Мо як гуруҳ дӯстон кӯшиш мекунем, мавлуди дӯст ва ҳамк асбу ҳамкорамон Хуршеди Атовуллоро ҳар сол, дар сафар дар ягон гӯшаи зебоманзари диёр таҷлил намоем. Ба дур наравем ҳам, ақаллан кӯшиш мекунем берун аз Душанбе дар якҷоягӣ бо ҷашни Истиқлолият ҷашн гирем. Имсол ҳам, пеш аз сафар нақша кашидем, ки ба куҷо бояд равем: Кӯли Аловиддин, Ҳафткӯл, Исандаркӯл, Варзоб… Номҳо зиёд буданд, вале маслиҳат шуд, бояд ба ҷое сафар кунем, ки то имрӯз нарафта бошем. Ниҳоят баъди баҳси зиёд тасмим гирефтем ба ноҳияи Балҷувон ба Шаршараи Сари Хосор равем. Зеро роҷеъ ба шаршараи Сари Ҳосор, базаи сайёҳии Шайидон ва дигар гӯшаҳои афсонавии ин минтақа зиёд шудинда бошем ҳам, боре ҳам, ба Сари Ҳосор нарафта будем.

Балҷувон

Рӯзи 9-уми сентябр Хуршеди Атовулло, Дишоди Абдулмаҷид, Набӣ Юсупов, ман (Холиқи Муҳаммадназар), дар Рӯзи Истиқлолияти кишвари азизамон Тоҷикистон ба сӯи ноҳияи Балҷувон роҳ пеш гирифтем. Дар ин шаҳр низ, дар ин рӯз чун дар ҳама минтақаҳои дигари кишвар ҷашни Истиқлолият бо як шукӯҳу шаҳомати бо худ хос идома дошт. Тақдир кард, ки мо низ дар ин маросим ширкат варзида, ҷашни Истиқлолро дар Балҷувон истиқбол гирем. Хӯроки нисфирӯзиро дар тарабхонаи «Насими Балҷувон» таомул намуда, дар ҷустуҷӯи роҳбалад шудем. Хушбахтона роҳбалад ҳам, пайдо шуд, вале маслиҳат шуд, ки мо мошини худро набарем. Ҳамсафари мо гуфт:

–Бо мошини худатон Шумо то Сари Хосор намерасед. Ман ба шумо мошини “УАЗ” – ик меёбам.

Ниҳоят мошин ҳам омода шуд ва мо баъди нисфирӯзи ба самти Сари Ҳосор роҳ пеш гирифтем.

Купрӯки деҳаи Боғи Зоғон

Тақрибан баъди наздик ба як соати сафар, ки гоҳ тавассути соҳили дарё ва гоҳ дарун – даруни дарё идома дошт, мо ба деҳае расидем, ки даромадгоҳи онро кӯпруки бузургу зебое зиннат медод. Аз пурсиш маълум шуд, ки деҳаи мазкур Боғи Зоғон ном дошта, кӯпруки замонавӣ аз тарафи Раҳими Ғармӣ бунёд шуда, ба мардуми ин диёр туҳфа шудааст. Мо лаҳзае назди ин кӯпрук истода, атрофро тамошо кардем ва ба роҳи худ идома додем.

Шайидон

Тақрибан баъди 2-соати сафар мо ниҳоят ба деҳаи ободу роҳҳояш асфалтпӯше расидем. Ин деҳа деҳаи Шайидон ном дошта, маркази ҷамоати Сари Ҳосор будааст. Маркази ҷамоат агарчӣ хурд аст, вале хеле зебову обод ба назар мерасид. Дар ин ҷо беморхонаи замонавӣ, бинои махсусе барои ятимон, ошхонаву мағозаҳои зиёд ва дигар иншоотҳои маъмуриву маишӣ ба чашм мерасиданд. Агарчӣ шом наздик мешуд, мо гирду атрофро хуб тамошо карда, ба роҳамон идома додем.

Маркази сайёҳии Шайидон

Баъди чанде мо ба Маркази саёйҳии Шайидон расидем ва тасмим гирифтем шабро дар ҳаминҷо рӯз кунем. Мо ду ҳуҷраи дунафариро интихоб карда, либосҳоямонро гузоштем ва дар берун дар ҷойҳои махсусу зебое, ки барои нишасти мусофирону истироҳаткунандагон ҷудо карда шуда буд, нишастем. Шабро ба ҷуз ҳавои тозаву хурӯкҳои болаззат сурудхонии ҳофизи маҳаллӣ бо номи Муҳаммадзамон хеле рангин намуд. Мавсуф дар даст дутор дошт ва асосан сурудҳои мардумиро бо як лаҳни хеле зебо месуруд, ки шунаванда аз он лаззат мебурд. Нишасту сурдхонӣ то дер идома кард. Саволу ҷавобу баҳсу латифанақлкунӣ низ дар авҷи аъло буд. Нафаре аз ман пурсид:

­-Меҳмон, чанд зан доред?

Гуфтам:

­-Якто.

­­-Одам набудед ку, – гуфт бо ханда.

-Чи хел одам набудаам?-ҳайрон шуда пурсидам.

Гуфт:

-Охир як зану як Опела ҳозир ҳар девона ҳам дорад. Мардаки хуб бояд камаш ду се зан дошта бошад.

Ҳама дар ханда шудему гармогарми сӯхбат чӣ гуна шаб аз нисф гузаштанашро ҳам нафаҳмидем. Латифаву ҳаҷвияҳои зиёде, ки он шаб ҷамъ овардам, рӯзҳои наздик дар нашрияи «Фараж» чоп хоҳанд шуд.

Даштаро

Субҳ баъди хӯроки субҳона ба самти Шаршараи Сари Ҳосор роҳ пеш гирифтем. Ба мо аз ин ҷо сардухтури беморхонаи Шайидон Пиров Ислом Сафоевич ҳамроҳ шуданд. Нахуст ба мавзее расидем, ки Даштаро ном доштааст. Дар бораи ин деҳа ва чанорҳои бузурги он, дар Интернет зиёд хонда будем, ин аст, ки ҳаваси дидани онро дар дил солҳо мепарваридем. Деҳа хеле зебо буд. Чанорҳои бузургу қадимии он ба ҳусени деҳ ҳусни нав зам мекарданд ва гувоҳ аз қадима будани он буданд. Чаноре, ки дар бораи он зиёд менависанд, он қадар калон буд, ки дар сӯрохии он, ки ба ғори бузурге шабоҳат дошт, бештар аз даҳ нафар бемалол нишаста метавонист. Аз рӯи нақли мардуми маҳаллӣ солҳои ҳукумати шуравӣ дар зери ин чанор ҳатто мактаб ташкил кардаву хонандагон дар онҷо таълим мегирифтаанд. Дар дохили он санги паҳну бузургеро дида аз сокини деҳаи Даштаро Мирзохуҷа Розиқов пурсидам:

–Ин сангро кай ба инҷо овардаанду бо чӣ мақсад?

Гуфт:

–Кай овардан ва чӣ гуна ҷойгир кардан ин сангро касе намедонад. Вале аз рӯи нақлҳо замоне дар зери ин чанор обҷувоз, яъне дуконе барои истеҳсоли равған ташкил кардаанд. Чунин сангро мо дар бисёр маконҳое, ки Обҷувозҳояш побарҷоянд, мушоҳида кардем.

Шукурдара

Баъд аз баромадан аз деҳаи Даштаро мо чанде дигар роҳ паймуда, ба мавзеи Шукурдара расидем. Роҳбалад нақл кард, Восеъро маҳз дар ҳамин дара, бар баландие бо номи Сари Обпар дастгир кардаанд. Дар бораи ин дара дар китоби «Фирдавсӣ»-и Сотим Улуғзода низ чандин ривоятҳо ҳаст. Тибқи нақли сардухтури беморхонаи Шайидон Пиров Ислом Сафоевич замоне Восеъро маҳз дар ҳамин ҷо пайдо намуда, дасту пояшро баста, ба Бухоро мебаранд ва дар онҷо ба қатл мерасонанд.

Бо шунидани ин нақл ва тамошои мавзеъ Дилшоди Абудулмаҷид гуфт:

– Чӣ хел Восеъро дар ин дараи касногузар пайдо кардаанд а? Воқеан разведкаашон бақувват будааст.

Албатта ин ҳарфи Дилшод шухӣ буд, вале вақте кас аз чунин макон дидан мекунад ва ҷойҳои касногузару  пинҳонгоҳҳои онро мебинад, ҳайрон мешавад, ки чӣ тавр ӯро дар ин ҷо пайдо карда бошанд.

Мо дар Сари обпар баландиеро дидем, ки дар кинои «Восеъ» асп аз он парида буд. Дар кино ҷое, ки асп парида буд, хеле баланд ба назар мерасид, вале мушоҳида нишон дод, ки он баландии он аз якуним метр зиёд нест.

Бо гузаштан аз Шукурдара мо ба деҳаи дараи Мазор расидем. (Қиссаи Мазордаро алоҳида хоҳам навишт). Дар он чо мазори калоне ҳаст, ки ба кадом бузурге нисбат медиҳанд.

Муллоконӣ

Бо гузаштан аз Шукурдара ва Мазордара ба деҳае бо номи Муллоконӣ расидем. Ба назар чунин мерасид, ки Муллоконӣ охирин деҳа то Шаршараи Сари Хосор аст. Деҳа деҳаи хурдаку зебо ва обод ба назар мерасид. Номи деҳа ба назарам аҷиб тофт, ин аст, ки аз роҳбалад пурсидам:

­-Чаро деҳа Муллоконӣ ном дорад. Оё дар ин деҳа ягон коне ҳаст, ки ба ягон мулло тааллуқ дошта бошад ё замоне муллое онро кашф карда бошад?

Гуфт:

–На дар ин ҷо ҳеҷ коне нест, ки онро муллое кашф карда бошад. Сабаби Муллоконӣ ном гирифтани деҳа он аст, ки тибқи ривоятҳо пештар дар инҷо шахсони маърифатноку муллоҳо зиёд будаанд. Муллоконӣ ё кони мулло, яъне макони муллоҳо, ҷое, ки дар он мулло зиёд аст. Ривояте ҳаст, ки дар гӯшаҳои атроф вақте нафаре макони муллоро мепурсидааст, ҳамин ҷоро нишон дода мегуфтаанд:

-Мулло кофта мегардӣ. Ана фалон ҷо кони мулло аст. Ҳамин тавр, ин деҳа номи Муллокониро мегирад.

Шаршараи Сари Ҳосор

Қиссаву афсонаи шаршараи Сари Ҳосорро зиёд шунидаем. Вале бори нахуст буд, ки ба ин гӯшаи биҳиштосои Тоҷикистон омадем. Агарчӣ сахт хаста шудем, вале хурсанд шудем, ки ба инҷо омадем. Макон хеле ободу зебо ва дар он Меҳмонхонаи хеле хубу замонавие ҳам сохта шудааст, ки сайёҳон метавонанд дарт он фароғат карда, кӯфти роҳро ба зудӣ бароранд.

Дар канори худи шаршара ҷойҳои махсус барои нишастан ва истироҳат кардан бунёд шуда буд, ки ҳар бинандаро ба ваҷд меовард. Ҳатто ҷойҳои алоҳида барои пухту пуз низ ҷудо шуда буд, ки мусофир метавонад худаш хӯроқ пазад ва ё фармоиш диҳад.

Хуллас сафари идонаи мо воқеан ба як ҷашни бузургу хотирмоне табдил ёфт, ки мо ба он мавлуд ва сафари таърихӣ ном гузоштем.

Холиқи Муҳамамадназар

Душанбе-Балҷувон-Сари Хосор-Душанбе

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь