳамоиши нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон рӯзи 27 май соли 2017 аз таҳсили ғайрирасмии ҷавонон дар кишварҳои хориҷӣ ва ширкати баъзеи онҳо дар ҷанги Сурия изҳори нигаронӣ карда буд. 

Ин дар ҳоле аст, ки соли 2010 ин ҷавонон бояд ба кишвар бозпас оварда мешудаанд.

Нусратулло Маҳмудзода, додситони вилояти Хатлон чанд моҳи пеш зимни нишасти хабарӣ ба хабарнигорон гуфт, ки 135 нафар ғайриқонуни дар хориҷӣ кишвар таҳсил доранд: Аз руйи маълумоти додситонии вилояти Хатлон алайҳи 44 нафари онҳо парвандаҳои ҷиноӣ боз шудааст, ба волидайни онҳое, ки таҳсилро идома додаанд огоҳиномаи расмӣ додаанд, ки 15 нафар дар давоми ним сол алаккай баргаштаанд. 

Раванди бозгардони толибилмони тоҷик аз мадрасаҳои хориҷӣ аз поёни моҳи августи соли 2010, дар пайи як суханронии раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон шурӯъ шуд, ки аз волидайн онҳо баргардондани фарзандонашонро тақозо карда буд. Дар пайи он садҳо тан аз ҷавонони тоҷик аз мадрасаҳои динии Покистон, Эрон ва кишварҳои арабӣ ба Тоҷикистон баргардонида шуданд ва ҳанӯз чанд нафар онҷо боқӣ мондаанд. Ҳарчанд сину соли онҳо аз таҳсил гузаштааст, вале мақомот мегӯяд, ки онҳо бояд ба кишвар баргардонида шаванд.

Ясриби Хатлонӣ

Ин мавод дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозииҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь