Ҳанӯз аз замонҳое ки инсоният худро шинохт, мафҳумҳое чун садоқат, ростӣ ва амсоли онҳоро низ шинохт ва тадриҷан онҳоро дар зиндагии фардӣ ва ҷамъиятии худ истифода кард. Вале дар тӯли таърихи зиндагонии инсоният кам касоне пайдо шудаанд (дар баробари золимону ҷоҳилон), ки воқеан содиқу одил, ростгӯю рострав бошанд, хусусан дар кори роҳбарии гурӯҳе, қавме, ҷамъияте аз одамон.

Гоҳе масъулияти роҳбарии як оила душвортар аз роҳбарии як халқ мешавад. Гоҳе як нафар лаёқати роҳбарии ҷамъияти бузурге аз мардумро дорад, вале ин амалро софдилона дар доираҳои хурде анҷом медиҳад. Кор дар музофот, хусусан кори роҳбарӣ, заҳмати зиёд талаб кунад ҳам, ба назар нонамоён мемонад. Вале агар ба ободӣ ва рушди зиндагии мардум дар музофот таваҷҷуҳ нашавад, рифоҳу тараққии як кишвар маънои худро гум хоҳад кард.

Бешак, барои он ки як гӯшаи диёр рӯ ба пешрафт оварад, ба афроде ниёз пайдо мешавад, ки фидокорона, новобаста аз шароити иқтисодӣ ва молиявӣ ба хидмати мардум ва Ватан камар бибанданд.

Деҳоти Ҳаёти нав (собиқ Янгиҳаёт)  ҷамоате дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ин ҷамоат моҳи марти соли 1975 таъсис ёфтаааст ва масоҳаташ 110,2 км² мебошад. Аз соли таъсисёбии ҷамоати мазкур то имрӯз сокинони деҳоти он ҷо роҳбарону масъулони зиёдеро дидаву бо онҳо сарукор кардаанд. Чунонки мегӯянд, панҷ ангушт баробар нест. Шояд ҳамаи роҳбарон як хел набуданд – яке кордону рострав, дигаре порахӯру фахрфӯрӯш…

Хушбахтона, раиси имрӯзаи ҷамоати деҳоти Ҳаёти нави ноҳияи Ҷаббор Расулов Усмонзода Нодир аз тоифаи аввалӣ аст.

Ӯ шашуми декабри соли 1986 дар деҳаи Янгиобод таваллуд шудааст. Соли 2010 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷандро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм кардааст. Солҳои 2010-2011 мутахассиси бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов, солҳои 2011-2012 мутахассиси шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов, солҳои 2012-2015 котиби ҷамоати деҳоти Ҳаёти нав, солҳои 2015-2016 раиси ҷамоати деҳоти Ҳаёти нав, солҳои 2016-2017 директори бойгонии байниидоравии ҳуҷҷатҳои ҳайати шахсии назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов, солҳои 2017-2018 роҳбари кор бо ҷавонони ҷамоати деҳоти Ҳаёти нав, солҳои 2018-2022 муовини  раиси ҷамоати деҳоти Ҳаёти нав буд. Ӯ оиладор ва  соҳиби ду фарзанд мебошад.

Усмонзода Нодир барои хизматҳои содиқонаву софдилона дар идораву муассисаҳои ноҳияи Ҷаббор Расулов бо чандин ҷоизаву медалҳои давлатӣ, аз қабили медали ҷашнии “25-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, медали ҷашнии КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, медали ҷашнии “20-солагии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ордени “Ветерани ҷанги Афғонистон” ва ғайра сарвароз гардонида шудааст.

Аз санаи 24 феврали соли 2022 ба вазифаи  раиси ҷамоати деҳоти Ҳаёти нави ноҳияи Ҷаббор Расулов таъйин шудааст. Номбурда ҷавони меҳнатдӯст ва кордон буда, иҷроиши саривақтӣ ва ҳамаҷонибаи тамоми супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, раиси вилоят ва раиси ноҳияро дар мадди аввал гузошта, пайваста барои беҳбуди ҳаёти сокинони деҳот талош мекунад.

Усмонзода Нодир зимни суҳбат бо мо изҳор дошт, ки то имрӯз дар ҳудуди ҷамоат 3 км роҳҳоро азнавсозӣ кардаанд ва тибқи нақша дар оянда боз роҳҳои маҳаллаҳои ҷамоатро бозсозӣ мекунанд. Дар соли 2022 ба ҷамоати деҳоти Ҳаёти нав нақшаи бунёди 10 гектар боғҳо дастур дода шуда буд, ки дар вақташ  пурра иҷро шуд. Ҳамчунин, нақшаи кишти картошка 15 гактар буд, ки аз ин 12 гектараш  иҷро шуд. Кишти пахта бошад  400 гектар буд ва 401 гектар, яъне  барзиёд иҷро шуд. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбиро миёни ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Ҷаббор Расулов аввалин шуда дар ноҳия ҷамоати деҳоти Ҳаёти нав иҷро кард. Иҷроиши нақшаи андоз дар чор моҳи аввали соли ҷорӣ ба пуррагӣ (100%) таъмин карда шуд.

Бузурге фармудааст:

Кӯш, то халқро ба кор оӣ,

То ба хулқат ҷаҳон биороӣ.

Бешак, Усмонзода Нодир бо хулқу одоби накӯ, бо донишу малакаи андӯхта, бо маҳорати роҳбарӣ ва кордонӣ ба сокинони деҳоти Ҳаёти нав хидмат карда, ба мушкилоти онҳо расидагӣ ва зина ба зина онро ҳал мекунад. Ҳамчунин, барои ободии ҷамоати деҳот, рушди соҳаи кишоварзӣ, роҳу нақлиёт ва барқ, маориф ва тандурустӣ як қатор корҳоро ба нақша гирифтааст. Ба ӯ дар кори ободонии як гӯшаи Ватани азизамон барору муваффақият таманно мекунем.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here