Ниҳоят имсол деҳаи Каҷровут соҳиби оби полезӣ мешавад ва дигар мисли соли қаблӣ ҳосили мардум аз беобӣ хушк намегардад.

Мардуми деҳаи Каҷровут дар баробари кор дар муҳоҷирати меҳнатӣ инчунин дар саҳро низ ба кишти картошка машғуланд. Кишти картошка яке аз шохаҳои даромади мардуми ин деҳа ба ҳисоб меравад. Аммо, мутаассифона, соли гузашта мардум натавонистанд аз кишти картошка ҳосили хубе ба даст биёранд. Чун новобаста аз талошу кӯшишҳояшон ба онҳо муяссар нашуд оби полезӣ гирифта тавонанд. Дар натиҷа беобӣ ба аз хушки сухта рафтани меҳнати деҳқонон оварда расонид.

Имсол ба мақсади он ки хатои пор боз ҳам такрор нашавад, сокинон ва деҳқонони ин диёр байни ҳам маслиҳат намуда, дар саҳро ду чоҳи амудӣ кофтанд.
Додобоев Маъмур, раиси хоҷагии деҳқонии “Каҷровут”, инчунин раиси деҳаи Каҷровут дар сӯҳбат бо “Фараж” аз баромадани об изҳори хурсандӣ намуда, миннатдории худро ба тамоми дастандаркорони иқдоми мазкур ироа намуд.

Давоми матн пас аз блоки реклама

“Ба аъзоёни комиссия аз ҷониби халқ интихоб гардида Қаюмов Розиқ, Султонов Мусо, Сафаров Неъмат, ошпаз ва қаровул Файзиев Обид, ронанда Норов Амирбек, васлгар Норов Ҷурабек ва Қоилҷону Музаффар, ки чоҳи амудиро канданд, миннатдории худ ва халқро мерасонам” – мегӯяд Додобоев Маъмур.

Читавре ки мегӯянд, аз сабаби он ки соли гузашта мардум аз беобӣ азият кашиданд, имсол кишти картошкаро камтар кардаанд. Имсол ҳамагӣ наздик ба 40 гектар картошка кишт шудааст. Акнун, ки об баромад, марум ният доранд солҳои оянда кишти картшкаро то ба 70-90 гектар расонанд.

Барои кофтани як чоҳи амудӣ аз сифр то ба охир анқариби 430-450 ҳазор сомонӣ маблағ сарфа шудааст. Ба гуфтаи масъулин, аз ҳар як чоҳи амудӣ то ба наздики 30 литр об мебарояд.

Рӯзҳои наздик дар назар аст, ки чоҳи амудии дуввум низ ба истифода дода шавад.

“Бо доштани ду чоҳи амудӣ, ки оби ҳардуяш наздик ба 60 литрро ташкил медиҳад, даштҳои ташналаби Каҷровут сероб мешаванд. Мардум дигар метавонад аз об самаранок истифода бурда бо дили пур ба кишти картошка машғул шавад” – бо хурсандӣ нақл мекунад Файзиев Обид, ки муддати зиёда аз як моҳ масъулияти омода намудани хӯрок барои коргарон ва нигоҳубини машинаи чоҳи амудиро ба зимма дошт.

 

 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here